Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Анализ лексики, обозначающей головные уборы в "Шахнаме" Фирдоуси Исматов Саъди Махдиевич

Анализ лексики, обозначающей головные уборы в
<
Анализ лексики, обозначающей головные уборы в Анализ лексики, обозначающей головные уборы в Анализ лексики, обозначающей головные уборы в Анализ лексики, обозначающей головные уборы в Анализ лексики, обозначающей головные уборы в Анализ лексики, обозначающей головные уборы в Анализ лексики, обозначающей головные уборы в Анализ лексики, обозначающей головные уборы в Анализ лексики, обозначающей головные уборы в
>

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - бесплатно, доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Исматов Саъди Махдиевич. Анализ лексики, обозначающей головные уборы в "Шахнаме" Фирдоуси : Дис. ... канд. филол. наук : 10.02.22 Душанбе, 2004 178 с. РГБ ОД, 61:04-10/1691

Содержание к диссертации

Мукаддима 3-14

Боби I. Тахлили лексикй-семантикии кулоххои анъанавй 15-84

1. Мафхуми сарулибос ва истифодаи он дар шох&сарі 15-21

2. Ифодаи маънохои вожаи кулох 21-53

„1.3. Ташаккули маъноии истилохи дастор 53-57

4. Истифодаи калимаи шора ваЦатнихои он 58-60

5. Доираи маъноии вожаи сарбанд дар асар 61-62

6. Хусусиятхои лугавии кулоххои размй 63-84

Боби П. Инъикоси лугати кулоххои расмии давлатй 85-139

1. Тобишхои маъноии вожаи точ 85-102

2. Тафсири вожаи гарзан ва истифодаи он 102-106

3. Хусусиятхои маъноии истилохи афсар 106-125

4. Корбурди вожаи дайхим 125-138

Хулоса 139-144

Адабиёт 145-157

Замима 158-178 

Введение к работе

Омузиши таърихи забони адабии точик, ки маводи он осори адибони классик чун Рудакй, Фирдавсй, Сино, Хайём, Саъдй, Низомй, З офиз, омй, Бедил ва дигарон мебошад, ахамияти калон дорад. Бе тадкик, намудани забону услуб, махсусан читати лугавию маъной, комилан дуруст омухтани эчодиёти хеч як адиб муяссар намегардад. Хосатан муайян намудани дарачаи истифода ва мазмуну маънохои калимахо дар давру замонхои гуногун манзараи таркиби лугавии забони хамон давраро инъикос мекунад.

Лексикология хамчун илми забоншиносй ба омузиши маъной калима бахшида шудаааст. ангоми тахлил аввал маънии калима, баъд дигар тарафхои он баррасй мешавад. Тамоми илмхои замон, аз кабили кимиёву тиб, нучуму хандаса ва табииёту фалсафа, аз калимахои маьнодори марбути хамон соха иборат аст, ки маъной лугавии ин калимахоро надониста, дар бораи ин илм маълумоте хосил кардан нашояд.

Яке аз пахлухои мухими илми лексикология лексикаи касбиву сохавй ба шумор меравад, ки пайваста дар инкишофу тагйирёбист ва бо дигар шудани чамъият бо мурури замон кухна мешавад ва дар шакли нав зухур меёбад.

Лугати сарулибос чун лексикаи сохавй як чихати хануз тадкикнашудаи забони точикй ба шумор меравад. Дар муддати чандин садсолахо таркиби лугавии забон вожахои ифодакунандаи маф умхои сарулибосро аз дохили худ вогузошта, чандин истилохоти тоза ворид сохтааст. Азбаски лексикаи мазкур дар асоси маводи «Шохнома»-и Фирдавсй тадкик. мешавад, дар ин чо чанд сухан дар бораи ин шохасар гуфтач аз ахамият холи нест.

Забони адабии точик аслан дар асри X «баъди шакли хаттй-китобй гирифтан» ба як колаби муайян даромад (154,5), ки ин колаб бо ташаккулу тахаввулот то имруз риоя шуда меояд. «Шохнома», ки яке аз намунахои бехтарини назми асри X ва яке аз бузургтарин хамосахои чахонист, барои аз нуктаи назари забоншиносй, адабиётшиносй, таърихй ва этнографй омухтан маводи гаронба о махсуб мешавад.

