Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков Мирзохасанов Лаълджуба

Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков
<
Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Мирзохасанов Лаълджуба. Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков : Дис. ... канд. филол. наук : 10.01.03 : Душанбе, 2003 187 c. РГБ ОД, 61:04-10/25-6

Содержание к диссертации

Мукдддима 1-12

Боби I. Тасвири бахрр ва Навруз дар лирикаи асри Х-ХІ

1. Анъанаи тасвири табиат 13-23

2. Манзараи бахрр дар шеъри шоирони асри Х-ХІ

1). Тасвири бахрр дар осори шоирони асри X 23-55

2). Тасвири табиат дар осори Унсурй" 56-60

3). К^удрати Фаррухии Систони" дар офариниши шеъри манзаравй 60-71

4). Васфи табиат дар шеъри Манучехрй 71-90

3. Тасвири Навруз ва маросими ^ашни он дар шеъри шоирони асри Х-ХІ

1). ^ашни Навруз ватажили он 90-92

2). Тасвири Навруз дар шеъри шоирони асри X 92-95

3). Тасвири Навруз дар шеъри Унсурй. 95-100

4). Тасвири Навруз дар шеъри Фаррухй 100-106

5). Навруз дар тасвири Манучехрй" 107-115

4. ^унар ва санъати шоирон дар тасвири бахор ва Навруз

1). Х,унару санъати шоирони асри X дар тасвири бахрру Навруз 116-120

2). Х^унару санъати шоирони асри XI дар тасвири бахрру Навруз

а) маъниофарини дар шеъри Унсурй 121-124

б) хунари Фаррухй дар тасвири табиат 124-128

в) васоити тасвир ва мазомини чрлиб дар ашъори Манучехрй" 128-134

Боби II. Тасвири тобистон ва манзараи зимистон дар шеъри асри X ва XI

3. Вазъи тасвири табиати тобистон ва зимистон 135-140

4. Ч[ашни Сада ва авсофи он дар шеъри шоирони ин ахд 140-152

Боби Ш. Тасвири тирамох ва чашни Ме^ргон дар шеъри шоирони асрхри Х-ХІ

5. Тасвири манзараи тирамох, 153-164

6. Чашни Мехгзгон ва тасвири он дар шеър 164-172

Хулоса 173-180

Фехристи адабиёт 181-187 

Введение к работе

Асри X мелоди замони зу ур ва орози адабиёти форсй-тошжи мебошад. Шеъри форсй-точдки то кррни ХІ-ро шеъри табиат хондаанд (57,317) ва дар хркикат, ин давра аз назари тавач,чух ба табиат саршортарин замон аст, зеро вай офоки бурунгаро ва тавъам бо табиат буда, эчодкор дар чараёни тасвири табиату аносири он чизи нафсонию отифиро нач,уста ва ё камтар ч,уеи он шудааст.

Вакте ки ба ашъори пейзажии шоирони ин асрхо тавачч намоем, мебинем, ки тасвир мазмуни хуби лирикй гирифтааст. Ба он сабаб, ки дар ин асрхо истиклоли фикрй хеле роич, буд, шоирон хар як мавзуъро дар хамон шакли вокей баён мекарданд. Махз истиіуюли фикрй имкон медод, ки дар хама гуна шароит дар заминай вокей ва хакикрт андеша кунанд. Шавку нишот, дилбастагй ба хушихои зиндагй дар ашъори шоирони ин ахд хеле равшан аст. Устод Рудаки дар касидаи «Шикоят аз пирй» чавониашро ёд мекунад, бору чаман, маъшук аашро ба хотир меораду аз он лах,зае завк бурдан мехохад, х,ол он ки мебоист дар вазъияте, ки барои шоир зиндагй хеле танг омада буд, дуо ва мурочиат ба Худованд мекард ва илтифоти уро металабид. Хамин шавку нишот уйй, дилбастагй ба рузгори инсонй сабабе шудааст, ки шоирон тасвири зебоихри табиати диёри худро хамчун баёнгари зиндагии худ маънидод карда, дар осорашон чрй додаанд. Агар ба равиши андешаи доктор Мах губ (59,9), ки дар асоси маълумоти «Таърихи Систон» баён шудаанд, зехн монем, шуруй шеъри форсй бо жанри крейда аз чониби Мухаммад ибни Васиф шудааст. Тасвири табиат ва манзаранигорй х,ам асосан дар касоиди райримучаррад ё ботагаззул колабу мавкеъ пайдо кардааст.

