Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми Саидолимов Комилджон Саидмирзоевич

Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми
<
Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Саидолимов Комилджон Саидмирзоевич. Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми : Дис. ... канд. филол. наук : 10.01.03 : Душанбе, 2003 147 c. РГБ ОД, 61:04-10/29-9

Содержание к диссертации

Мукаддима 3-15.

Боби I. Мухити маънавии Мав лоно Чалолиддини Румй ва шахсия- ти маънавии 16-62.

§ 1. Чалолиддин ва мухити маънавии 9 16-32.

§2. Шахсияти маънавии Чалолиддини Румй 33-52.

§3. Фаъолияти эчодии Мавлоно Чалолиддини Румй 52-62.

Боби П. Тасвири инсон дар хикояву тамсилоти "Маснавии маънавй"-и Чалолиддини Румй 63-137.

§ 1. Тасвири бадеии инсон дар хикояву киссахо ва тамсилоти "Маснавй" 64-97.

§ 2. Тачассуми камолоти маънавии инсон дар симои пайгомбар- (с) 97-125.

§ 3. Тасвири рамзии инсон дар мисоли най 125-130.

§4. Ипщ ва камолоти инсон 130-137.

Хулоса : 138-139.

Адабиёти истифодашуда 140-147. 

Введение к работе

Мухимияти мавзУъ. Тадкику баррасй намудани андешахои ахло-кию ирфонии шоирони суфй, хусусан Мавлоно Чдлолиддин Мухамма-ди Румй такозои давр буда, он дар конеъ кардани ниёзхои ахлокию ичтимоии чомеаи кунунии мо як ик.доми неке хохад буд.

Адабиёти классикии форсу точик ва намояндагони бузурги он ТУЛИ карнхост, ки мавриди тахкику ОМУЗИШИ ховаршиносони Шарку Fap6 карор дорад.

Тахлил намудани образхои бадей барон рушду такомули шахсият ва чомеа заминай нихоят мухимро фарохам меорад ва актуалй будани мавзуъ хам дар хамин аст.

Яке аз сабабхои интихоби мавзУи рисола дар он аст, ки ОМУЗИШИ арзишхои маънавй ва мероси адабии суфия аз масъалахои мухиму за-монавй ба шумор рафта, он дар танзими бисер масоили ахлокию ичтимой ахамияти калон дорад. Зарурати дигари интихоби мавзуъ аз он иборат аст, ки бо вучуди омУхта шудани эчодиёти Мавлоно Чалолиддин аз чониби мухаккикони дохилию хоричй, бисер чихатхои бадеии осори у халлу фасли худро наёфтааст.

Хануз аз асрхои XIV-XV ин чониб, ОМУЗИШИ эчодиёти шоирони суфй, аз чумла Саной, Фаридуддини Аттор ва Мавлоно Чалолиддини Румиву амсоли инхо ба хукми анъана даромада, мухаккикону нукта-санчони зиёдеро ба майдони илм овард, ки то имруз махсули захмат-Хои илмию адабии онхо мавриди истифода карор дорад.

Дар давоми мавчудияти собик Иттиходи Шуравй ОМУЗИШИ мероси гаронбахои шоирони тасаввуф ба таври бояду шояд сурат намегирифт. Аз чумла, номи Мавлоно Чалолиддини Румй дар ТУЛИ кариб як аср та нхо барон як гурУхи муайяни чомеъа, яъне олимону ховаршиносон маълум буду бас. Албатта тадкикоти назаррасе аз чониби шаркшиносо-ни хамон давра дар мисоли Бертелс Е.Э., Кримский А.Н., Гордлевский В. А., Охундов М.Х., Трименгет Я.С., Степанянц М.Т., Оди лов Н.Ф. ва гайрахо бар эчодиёти Мавлоно Чалолиддини Румй ба миён омад, ле-кин бо вучуди ин, бисер чанбахои осори у ханУз рУи варак наомадааст. Иншои маколаву рисолахои илмию адабии чудогона таи чанд соли охир дар омУхтани шахсияту афкори Чалолиддин як икдоми хубе гашт. Хо-нандаи точик маърифати волои шеъри сУфияро тавассути намояндагони он дарк кард. Мутолиаи осори илмии мухакк,икон нишон медихад, ки Мавлоно на танхо дар адабиёти мо мавкеи баланд дорад, балки У дар хоричи кишвархои форсизабон эътибори нихоят бузургро дорост.