«Шохнома»-и Фирдавсй аз читати арзиши бадеии худ, - менависад Б. Рафуров, - дар радифи барчастатарин асархои хамосии адабиёти чахон карор гирифтааст(38,517). «Мехнати якумраи у - «Шохнома», - гуфта буд С.Брагинский(25,276). Дар хакикат, аз тарафи як шахе ба ин микдор ва ба ин мазмуну мундарича офаридани чунин хамоса нишони камолоти аклй ва физиологии тафаккури инсонист. Дар сурате, ки адиби немис Ф. Волф(соли 1934) лугати «Шохнома»-ро дар муддати 20 сол тартиб додааст( 128,9) ва мусташрики франсавй Ж.Моль «Шохнома»-и тайёрро ба забони франсузй дар муддати 40 сол ба наср баргардондааст, «ки ахли адабу фазли Фаронса... онро кахрамонй донистанд"(90,128), кахрамонии Фирдавсй бемисл аст. Аз ин чост, ки И. С. Брагинский гуфта буд: «Шохнома»-и Фирдавсй, хатто на бахр, ин комилан укёнус аст"(24,24). Он номаи шохон бошад хам, шохи номахо низ фахмида мешавад.

Перомуни ахамияти забонии «Шохнома» сухани аввал ва охирро худи Фирдавсй гуфтааст: «Ачам зинда кардам бад-ин порей».

«Шохнома» аз читати дарбаргирии лугат он кадар ганй аст, ки назираш дар ягон асари дигар нест. } Рауфов зимни тахлили «Фархднги ахонгирй» микдори абёти аз Фирдавсй истифоданамудаи фархангро 765 байт гуфтааст, ки аз 360 шоири номбаршуда аз хеч як шоири дигар ба ин микдор истифода нашудааст(100,139). Ин ракамхр нишонаи бойгарии лугавй, сермаъноии калимахо ва истифодаи бомавкеи вожахо дар асар ба шумор мераванд.

Устод С. Айнй суханони мунак»;иди асри XIX Зиёпошои Усмониро аз турки тарчума карда меорад: «Фирдавсй барои ба вучуд овардани «Шохнома» 30 сол ранч кашид. Дар хакикат як асари номурданй ба вучуд овард. Тул и офтобро дар 120 чой 120 ранг тасвир кард, ки яке бар дигаре монах д нест... »(6,103).

Аз ин нуктаи назар, омузиши забони «Шохнома», ки ифодакунандаи забони адабии точик аст, зарур мебошад. ануз соли 1961 устод М. Турсунзода навишта буд: «Дар филологияи точик диссертатсияе, ки кувва ва зебоии забони ягон классикро тахлил карда медода бошад, мавчуд нест. Ва хол он ки тахлил кардани масалан забони Фирдавсй, Саъдй, Дофиз, Умари Хайём кори бисер мухим мебуд ва ба адабиёти мо, ба нависандагони чавони мо фоидаи калоне мерасонд» (Замони мо ва вазифахои адабиёти советии точик//Маориф ва маданият.-1961.-3 июн).

Барои омузиши пурраи забони «Шохнома» як ё ду рисолаи тадкикотй нокифоя аст. Аз ин сабаб ба мавзуъхои чудогона, яъне ба сохахо ЧУДО карда тадкиц намудани ин шохасар ба максад мувофиктар аст.

Мавзуи «Лексикаи сарулибос дар «Шохнома» то хол аз тарафи касе тадкиц нашудааст. Ин мавзуь нихоят васеъ буда, тадкики он дар асоси «Шохнома» барин асари тавсифй ахамияти калон пайдо мекунад. Зеро шоире Фирдавсиро пайгамбари авсоф номидааст: Дар назм се тан паямбаронанд, арчанд ки «ло набия баъди». Авсофу касидаву газалро Фирдавсиву Анвариву Саъдй.

ангоми нишон додани чалолу шукухи шахсе васфи сарулибоси у мавкеи аввалро ишгол мекунад. Пас сарулибос моли авсоф аст, ки Фирдавсй паямбари он номида шудааст.

Мавзуи сарулибос аз тарафи бисер мухакдикрни сохаи забоншиносй ва этнография мавриди тадкда карор гирифтааст. Пахлухои гуногуни лугати «Шохнома» аз тарафи мухакв;икрни хоричиву ватанй баррасй шудаанд.