Дар асархои тахкикотй оид ба кисмати тагаззули касоиди салафони адабиёти форсу точик андешахр дар иртибот бо мавзуоту рушди касида баён шудаанд. Бахусус, метавон корхри тахк отии шаркглиносони мумтоз Е.Э.Бертельс(2,5), С.Х,.Фушекур (93), Гуломхусайни Юсуфй (33), М.Н.Усмонов (8,6) доктор Руломхусайни Рангчй (32), Аълохон Афсахзод (14), Мирзо Муллоахмадов (55), Асрор Бобоев (22), Лутфалии Суратгар (42), Халил Хатиби Рахбар(94), АбдулБанй Мирзоев (51), Ахмад Абдуллоев (1), Абдулхусайни Зарринкуб (36), К адамалии Сарромй" (40), Бадеъуллох Дабирии Нажод (19), Б.Никитина (62), Рейснер (70), ва дигаронро ном бурд. Дар осори илмиашон ин олимон дар чараёни таснифу тавсифи сабку услуби ин ё он намояндаи адабиёт ишорахое ба тасвири табиати касидасароён кардаанд, аммо ба хотири он ки мавзуи андеша ва хадафи илмиашон чизи дигар аст, дар хусуси ин мавзуъ бахси тулониро раво надонистаанд. Аз мухокимахои олимон ва ишорахои онхо оид ба тасвири табиати адабиёти асри X ва ибтидои асри XI ба чунин натича расидан мумкин аст, ки онхо пейзажи шеъри ин ахдро бештар вок,ей дидаанд, яъне шоирон он чизеро, ки дар табиат бо ч,узъиёташ медиданд, ба маркази тасвир меоварданд. Махз майл ба акикату вукуъбини сабабгор шудааст, ки тасвири хаёлй дар касидаи «Доггох»-и Фаррухии Систонй (Доргохро надида васф кардааст) ба вокеият ба он дарачае наздик омадааст, ки Амиру одамонашро дар хайрат андохтааст.

Дар хакдікат, тасвири табиат дар тагаззулоти касидахо чанбахои махсусеро дороет ва кашфу дарёфти онхо дар яке аз кисматхои касида (ташбиб) зарур шуда мондааст. Ин аз сабабх ое аст, ки моро ба интихоб кардани чунин мавзуи рисола водор сохт. Инчунин устучуйи посухи суоли «чй хадафе шоиронро ба манзаранигорй мувочех, сохтааст?» низ моро ба тахкики мавзуъ алб намуд.

Равшан аст, ки сабки адабиёти шеъри ин давра сабки хуросонй аст, ки майл ба содабаёнй дошта, васфу тасвири табиат аз хусусиятхои махсуси он аст. Агар ашъори шоирони асри X ва аввали асри ХІ-ро бо ашъори пейзажии даврахои баъд мукоиса кунем, мебинем, ки дар ашъори васфии шоирони баъди асри XI тахаюл ва рамз бештар буда, худи манзаранигорй дар ч/жи дуввум меистад. Хонанда пеш аз он ки ба тасвири табиати шоир ру ба ру ояд, баръакс.

з ба дунёи хаёлоти шоир дучор меояд. Аммо дар шеъри асри X ва авоили асри XI табиатнигорй ба чуз васфи зебоихои табиат хадафи дитареро молик нест.

Мурочиати шоирон ба васфи табиату унсурхои он молик ба рукнхри ахлокй аст. Дар ин бора доктор Абдулхусайни Зарринкуб навиштааст: «Аммо ин табиатситойй, ки дар шеър хает, аз таъсири тарбиятй" холй нест. Инсонро ба содаги", ба зиндагии сода ва дур аз х,аёху даъват мекунад ва вучуди вайро аз ишк; ба содаги, ба хилват ва инзиво ва ба шодихои хает меоварад. Тавсифи табиат дар баъзе маворид х,окй аст аз унсу алок аи вок ей бо табиат» (36,147).

