Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Структура и содержание "Джавоме'-ул-хико#т" Мухаммада Ауфи Сангова Хадиса Рахмоновна

Структура и содержание
<
Структура и содержание Структура и содержание Структура и содержание Структура и содержание Структура и содержание Структура и содержание Структура и содержание Структура и содержание Структура и содержание
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Сангова Хадиса Рахмоновна. Структура и содержание "Джавоме'-ул-хико#т" Мухаммада Ауфи : Дис. ... канд. филол. наук : 10.01.03 Душанбе, 2003 169 с. РГБ ОД, 61:04-10/88-4

Содержание к диссертации

Му каддима 2

Боби І. Мухаммад Авфй ва асари у "Чавомеъ-ул-хикоёт" 10

1 .Мухтасари рузгори Мухаммад Авфй ва таълифоти у 10

а) зиндагонии Мухаммад Авфй 10

б) осори Мухаммад Авфй 29

2. Нусхахри хаттй ва чопии "Чавомеъ-ул-хикоёт" 39

а) нусхахри хаттй 39

б) нашри "Чавомеъ-ул-хикоёт" 44

Боби II. Таркиб ва мундаричаи "Чавомеъ-ул-хикоёт" 47

І.Пайдоиши мачмуаи хикоет ва "Чавомеъ-ул-хикоёт"-и Мухаммад Авфй 47

2.Таркиби "Чавомеъ-ул-хикоёт" 62

а) мачмуаи кием, фасл, боб ва хикоёт 62

б) мазмун ва мавзуи мукаддимаи кисм ва абвоб 70

3. Маъхаз ва сарчашмахри "Чавомеъ-ул-хикоёт" 84

4. Сабки су хан дар "Чавомеъ-ул-хикоёт" 95

Боби III. Дастабандии мавзуоти "Чавомеъ-ул-хикоёт" 1 1 1

1 .Хикояхр дар мавзуоти таърихй 1 1 1

2.Мавзуоти панду андарзй (ахлок) 117

З.Мавзуъхои динй ва тасаввуфй 125

4.Мавзуи фазой л и касбу пеша 141

Хулоса 1 52

Китобнома 158 

Введение к работе

Адабиёти форс-точик таърихи хеле кадим ва шухрати чахонй дошта эчодиёти намояндагони барчастаи он - Рудакй, Фирдавсй, Носири Хисрав, Хайём, Низомй, Саъдй, Чалолуддини Румй, Хофиз, Чомй ба забонхои аглаби халкхои олам тарчума ва нашр шудаанд. Пекин то вактхои наздик факат шеъри форсии точикй бештар иштихор дошта ва мухаккикони таърихи адабиёт ва шаркшиносони Аврупо асосан ба эчодиёти шоирон бештар таваччух зохир мекарданд. Аз нимаи дуюми асри бистум муносибати мухаккикон ба наср то дарачае тагйир ёфт ва сабаби асосии он омузиш ва нашри осори зиёди насрии адабиёти форсу точик буд. Аз чумлаи таълифоти насрии чопшуда аз асри дах cap карда китобхои зиёдеро дар риштахои таърих, тафсир, макомот, романхои халкй,мачмуаи хикоёти тамсилй, ахлокй, насихати, киссахо, мачмуаи хикоёти чомеъ номбар кардан мумкин аст, ки танхо зикри номи онхо сахифахои зиёдеро ишгол хохад кард. Бо ин сабаб мо бо зикри баъзе аз онхо каноат мекунем, ки барои фахмидани вусъати ин корхо кифоя мебошад.