Нахуст мехнати сангину токатшикани мусташрики немис Фритс Волфро кайд намудан ба маврид аст. У бо номи «Лугати "Шохнома»-и Фирдавсй" дар хачми 884 сахифа лугати «Шохнома»-ро тартиб дод, ки тамоми калимахои «Шохнома» аз руй чилд ва сахифа нишон дода шудаанд. Ф. Волф, ки донандаи хуби забони порей буд, хангоми тарчума нишон додааст, ки Фирдавсй як калимаро дар чанд шакл истифода бурдааст ва онро дар шакли ибора ё пайваст бо калимахои дигар ба забони порей оварда дигар онхоро тарчума намекунад, факат сахифахоро нишон медихад. Аз мутолиаи лугати Ф. Волф маълум мешавад, ки он бештар хусусияти тарч мавй дорад. Мухаедик; калимахои «Шохнома»-ро бо як-ду калимаи немисй баргардонда, онро тафсир накардааст. Дар аксар маврид бо тарчумаи тахтуллафзй каноат намудааст. Масалан, калимаи тод бо як калима Krone( 159,229) шарх ёфтааст, хол он ки точ. дар «Шохнома» тобишхои маъноии зиёд дорад. Ё калимаи кулахдор Krone tragend (дорандаи купо?;) тарчума шуда, тафсир наёфтааст( 159,662), хол он ки вобаста ба мати калимаи кулохдор метавонад ба маънии подшо? , мехтар ё пахлавон ояд.

И. Ализода дар мак.олааш «Сухане чанд оид ба лугати «Шохнома»-и Фирдавсй" дар бораи хусну к,убхи лугати Волф истода, камбудихои ин асарро дар зиеда аз дусад маврид нишон додааст(8,53-65; 128,9). Ба фикри мо, чой доштани чунин камбудихо кимати асари бузурги Ф.Волфро паст намекунанд.

Мусташрик,и дигари немис С. Нёлдеке зимни тахлили хамосахои миллй «Шохнома»-ро бузургтарин хамосаи дунё номидааст(158). Муаллиф бештар ба чихати адабию бадеии асар дикдат додааст.

Шаркшиносони рус Е.Э.Бертелс ва И.С.Брагинский дар асархои худ дар бораи Фирдавсй ва «Шохнома»-и у тадкикотхои пурарзиш намуда, баробари тахлили адабиётшиносй ба баъзе ихатхои забонии асар низ дахл кардаанд(17;18;24;25;26).

Маколахои А.Н.Болдирев низ перомуни Фирдавсй ва шохасари у ахамияти мухими забоншиносиро молик буда, аз таърихи инкишофи забони адабии форс-то ик бахс мекунанд(21;22;23).

Аз олимони гурчй Л.Н.Тушишвили дар мавзуи «Унсурхои луготи арабй дар «Шохнома» ва Н.Сулакадзе дар мавзуи «Лексикаи Дакией» рисолахри номзадй дифоъ намуда, луготи асри Х-ро мавриди тадкик, карор додаанд (120; 112).

Дойр ба лексикаи сохавй забоншиноси озари Б.Мамедова дар мавзуи «Номи либосхо дар забони озари» рисолаи номзадй химоя намуд(71), ки аз дихати илмй пояи устувор дорад.

Дойр ба Фирдавсй ва «Шохнома»-и у дар Эрон асару маколахо нихоят зиёданд, ки овардани хамаи онхо аз имкон берун аст. Икрор бояд шуд, ки бештари онхо ба сохаи адабиётшиносй бахшида шуда, ба дихати забонии асар ишорахо мав уд мебошанд(14).

Мухаммад Нудушан дар китоби худ «Сарви сояфикан» «Шохнома»-ро «Китоби китобхо, китоби зиндагию марг» номида, кайд мекунад, ки «он зиндакунандаи А ам ва забони форси» аст ва «аз ин ру хар замону хар сарзамин метавонад худро дар он боз ёбад»( 183,1).

Ризозода Шафак низ хизмати шоистае карда, «Фарханги «Шохнома»-ро таълиф намуд, ки он мухтасар буда, дар он мисолхо аз «Шохнома» ва дигар шоирон оварда шудааст(168).