Маводе, ки дар асоси он андешахои худро дар бобати манзараофаринй дар шеър матрах сохтаем, осори шоирони асри X ва нимаи аввали асри XI аст. Ч,ойи тазаккур аст, ки аз осори шоирони форсу тоники асри X намунахои кам ва нотамому парокандае ба ёдгор мондааст ва аз вач и махдудият наметавон дар хусуси дар кадом сатх,у дарача ва равишу хунарнамой ворид шудани ин мавзуъ ба шеър харф зад. Аммо бо эхтимоли к,авй метавон гуфт, ки дар тагаззули кдеоиди ин аср низ аз табиат фаровон сухан рафтааст ва васфи табиат мак/эми хосса доштааст.

Албатта, тасвири табиат якбора аз шеъри асри X шуруъ нашуда, заминай дар каломи мавзун ворид шудани он замоне пештар аст, чаро ки дар чанд намунаи бакия инро мушохида мекунем. Дар намунахои пахлавии осори хаттй («Дарахти Ассурик») аз унсурхои табиат (ба с бо дарахт) истифода шудааст, ё ки дар яке аз нахустин намунахри шеъри форси («Охуи кухи дар дашт чй гуна давадо»), («Манам он пили дамону манам он шеъри яла») тасвир на аз чордевори дарами шох балки аз сахни табиат дар асоси аячрни калби накл мекунад.

Инсон як ч,узвй фаъоли табиат аст ва донишмандон андешахои чолибе дар ин бора доранд, чунончи: «Инсон бо табиат зинда аст. Ин маънои онро дорад, ки табиат як кисми уст ва инсон бояд дар ч,араёни мубодилаи хдмешагй бо он бошад, то махв нагардад. Инсон чисман ва рухан бо табиат пайванд аст ва ин маънои дигаре надорад, ба чуз он ки табиат бо худи худ алокаманд аст, чаро ки инсон як кисми табиат махсуб мешавад» (70,19 ).

Х,амин гуна пайванди инсону табиат низ сабаби бештар дар шеър маком пайдо кардани тасвири табиат шудааст, зеро худи табиат як хиссаи рузгори инсон хисоб мешавад. Шоирони ин ахд ба мазмуну афкори тозаю нав сару кор доштанд, ки аз ин пеш дар шеър матрах нашуда буданд. Албатта, мазмунхое дар шеъри форсу точик роич, шуда буданд, ки аз адабиёти араб истифода шудаанд. Пас, маълум мешавад, ки шоири тасвиргар ба чойи он ки ба касе таклид кунад, мач,бур аст, ки ба тозагуйй ва ибтикор майл кунад. Храмин тозагии мавзуъхо ва максади тасвир бар он сабаб шудааст, ки дар шеъри шоирони асри X ва аввалхри асри XI бештар ташбех,х,ои равшан назар ба ташбехоти махсусу маъкул фаровонтар истеъмол шудаанд. Шоирон барои дарёфти ташбехдсунанда ба аносири табиат мурочиат кардаанд ва аз ин сабаб, ташбехоти ашъори ин ахд бештар ч,анбаи тавсифй" гирифтаанд.

оло назари баъзе донишмандонро ба мавзуи тасвири табиат дар адабиёти асри X ва ибтидои асри XI аз назар мегузаронем. Дар китоби доктор Гуломхусайни Рангчи «Гулу гиёх дар адабиёти манзуми форси» дар бораи гулу гиёххри фаровон, ривоятхо дойр ба онхо ва дар шеър мавкеъ ёфтани онхр изхори андеша шудааст. Муаллиф чо-чр аз ашъори Фирдавси, Ь атрон, Унсури, Фаррухй, Манучехрй ва дигарон абёти зиёде овардааст, бе он ки он байтхрро аз диди тахк ік, гузаронад, зеро ин кор аз доираи нияти муаллифи китоб берун буд. У аз ч мла менависад:

«Вожаи ... гул ба таври мутлак, ба маънии гули сурх ё гули сурй аст ва дар ашъори шоирон ва адаби форси низ гул бештар ба гули сурй итяййлок, мешавад. Ба решай калимаи «гул» бори аввал дар «Авасто» бармехурем ва он ба сурати «вареда» (VAREDHA) аст» (32,14).

