Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Персидская поэзия периода исламской революции Расулов Алидод Бобоевич

Персидская поэзия периода исламской революции
<
Персидская поэзия периода исламской революции Персидская поэзия периода исламской революции Персидская поэзия периода исламской революции Персидская поэзия периода исламской революции Персидская поэзия периода исламской революции Персидская поэзия периода исламской революции Персидская поэзия периода исламской революции Персидская поэзия периода исламской революции Персидская поэзия периода исламской революции
>

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - бесплатно, доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Расулов Алидод Бобоевич. Персидская поэзия периода исламской революции : Дис. ... канд. филол. наук : 10.01.03 : Душанбе, 2004 145 c. РГБ ОД, 61:04-10/1281

Содержание к диссертации

Мукдддима 3

БОБИ I вазъи шеъри форси пеш аз Инкдлоби исломи 9

а) Нигохе ба шеъри суннатии форси 9

б) «Шеъри нав» ва чдраёнх,ои он 22

БОБИ п Заминахои адабй- эстетики ва фикрии шеъри Инкилоби исломи 45

а) Заминахри адабй - эстетики ва фикрй 46

б) Тамоюлхои адабй 59

боби III Вижагиз^ои шеъри Инкилоби исломи 92

а) Жанрхои шеърй ва хусусияти онхо 92

Газал 93

Маснавй 106

Рубой ПО

Дубайтй 116

Чахррпора 119

«Шеъри нав» 123

б) Инъикоси дастовардхои Инкдлоби исломи дар шеър 126

Хулоса 135

Руйхати адабиёт 140 

Введение к работе

Инкилоби исломй, ки соли 1979 дар Эрон ба вукуъ пайваст, тамоми аркони ичтимоъро мутазилзил сохт. Ин инкдлоб дар асл як инкилоби фархангй буд. Махзи хотири ин кдбл аз хама дар риштаи фархангу тамаддуни эронй дигаргунихои зиёдеро ба бор овард. Шеър, ки яке аз рукнхои пешраву боризи фархангй эронй ба шумор меравад, мусаллам аст, ки аз ин инкдлоб таъсири зиёде гирифт.

Омузиши вазъи адабии давраи мавриди назар ва умуман карне, ки ба охир расид, аз вазифахои мухимми илми адабиётшиносии муосир ба шумор меравад. Аз чумла, муайян намудани бехтарин дастовардхо, чанбахои сиёсиву ичтимой, заминахои адабй, эстетики, фикрй ва хусусиятхри асосии осори адабии он ахамияти бузурги илмй дорад.

Дар бораи адабиёти ин давра ва хусусиятхои он фикру мулохизахо хануз аз хамон давра, яъне аз замони Инкилоби исломй замина гирифта, хамчунин тадкикоту пажухишх,ои хубе перомуни вазъи шеъри форсй, мазмуну мундаричд, к.олабхои рои ва баъзе аз дигар вижагихои он ба итмом расидааст. Омузиши шеъри давраи Инкилоби исломй дар Эрон ва хам дар эроншиносии чдхон аз солхои 80-уми асри гузашта шуруъ шудааст. Аммо бояд ёдовар шуд, ки ин омузиш дар даврахои аввал ба шакли маколахо ва гузоришхо ба миён омада буд, ки доираи бахси онх.о як ё ду-се мавзуи шеъри давраи мавриди назарро дар бар мегирифту бас. Аз чумла, дар мак,олах.ои Мучтабо Ч аводиниё «Нигох.е ба Инкилоби исломй» (71), Гуломризо Кофй «Нигохе ба тахаввули сабки шеър дар Инкилоби исломй» (71), Чдлил Тачдил «Вижагихое аз шеъри Инкилоби исломй» (108), Абулкосим Родфар «Дигаргунихо ва вижагихои адабиёти Инкилоби исломй дар як нигох» (108), Гуломалии Х,аддоди Одил «Сухане перомуни мохияти адабиёти Инкилоби исломй» (108) ва гайра.