Дар лугати тартибдодаи Мухаммад Ризо Одил бо номи «Фарханги юмеи номхои «Шохнома» топонимия ва антропонимияи «Шохнома» шарху тафсир ёфтааст(174). Ин фарханг ахамияти илмй-назариявй дорад.

ap як лугати дар Эрон ба табъ расида аз кабили «Фарханги Рашидй»(176), «Фарханги форсии Амид»(178), «Фарханги Онандроч»(172), «Фарханги пахлавй»(173), «Фарханги Нафисй»(179) ва f. аз чихати шарху маънидоди калимахо чолиб буда, ахамияти бузургро молик мебошанд.

Яке аз лугатхои нихоят бузург ва муътабар, ки хусусияти энсиклопедй дорад, «Лугатнома»-и Али Акбари Деххудо мебошад. Муаллиф микдори зиёди абёти «Шохнома»-ро дар лугат истифода бурдааст(181).

Бахшида ба хазорсолагии «Шохнома» (1994) мачмуаи муштараки маколахои олимони Эрону Точикистон бо номи «Шохнома»-и Фирдавсй падидаи бузурги фарханги дар тамаддуни чахрнй» бо забон ои порей, англисй ва русй аз чоп баромад, ки дар он 122 маколаи олимони ду кишвар гирд оварда шудаанд( 170).

Пажухиши усайн Шахиди Мозандаронй аз нуктаи назари чугрофй таджик; намудани «Шохнома» ахамияти назариву амалиро со иб аст(184).

Дар маколахои Мухаммад Муин «Оини Орёиён пені аз зухури Зартушт»(185) ва Эрач, Вомикй «Чанд расми кухан дар «Шохнома»-и Фирдавсй»(186) ба масъалаи маданияти кадими Эрониён ва расму оини онхо дивдат дода шудааст. Эрач Вомикй чи кадар кадимй будани баъзе расму оин, махсусан либоспушии мардумро дар асоси «Шохнома» нишон дода, зинда будани баъзеи онхоро дар байни халкхои Эрон таъкид намудааст.

Юсуфи Кайвоншукухй асари этнографхои Fap6 Браун ва Эшнейдерро бо номи «Пушоки аквоми мухталиф», ки аз суратхои зебову равшани бо санъати рассомй ороёфта ва зерматнхои кутох иборат аст, ба форей гардонд. Дар асар беш аз 1450 тархи либос дар 500 расм тасвир шудааст, ки аз даврахои кадим то охири аери XIX халкхои дунёро дар бар мегирад. Мусавварахои китоб хеле равшану барчаста руи сафха омада, дар онхр ба либосхои кадими занону мардони халкхои Эрон, Ховари Наздик, Чин, Рум ва f. диктати чиддй дода шудааст(ібі). Бояд гуфт, ки аёнияти ин асар дар тахияи рисола хизмат расонд.

Инчунин чанд асари таърихии дигар, ки дар Эрон р и чопро дидаанд, аз руи мазмуну мухтаво ба маданият, фарханг ва оини халк о диккат дода, сарчашмаи сахех барон тадкики масоили гуногуни илмй махсуб мешаванд(160;163;164;165;182).

Яке аз лугатхои нихоят мухим, ки аз руи «Шохнома» тартиб дода шудааст, «Вожаномак»-и олими афгон Абдулхусайни Нушин ба шумор меравад. Лугат мухтасар буда, муаллиф карор додааст, интихобан, аз «Шохнома» танхо вожахои душворро ба он дохил кунад ва аз кайди калимахои оммафахм худдорй намояд(171).

Дар забоншиносии точик низ бахшида ба «Шохнома» ва лексикаи сохавй асару маколахои зиёд ба табъ расидаанд.

Устод С.Айнй дар маколааш «Дар бораи Фирдавсй ва «Шохнома»-и у» асарро хам аз чихати адабию бадей ва хам аз чихати забонй тадкик. намуда гуфта буд: «Забонй «Шохнома» соддатарин ва софтарини забонхои классикони Эрон аст»(6,43).

Яке аз корхои арзанда, ки солхри 50 анчом пазируфта, соли 1992 руи чопро дидааст, «Фарханги мухтасари «Шохнома»-и Иброхим Ализода мебошад. Бояд гуфт, ки мукаддимаи фарханг, ки ба ралами .Рауфов ва З.Ахр орй тааллуц дорад, ахамияти калон дорад. Дар он оид ба лугатхои зиёди ба «Шохнома» бахшидашуда маълумотхои мухим дода шудааст(128).