Баъд аз "Мукаддимаи Шохнома"-и Абумансурй "Таърихи Балъамй" дуввумин намунаи насри кадимии забони форсии дарист, ки дар соли 963 тарчума шуда, бо саъю кушиши Маликушшуаро Бахор дар Техрон ба табъ расидааст (36) ва ба ин наздики дар Душанбе бо харфхои кириллй дар ду чилд чоп шуд (1). Китоби тафсири Мухаммад ибни Чарири Табарй, ки дар асри X мелодй онро факехони Мовароуннахр ба форси тарчума карданд, дар Техрон дар шаш чилд чоп шуд (37-41), Асари Абулфазли Байхакй "Таърихи Байхакй", ки онро мухаккикон бо вучуди китоби таърих буданаш дар шумори асархои бадей овардаанд, низ ба такрор дар Техрон ба табъ расидааст (43). Дар мавзуи ахлоку сиёсат се китоби пурарзиши насри гузашта чоп шуд, ки х,арсеи онхо як навъ рохнамои ашрофу акобир ва давлатдорони замон ва омехтаи хикмати амалй бо фалсафаи ахлок мебошанд. Манзури мо китоби "Кобуснома"-и Унсурулмаолии Кайковус (19), "Сиёсатнома"-и Низомулмулк (30) ва "Насихат-ул-мулук"-и Имом Мухаммад Газзолй мебошад (21). Дар мавзуи хикоёти тамсилии хайвонот низ се китоб таълиф шудааст, ки кимати адабй ва бадеии онх,о барои таърихи адабиёти мо хеле бузург аст. Инхо "Калила ва Димна"-и Насруллох,и Муншй (27), "Синбоднома"-и Захирии Самаркандй (17) ва "Марзбоннома"-и Варовонй мебошанд. Ду китоби аввали ин силсила аз адабиёти хинд сарчашма гирифта, ба пахлавй ва аз пахлавй ба араби ва дар охири амр ба забони форсии дари даромаданд. Китоби сеюм аз фолклори Табаристон манша гирифта бошад х,ам, дар ч анд вариант ба форсии дари таълиф шуд ва китоби Варовинй бо камоли хунари суханварй ва нависандагй навишта шудааст. Ин шаш китоб, ки дар навъи худ х.ар яке мачмуаи хикоёт аст, аз гузаштагони наздики Мухаммад Авфй дар таълифи хикоёт мебошанд.

Дар навъи хикоёт "Наврузнома"-и Умари Хайём (49), "Чахор мак.ола"-и Низомии Арузии Самаркандй (29)," Асрор-ут-тавхид"-и Мухаммад ибни Мунаввар (25) ва "Тазкират-ул-авлиё"-и Шайх Фаридуддин Аттор (50) навишта шудаанд ва онхо хам аз салафхои наздики Мухаммад Авфй буда, мавчудияти як анъанаи ба вучуд овардани мачмуаи хикоётро дар мавзуъхои гуногун тасдик менамоянд, ки Мухаммад Авфй онро дар "Чавомеъ-ул-хикоёт" чамъбаст кардааст.

Аз силсилаи китобхои насрй бадеии то замони Авфй таълиф гардида асархоеро, ки онхоро мухаккикони имруза романи халкй ва насри ривоятй мегуянд, номбар кардан лозим меояд. Дар таърихи ,адабиёти форс-точик дар мавзуи Искандар ва корномаи у асархои зиёди манзум ва мансур таълиф шудаанд. Аммо "Искандарнома"-и мачхулулмуаллифи аввали асри XII аз румонхои мардумй ва мансуби навъи насри ривоятист ва онро мухаккики эрони Эрачи Афшор тахкик ва чоп кардааст (18). Китоби дигар ин силсилаи насри ривоятй "Доробнома"-и Абутохири Тарсусй буда, дар асри XII ба риштаи тахрир омада ва дар мавзуи подшохии достонии Хумои Чехрозод ва падари у Бахман аст. Ин китоб бо кушиши Забехуллохи Сафо дар ду чилди бузург дар Техрон чоп шудааст (3). Хамчунин, чопи "Рохат-ул-арвох"-и Шамсуддин Мухаммади Дакоики, ки варианте аз достони кадимии "Бахтиёрнома" мебошад, бо саъйи доктор Забехуллохи Сафо анчом дода шудааст (15). Нихоят китоби бисер калони "Самаки айёр"-и Фаромурз ибни Худододро дар чандин чилд доктор Парвиз Нотили Хонлари дар Техрон чоп кард ва аз руи он мухаккикони Точикистон низ силсилаеро аз ин асар ба табъ расониданд (42,105). Ин китобхо ва асархои зиёди дигари насрй, ки то замони Мухаммад Авфй ва баъди он чоп шудаанд, хамагй як ганчинаи бузургеро ташкил медиханд. Дар Точикистон хам кисме аз матнхои комили осори насрй ва порчахо аз онхо чоп шудаанд ва мачмуаи мунтахаботи насри адабиёти7 классики хам ба табъ расид (79). Дар бораи насри адабиёти классики, намунахои чудогонаи он, таърихи инкишоф ва фаъолияти нависандагон хам асару маколахо, обзорхои умумй пайдо шуданд, ки тавсифи муфассали онхо дар ин чо имкон надорад. Хамин кадар гуфтан кифоя аст, ки дар чараёни чамъ омадани мавод шароит барои тахлили хамачонибаи наср хам пайдо хохад шуд.