Гуфтан чоиз аст, ки аввалин сарчашмахо дар бораи Мавлоно Чалолиддин дар худи Куния таълиф шудаанд ва "Валадноча", "Рубоб-нома", "Маориф"-и Султонвалад далели фикри болост. У гайр аз таъсис додани силсилаи "Мавлавия" боз яке аз шорехони ахволи падараш Чалолиддин мебошад. Султонвалад бо шархи содаи худ холатхои гуно-гуни хаёти Мавлоноро дар осору ашъораш тасвир мекунад. Сахми худи Султонвалад дар тадкики шахсияти нотакрори падараш - Чалолиддин нихоят чолиб аст.

Ду муаллифи осори Мавлоно Чалолиддин, ки дар мухити адабии худи Куния зиста, рочеъ ба зиндагию ашъори У асар навиштаанд, Фа-ридун Сипахсолор ва Ахмади Афлокй мебошанд. Асари Сипахсолор бо унвони "Рисолаи Фаридун бинни Ахмади Сипахсолор дар ахволи Мавлоно Чалолиддини Мав лави" бо тасхеху мукаддимаи Сайд Нафисй соли 1325 ш.(1946 м.) нашр шудааст. Сипахсолор солхои зиёде хизмати Мавлоно карда, дар синни калонсолй (солхои 1319 м.) фавтидааст.

Назари Сипахсолор, чи тавре ки аз нигоштахои у маълум гардид, нисбат 6а он наклу ривоятхое, ки Ахмади Афлокй дар ду чилди кито-баш "Манокибулорифин" овардааст, вокеитару дакиктар ба назар мера-сад ва шояд сабаб он бошад, ки Ахмади Афлокй (ваф.1356 мел.) нисбат ба Сипахсолор чавонтар буда, вокеахоро камтар мушохида кардааст.

Дар мухити адабии замони Мавлоно Чалолиддин аксари мардуми оммии турк забони точикиро намедонистанд. Аз ин ру, зарурати тарчимаи ашъори Мавлоно ба миён омад, ки дар он сахми Исмоили Анкаравй (ваф.1631 м.) басо назаррас аст. То ба имрУз нигоштахои дастраси хонандагон аст.

Баъдхо Исмоили Чулунй (ваф.1724 мел.) китобе бо номи "РУХ-улмаснавй" эчод мекунад, ки соли 1870 м. дар Истамбул чоп шудааст.

Хамчунин, шархи дигаре аз Соро Абдуллохи Афандй (1660м.) бо номи "Чавохири бавохири Маснавй" дар 5 чилд, соли 1871 чоп шудааст ва инчунин Абдулбокй Гулпинорлй (ваф.1982 м.) ду китоб бо унвони "Мавлоно Чалолиддини Румй" ва "Мавлавия баъд аз Мавлоно" таълиф намудааст, ки бо кУшиши Тавфик, Субхонй ба форси тарчима шуда, соли 1363 ш. (1984 м.) аз чоп баромадаанд.

Вобаста ба мавкеъи зисти Мавлоно мо к?шиш кардем, ки муноси-бати табакахои зиёй, донишмандону фозилон ва ах ли илму адабро нис-бати ин адиби бузург, орифи комил дар сарзамини Осиёи Хурд бо са-надхои мавчуда исбот кунем.

Чалолиддин на танхо дар мухити адабии форсу точик хамчун адиби инсондУст, ориф, факех ва донишманд эътироф шудааст. балки хус-ни тавачч хи уламову удабои Аврупоро низ ба ашъору осори худ чалб намудааст. У вокеъан байни шоирону нависандагони адабиёти класси-кии форс-точик ва мухаккикону донишмандон хамчун симои нотакрор эътироф шудааст.

Тадкикоти мухаккикону донишмандони Эрону Афгонистон хам дар байни дигар ховаршиносони Гарб боиси эътироф гардидааст. Аз чумла, Камолиддин бинни Хасани Хоразмии Кубравй (ваф.1440 м.) ду асарашро дар мавзУи "Маснавии маънавй" эчод кардааст. Асари якуми У дар шакли назм эчод шуда буда, бо унвони " Кунузулхакоик фй ру-музулдакоик/ ва дуюмин асараш бо номи "Чдвохируласрор ва завохи-руланвор" дар шакли наср боки мондаанд.