Ин муаллиф дар хусуси х ар гулу гиёх. хам аз нигохи илми гиёхшиносй ва хам аз лихози васфи он дар осори манзум мулох,иза кардааст. Дар ин асар он чиз олиб аст, ки шавохиди маъноие, ки муаллиф барон васфу тасвири аносири табиат овардааст ва метавонанд сирф гулу гиёхро бе х,еч гуна рамз ишора кунанд, бештари онхо ба ашъори шоирони адабиёти асри X ва ибтидои асри XI тааллук, доранд.

Асари дигаре, ки перомуни васфи табиат андешахои чолиб дар он матрац шудааст, «Адабиёти тавсифии Эрон»-и доктор Лутфалии Суратгар аст. Муаллиф умуман дар хусуси тасвири табиат ва услуби нигориши он дар асоси намуна ои осори шоирони асри X то охири асри XIX ибрози акида карда, ба шакли мухтасар ашъори чанд тан намояндаи адабиётро тасниф мекунад. Вакте ки оид ба васфи табиат дар осори Фаррухй сухан мегуяд, ба ин натича мерасад: «Вакте бах)с дар боби адабиёти тавсифии Эрон ба даврони Фаррухии Систонй" мерасад, бар хама кас ошкор аст, ки шоири бисер тавоно, ки бузургтарин устоди мусаллами сухани порей аст, аз хотир рафтааст» (42,38).

Зикри он нукта зарур аст, ки дар адабиёти кабл аз асри X равиши васфи табиат ба чи гуна ашколу тартиб будааст, ба сабаби камии осори намояндагони адабиёти ин давр равшан нест ва аз андешаи мо дар канор мемонад, зеро бо намунаи чанд байт имкон ба даст намеояд, ки дар хусуси равиши васфу тасвири табиат дар шеъри ин давр як хулосаи амику бутун барорем. Ба хар хол, адабиёти кабл аз асри X заминає шудааст, ки шеъри баъди он рушду пешрафт намояд.

Доктор Мухаммад Ч,аъфари Махч уб дар бораи сабки хуросони андешаронй карда, рушди касидаи ботагаззулу бетагаззулро зикр карда, як хусусияти касоиди давраи шуруй адабиётро кайд мекунад: «Дар оюзи кор мазмуни тагаззулу мадех, дар касида ои ситоишгарон ба табиат бисер наздик буд ...Хулоса, дар даврони шуруй адабиёт дар шеъри форей наздик ба табиат ва дурй аз муболиг-а дар лафзу маънй дида мешавад» (59,149 ).

Дар ин асар муаллиф хамчунин дар хусуси вазну радиф дар шеъри шуаро (аз он чумла, Унсурй, Фаррухй, І атрон ва Манучехгзй), васфи чашнх,о дар осори шоирон арзи андеша намуда, аз офаридахои онх,о абётеро чун шохиди маъно овардааст. Аз руйи тауіили ашъори шоирони ин давра равшан мегардад, ки шоирон ба тавсифхои матбуъ бештар майл кардаанд.

Бояд зикр кард, тагаззулоте, ки дар аввали касидахри асри X ва ибтидои асри XI чой гирифтаанд, як намунаи ашъори лирикй-риноии хеле дилангез хастанд ва ин навъи тагаззулот хусусан аз даврахри миёнаи замони Сомониён ба даврахои баъдина ривоч, ёфтаанд ва яке аз шоироне, ки тавонист аз ухдаи сурудани тагаззулот бо тасвири табиат барояд, Дакикй аст ва дар ибтидои асри XI матбуътарин тагаззулотро дар касоиди Фаррухй ва Манучехри мебинем. Тараззули крсидахо дар ахди зухури адабиёт бештар мавзуъхои махдуд дошт, аммо тадричан мавзуъхои он зиёд шудан гирифтанд ва мавзуъхре мисли тасвири табиат, фаслхри сол, лурзу чистой, васфи ч,ашнхо дар садри касоид ба унвони тагаззул ч,ой гирифтанд. Дар орози адабиёт васфи табиату фаслх,ои сол ба вокеият пайванд буд. Муаллифи гумноми «Таърихи Систон» дар бораи к асидаи ба Абу аъфар бахшидаи устод Рудакй" сухан ронда гуфтааст, ки дар махфил сомеон онро хуш пазируфтаанд, зеро махз сифатхои хакиі$и" ва аслии Абучаъфар зиёд нишон дода нашуда васф шудаанд ва устод Сайд Нафисй" низ барои ин хусусияташ касидаро писандида хондааст.