Дар таърихи насри форсу точик "Чавомеъ-ул-хикоёт"-и Мухаммад Авфии Бухорой макоми хосе дорад. Ин китоб хачман хеле бузург буда як навъ чамъбасти насри ахборию хикоятии адабиёти форсист, ки суннатхои насри арабиро хам дар навъи хикоёт, хамон навъе дар ин рисола хохад омад, дар бар мегирад.

Тадкики рузгор ва фаъолияти Мухаммад Авфй дар ду самт чараён гирифтааст ва як самти алока бо омузиши тазкираи "Лубоб-ул-албоб"-и уст, ки мухаккикон зиндагинома ва эчодиёти Авфиро омухтаанд. Самти дуюм бо омузиши "Чавомеъ-ул-хикоёт" вобаста аст. Аз ин ру, зарурати омузиши "Чавомеъ-ул-хикоёт", аз як тараф, ба мавкеи хос ва намоёни он дар таърихи адабиёти форсу точик ва аз тарафи дигар макоми бузурги он дар эчодиёти худи Мухаммад Авфй мебошад.

Бо вучуди он ки мухаккикони зиёде ба омузиши "Чавомеъ-ул-хикоёт" даст задаанд, тахкики онро ба хеч вачх анчомёфта донистан мумкин нест. Хатто, ба назари мо чунин менамояд, ки барои тамоми маъхазу сарчашма ва мазмуну хусусиятхои ин асарро омухтан умри як фард шояд, кифоят накунад. Ин китоби дорой чахор кисму сад боб хануз ба пуррагй чоп нашудааст ва ин хам аз мушкилоти омузиш ва нашри он мебошад. Аз муаллифони сарчашмахо нахустин касе, ки рочеъ ба ин асар маълумот додааст, муаллифи "Таърихи гузида" Хамдуллохи Муставфй мебошад (46,811). Ахбори у ва дигар муаллифони сарчашмахо дар рисола тахлил шудаанд. Дар китобхои умумии таърихи адабиёти форсу точик ва маколахои умумии обзори ва энсиклопедй низ аз зиндагии Авфй ва шаклу мазмуни асари у хабар дода мешавад. Аммо аввалин асари мукаммал дар бораи Мухаммад Авфй ва китоби "Чавомеъ-ул-хикоёт" ба калами донишманди Хиндустонй Мухаммад Низомуддин тааллук дорад (131). Баъдхо ба тахкик ва нашри кием ва бобхои чудогонаи "Чавомеъ-ул-хикоёт" Маликушшуаро Бахор, Мухаммад Муин, Бону Мусаффо, Чаъфар Шиор, М.Бакоев икдом нихрдаанд (9;8;7; 11; 14). Дар мачмуахои насри адабиёти классики, комусу энсиклопедияхо, китобхои таърихи адабиёт низ ба мавзуи "Чавомеъ-ул-хикоёт", дахолат шуда, аз он намунахо оварда мешаванд ва накду баррасии мухтасаре хам ба назар мерасанд (79,47 -502; 80,283-288; 125,48-49). Ба масъалаи сохт ва мазмуни асар бештар дар тадкикоти Мухаммад Низомуддин дахл шуда, дигар мухаккикон асосан ба сухани у такя намудаанд.