"Чдвохируласрор" бо мукаддима ва тасхехи Мухаммад Чаводи Шариъат соли 1360 ш.(1981 м.) дар Исфахон рУйи чоп омадааст.

Абдуррахмони Чомй дар "Нафахотулунс" мегУяд, ки "Мухам-мад Порсо -рохбари силсилаи "Накшбандия"- и аввалияи Эронро раем бар он буд, ки ба "Девони Шамс" тафал (фол) занад" (2.4, 295).

Хусайн Воъизи Кошифй (1505- 1506м.) низ дар заминай "Маснавии маънавй" асари худ "Лубби лубоб"-ро навиштааст, ки он ба тасхехи Сайид Нафисй, соли 1965 (1344ш.) дар Техрон чоп гардидааст. Асари дигаре, ки баъдтар аз замони Сафавихо аз чониби My лох, -одии Сабзаворй эчод шуд, яке аз барчастатарин шарххок мухим бар "Маснавии маънавй" ба хисоб меравад. Он бо унвони "Шархи асрори Маснавй" дар Техрон чоп шудааст.

Бадеуззамон ФурУзонфар ва Чалолиддин Хумоиро низ бояд зикр кард, ки дар асри мо зиндагию эчод кардаанд. Тадкикоти илмии ФурУзонфар "Рисола дар тахкики ахволу зиндагонии Мавлоно Чалолиддин Мухаммад машхур ба Мавлоно", "Шархи "Маснавй"-и шариф" ва "Хулосаи Маснавй" дар омУзиши зиндагию осори Мавлоно роли мухим мебозанд.

"Мавлавинома" аз таълифоти Чалолиддин Хумой буда, дар ду чилд соли 1360 ш. (1981 м.) чоп шудааст ва илова бар ин, мухаккикони дигари ашъори Чалолиддинро ном бур дан мумкин, ки дар омУзиши асархои У сахмгузоранд. Аз чумла, "Фарханги луготу таъбироти Масна-вй"-и доктор Содик Гавхарин, "Сирри най", "Бахр дар куза"-и Абду-лхусейн ЗарринкУб ва "Тафсиру накд ва тахлили "Маснавй"-и Чалолиддин Мухаммади Балхй"-и Мухаммад Такий Чаъфарй ва боз даххо маколахоро номбар кардан мумкин аст, ки ба рУзгору осори Чалолиддини Румй бахшида шудаанд.

Дар тадкику баррасии эчодиёти Мавлоно мухаккикони эронй: Эх-сон Табарй, Косим Ганй, Алй Даштй, Чалолиддин Мучтабй, Мухаммад Чаводи Шариъатй, Шафеи Кадканй, Махчуб Сирочй ва Мухаммад Алии Муваххид низ сахми босазо доранд.

Шоири маъруфи афгон Халилуллохи Халилй низ ба унвони "Аз Балх то Куния " асаре дорад, ки ба рУзгору осори Мавлоно бахшида шудааст.

Аз асрхои XIV-XV ин чониб, шеъри Мавлоно дар сарзамини Хин-дустон низ нуфУз пайдо карда, дар байни аъзоёни силсилаи "Чиштия" бо як усули хоси мусикй хонда мешуд ва тибки маълумоти мавчуда, Низомиддин Авлиё аввалин рохбари силсилаи "Чиштия" (ваф.1325 м.) шархе бар "Маснавии маънавй" навигнтааст, ки мутаассифона он даст-раси мо нагардид.

Шинохти "Маснавй"-и Мавлоно дар шимоли Хиндустон -шахри Бангола аз асрхои XV-XVI вусъат ёфтааст. Азбаскй ин мамлакат аз охири асри XIII дар зери таъсири ислом карор дошт, аз ин рУ, бузурго-ну шоирони он баъзан нагмаи найро (хамон 18-байти аввал) бо ривояти кахрамони асотирии Хинд - Кришна ва найнавозии У омезиш медиханд. Хатто аксари подшохони Хинд, аз чумла; ДорошукУх - писари Шо-Хичахон (ваф.1659 м.)ва бародараш Аврангзеб (солхои хукмрони-аш: 1660-1707 м.) низ шефтаи "Маснавй"-и Румй будаанд ва боз бисере аз донишмандони хиндиро ном бурдан мумкин аст, ки шарху тафсир-хои зиёде бар "Маснавии маънавй"-и Мавлоно навиштаанд.