Мусташрики нуктасанчи рус Е.Э.Бертельс дар таодики тарафхри мухталифи таърихи адабиёти форсу точ,ик хизматх ои босазое кардааст.

Бояд изофа кард, ки пас аз вафоти Е.Э.Бертельс монографияи у, ки ба тахл;ик,и осори Унсури бахшида шудаааст, ба табъ расидааст ва мухаккик ба андешахре, ки чанд сол кабл баён карда буд, тахгшр, илова ва ислох ворид месозад. Аз ч,умла менависад, ки дар маколахои крблй оид ба Унсури гуфта буд, ки дар осори Унсури" васфи зимистон умуман чй надорад, вале баъдхо мушохида намуд, ки шоир ин гуна ташбиб низ дорад (25,286). Е.Э.Бертельс зикр мекунад, ки шуаро дар рузхри ч ашн касидахо кдооат карда, ба ивази онхр мукофоти сазовор (то сад х.азор динор) мегирифтаанд.

Ба андешаи мо, як сабаби кохиш ёфтани фасли тобистон дар шеъри ин асрхр (Х-ХІ) кайд нангудани чашне дар ин фасл аст. Е.Э.Бертельс далелеро оварда менависад, ки шоирон на хамеша мукофотро сазовор мешуданд: «Бешубха, на хамеша идхо барон шоирон хурсандиовар меомаданд. Мо медонем, ки соли 430 хичрй Мехгзгон чанш гирифта нашуд, ки ба 7-уми зулх,ичдаи он сол (ЗО августи соли 1039 м.) мувофик омада буд ва амир ба шуаро чизеро х,адя насохт, хатто ба Масъуди Розй тахдид намуда амр дод, ки ба инд бадарг-а кунанд, зеро гуфтаанд, ки у к,асидае иншо карда, дар он султонро насихат кардааст» (25,286).

Илова кардан зарур аст, ки тасвири табиат, васфи зебоихои он ба фаслхри сол низ марбут аст. Албатта, хар яке аз чор фасли сол бо ягон хасоиси худ нисбати дигаре афзалият дорад, аммо дар ашъори васфй анлаб вакт рангорангии табиатро шоирон ба инобат гирифтаанд ва ба ин сабаб, фаслхое, ки пур аз рангу ч,ушу хурушанд, дар ашъори тавсифй -гиной макрми устувортар пайдо кардаанд. Е.Э.Бертельс дар хусуси насиби касидахои Унсурй" харф зада меафзояд: «Насиби баъзе асидахр бо фаслхои сол алок,аманд аст. Шубхае нахо ад буд, агар гуем, ки имтиёз пайдо кардани бах ор бар поиз ошкоро тасдик, менамояд, ки Навруз дар к иёс бо Мехргон устувор буд ва Мехргон дар сатхи баъди ой мегирад. Аммо дар баробари Мехргон инчунин як чашни дигари бостонй-ч ашни Сада тачлил мешуд, ки шоир аз он дар ду маврид едовар шудааст» (25,103).