Мо дар ин рисола бори дигар масъалаи рузгор ва таълифоти Мухаммад Авфиро ба шакли хеле мухтасар ба миён гузоштем, зеро дар ин самт дар баробари ба мавчудияти баъзе тадкикотхо дар баёни шархи хол ва мероси адабии у баъзе норавшанихо вучуд доранд, ки ислохи онхо зарур мебошад. Масалан, лакаби Авфй бори аввал аз чониби Хамдуллохи Муставфй баргалат "Нуруддин" зикр шуда ва хамин гуна галат баъди аз чониби мухаккикон ба "Садидуддин" ислох ва эътироф гардидани он боз ба такрор дар адабиёти илмии точикй истифода мешавад (125,48-49). Хамин гуна иштибоххо дар мавридхои дигар хам руй додаанд, ки баёни тасхехи онхо дар боби якуми ин рисола омадааст.

Масъалаи колаби шаклии "Чавомеъ-ул-хикоёт" бори аввал аз чониби Мухаммад Низомуддин гузориш ёфта, мухаккики эронй Бону Мусаффо онро ба такрор дар асари худ зикр намуда ва дигар муаллифон хам дар баёни ин масъала ба онхо назар доштаанд. Мо, ба илова, ин масъаларо дар раванди инкишофи насри адабии форсй аз назар гузаронидем. Дар натича маълум шуд, ки Мухаммад Авфй дар баробари китоби "Фарачун баъда-ш-шидда"-и Танухй, ки онро ба форсй баргардонида буд, ба таълифоти насрии муаллифони форснавис назар доштааст. Бо ин восита мо маълум кардем, ки таълифи китобхои чомеи хикоёт дар асрхои ХІ-ХІІ як тенденсияи умуми буд ва Мухаммад Авфй ба ин рох рафта онро хеле такмил дод ва мохиятан комуси хикоёти форсиро ба вуч,уд овард ва ба онхо хикоёту ривоёт ва латоифи арабиро хам тарчума, тахриру такмил намуда, дохил кард. Аз ин чихат, ба асари Мухаммад Авфй кам эътибор дода шудааст ва мо кушиш доштем, ки онро такмил дода чанбаи ягонагй ва хадафи муаллифро маълум намоем. Дар хамин алокамандй ба равиши умумии насри адабиёти форсу точик таркиби "Чавомеъ-ул-хикоёт", таносуби шаклу мазмуни кисмх,ои он, фасл, боб ва хикоёт маълум карда шуданд. Дар рисола инчунин ба масоили услуб ва тарзи сухани Авфй нисбат ба мухаккикони каблй, ки ба он назари ичмолй доштанд, чустучу ва тахлили амиктаре карда шуд.

Аз чихати сохтори худ китоби Авфй тамоми маърифати офариниш ва зиндагии ин чахонро дар бар мегирад. Бинобар ин, ин китоб як мачмуаи хикоятхои тасодуфан чамъоваришуда набуда, як навъ маърифати саросарии хастй бо назари илмии мукаддимавй хикмати амалй ва рамзиёти х,унарй, яъне хикоёт мебошад. Мачмуаи хикмати назари ва амали будани ин асар аз таснифи кисму бобхои он маълум аст. Кисмхои "Чавомеъ-ул-хикоёт" дар маърифати офаридгор, дар ахлоки хамида, дар ахлоки мазмум, дар ахволи ибод ва ачоиби бихору билод ва табоеи хайвонот ва бисту панч боби хар яки онхо, дар сурати чудо кардани мукаддимахои илмй ва хикоёт як рисолаи комили илмиро дар илми.ахлок ва як чахони вокеияти хунариро ташкил мекунад. Дар диссертатсия тасниф ва тахлили умумитари мавзуии хикоёти "Чавомеъ -ул-хикоёт" анчом дода шуд. Ба ин восита арзиши адабй, таърихй, тарбиявй, динию мазхабй ва маънавй, ичунин таргиби кирдорхои шоиста, илму хунар аз назари он замон маълум карда шуд.