Яке аз бузургтарин асархое, ки дар байни донишмандони мусал-мони хиндй бар "Маснавй"-и Мавлоно эчод шудааст, аз нигохи мухак-кикону адабиётшиносон, хамон "Шархи Маснавии маънавй"-и Мавлоно Бахрулулум Абдулалист, ки охири карни XVIII таълиф шудааст.

Тадкикоти донишманди бузурги хиндй - Шиблии НУъмонй (ваф. 1914 м.)-ро низ зикр кардан бамаврид аст. Асари У "Савонехи Мавлоно Румй" (Лакнахв, 1902 м.) дар тахкики эчодиёти Мавлоно мавкеи боса-зо дорад ва ногуфта намонад, ки шоири Хинду Покистон Мухаммад Икбол хам аз зумраи шефтагони ашъору осори Мавлоност.

Дар "Асрори худи" ва осори дигари У пайванди рУхии байни Мавлонову Икбол эхсос мегардад. "Асрори худи" дар вазни "Маснавии маънавй"-ст, ки бисер байтхоро Икбол аз он иктибос кардааст ва мо дар бораи бархУрди рУхонии Икбол бо Мавлоно, ки дар симои Хизр бар У зохир мегардаду шоир ниёзхои хешро ба вай арз мекунад, чизе намегУем, зеро ин як тахкики хосаеро талаб мекунад ва дар ин маврид он аз мавзУи мо берун аст.

Дар мамлакатхои Аврупо низ олимону донишмандони зиёде тавас-сути тарчимаи осору ашъори Мавлоно Чалолиддин маълуму маш-хуранд. Тарчимахои машхури Рюкерт, Розенцвейг, Розен, Г.Эте, М.Редхаус ва аз хама мухим Р.Никольсону шогирди У А.Арберрй дар шиносонидани осори Мавлоно Чалолиддини Румй ба хонандаи Гарб ахамияти калон доранд.

Сахми шаркшиносони рус хам дар тадкики замон ва пахлУхои гу-ногуни эчодиёти Чалолиддини Румй назаррас аст. Аз чумла, асархои Кримский А., Бартолд В.В., Гордлевский В.А., Акимушкин О.Ф., Применгет Д.С, Степанянц М.Т., аз донишмандони озари Охундов M.X., аз мухаккикони точик Одилов Н.Ф., Ходизода Р. ва гайрахоро номбар кардан мумкин аст, ки дойр ба чахонбинии Мавлоно ва масоили фалсафию бадеии осори У бахшида шудаанд.

Мухаккик Нодир Одилов дар монографияи худ "Чахонбинии Чалолиддини Румй" як катор масъалахои фалсафй аз кабили хастй, маърифати ашё, назарияи акл, гуманизм ва сабку баёни Мавлоно Чалолиддинро мавриди тадкик карор додааст.

Азбаски мавзУи рисола бевосита ба инсони коми л тааллук дорад, дар ин маврид бояд чанд нуктаро зикр кард.

Инсони комил аз мухимтарин мавзУъхоест, ки дар тУли таърих мавриди таваччУхи ахли тасаввуф карор гирифтааст. Ин мафхумро бо тавсифоте чун "халифатуллох", "рУхуллох" ва "сабгатуллох" дар Куръ-он ва аходиси кудсй дучор мегардем.

Дар эчодиёти намояндагони тасаввуф инсони комил 6о унвон/хои "марди Худо", "нойиби Хак", "марди тамом", "мУъмин", "кутби комил", "валии мастур", "валии машхур" ва амсоли инхо ёд шудааст. Ин мафх-ум дар осори Ибни Арабй "Фусусулхикам" ва "ФутУхоти Маккия", Абдулкодири Чили "Ал-инсонулкомил фй маърифатил авохир вал аво-ил", Азизиддини Насафй "Китобул инсонил комил фй маърифатил во-фир" баён гардидааст.

Дар осори манзуми шайх Аттор "Мусибатнома", "Мантикутугайр", "Илохинома" ва "Маснавии маънавй"-и Мавлоно инсони комил ба си-фати як навъ идеали ахлокй шарху таъбир ёфтааст. Барои бунёди шах-сияти он тачассуми чахони маънавй ва сифатхои ахлокии У мавкеи мухим доранд.