Адабиётшиноси дигари эронй Му аммад Ризо Шафеии Кадкани дар «Сувари хаёл дар шеъри форсй» ном асараш зери унвони «Аносири табиат дар сувари хаёл» адабиёти то асри ХІ-ро шеъри табиат номида, дар хусуси ашъори ин давра мулох ізахо баён кардааст. Муаллиф дар хусуси сабку нигориши намояндагони адабиёти форс-точик тах,ти унвони «Сувари хаёл дар шеъри...» (номи яке аз шоирон меояд) андешах ои илмиашро баён намудааст. Мух,аммад Ризо Шафеии Кадканй дар ибтидои таърихи адабиёт дар хусуси ба аносири табиат тава чух 1 хосса пайдо кардани шоирон гуфтааст: «Чустучуйи аносири табиат дар шеъри гуяндагони ин аср (Х-М.Л.) нишон медихад, ки диди гуяндагони ин давра бештар диди табий аст ва на танхо васфи табиат, балки дар заминахои дигар тавач ухи шоирон ба табиат навъе ташхис ва имтиёз дорад ва дар хар заминає аз заминахои маънавии шеър дар тасвирхои шеър унсури табиат бештарин сахмро дороет» (57,321). Ин муаллиф дар асоси мушохидах/э ва нанеси осори тавсифии шоирон ба натикає омадааст, ки дар тасвири табиат Манучехрй ва Фаррухй назар ба соири шоирони давр пешдастанд. У навиштааст: «...ва вучуди Манучехрй ва Фаррухй"дар ин аср аз назари тасовири табиат ба х,адде дорой ахамият аст, ки рузгори эшонро бояд давраи камоли шеъри табиат дар шеъри форси ба шумор овард ва бо ин ки ин давра давраи ташбе оти хисей аст, унсури ранг ба вусъати давраи кабл нест ва дар канори таваччух, ба ранг шакли хандасии ашё низ мавриди назари шоирон аст, чунонки дар шеъри Манучехрй ошкор аст» (57,478). Мухаммад Шафеии Кадканй, вакте дар мавриди Унсури сухан мекунад, ба андешаи мо, пиндори у талаби нихоят сахту гаронест дар баробари шеъри Унсури. Албатта, тасвироти рангорангу динамикие, ки дар Манучехрй ва Фаррухй аст, камтари онро дар шеъри Унсури меёбем. Аммо вакте ки у мегуяд «Сурати шахсият бахшидан ба ашё низ дар шеъри у (Унсурй-М.Л) ночиз ва дур аз харакату хаёт аст ва агар бо муосиронаш Манучехрй ва Фаррухй киёс шавад, дар хадди хеч, аст» (57,12), баъзе афзалиятхои х,унари Унсури сарфи назар хох д шуд. Дар ин маврид танхр ба ин нукта розй шудан метавон, ки табиатофаринии Унсури факат дар киёс бо тасвири пейзажии Манучехрй ва Фаррухй заифтар аст, аммо дар хадди худ ба дарач,аи х еч, нест. Х мин аст, ки Шиблии Нуъмонй гуфтааст: «У (Унсурй-М.Л) дар тасвири табиат ва нишон додани сифот ва мумайизоти як чиз низ куцратнамойй мекардааст» (102,52 ).

Ишораи он андеша зарур аст, ки Унсури дар вакти тасвири табиат санъатхри бадеиро чунон зиёд ва устокорона истифода кардааст, ки (хамчун тарсеъ, так,сим, саволу чавоб, лаффу нашр) то ин дам он кадар густариш наёфта буд. Ин пкдоми Унсурй барои дигарон рохро боз ва соф намуд, чунонки мебинем, баъдх,о пайравй ба истифодаи чунин тасвирхои у" хеле афзудааст. Е.Э.Бертельс дар хусуси макоми Унсури ва хунари волои шоириаш сухан ронда мегуяд: «...накпги таъсири ин хунарманди бузурги касида (Унсурй-М.Л) дар э одиёти к,ариб хамаи муосиронаш рушан аст ва камтари хусусиятх,ои фардии ин ё он шоир аз таъсири ин сарвари эътирофшудаи шоирон берун мондааст» (25,12).

Як чизро бояд зикр кард, ки дар шеърхои худ устод Рудаки, Фаррухи", Манучехрй дар чараёни тасвири табиат ба маю соки мурочиат кардаанд, аммо шароб хостани ин суханварон хамеша далели шаробхорагии онх.о нест, балки барои лахзае ором сохтану чон бахшидан ба рухи ноорому заиф ин корро кардаанд.

Адабиётшиносони точ ик А.Абдуллоев, С.Саъдиев перомуни бахорияхри Мухторй андеша ронда, дойр ба хитоби шоир ба май ва соки" гуфтаанд: «Шоир гох,о аз фаро расидани бахор ва зебоии табиат дар ин мавсим изхори шодмонй" карда, аз соки шароб хостааст. Аммо ин талаби шароб аз такрзои ишратронй ва кайфу сафо набуда, барои шустани зангу губори дил ва раму андухест, ки ба рухи шоир фишор овардааст» (2,188).