Кори пурарзише, ки ба мавзуи мо нисбатан наздик аст, рисолаи номзадии С. Анварй(С.Муллочаев) «Лексикаи харбй дар «Шохнома» мебошад(78). Мухаккик. рисолаи худро дар шакли китоби алохида бо номи «Вожахои низомй дар «Шохнома» аз чоп баровард(9).У яке аз бобхои рисоларо «Вожахои баёнгари василаи хифозати чднговарон" номида , либосхои чангй, аз кабили карг(к), чавшан, зирех, хафтон, габр, диръ, куло , худ, тарг(к), мигфар, бабри баён, чома ва г.-ро мавриди тадкику тахлил карор додааст. Муаллиф бо такрзои риояи мундаричаи рисола дойр ба тобишхои маъной ва ифодахои мачозии калимахо кам таваккуф намуда, танхо, ба тахлили лексикаи размй пардохтааст. С. Анварй дар макрлах/ш дигари худ ба тарафхои гуногуни лексикаи харбй аз рохи тавсифй наздик шуда, вобаста ба вокеахои асар калимахои заруриро маънидод намудааст(77;79).

Асархои С. алимов перомуни «Шохнома», забон, услуб ва хусусиятхои лексикию грамматикии он ахамияти бузургро моликанд (136; 137). Мухаккик аз нуктаи назари услуб тавсифхои зебои тулуи офтобро дар асар ба риштаи таджик. кашидааст(137). Як фасли калони дастури таълимии С.Халимов «Таърихи забони адабии точик» ба «Шохнома»-и Фирдавсй бахшида шудааст. S дар ин фасл «Шохнома»-ро барои омухтани таърихи забони адабй сарчашмаи бебахо» (136,78) номида, сахми Фирдавсиро дар инкишофи забони адабии точик баланд нишон додааст.

амин тавр, дар бораи Фирдавсй ва «Шохнома»-и у, чи дар кишвари мо ва чи дар хоричи он, осори зиёде ба табъ расидаанд. Махсусан бахшида ба чашнхои хазораи Фирдавсй(1934) ва «Шохнома»( 1994-1996) асару маколахо нихоят зиёд чоп шудаанд, ки дархури ахамиятанд.

Г. Набиева зимни тахлилу тадкики девони шоири асри XV Мавлоно Низомиддин Махмуди Ь ории Яздй мутахаллис ба Низоми Албиса, ки ашъораш аз тавсифй либосхр иборат аст, ба лексикаи он диктати чиддй додааст(86;87;88). Мухаккик дар як маколааш кайд мекунад, ки «Албиса либоохоро хамчун кахрамонони асосии ашъораш ба калам додааст»(88,78). У дар ин чо истинод ба фархангхо ва маводи девони Албиса бисер калимахои ба лексикаи сарулибос алокамандро шарху эзох, медихдд. "9 оид ба ахамияти девони Албиса сухан ронда менависад, ки махз тавассути ашъори Низоми Албиса номи бисер сарулибос то замони мо омада расидааст.

Г.Набиева дар маколаи дигари худ оид ба таърихй х,унари бофандагиву дузандагй кайд мекунад, ки санъати бофандагй дар Бохтар дар асри II то мелод вучуд доштааст. У барои ин суханаш хафриёти Ьуабристони Ноин-Улаи Мугулистони Шимолй ва хафриёти калъаи Мугро далел меорад, ки аз асари Г.В.Чепелевецкая «Сюзане Узбекистана» дарёфтааст(87,40). Мухаккик навъхои гуногуни матоъхоро, ки «манбаъхои экстралингвистии тарак сиёти лексикаи сарулибос гардидаанд», номбар намуда, калимахри зиёди марбут ба ин лексикаро дар асоси девони Албиса шарху эзох додааст(87,41-44).

Дар солхои охир бахшида ба лексикаи асархои бадеию таърихй асархои илмиву рисолахо таълиф шудаанд. Мухакдикон дар баробари баррасии чихатхои гуногуни лексикаи ин асархо оид ба лексикаи касбй-сохавй низ изхори назар намудаанд(45;63;65;106;156;).

Махсусан оид ба лексикаи касбй-сохавй тадкикотхои илмии пурарзиш руи чопро дидаанд. Р.Гараджаев(32), Е.Д.Глуховцева(34), Г.Жу5 акунова(45), Э.И.Зеленина(51), М.Д.Истамова(55), Б.Р.Мамедова(71), Х.Мухаммадиева(80) ват. оид ба ин кисмати лексика рисолахои номзадй дифоъ намудаанд.

Н.О.Шаропов ва ТД. ураев дар рисолаи худ «Лексикаи касбу унар— сарчашмаи терминологияи техникии точик» ба тадкики лексикаи мазкур пардохта, ба лексикаи сарулибос аз рохи доираи истеъмолашон дар забон наздик шудаанд(148,52-53).

Барои дарки пурраи чихози сарулибос, мавкеи асархои таърихиву этнографй калон аст.Муаллифони «Таърихй Бухоро»(163), «Таърихй Байздй»(164), « абиб-ус-сияр»(165), «Форснома»(133), «Зайн-ул-ахбор»(169), «Осор-ул-бокия»(19), «Точикон»(38;39) ва f. зимни тасвири вокеахои таърихй ба расму оини мардум ва сару либоси онхо диккати чиддй додаанд.

Масалан, муаллифи «Фарханги ахонгирй» барои шархи гарзан (точ) аз «Таърихи Табарй» ва «Таърихи Байхакй» санад меорад. Чунончи: «Ва дар «Таърихи Табарй» мастур аст, ки дар гарзан сад дона марворид буд ва хар як чанд байзаи гунчишк ва онро ба тозй кункул гуянд». Баъд дар х,ошия мисол аз «Таърихи Байх.акй» меорад: «Точе аз мурд бофта, бо гули сурй биёроста, бар cap ниход ва пой куфт ва надимон ва гуломонаш пой куфтанд бо гарзанхои бар cap, пас дигар руз ин хадис фош шуд»( 175,1129).

Бояд гуфт, ки мавзуи лексикаи сарулибос ба фанни мардумшиносй алокди зич дорад. Сарулибоси мардуми Осиёи Миёна нисбатан аз тарафи мардумшиносони рус М.С.Андреев(11;14), Н.Н.Ершов(44), З.А.Широкова(149), О.А.Сухарёва(113; 126) тадкик ва баррасй шудаанд.

Олими мардумшинос Г.Майтдинова дар катори дигар либосхо махсус маводи сохтмонии кулохдоро низ шарх,у эзох, додааст(68,87-88).

ангоми чамъоварии маводи марбут ба мавзуъ пеш аз хама ба нусхахои гуногуни «Шохнома» мурочиат карда шуд. Нахуст чопи маїш ури Вуллерс, ки бисер лугатнигорон ва му аккикон дар асоси он кор кардаанд, аз назар гузаронида шуд. Ин нусхаест, ки соли 1314(1936) дар Техрон чоп шудагст ва аз 5 китоб (10 чилд) иборат аст. Дар чилди охир мулхакоти «Шохнома» ой дода шудааст, ки се достони иловагй (Саргузашти амшед, Саргузашти Рустам бо Куки Кухзод, Саргузашти Барзу писари Су роб)-ро дар бар мегирад(187).

Як нусхаи нихоят кухнаи дигар ба дасти мо афтод, ки солу чои нашри онро муайян карда натавонистем. Лекин аз он чихат, ки мул акот дошт ба чопи Вуллерс монанд буд.

Чопи нух.чилдаи Маскав, ки чопи пурра ва интикодй махсуб мешуд(188) ва ду нусхаи душанбегй(189;190), ки солкой охир бо назардошти нусх ои пешин, аз чумла, чопи интикодии Маскав, аз чоп баромадаанд, низ аз назар гузаронида шуданд.

Чамъоварии мавод аз руи нусхаи охир, ки солхои 1987-1991 чоп шудааст, анчом пазируфт. Чаро ки ин нусха аз руи нусхахои Маскав, ки солхои 1960-1971 ва Душанбе, ки солхои 1964-1966 чоп шудаанд, тартиб дода, тасхеху иловахо зам шудааст ва чандин нусхахои дигар бо он мукриса шудааст(190).