Дар солх,ои баъд дар ин замина баъзе аз корхри тахдикотии комилтаре ба анчом расидааст. Аз чумла, дар асархри Манучехри Акбарй «Накд ва тахдили адабиёти Инкдпоби исломй» (73), Мухдммад Хукукд «Муруре бар таърих ва адабу адабиёти имрузи Эрон» (80), Мухдммад аъфари Ёхдкдй «Чун сабуи ташна» (114), Абдучаббор Кокой «Нигох,е ба шеъри муосири Эрон»(90), Кляшторина В.Б «Эрон дар солхри 60-80 ум. Аз чандгароии фархднгй ба исломикунонии арзишх.ои маънавй» (141) ва дар катор асархри дигар рочеъ ба вазъи шеъри ин давра сухан рафтааст Бояд ёдовар шуд, ки аксари ин тахдиі от бештар ба масъалахри сабку мух.тавои шеъри ин давра бахшида шудааст. Аз чумла, Манучехри Акбарй, Гуломризо Кофй, Мучтабо Чдводиниё, Абдуч.аббор Кокой ва бархе аз дигар пажухишгарон дар таълифоти худ ба ин нукта ишора намудаанд, ки шеъри форси баъд аз Инкдлоби исломй аз лих,ози мазмуну мухтаво дигаргунй ёфтааст.

Масалан, Гуломризо Кофй перомуни асоситарин вижагих,ои сабкии шеъри инкилоб сухан карда, аз чумла хотирнишон намудааст, ки «аз ончо, ки падидаи ичтимоии инкдлоб худ реша дар суннат дошт, бисьёр табий буд, то шоироне, ки ба чараёни адабии ин тахдввул мансубанд, гироиш ба суннат дошта бошанд» (71, 203). Аз нигохи вай шеъри форси дар ин давра хам аз лих.ози забон ва сохтор ва дам аз чих,ати мазмуну мух,таво тахдввул ёфт ва крлабхри суннатй, аз кабили газал, рубой, дубайтй, маснавй дубора ривочу равнак. ёфта мавзуъх,ои тозае вориди онх.о шуданд. Ёдшуда дар баробари зикр намудани вижагих ои сабкии шеър инчунин ба яке аз чанбах.ои мавзуии он, яъне х узури мазомини мазхдбй низ ишора кардааст. Ё ин ки Мучтабо аводиниё низ рочеъ ба вижагих,о, колабх,ои роич ва баъзе аз дигар масоили шеъри ин давра сухан кардааст. Дар макрлаи дар боло зикршуда мухимтарин тафовутх,ои шеъри замони инкдшоб аз чанд дахди к.абл мавриди арзёбй кдрор гирифтааст, ки ба андешаи мо к,обили к,абул аст. Мухакдик, чунин менависад: «Шеъри Инкдлоби исломй, шеъре пуё ва муттахаррик аст, ки шамими тароват ва сарзандагй аз вожа вожаи он ба машом мерасад. Дар шеъри ин давра бар хилофи даврахои кдбл, ки яъсу сархурдагй дар ашъори шоирон мавч, мезад, дигар аз вожахои «шаб», «зимистон», «вахшат» ва «бунбаст» асаре нест ва агар гохе ба чунин мафохим бармехурем, бештар муроди нафйи онхо ва башорати равшанй ва умеду пирузй аст» (71, 57). Дар зимни ин вай таъкид мекунад, ки дигаргунихое, ки дар мухтавои шеър ба вукуъ пайвастааст, чашмрас аст. Аз дидгохи у мавзуъхои тозае, аз кдбили гафлатситезй ва даъват ба бедорй, интизори мавъуд, бозгашт ба ишки осмонй ва орифона, пайванди хамоса ва ирфон, шахиду шаходат ва монанди ин вориди шеъри форси гашта доираи мавзуии онро рангину дилнишин гардондаанд. Мухакдикл ёдшуда дар баробари баёни вижагихои мухтавой, инчунин роч,еъ ба кдлабхои роич. дар шеъри инкилоб ибрози1 акдда кардааст. Ба андешаи у газал, рубой, дубайтй, маснавй, чах,орпора к.олабх,ое мебошанд, ки пас аз вукуи инкилоб ривочу равнакд бештаре доштаанд.