Инсон дар таълимоти суфия ва махсусан дар эчодиёти Мавлоно олитарин махлук буда, кодир аст 6а маърифати Хак ноил гардад. Дар маркази тасвири бадеии адабиёти сУфия низ инсон меистад ва бояд таъкид сохт, ки на инсони эхсосиву чисмонй, балки инсони илохй ва ё худ ормонй.

Адабиётшинос Расул Ходизода дар китоби худ "Тасаввуф дар ада-биёти форс-точик" рочеъ 6а инсони комил андешаронй карда, консеп-сияи онро, ки баъзе аз мухаккик,они мо, аз чумла,академик Акбар Тур-сунов ба афкори пешазисломии мар думи Ачам нисбат медихад, инкор мекунад. Аз чумла, "сарчашмаи "Инсони комил" дар тасаввуф китоби мукаддаси ислом Куръон аст. Шояд дертар, баъд аз шуйуъи фалсафаи юнонй дар шарх ва тарчумаи чанде аз кутуби дини зардуштй ба забони арабй баъзе акидахои нихоят дур ва камнури диёнати пеш аз ислом ба фалсафаи "Инсони комил" таъсир дошта бошад, аммо ин танхо таъсиру нуфузи дарачаи дуюм аст" (1,56: 137).

Аз ховаршиносони Аврупо Генрих Шайдер, ки дар мавриди инсони комил дар ислом тадкикоте ба анчом расонидааст, решахои эронии ин мафхумро муайян кардааст. Аз чумла, мегУяд: "Андешаи инсони комил ба андешахои шарки бостон, махсусан чониби эронй робитаи ус-тувор дорад (1,53: 236).

Инсони комил дар тамаддуни исломй ба суратхои мухталиф тачаллй кардааст. Дар мазхаби ташайюъ назарияи инсони комил дар иртибот бо эмомат шарху таъбир меёбад. Эътикод ба набии содик дар акидаи онхо мавчудест азалй ва р?ху фазли У дар силсилаи анбиё ме-росй буда, он аз шахсе ба шахсе интикол меёбад.

Назари ах ли тасаннуъ ва аз чумла, Мавлоно дар мавриди инсони комил ба дигар сурат аст. Хар инсони худогох аз асрори хастй ва Ха-кикати мутлак дар хар чо, дар хар замон ва ба хар забоне шикоят мекунад. Мавлоно вали ва кутби комилро мазхари ХаК медонад, аммо на ба таври хулулу иттиходи чисмонии зулмонй.

Инсон, ки халифаи Худованд аст (2.28, 6), сохиби шарофати бу-зург аст. Чунин сифат бар улвияту бузургии инсон далолат мекунад ва хак 6а чониби мухаккик Расул Ходизода аст, ки маншаи назарияи "Инсони комил"-ро (дар тасаввуф) аз Куръон медонад.

Дар дигар кутуби осмонй аз кабили Таврот, Забур ва Инчил низ инсон ва кадру манзалати У дар мавкеи аввал гузошта шудааст ва рисо-лати анбиёи каблй, ки инсонхои комиланд, аз тарбияву хидояти чомеа 6а сУи камолоти маънавй иборат аст.

Худованд ба инсон азамати рУхониро лоик дидааст, ки оёти Ило- Хй аз он шаходат медиханд (2.28,363) ва он даъвохое, ки мардони Худо кардаанд (амсоли Боязиди Бастомй, Мансури Халлоч, Абулхасани Хараконй), тибки хамон "амонат"-и раббонист (2.28, 415), ки гайр аз одами дигар махлукот ёрои бардоштани онро надорад. Дар истилохоти урафо ин амонат ба унвони "рУх" ёд мешавад, ки бозгашташ ба олами малакут аст. ff Бояд таъкид кард, ки дар гуфтори ду нафар аз бузургони тасав вуф -Мансури Халлоч ва Боязиди Бастомй низ мафхуми "инсони коми л" ба истилохи "Ал-комилуттамом" назаррас аст ва пас аз онхо Ибни Арабй касест, ки истилохи "Ал-инсонулкомил" -ро дар асархои худ аз чумла, "Фусусулхикам" ва "ФутУхоти Маккия" ба кор бурдааст. У мафхуми "Инсони комил"-ро гохе бо унвони "Ал-инсон- алхакика" ёд карда, вайро нойиби Хак дар замину муаллими малоик дар осмон ме-хонад ва комилтарин сурате медонад, ки офарида шудааст. Аз назари У инсони коми л мазхари Хак ва оинаи чомеи сифатхх;ои илохист. У воси-таи миёни Хакку халк аст, ки тавассути файзу мадади Хак, ки сабаби бакои олам аст, ба олам мерасад ва максади аслй аз эчоди олам Уст. Инсони комил рУхи оламу часади вай аст ва ба василаи асмои ил охи, ки Худованд ба У омУхтааст, дар олам тасарруф карда, онро идора ме кунад.