Перомуни маводи чамъоварда хаминро гуфтанием, ки аз тамоми «Шохнома» зиёда аз 12 хазор мисол чамъоварй шуд, ки аз ин микдор 3 азор мисол ба кулоххо, 1 хазор либоси бадан, 1 хазор ба матоъу чомаворй ва 2 хазор ба калимахои марбути сарулибос дахл дорад, 5 хазор мисоли бокимонда ба лексикаи зебу зинат ва ороишй, ки чизи иловагй ба сару либос хисоб. мешаванд, алокаманд аст.

Чунон ки мебинем, мавз и «Лексикаи сарулибос дар Шохнома» нихоят васеъ мебошад. «Шохнома», ки худ як асари тавсифй аст ва шоир як калимаро бо чандин муродиф ва бо максадхои услубй истифода мекунад, танхо номбар намуда гузаштани истилохот ба рухи асари бадей мувофик. намеояд. Аммо вакте калима маводи «Шохнома» аст ва сухан дар бораи 3-4 хазор байти "Шохнома" меравад, бояд максади шоир аз он вобаста ба мазмуну сюжети асар баён карда шавад.

Масалан, шоир як калимаи чомаро дар 9 маъно истифода бурдааст(5), ки хс-сили ин маънихо аз ру овардан ба жарфои мазомину мундари оти асар cap задааст. Е ки тавсифй баромадани офтоб, ки дар 120 чо 120 ранг аст(137).

Домони мавзуи сарулибос васеъ асту имконияти рисола махдуд, бад-ин вачд мо карор додем, ки тадв;ив;оти хешро дар асоси танз о як кисми лексикаи сарулибос - кулоххо анчом дихем.

Фирдавсй барои ифодаи кулоххо ё каллапушхо 12 муродифро истифода бурдааст, ки аз руи микдори истифода ба тарики зайл аст: то г -1435 маротиба, кулох - 583, афсар - 319, тарг - 155, дайхим - 122, худ - 88, мигфар - 41, дастор - 8, шора - 4, сарбанд - 3, гарзан - 1, кулаххуд - 1.

2ар як истилох вобаста ба мати гайр аз маънии асосй бо тобишхои зиёди маъной омада, хусусият ои гуногуни услубй зохир мекунад. Вале дар ягон лугат ё асаре оид ба ин тобишхои маъной ва хусусиятхои услубй, махсусан, ифодаи рамзиёт, маънохои мачозй ва гайра маълумоте дода нашудааст.

Дар асоси «Шохнома», ки ганчинаи сухани порсист, таджик; намудани ин мавзуи чолиб дорой ахамияти назариявй ва амалист, зеро аз рохи тавсифй наздик шудан ба лексикаи мазкур ва тадкики хусусиятхои услубии онхо барои омузиши забон ва услубй «Шохнома»-и Фирдавсй як рохи хурде мекушояд.

Азбаски дар рисола нишон додани поваракхои бисер ва такрори бехудаи номи шахсону номи асар чои зиёдро ишгол мекунанд, мо бо рохи ихтисор ракам ва сахифаро дар кавсайн нишон додем. Руйхати адабиёт дар охир аз руи тартиби ракам ва алифбо омадааст. Разами асар аз раками сахифа бо вергул чудо карда мешавад. Масалан(171,33) мефахмонад, ки иктибос аз руйхати адабиёт тахти раками 171 ва сахифаи 33 гирифта шудааст. Агар иктибос аз якчанд асар бошад, ракамхо бо нуктавергул чудо карда мешавад. Масалан: (170; 180). лди китоб бошад, дар нохунак нишон дода мешавад. Чунончи: (181,«2»,21). Яъне иктибос аз адабиёти тахти раками 181 чилди 2 сахифаи 21 аст. Мисолхо(шеърхо) аз "Шохнома", ки дар руйхати адабиёт тахти раками 190 омадааст, гирифта шудаанд. Дар кавсайн чидд ва сахифаи "Шохнома" бо нимтире чудо карда мешавад. Масалан, (9-423) мефахмонад, ки шеър аз чилди 9-ум сахифаи 423 гирифта шудааст.

Рисола аз мукаддима, ду боб, хулоса, руйхати адабиёт ва замима иборат аст. 

Похожие диссертации на Анализ лексики, обозначающей головные уборы в "Шахнаме" Фирдоуси