Дар навиштах,ои мазкур (он тахкикоте, ки дастраси мо будаанд) хамон гуна ки каблан изхор дошта будем, танхо вижагихои сабку мазмуну мундаричаи шеъри давраи инкдлоб баррасй шудааст. Тавачлухи муаллифон бештар ба колабхои шеъри суннатй - газал, маснавй, рубой, дубайтй ва мавзуъхои диниву мазхабй равона шудааст. Аз ин хотир, баъзе аз масъалахои мухимми марбут ба адабиёти ин давра аз назар онхо барканор мондааст.

Ба хамин тарик,, адабиёти Инкдпоби исломй, ки аз даврахои мухимми таърихи адабиёти форси ба шумор меравад, хануз хам хеле кам тадкик; шудааст. Масъалахое, аз кдбили заминахои адабй, эстетики, фикрй, тамоюлхои адабй, таъсирпазирй, дастовардхо ва вижагихои жанрии он то ба имруз мавриди омузиши пурра ва монографи кдрор нагирифтааст.

Албатта, дар хачми як рисола омузиши хама он масоили марбут ба шеъри давраи Инкилоби исломй аз имкон берун аст. Аз ин ч,ихат, мо пеши худ максад гузоштем, ки дар навбати аввал ба тахдики заминахои адабй, эстетики, фикрй, тамоюлхои адабй ва бархе аз дигар вижагихои он пардохта, дар доираи ин мавзуъхо иктифо намоем. Бояд ёдовар шавем, ки навоварии ин тахкикрт махз дар хдмин аст. Мухиммияти ин мавзуъхр хам, пеш аз хама, дар хамин чихати масъала, яъне омузиши мавзуъхои зикршуда равшан мегардад. Гузашта аз ин, дар рисола кушиш намудаем, ки ба дигаргунихои шеър, анъана ва навоварии шеъри давраи инкилоб ишора намоем.

Ба андешаи мо, омузиши масъалахои дар боло зикршуда барои адабиёти форси, хусусан адабиёти Инкилоби исломй мухим ва зарур аст. Дар холе ки хадафи рисола низ омузиши шеъри давраи инкилоб аст, он метавонад бисере аз нукоти норавшани шеъри форсиро дар давраи ёдшуда равшан созад. Аз ин ру, рисола аз мукдддима, се боб, хулоса ва руйхати адабиёт иборат аст.

Боби якум ба мавзуи «Вазъи шеъри форси пеш аз Инкилоби исломй» бахшида шуда, шомили ду фасл аст.

Фасли аввали ин боб «Нигохе ба шеъри суннатй» номгузорй шуда, кушиш намудаем, ки перомуни ин навъи шеър пас аз Инкдлоби Машрута то Инкилоби исломй маълумот дихем. Хдмчунин дар ин фасл перомуни жанрхои шеърй, мазмуну мундарича ва сабки шеъри давраи мазкур сухан рафта, аз ашъори шоироне чун Шахриёр, Рахй ва Хдмидии Шерозй намунахои фаровоне оварда шуда, тахлилу баррасй гардидаанд.

Фасли дигари боби мазкур «Шеъри нав ва ч,араёнхои он» номгузорй шуда, мо нахуст перомуни даврабандии «шеъри нав» аз OFO3 то давраи мавриди назар сухан рондаем. Тибкд навиштаи мухакдикон «шеъри нав» то ин инкилоб аслан чор давраи мухимро аз cap гузаронидааст, ки хар як давра аз хусусиятхои хоси худ бархурдор аст. Аз ин хотир, мо кдрор додем то рочеъ ба даврахои муайяншуда ба таври хеле муфассал маълумот бидих,ем. Хдмчунин дар ин фасл перомуни чдраёнхри «шеъри нав» сухан рафтааст. Дар рисола чдраёнх.ое, аз кдбили шеъри «мавчд нав», «шеъри хдч,м», «шеъри тачдссумй», «шеъри ноб» бо мисолхри фаровон мавриди баррасй ісдрор гирифтаанд.