Ибни Арабй дар асоси хадиси пайгомбар(с) мегУяд: "Хак ганчи пинхоне буд, он гох. ки Хак чомаи шайъияти вучуд бар инсон ПУШОНД, он ганч бо зухури инсон зохир шуд ва инсони комил онро ба вучуди хеш шинохту донист, ки он ганч дар даруни он нУхуфтааст" ва ин маънй дар "Маснавй" низ омадааст:

Ганчи махфй буд зи пуррй чок кард, Хокро тобонтар аз афлок кард. Кунту канзан рахматан махфиййатан, Фаабтаъасту умматан махдиййатан (2.13, 131, 196).

Дар чои дигар, дойр ба макоми пайгомбар(с) таъкид кардааст, ки "Агар назди Мухаммад(с) ойй, Мухаммадро(с) намеёбй, балки Худоро дар чехраи Мухаммадй меёбй ва Уро ба дидаи Мухаммадй мебинй.., мушохидаи Хакро дар ойинаи паёмбарат талаб куну бас" (1.59: 89-40), ё худ "Мухаммад(с) комилтарин мавчудот дар навъи инсонист, 6а ха-мин чихат амри офариниш бад-у огоз ва амри нубувват бад-y поён ёфт" (1,59:42).

Ин суханони Ибни Араби ишора ба оёти Куръони кариманд, ки Худованд Мухаммадро (с) хотами пайгомбарону фиристодаи худ мегуяд (2.28,335) ва хамчунин мегУяд: "Он тавр ки Худо нубувватро ба Мухаммад(с) хатм кард, вилоятро низ, ки аз ирси мухаммадй хосил мешавад, ба хатми мухаммадй хатм кард" (1,59:42).

Азизиддини Насафй хам дар мавриди инсони комил мегУяд: "Бидон, ки инсони комил он аст, ки дар шариъату тарикату хакикат тамом бошад ва агар ин иборатро фахм накунй, инсони комил он аст, ки уро чахор чизи бо камол бошад: акволи неку афъоли неку ахлоки неку маъориф... ХаР ки ин чахор чизро ба камол расонид, ба камоли худ расид" (2,3:5).

Ба андешаи У инсони коми л хамон шайху пешво, ходию окил, донову имому халифа, кутбу сохибназар ва чоми гетинаморо мегУянд.

Дар "Маколот"-и Шамси Табрезй бошад, инсони комил дорой як-чанд буъд ё худ сифот аст. Аз чумла, У бояд охирбину окибатандеш бошад ва тавассути хирад аз качиву лагжишхои гузашта ибрат гирад, зеро андешамандй -ин бедории пешазпушаймонй ва чорачУии пешазги-рифторист: "Дар пеш назар кардан, ки онхо, ки пеш аз мо буданд, судманд шуданд аз ин кору аз ин гуфт ё на Ва пас хам назар кунад, яъне окибати ин чй бошад !" (2.2,189).

Чои дигар мегУяд: "РУзе дар пеш аст, ки онро "рУзи тагобун" (аз калимаи "габн" -огохй, дарег, ки ба маънии киёмат аст -С.К.) ГУЯНД, ки ох, чй кардем?! Он ох хеч суде надорад, аммо тагобун ин соат суд до-рад: Ох, чй мекунем?! (2.2, 246).

Шамси Табрезй мУътакид аст, ки на хама кас 6а чунин балогате аз андешамандию вопаснигарии ибратчУёна ва оянданигарии охирбинона расида метавонад ва аз ин чихат ёдовар мешавад, ки:"...барои аксарият умеди онро намебинам, ки пеш аз надомат аз хоби гафлат бедор ша-ванд" (2.2, 233).