Азбаски то хол чопи пурраи китоби "Чавомеъ-ул-хикоёт"-и Мухаммад Авфй мавчуд нест, мо ба хайси тадкику баррасй дар диссертатсия нусхаи дастнависи №137 Осорхонаи хаттии Институты шаркшиносии Академияи улуми Чумхурии Точикистонро карор додем (6,325). Чихати мукаррар кардани арзишу сурати ин нусха дар асоси адабиёти ба мо дастрас тавзехи мухтасаре аз нусхахои дигари "Чавомеъ-ул-хикоёт", ки дар китобхонахои чахрн махфузанд ва дар каталогу адабиёти илмй шарх шудаанд, дода шуд.

Мухаммад Низомуддин рисолаи худашро "Мадхали "Чавомеъ-ул-хикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт" номидааст. Кори мо вуруде ба сохтор, хусусиятхои бадей, мундаричавй ва мавзуии ин асари бузург аст, то ки макоми он дар раванди инкишофи насри хикоятии форсй-точикии асрхои ХІ-ХІІІ маълум карда шавад.

Бо назардошти ахамияти мавзуъ ва чамъбасти дарачаи тахкики он мо тасмим гирифтем, ки дар ин рисола халли вазифахои зайлро ба анчом расонем:

-тахкики мукаддимотй ва тасхехи шархи холу осори Мухаммад Авфи;

-киёсу баррасии нусхахои хаттй ва матбуи "Чавомеъ-ул-хикоёт";

-омузиши маъхазхои хикоёти "Чавомеъ-ул-хикоёт";

-тахкики сохтори "Чавомеъ-ул-хикоёт" ва мазмуну мухтавои асар;

-таъйини тарзи сухан ва услуби нависанда дар асар;

-таснифи мавзуоти матрахшуда дар "Чавомеъ-ул-хикоёт". Тадкикоти мо дар ин рисола дар асоси дастовардхои илми ва амалии шаркшиносон ва адабиётшиносони варзидаи Русия, Аврупо, Точикистон, Эрон ва мамолики дигари собик Иттиходи Шурави аз кабили Бертельс Е.Э., Брагинский И.С, Болдырев А.Н., Арберри А., Рипка Ян.,Эте Х.,Мирзозода X., Вохидов С, Салимов Ю., Сайд Нафисй, .Забехуллохи Сафо, Чаъфари Шиор, Маликушшуаро Бахор, Мухаммад Казвинй ва дигарон ч,араён гирифтааст. Хамчунин зимни тахкик мо бештар ба принсипи киёсй - таърихии тахлили илмй, ки дар тачрибаи шаркшиносй ва адабиётшиносии муосир маъмул аст, такя намудаем.

Ба сифати маводи адабии ин рисола 12 чилди чопй ва матбуи "Чавомеъ-ул-хикоёт"-и Мухаммад Авфй ва осори адабиву тазкиравии асримиёнагй аз кабили "Хафт иклим"-и Амин Ахмади Розй, "Доробнома"-и Тарсусй, "Хабиб-ус-сияр"-и Хондамир, "Кобуснома"-и Унсурулмаолии Кайковус, "Калила ва Димна"-и Насруллохи Муншй, "Таъриху-р-русул ва-л-мулук"-и Мухаммад Чарири Табарй, "Сиёсатнома"-и Низомулмулк, "Ахлоки Носирй"-и Насириддини Туей, "Макомоти Хамиди"-и Абубакри Хамидй ва соири онхо хидмат кардаанд.

Ахамияти илмии чунин рисола кабл аз хама дар он аст, ки маводи он барои тахкики масоили марбут ба насри бадеии таърихи адабиёти форс-точик, дар тахкик ва нашри матни мукаммали интикодии осори Мухаммад Авфй ва таълифи осори илмй-тахкикй дар бораи у мусоидат хохад кард. Арзиши амалии рисола дар он зохир мегардад, ки хулосаву натичахои тахкикии онро метавон зимни таълифи китобхои дарей дойр ба насри бадеии форс-точик ва хондани курсхои ихтисос дойр ба рузгору осори Мухаммад Авфй истифода намуд.

Похожие диссертации на Структура и содержание "Джавоме'-ул-хико#т" Мухаммада Ауфи