Адабиётшиноси эронй доктор Руломх,усайни Юсуфй дар асари тадкикртиаш оид ба Фаррухии Систонй дойр ба рузгору шеъри ин шоири Систон батафсил накл мекунад, аз ч,умла, ба манзараофаринихои шоир низ дахолат карда дар чое мефармояд: «Манзаранигорихои Фаррухи агарчи айни табиат нест ва набояд чунин бошад, аммо ба олами вок еъ бисер наздик аст ва ин худ яке аз хасоиси шеъри ин давра аст. Авсофи у зинда ва табий ва ташбехоту таъбироташ сода ва махсус менамояд. Тасвирхое, ки аз манозири гуногун дар шеъри худ накш карда, хрки аз завки нигоргар аст. Амвоч,и рангхри гулхо ва сабзахо ва чашмандозхо назари уро чунон чалб карда, ки рангомезихое зебо ва чрлиб дар ашъори худ падид овардааст» (33,469).

Бояд гуфт, ки хангоми дар васфи табиат сухан кардан ба аносири табиат шахсият бахшидани Фаррухй дархури таваччух аст. Тафовуте, ки дар осори шоирони ин давра (X ва XI) аз ли ози чон бахшидан ба ашё маълум аст, ин аст, ки хамрох бо содагии маънй ва тахаюли шоир сифате, ки шоирон ба ашёи табиат мебахшанд, як навъ содагии хос дорад ва дар шеъри даврахои баъд дар хамин замина гуяндагон тавсифхои хубе ба вучуд овардаанд.

Чунонки пештар ишора шуд, шоирон дар тасвири фаслх.ои сол аз санъат ои зиёди бадей истифода кардаанд, бахусус, ташбехоти хиссй аз чумлаи чунин воситахоеанд, ки шоирон дар бештари мавориди васф ба онхо мурочиат кардаанд. Шоирон ирсоли масалу талмехоти фаровон ба кор бурдаанд, ки шеърро х,ам аз лихози васфу тасвир оро додаанд ва хам барои он заминай хеле хуби маъной мух айё кардаанд. Монанд кардани холату харакату ашколи ашё ба Лайлию Мачнун, Хазрати Одам, Вомику Узро, Абусахли Зузанй" ва гайра аз талме оти хеле ч,аззоби ашъори ин ахд аст. Дар адабиёти тавсифии даврахои баъдина низ ин симохо фаровон истифода шудаанд, аммо истеъмоли образи Зузаниро (шахси вокеии замони Разнавиён, ки зиндонй шудааст) камтар мебинем.

Ахмад Абдуллоев суханхои олими Эрон Мухдммад Ризо Шафеии Кадканиро оид ба Унсурй, ки «на хамдили бо табиат дар шеъри у дида мешавад ва на эхсосхои ошикона вучуд дорад» (57,423) гуфтааст, «суханхри ба назар бечр» (1,106) номидааст. У дар бораи рузгор ва мавзуи осори ин шоирон (Унсурй, Фаррухй, Манучехрй) ва ба шакли фишурда оид ба васфи табиат дар ашъори онхо низ тавакк уф кардааст.

А.Абдуллоев дар мавриди табиатнигорихои Манучехрй харф зада гуфтааст: «...Манучехрй бо манзаранигорих яш ва шеърхои ба табиат бахшидааш, тавсифхои бахоронаи дилкашаш, ки достонхр дар сифати табиатанд, хамоно шоири хакикД, дустдорандаи табиати ватан, парварандаи мехру мухаббати самими ба хоку гулу талу водимой диёри худ, яъне шахси сифаткунандаи диёр ва ватандуст ба назар менамояд» (1,216).

Доктор Исмоил Хокимй намунае чанд аз ашъори Рудаки ва Манучехриро дар китоби «Баргузидаи ашъори Рудаки ва Манучехрй» чамъ овардааст ва ду маколаи олими Эрон Абдулх.усайни Зарринкубро бо номхои «Рудакй шоири равшанбин» ва «Манучехрй-шоири табиат» ч,ой додааст. Дар бораи мавзуъ ои ашъори Рудаки Зарринкуб сухан карда, «Чун Рудаки дар шоири кудрат ва майорате каммонанд дошт, хосса дар тавсифи ахволу тачсими манозир басо чирадаст буд» (20,19),-мегуяд. Дар мавриди таваччу и Манучехрй" ба табиат Шиблии Нуъмони менигорад: «Манучехриро шоири табиат бояд хонд. Девони у гувохи ин даъвист. Кудакии у\дар Домюн бо он биёбонхре фароху бекарон, ки перомуни онро гирифтааст, гузашт ва бахше аз чдвонии у низ гуё дар канорахри дарёи Хазару доманахои Албурз ба cap омад. Таъсири ин мух,ит ишк, ба табиатро ба у илкр кард» (102,44-70).

Олими точ,ик М.Муллоа мадов дар асари тах икртиаш (55,58-75) дойр ба вазъи замон, х,аёту фаъолияти адабии Фаррухии Систони сухан рондааст ва тасвири табиатро яке аз мавзуъхои асосии тараззули к асидахои шоир гуфтааст. Муаллиф дар тасвири табиат ва ашёи табиат хунари шоирии Фаррухиро махсусан таъкид мекунад. Барои исботи ин андешахои худ абётеро аз осори шоир дар мавзуи васфи табиат оварда, х.унари воло доштани Фаррухиро дар ин замина махсус ишора кардааст. Ин асар дар илми адабиётшиносии точик, бахусус, дар муайян намудани мавк,еи васфи табиат дар ашъори Фаррухй тах к,оти арзанда ба хисоб меравад.

Чустучуйи аносири табиат аз чониби шоирон ва чой додани он о дар шеър собит менамояд, ки диди гуяндагони асри X ва ибтидои асри XI бештар диди табиат аст. Шоирон дар хар заминає, ки шеър гуфаанд, унсури табиату фаслхои сол х,амчун заминай маънавии шеър кумак кардаанд, хдгто дар хаммоса (48,63) низ он тасвир чилои чашмрас дорад, ки чузве аз онро унсурхри табиат ташкил медиханд. Албатта, дарачаи дилбастаги ва унари адибон дар ин ч,ода дар як поя нест ва буда х,ам наметавонад, аз ин ру, тасвири табиат дар ашъори бархе аз шоирон, мисли Рудакию Фирдавсй Дакикию Фаррухй ва МанучехрйГ ранитар аст. Як хусусияти тасвири фусули сол дар ибтидои асри XI боз он аст, ки он бойтар гардида, ташбе оти хиссй хеле зиёд корбаст шудаанд. Агар дар асри X дар тасвири табиат аз унсури ранги ашё бештар истифода шуда бошад, дар ибтидои асри XI шакли хандасии ашё низ дар маркази таваччухи шоирон к:арор гирифтааст. Истифодаи фаровон аз табиат шеъри ин аодю мулавван кардааст. Тасвире, ки Манучехрй аз катраи борон кардааст, хатто ниме аз он гуна тасвирро дар адабиёти тавсифии шоирони дигар наметавон ёфт.

Изофа бояд кард, ки перомуни мавзуи тасвири табиат ишорах,о дар монографиях ва макрлахои алох,идаи олимони зиёде шудааст. Дар ин бобат метавон маколахоеро хам ном бурд, ки вобаста ба ин ё он бахши адабиёт ва осори адибе ба мавзуи тасвири табиат низ дахолат кардаанд. Аз гумла, дар асархои Шиблии Нуъмонй (102,44-70), Е.Э.Бертельс (25,301-376), Ян Рипка (104,28-40), Забехулло Сафо (75,581-582), А.Мец. (6,34-61), М.Горький (30,7-11), амолиддини Хумой" (99,18-21), А.Афсахзод (15,92-93), Никитина В.Б.(63,31-35), Брагинский И.С. (26,40-43), Сахно И.М. (76,7-9) дар ин замина баъзе андешахои ч/элиб баён шудаанд.

Шиносои бо асархои тадкикотии мав уда собит месозад, ки дар хусуси адабиёти тавсифии асри X ва нимаи аввали асри XI ч,о-ч,о ишорахо, андешахои ч,олиб баён шудаанд, аммо рисолаи махсусе, ки махз хусусиятхри манзараофаринии ин давраро инъикос карда бошад, хануз сомон дода нашудааст ва ин масъала як сабаби дигари интихоби мавзуи васфи табиат барои рисолаи мазкур шудааст.

Боби І. Тасвири бах ор ва Навруз дар лирикам асри X - XI 

Похожие диссертации на Пейзаж в лирике персидско-таджикской литературы X-XI веков