Боби дуввуми рисолаи мо ба мавзуи «Заминахои адабй- эстетики ва фикрии шеъри Инкдлоби исломй» бахшида шудааст. Ин боб низ шомили ду фасл аст. Дар фасли аввал мо перомуни заминахои адабиву эстетики ва фикрии шеъри Инкдлоби исломй маълумот додаем. Чри зикр аст, ки шеъри Инкдлоби исломй харчанд давраи на чандон дуру дарозеро аз cap гузаронидааст, аммо заминахои онро кдбл аз он, яъне дар дахдхри пеш метавон cypOF гирифт. Аз ин чдхат, дар рисола талош шудааст, ки заминахои дар боло зикршуда равшану муайян ва мавриди тахдилу баррасй карор гиранд.

Фасли дигари боби мавриди назар «Тамоюлхри адабй» ном дорад. Дар ин фасл мо перомуни тамоюлхои шоирони ин давра ба анвои шеъри классики сухан рондаем. Х,амчунин шеъри шоирони ин давра бо шеъри шоирони давраи Инкдлоби Машрута мукоиса гардида, фаркдятхо ва тозагихои он низ нишон дода шудааст. Аз сабаби он ки ба «сабки хдндй» дар ин давра шоирон тавачлухи бештаре зохир намудаанд, мо кушиш намудаем, ки ба баъзе аз вижагихри он дар шеъри шоирони Инкдлоби исломй ишора намоем.

Дар кдсмати охири боби мазкур мо кушидаем то ба таври мухтасар перомуни ашъори ду тан аз шоирони тозавориди инкдлоб Салмони Хдротй ва К айсари Аминпур сухан ронем. Ба андешаи мо ашъори ин ду тан аз хар чдхат хонданиву мондагор аст ва дар навиштаи мо, ки бархе аз нукоти шеъри онхр арзёбй шудааст, фикр мекунем, ки кобили кабул хохад буд.

Боби охири рисола ба мавзуи «Вижагих,ои шеъри Инкдлоби исломй» бахшида шуда, шомили ду фасл аст. Фасли аввали боби мазкур «Жанрхри адабй ва вижагих.ои онхо» номгузорй шудааст.

Маълум аст, ки адабиёти форси анвои гуногуни шеърро фарогир аст. То Инкдлоби Машрута шеъри суннатии форси роич, буд, аммо ба дунболи он хама тахаввулоте, ки пас аз ин инкилоб ба миён омад, шеър хам дигаргун шуд. «Шеъри нав» махз дар ин давра арзи вучуд намуд ва то Инкилоби исломй даврахои пурчушу хурушро аз cap гузаронид. Аммо Инкилоби исломй, ки бо шиорхои суннатгароёна ба пирузй расид, табиист, ки шоирон хам тавачдухи бештаре ба шеъри суннатй доштаанд.

Дар боби мазкур махз шеъри суннатй, аз кдбили газал, рубой, дубайтй ва маснавй мавриди тахдилу баррасй карор гирифтааст. Дамчунин боби мавриди назар фарогири колабхои озод, аз кдбили «шеъри нав» ва «чахорпора» аст.

Фасли дигари боби мавриди назар ба мавзуи «Инъикоси дастовардхои Инкилоби исломй дар шеър» бахшида шудааст. Агар карор бошад, ки ирфон ва мазхабро аз арзишхои волову мукаддаси фарх.анги исломй бишмарем, ба андешаи мо ин ду дар таъини шеъри замони инкдлоб басанда аст. Дар фасли мазкур саъй мешавад, ки махз. ин мавзуъхо мавриди тахлилу баррасй карор гирад.

Чри зикр аст, ки дар рисола зимни тахлилу баррасии анвои шеърхои зикршуда ба мухимтарин вижагихо, мухтаво, тахаввулоти ворида, пешгомон ва маъруфтарин шоирон ишора шудааст.

Похожие диссертации на Персидская поэзия периода исламской революции