Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Художественное мышление и поэтика прозы Садриддина Айни Имомов Махмаисуф Сайдалиевич

Художественное мышление и поэтика прозы Садриддина Айни
<
Художественное мышление и поэтика прозы Садриддина Айни Художественное мышление и поэтика прозы Садриддина Айни Художественное мышление и поэтика прозы Садриддина Айни Художественное мышление и поэтика прозы Садриддина Айни Художественное мышление и поэтика прозы Садриддина Айни
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Имомов Махмаисуф Сайдалиевич. Художественное мышление и поэтика прозы Садриддина Айни : диссертация ... доктора филологических наук : 10.01.08.- Душанбе, 2002.- 443 с.: ил. РГБ ОД, 71 03-10/81-3

Содержание к диссертации

Введение

Глава I. Мировоззрение и художественное мышление Садриддина Айни 21-134

1. Жизненный опыт и формирование мировоззрения Садриддина Айни 24-31

2. Учение Ислама мировоззрение Садриддина Айни 31-59

3. Садриддин Айни и просветительская идеология 59-80

4. Взгляд Айни на политические вопросы региона 80-100

5. Отношение Садриддина Айни креволюции 101-120

6. Садриддин Айни и национальное самосознание 121-134

Глава II. Композиция и искусство сюжетосложения в художественной прозе Садриддина Айни 135-247

1. Композиция и сюжет в дореволюционных произведениях Садриддина Айни 138-146

2. Композиция и сюжет рассказов и очерков Саддриддина Айни 146-165

3. Композиция и сюжет повестей и романов Садриддина Айни 165-247

3.1. «Бухарские палачи» и стиль рассказа в рассказе 165-173

3.2. Композиция и сюжет повести «Одина» 173-181

3.3. Социальные конфликты в композиции и сюжете «Дохунда» 181-197

3.4. Композиция и сюжет романа «Рабы» 197-213

3.5. Композиция и с южет повести «Ятим» 213-

217

3.6. «Смерть ростовщика» - рассказ о природе и натуре индивидуума 218-225

3.7. Композиция и сюжет «Воспоминаний» 225-247

Глава III. Поэтика портрета в прозе Садриддина Айни 248-402

1. Познание героя и традиции изображения его внешности 250-272

2. Соотношение портрета и характера героя 272-301

3. Портрет в структуре образов в произведениях Садриддина Айни . 301-337

4. Роль портрета в индивидуализации и типизации образов 337-372

5. Принципы изображения человека и творческий метод писателя 372-402

Заключение 403-402

Список использованной литературы

Садриддин Айни и просветительская идеология

Сужет ва санъати сужетсозй х,амеша дар ташаккулу тах,аввул аст, бо талаби замон тачдид меёбад ва сабаби пайдоиши асарх,ои нав мегардад.

Бандубаст низ аз унсурх,ои муним ва х,атмии шакли асари бадей мах,суб мешавад. Дар адабиётшиносии точик муродифнои гуногуни истилох, устухонбандй, бастакорй, композитсия, бандубаст фаъоланд ва дар рисола ду мафнуми охир истифода гардидааст. Маънои лугавии калимаи лотинии композитсия созмон додан, сохтан, танзим ёфтан, шакл гирифтан мебошад. Корбурди калимаи композитсия ба маънои калимахои сохт, ачзоъ, созмон, накшаи асари бадей мушобеханд. Бандубаст дар адабиётшиносй гуногун тавзех ёфтааст: сохти зохирии асари бадей, ба мисли кием, фасл, боб, банд; ягонагй ва робитаи байнихамдигарии вохидхо, чузъхои мундарича ва шакл ва гайра. Бандубаст лузумест, ки барои созмони асари бадей, тартибу танзими ачзои таркибии он, робитаи мантикдш ходисаву вокеахо хизмат мекунад. Бандубаст ягонагй ва тамомияти асари бадеиро ба вучуд меорад. Яке аз вазифахои асосии бандубаст он аст, ки ачзои асари бадеиро аз доираи худ берун нагузорад, ба тартибу низом ва конунхои худ тобеъ созад ва хар яке аз ин чузъхо баёнгари мундаричаи асари бадей бошанд. Яъне, бандубаст колаби комили асари бадеист, ки тамоми унсурхои шакливу мундаричавй дохили он бо тартибу низом ва таносуби мантикии замониву фазой чой мегиранд. Бунёди бандубастро тартибу низоми тасвири вокеият ва тахайули нависанда, яъне чанбаи сохтории маводи тахкик, дар нисбати воситахои тасвир ташкил медихад.

Барои бандубаст дар асари бадей хадаф ва вазифахои зерин мухим аст: І.Тарзи чойгиршавии лахзахо, к,исмхои асари бадей. Хар як лахза, кием бандубасти худро дошта дар мачмуъ камолоти бандубасти асари бадеиро таъмин менамояд. Байни киемхову лахзахо робитаи устувори мантикй вучуд дошта, аз нигохи замону макон низ бо хам алок,аманданд. 2.Бандубаст мазмуну мундаричаро дар шакли муайян чой намуда, бо тарзи мувофик, ва бехтар ба хонанда пешниход менамояд. Идеяхои нависанда тавассути бандубаст рабту низоми мантикй пайдо мекунад. З.Иштирокчии асари бадей инсон аст ва бандубаст барои тартибу танзими иштироки персонажхо мухим мебошад. Тибки тачаллии раванди консепсияи асар фаъолияту амали персонажхо гуногун мешавад ва аз руи мантикй дохилии ла захо танзим мегардад. 4.Дар бунёди бандубаст замону макон низ иштирок доранд. Тавассути замону макон вохидхо ва ач,зои гу ногу ни асари бадей робитаи маъной пайдо мекунанд. Дар бандубаст замони муназзам хдтмй набуда, метавонад замон омехта бошад. Бандубасти х.ар як асари бадей мувофик ба х.унар ва гояи асар замону макони мустакили худро мураттаб менамояд.

Дар таъсиси макоми бандубаст ва сужет дар асари бадей имконоти дохилии жанрх,о низ ахамият дорад. Дар асари бадей тибки конунхои созмонии чинсу жанрх.о сужет ва бандубаст тартиб меёбад. Аз жанрхои хурди бадей то жанрхои мухташами эпики хар яке мувофик бандубаст ва сужет дорад ва дар интихобу созмони онх.о накши арзипдои зстетикии замон мухим аст.

Дар таърихй адабиёти точик ахли унар ба чигунагии бандубаст ва сужет тавагщух.и махсус зохир кардаанд. Дар анъана ои адабии гузашта бандубаст ва сужет а оибу шавкангез сохта шуда, арзиши муассирии асари бадеиро афзудаанд. Дар натича арзишу макоми унарии бандубаст ва сужет аввалиндарача гардида, дар асоси як сужет дахдо асарх,ои бадей эчод шудааид. Чунин муносибати эчодй сабаби пайдоиши як даста достонхои х.амном, образхои мушобех. ва сужетхои ягона гаштааст, ки дар он о завку х,унар афзалият дорад. Бах,сх,ои унарй сабку мактабх,ои бадеиро ба вучуд овард ва дар маркази бахс о аз чумла санъати бандубаст ва сужет карор дорад.

Бандубаст ва сужет дар эчодиёти С.Айнй ба мархилаи гузариш аз сужетхои романтики, таърихии достонй ва омиёнаву афсонавй ба тасвирхои реалистй рост меояд. Омехтагии унсур ои романтики гохо сентименталй, баъзан афсонавй, иловахои натуралистии таърихй ва тасвирх,ои реалистй асоси насри С.Айнй дар мархилаи гузариш аз адабиёти асрхои миёна ба давраи нав ташкил додааст

Садриддин Айни и национальное самосознание

С.Айнй дар осори насриаш низ х.амон суннати адабиёти классикиро идома додааст. У, ки парвардаи адабиёти классики буд, дар колаб ва сохтори он мазомини замониро чой дод. Масалан, сохтору колаби « аллодони Бухоро» дар услуби хикоят дар хикоят ва ё кисса андар киссаи «Калила ва Димна», «Синбоднома», «Анвори Сухдйлй» ва ё асар ои насрии ривоятие монанди «Чор дарвеш», «Хазору як шаб"-ро ба хотир меорад. Тафовути он о аз « аллодони Бухоро» дар он аст, ки агар он асар о дар асоси тахайюл ва афсона эчод шуда бошанд, асари Айнй заминай конкрети вокей дорад. ак бар чониби М. Шукуров аст, ки дар ин масъала мегуяд: «Айнй ба ин тарзи кадимии киссаронй мазмуни нави реалистй бахшидааст» (343,74). «Одина», «Дохунда» ва «FyflOMOH» низ чихати сохту услуб дар асоси адабиёти насрй-ривоятии классики, амсоли «Абумуслимнома», «Замчинома» ба вучуд омадаанд. «Ёддошт о»-и адиб бидуни шубха дар зери таъсири сабку услуб (вале ба забони соддаи)-и «Бадоеъ-ул-вакоеъ»-и Зайниддин Махмуди Восифй эчод шудааст. атто дар сохтори сужай асар низ таъсири адабиёти гузашта дар асархои Айнй эх,сос мешавад.

Яке аз мавзухое, ки адиб аз адабиёти пешин гирифта, тасвири ифшогари онро ба дарачаи камол расонидааст, танкид ва ифшосозии таассуб ва риёкории рухониёни мутаассиб аст. Мавзуи мазбур дар адабиёти классики доманаи васеъ дорад, ки боиси ба вучуд омадани як катор образной мусбату манфй гаштааст. Мапдуртарин ва маъмултарини онхо образхои таззодии ринду зохид ба шумор мераванд. Ин мавзуъ дар гузашта бештар дар партави акоиди ирфонии шуаро инъикос ёфтааст, вале дар осори Айнй заминай конкрети таърихй дошта, реалистона тасвир шудааст. Агар ба таърихй давлатдории миллат ои муслимин ба чашми ибрат нигарем, дар хама давру замон таассуб ва риёкории рухониёни мутаассиб боиси таназзул ва шикасти давлатхои бузурги онхо гаштааст. Давлати бузурги Сосониён, ки худуди васееро дар бар мегирифт ва аксари давлатхои хурду бузург бочгузори онхо буданд, ба иллати дахолати зиёди муъбадони мутаассиб ва хариси чоху сарвати зардуштй ба хамлаи кавми бадавии араб, ки садяки империяи бузурги Сосониёнро ташкил намедод, тоб оварда натавонистанд. Яке аз сабабхои шикасти аввалини давлати нисбатан бузурги баъдиисломии толикой Сомониён низ кашмакашихои мазхабии рухониёни мутаассиб мебошад, ки дар авохири давлатдории онхо ба миён омада буд, абадан аз байн рафт. Устод Айнй дар «Таърихи инкилоби Бухоро» дар фаслхои «Фосид шудани уламо ва истифодаи хонхо аз ин» ва «Ширкати хонхо бо муллоён ва ба мулки хусусй табдил ёфтани хучрахои Мадраса», ба ин масъала ба таври мушаххас рушанй андохтааст. Мавзуи номбурда на танхо дар асархои илмй ва таърихй, амсоли «Таърихи инкилоби Бухоро», «Таърихи амирони мангития», «К ахрамони халки точик Темурмалик», хамчунин дар повесту румон ва хикояхову очеркхои адиб тачассуми бадеии худро ёфтаанд.

Тавре ки ишора рафт, устод Айнй, ки парвардаи маърифати исломи эронй буда, бо хамин чахонбинй ва тафаккур инкилобро пешвоз гирифт ва дар чамоати кишвархои Осиёи Миёна бунёди як давлати исломиро интизор дошт. Аз хамин сабаб дар маколоти публитсистии худ, ки дар солхои авалини инкилоб иншо шудаанд, кушоду рушан аз ислому муслимин ва хакку хукуки онхо ёд мешавад. Айнй аз Дукумати шуро интизор дошт, ки мувофики барномааш (конуни асосиаш) сиёсати дохилй, корхои сиёсй, ик,тисодй ва динии кишвархои Осиёи Вусторо ба дасти худашон месупорад. Масалан, дар макрлаи «Дукумати Шурой Точикистон ва масъалаи Шарк» менависад: «Дукумати Шуро динро аз сиёсат чудо карда, мардумро ба кадом дин, ки бошад харгиз дахл нахохад кард. Дар кас, ки чй цадар ибодат кунад, хукумати шурой «чаро ибодат мекунй» намегуяд» (26,37)- Ва ё дар маколаи «Хукумати шурой ба мо чй дод?» мегуяд: «Мо имруз метавонем дар боби сиёсати хоричй фикри худро ичро кунем. Кадом сиёсатеро, ки дар хакди умуми мусулмонони дунё ва ахолии машрикзамин нофеъ медонем, ба хамон харакат кардан аз хукумат талаб намоем» (26,18). ойи дигар мегуяд: «Имруз Хукумати Шурой хама хукукро ба хама милал баробар кард... Милали мазлумро аз махкумият халосй дод. Корхои сиёсй, илмй, иктисодй ва динии эшонро ба дасти худашон супурд» (26,48). Бале, устод Айнй аз хукумати шуравй ба хамин минвол интизорй дошт, вале ин хукумат баъд аз он ки дар сарзамини Осиёи Миёна устувор гардид, алорагми ойинномааш амал карда, сиёсати атеистиро ба рох монд, ки ба тафаккури мусулмонии нависанда комилан созгор набуд (дар ин масъала дар боби дигар сухан рафтааст).

Композиция и сюжет повестей и романов Садриддина Айни

Дар хама асархои Айнй хам илмй ва хам адабиаш манфиатхои миллати точик дар радифи аввал меистад. Агар дар асархои дар арафаи ищилоб ва дар солкой аввали инкилоб иншокардаи адиб манфиати тамоми муслимин (аз чумла точикон) дар назар бошад, баъд аз игвои пантуркистон Айнй бевосита бо зикри номи точик манфиатхои уро химоя кардааст. Агар дар «Таърихи амирони машитияи Бухоро» хаёти мазлумона ва хору зоронаи муслимини Бухоро, аз чумла толикой дар зери зулми ин аморати наели Чингиз тасвир шуда бошад, дар «Таърихи инкилоби Бухоро» муборизаи ин мардуми мазлум бахри озодй аз зулми дучониба: амирони мангит ва хукумати мустабидаи рус инъикос ёфтааст. Хамчунин дар ин асар сахми рушанфикрони Бухоро дар пирузии инкилоб ба таври возех гшшон дода шудааст. «Чаллодони Бухоро»-ро метавон «Фочеаномаи чадидон - равшангарони Бухоро» номид, зеро дар он фочеаи кушта шудани равшанфикрон ва сабабхои куштору котилони онхо ба пуррагй акс ёфтааст.

Дар маколаву хитобахо ва дигар асархои публисистии адиб, ки дар арафа ва солхои аввали инкилоб иншо шудаанд, манфиати муслимин ва ислом дар назар дошташуда, танхо ба сокинони аморати Бухоро махдуд намегардад. Дар ин асархо хам дар бораи ахволи Эрону Афгонистон ва хам Туркияву Озарбойчон, хулоса олами Шарк;, сухан меравад.

Айнй хангоми так,симоти миллй, ки хатари беватан мондани точикон ба миён омада буд, пурра ба дифоъи мардуми точик мехезад. Худи унвони аввалин асари бадеии баъдиинкилоби у «Саргузашти як точики камбагал» «таъкиди мавчудияти халк,и точик дар сарзамини Осиёи Миёна аст» (10,

Агар дар ин асар, ки баъдтар ба унвони «Одина» ба напір расид, томики мазлум тасвир шуда бошад, дар «Дохунда» томики мубориз, саркаш ва гаюр ба майдон меояд, ки дар хамон даврахои амирй низ исёнкору саркаш ва мубориз бар зидди хамагуна чабру ситам буд. «Буломон»-и адиб гуломони оддй нестанд, онхо хамон мардуми талони Хуросон - эронтаборон хастанд, ки онхоро беватанон - туркманхои дузд хини горату ягмо асир гирифта, ба Мовароуннахр оварда фурухта буданд. Туркманхо бино ба шаходати Айнй аз сабаби хуйи хайвонгарй доштан аз ватани аслиашон ронда шуда буданд ва Исмоили Сомонй аз хисси инсонпарвариаш дашти васеъро ба онхо такдим менамояд, то аз гушнагиву хорию зорй намуранд. Мардуми эронитабор хар некию мехмоннавозие, ки ба кавму кабилаи гайр карданд, окибат балои сарашон шуд. Такдири мардуми туркман ва давлати онхо - Салчукиён яке аз онхост.

«Ёддоштх,о»-и Айнй ифодакунандаи худшиносии маънавии мардуми тоіщк аст. Бино ба гуфтаи академик М. Шукуров агар дар повести «Одина» ва румонхои «Дохунда», «Буломон» худшиносии ичтимоии захматкаши оддиро ба риштаи тахкики бадей кашида бошад, дар «Ёддоштхо» «худшиносии ичтимой аз чорчубаи танги махдудияти табакотй берун рафта, ба марзи худогохии маънавй» кадам гузоштааст (344,114).

Маколоти дигари у «І авми точик ва рузнома», «Дар бораи мактаб ва маорифи точик», «Дар бораи китобхои мактабии то икон», «Точикони кухистон»... бозгуйи гуфтахои болост. «Намунаи адабиёти точик» муаррифии тамаддун ва фарханги хазорсолаи точикон ба чахониён, аз ч,умла ба садрнишинони бехабари Маскав ва чавоб ба игвои пантуркистон буд. Гарчанд шарк,шиносони рус ин асарро химоя карданд, вале пантуркистон бо пуштибонии Бухарин бо «калимахои сурх» (таъбири Айнй) ба он хучум карданд ва окибат он кигобро ба «утилсирё» равона карданд. Фикрхое, ки пантуркистон ба Н.Бухарин талк,ин карданду у аз минбари баланде С. Айниро ба гумрохіги сиёсй мутахдм намуд, гайр аз душмани ва гараз ои миллй маънии дигаре надорад. Муборизаи Айнй барон баркарор кардани уввияти миллии точикон ва бедор кардани хисси худшиносй дар он о камтар аз майдони чанг набуд, зеро «кариб ба хдр як асари илмии вай (хдмчунин асар ои бадеии у) аз «Намунаи адабиёти точик» cap карда, то рисолаи «Мирзо Абдулкодири Бедил» сарнавишти сангине насиб гаштааст. Пантуркистону нигилистон доиман ба осори илмии у дар мубориза буданд ва Айнй тани тан о ба мукобили ин гуна к,увваи азими харобкор истодагй кардааст» (7, 83). Дар «Намунаи адабиёти точик», ки бевосита бо сарварии Айнй руйи кор омадааст ва дигар маколоти илмии у дойр ба рузгор ва осори Рудакй, Буалй, Фирдавсй, Саъдй, Восифй ва дигар бузургони адаби форсу точик баёнгари муборизаи Айнй барои хдкку укуки точикон масъалаи шоиру нависандагони куллияи Эронзамини пешина аст. Айнй алайхи принсипи гайриилмии баъзе аз шаркшиносон, ки халки точикро аз фархднгу адабиёти классики махгзум медонистанд, истилохи форсу точикро пешниход намуда, х у уки точиконро ба ин фархангу тамаддун баркарор кард. Дар хамаи ин асар о адиб манфиатхои миллии халки точикро дар назар дошта, сахми ин мардумро дар тамаддуни башарият нишон додааст. Масалан, дар мавриди Ибни Сино, ки даъвогаронаш бисер гашта, бархе арабу гуру и дигар туркаш мехонад ва бар хилофи ого о баъзе олимони точик аз точик номиданаш бим доштанд, менависад: «Абуалй ибни Сино гуё хамаи китоб ояшро ба забони илмии замони худаш, ки забони арабй буд, навиштааст

Портрет в структуре образов в произведениях Садриддина Айни

Як фасли калони кисми чоруми «Ёддоштх,о» бо фасли «Мадрасаи лаби авзи арбоб» пайваста шудааст. Ин кием то кучидани ках.рамон ба мадрасаи Кукалтош (24,315-405) идома меёбад. Умумияташ аз алокаи ках,рамонони «гайбатхона» ва х.одисахои шах,ру муносибати бошандагон ба онхо пайдо шудааст. Дар дохили ин корномаи } очй махдум, чднги муллоён бо аробакаш ва шахсияту амали мулло Амон, вафоти Ахмади Дониш ва шиносии ках.рамон - нависанда бо китоби "Наводир - ул -вакоеъ» - и у низ ба сари худ мустакилият дошта, аз раванди умумии ин силсила х.ам чудо нестанд.

Силсилахои дигари ин кисми «Ёддоштх.о» зиндагонй дар мадрасаи Кукалтош ва чаншу русуми Бухоро мебошад, ки ба он тарзи гузаронидани мохи рамазону сайргохдо, беморихо ва табобат, бангу кукнорих.о, фочиахои ин мусити зист дохил шудаанд. Ин зиндагй пур аз талотум (чанги ) очй Махдум, театрбозии у), гиру дорх.о (зиндагии мохдт рамазону мочарох,ои он), шодих.ои кутоху фочиахои пурбор (сайри Ширбадан, куштани Рустамча ва марги Махдуми Гав), беморихои бардавому давою табобати мушкили онхо (бемории ришта), нодорию тангии шароити зист ва пастию баландих.оест, ки аз одам фаросат, х.иммат, бурдборй ва махсусан бардошту токати беохирро талаб менамояд.

Сикли охирини ин кием алокаи муаллиф ва дигар талабагонро бо дарбори шох. ва аморат дар бар мегирад. Вай хусусияти фочиабори алока бо дарбор ва дар миёна мавчуд будани фиребу риёро (расми дахякгирй) намоиш медихад. Ин кием сикл ё силсилаи ёддоштхр мантикан кисми чоруми асарро чамъбаст менамояд. Фаслх,ои «Харгургон», «Рубох,он» ва «Саёхати махдумони сохта» (24,594-617) ба хдмин силсила алока дошта, аз чрниби дигар нотамом мондани онхр далел ин х,ам хает, ки муаллиф асарро ба поён нарасонда ва чдмъбаст накардааст.

К исми якуми «Ёддоштхр» хдм аз чихдти бандубаст ва хдм аз чихдти сохти сужет асари ягона аст. Ягонагии он иборат аз мархділаи кудакй ва ба наврасй расидани ках,рамон, зиндагии як хонавода ва бархдм хурдани асоси он, анчрми рузгори кахрамон дар он мух,ит, гусаста шудани робитахри одами ва кдтъи кисме аз онхр мебошад. Вай хдмаи унсурхри сужетсозиро дорад.

Ба монанди дигар асархряш дар ин кисми «Дар сахро» шароиту чри амал хеле дакик ва батафсил баён шудааст. Ба назари мо, хдмин дакикии тасвири вокей сабаби хеле табий баромадани асар шудааст. Сабаби нияти тасвири хаматарафаи дехдхри Соктаре ва Махдллаи Болоро муаллиф дар даромади сухан чунин шарх. додааст:

«Азбаски зиндагонии кудакй ва хурдсолии ман дар сахро асосан дар ду дехд гузаштааст ва ин дехдхр аз хдм дур буда, аз ихдти ободонй, маданият ва урфу одат аз хдм фарк, доштанд, ман мехохдм пеш аз cap кардани ёддоштхои худ дар бораи ин ду дехд як кадар маълумоти географи, этнографй ва тарчгшаихрлй дода гузарам, то ки фах,мидани чри ин ёддоштхр барои хонандагон осонтар шавад» (23,9).

Дар ин чо максади экспозитсияро худи нависанда баён мекунад ва чои шарх,у тавзех,е надорад. Ин даромади сухан чои зиндагии тагохри муаллифро хам ишора мекунад ва як навъ мукаддимаи рабти асар -гирехбандии вакоеъ мебошад.

Дар мавриди дигар асархри С.Айнй мо гуфтем, ки гирехбандии вокеахр дар онхр одатан хеле тулонй аст. Ин асар низ аз он сабки муаллиф дур нест. Сабаб ин аст, ки дар ин асар ва дар мавридхои дигар муаллиф саргузашти ках,рамонро аз дур cap мекунад ва ин як сифати киссапардозих,ои суннатй х,ам хает. К исса аз бобои гуянда - Сайид Умархоча cap мешавад, ки дуконбофу дуредгар будааст. Баъдан хонадор шудани падараш бо Зеварой ва дигар алокахои хешутаборй баён мешаванд ва рабти хакикии вакоеъ ба вучуд меояд.

Аз фасли «Туй» - вакти чамъ шудани ка рамонони асосй, амалиёти онхо cap мешавад. Дар кисми зиёди он ках,рамони марказй падар аст. Тах,рики вокеа о ва муносибати ках,рамонон аз амалу кори у ба вучуд меоянд. Садриддини чавон хам гуё ба дидаи у ба чахрн менигарад. Азбаски фаслх,о мустакиляти хос доранд, зиддияти асосии сужетсоз ошкоро нест, вале ин асар бе зиддият хам нест. Зиддият миёни одамигарии х,акикй ва ноодамй, окилию фаросат ва беаклию нодонй, мех,натдустию танбалй мебошад. } ар як і ах,рамон дорой яке аз ин сифатхр ва дар айни замон мукрбили сифатх,ои хилофи худ аст. Сайид Муродхо а марди х нарманд, боиззат, пуркору сахтгир, дустдору тарбиятгари фарзандон ва бадбини фиребу риё нафакат дар хона ва миёни хешу табор, балки дар сатхи давлатй мебошад. Мукобилият миёни дорой ва нодорию хавфи нодорй низ дар ботини муносибатхои одами карор дорад. Ин хавф барои Сайид Муродхо а, писараш, амсоя ва хешовандон доимо ву уд дорад, аз огози асар то ав и вок,еот идома меёбад. Дороию нодорй танхо натирай нобаробарии ичтимой, чунон ки дар дигар асар ои нависанда мебинем, нест. Вай аз нокасию ситами К арабек барин амалдор, аз беандешагию зулми амир, аз офати табиат (ходисаи реги равон), аз танбалию муфтхурй (амали Ибро имхочаи дуохон ва девбанд) ва аз беморие, ки инсон дар назди он нотавону бечора аст, cap мезанад. Аз ин чо маълум мешавад, ки мушкилию ихтилофи инсон факат ва танхо ичтимой нест.