Баробари мутолиа ва тахлили осори адибони асримиёнагй як ху-сусияти адабиёти он давр ба назар мерасад.Ин хусусият аз он иборат аст, ки шоирону нависандагон баъзе образхои таърихиро идеализатсия мекарданд. Нависанда ё шоир тавассути образхои мусбати худ орзуву омоли хешро баён мекард.

Чунон ки адабиётшинос Хусейнзода М.Ш. дар рисолаи хеш кайд мекунад: "дар адабиёти асримиёнагй яке аз воситахои тасвири бадей ин идеализатсия кардани кахрамонони асари бадей буд" ва бояд таъкид кунем, ки кариб аксари асархои шоиру нависандагони асримиёнагй ба ситоиши Худованд ва наъти расул (с) бахшида шудаанд.

Максади тадкикот аз муайян намудани нуктаи назари Мавлоно Чалолиддин оид 6а инсон ва симои У дар хикояву киссахои "Маснавии маънавй"-ст.

Пеш аз таджики масъала диссертант дар назди худ чунин вази-фахоро гузоштааст:

1. Хамачониба омУхтани сарчашмахо ва ба таври мукоиса бахо додан ба мухити таърихию адабии замони Мавлоно Чалолиддин, шахсият ва мероси адабии У.

2. Таджики сарчашмахои идеявии инсони комил ва баррасй намудани нуктаи назари баъзе аз бузургони ах ли тасаввуф, ки Ибнул Арабй, Азизиддини Насафй, Абдулкодири Чили, Фаридуддини Аттор, Мансу-ри Хал л оч ва Боязиди Бастомй аз зумраи онхо мебошанд.

3. Дар баробари муайян намудани тасвири инсони комил дар хикояву киссахои "Маснавии маънавй", хамчунин баррасй намудани аф-кори сУфиёнаи ашъори Мавлоно Чалолиддин, зеро ин ду чиз 6о хамди-гар алокаи ногузир доранд.

Навоварии илмии рисола аз он иборат аст, ки мухаккик дар асоси тахлили сарчашмахои мУътамади илмию адабй аввалин бор симои инсони комилро дар хикояву киссахои "Маснавии маънавй" нишон дода, онро бо далелхои илмй асоснок мекунад ва ба ин васила сахми инсони комилро дар тарбияи чомеа вонамуд месозад. Муа . кик ба таври мукоиса ва истифода аз аходиси набавию оёти Куръон чехраи ках-рамонони мусбатро чун инсони комил арзёбй менамояд, ки садокатман-дию мухаббат, сабру тахаммул дар баробари ноумедихо, устувории имон ва бахшида тавонистан аз хусусиятхои мухими онхо ба шумор ме-равад.

Усули тадкикот. Иншои рисола дар асоси методи мукоисавй-таърихй бо истифода аз принсипхои асосии тахлили матн ва воситахои бадеиву ахлокй сурат гирифтааст.

Арзиши амалии рисола. Маводи рисола ва хулосахои онро мета-вон дар курсхои махсуси таърихй адабиёти точик, фалсафа, ахлок, эстетика, ки дар макотиби миёнаву о ли гузаронида мешаванд, истифода кард.

Сарчашмахои тадкикот. Рисола дар асоси чунин сарчашмахо, ки бевосита 6а Мавлоно Чалолиддин ва дигар адибон тааллук, доранд, на-вишта шудааст: "Маснавии маънавй", "Куллиёти Шамси Табрезй", "Фихи мо фихй", "Мачолиси Сабъа" ва "Мактубот". Хамчунин "Манок.ибулорифин"-и Ахмади Афлокй, "Маколоти Шамси Табрезй", "ТабакотуссУфия"-и Абдуллохи Ансорй, "Тазкиратушшуъаро"-и Дав-латшохи Самаркандй, "Нафахотулунс"-и Мавлоно Абдуррахмони Чомй, "АлмУъчам фй маъойири ашъорулачам"-и Шамси Кайси Розй, "Бадоеъуссаноеъ"-и Атоулло Хусайнй ва дигар сарчашмахои таърихй аз к.абили Хабибуссияр"-и Хондамир, "Таърихй Чахонкушой"-и Атомали-ки Чувайнй ва лугатхо дар иншои рисола ахамияти калон доранд.

Рисола аз мукаддима, ду боб, хулоса ва рУйхати адабиёт иборат аст.

Похожие диссертации на Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми