Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв. Ходжаев Давлатбек

Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв.
<
Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв. Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв. Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв. Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв. Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв. Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв. Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв. Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв. Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв.
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Ходжаев Давлатбек. Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв. : Дис. ... д-ра филол. наук : 10.02.22 : Душанбе, 2004 344 c. РГБ ОД, 71:05-10/189

Содержание к диссертации

Мукаддима 3-28

Боби I. Системаи забоншиносии араб ва накши он дар ташаккули таълимоти лугавию грамматикии то^ик (форс)... 29

1.1. Аз таърихи пайдоиш ватахаввули забоншиносии араб 30-43

1.2. Накши забоншиносии араб дар ташаккули таълимоти лугавию грамматикии то^ик (форс) 43-67

Боби II. Шархи масоили забоншиносй дар ёдгорихри то^икии (форсии)асрхои X-XV ...68

2.1. Масоили умумй 68-70

2.2. Шархи лугавию грамматики дар фархангномахо 70-82

2.3. Бахси забоншиносй дар осори фалсафй 82-127

2.4. Шархи дастурии забони тоники (форси) дар асархои улуми сегона (аруз, кофия, бадеъ) 128-169

2.5. Шархи бахшхои забоншиносй дар осори ба гурухбандии улум бахшидашуда 169-194

Боби III Хощ Дасани Нисорй ва афкори забоншиносии у. 195

3.1. Масоили умумй ва баррасии мавзуъ 195-205

3.2. Масъалахои фонетика (хуруф) аз назари Хо^а ^асани Нисорй 205-216

3.3. І^айдхои лексикии Хо^а ^асани Нисорй 216-221

3.4. Масъалахои морфология (илми сарф) аз назари Хо^а ^асани Нисорй 221-259

3.5. І^айдхои Хо^а Хасани Нисорй дар боби калимасозй 259-274

3.6. Ь^айдхои нахвии Хо^а ^асани Нисорй 274-296

Хулоса 297-317

Фехристи манбаъхо ва асархои илмй 318-344 

Введение к работе

Аз хамон рузгоре, ки инсон ба муошират ва муносибатхои гуногуни хаётй иртибот гирифт, макоми сухан ва шинохти он, яъне тахлилу тадкик,и сухан хам, арзиши мухим пайдо кард. Бехуда нест, ки шоири гавхаршинос Калими КошЬнй гуфтааст:

Бехтарин гавхари ганчинаи хдстй сухан аст, Гар сухан чон набувад, мур да чаро хомуш аст?!

Донишмандони гузаштаи мо кушиш кардаанд, ки ана хамин гавхари ганчинаи хастиро хамеша хифз намоянд ва то тавонанд онро ганитар гардонанд. Макому мартабаи олимоне, ки дар ин ришта захмат мекашиданд, аз руи хамин меъёр, яъне чи чизе ба ин ганчина зам кардаанд, муайян карда мешуд.

Дар рузгори имрузаи мо ру овардан ба таърихи илму фарханги гузашта, ба хусус таърихи илми забоншиносй, торафт зиёд шуда истодааст ва дар мактабу донишгоххои чумхурй зарурати таълими чунин як фанне хам ба миён омадааст, ки, аввалан, он тавонад, аз таърихи илми забоншиносии гузаштаамон ба хонандагону донишчуён дониши зарурй дихад; дуввум, холо ки тамоми хуч атнигорй, воситахои ахбори умум, дафтардорй бо забони давлатй, яъне точикй, сурат мегирад, бояд бунёди гузаштаи ин воситахои мухобирот равшан карда шавад; нихоят, мо имруз бояд бидонем, ки дар гузашта илми забоншиносии мо чи манзарае дошт ва барон рушду инкишофи он кадом донишмандон хисса гузоштаанд.

Ин чо овардани як андешаи донишманди Эрон Ризои Тачаддуро аз пешгуфторе, ки ба тарчумаи «Ал-фехрист» навиштааст, муносиб дидем: «Гирдбоди хаводиси сияхгин, тахту точи Чингиз ва чингизсифатон мукаддимоти инхитотро дар тамоми марохили хаётй шарі иен фарохам сохт. Аз улуми бостонии Эрон, ки шояд чизе ба чо монда буд, хамчунин осори олами исломй аз миён рафта ва ё хатари нобудй онро тахдид мекард. Ва боз китобхо ё гулхани хамомхоро гарм карда ва ё дар кунчи китобхона дар зери гарду губор пинхон монд, ки муштокрни илм ва донишпажухон аз он чизе надошта ва камтар касе аз пойяи таракдиёти куруни аввалияи ислом бохабар буда, ва чузъ китобхои диннй ва ё афсона китобхое, ки пояи нахзати илмии гузаштаро каман ва кайфан нишон дихад, дар дасти мардум дида намешуд» (1:22, 4).

Вокеан, хамин манзара дар таърихи илму фарханги точик низ хукумфармо буд. Фарк. дар ин аст, ки то имруз хусни тава чухи чиддие ба таърихи гузаштаи илми забоншиносй зохир нашудааст.

Илми забоншиносии точик мисли адабиёту накди он таърихи кадимй ва сахифахои рангину пурчилое дорад. Мутаассифона, таърихи ташаккулу тахаввули ин илм то имруз мавриди омузишу тадкики чиддии донишмандони точик карор нагирифтааст. Ва ин сабаб хам дорад, зеро дар байни ахли илм бо сабабхои айнй ва зехнй то вактхои охир акидае мавчуд буд, ки гуё дар гузашта илми забоншиносй вучуд надошт ва забони точикй омухтаю тадкик хам намешуд. Ин даъво, аз як су, то чое асос дорад, зеро илми забоншиносии точик ба он мафхуме, ки имруз фахмида мешавад, дар системаи улуми гузашта набуд, аз чониби дигар, равиши тозаи тадкику фахмиши илми забоншиносии кунунй, ки баъди Инкилоби октябр шакл гирифт, ба мухакдикрни мо имкон намедод, ки ба равишхои таърихии илми забоншиносии гузашта амик. ошно бошанд. Албатта ин чиз ба якин маълум аст, ки хазорон сол пеш илм ва аз чумла илми забоншиносй, ин дурахшоию тобишеро, ки имруз дорад, надошт. Вале аз маълумоту шархе, ки дар як даста рисолахои ба гурухбандии илмхо бахшидашудаи донишмандони асри миёнаи Шарк ба мисли «Эхсо (ъ) ул-улум-»-и Абунасри Форобй (асри X), «Ал-фехрист»-и Ибни Надим (асри X), «Мафотех ул-улум»-и Котиби Хоразмй (асри XI), « омеъ ул-улум»-и Имом Фахриддини Розй (аввали асри XIII), «Мифтох ул-улум»-и Соккокии Хоразмй (асри XIII), «Меъёри рамоли ва мифтохи Абуисхокй»-и Шамси Фахри Исфахонй, «Нафоис ул-фунун фй ароис ул-уюн»-и Мухаммад ибни Махмуди Омули (асри XIV) ва F. бармеояд, хануз дар асрхои X-XI бисер бахшхои илми филологи ташаккул ёфта, донишмандони арабинависи эронинажод таълифоти чашмрасе дар риштахои забоншиносй нигоштаанд. Мафхуми илми забоншиносй имруз, аз як тараф, хеле васеъ гардида бошад, аз тарафи дигар, доираи таджики он мушаххас аст. Масалан, агар донишманди риштаи забоншиносй имруз як мавзуъро аз ягон бахши забоншиносй бо тамоми чузъиёташ тадкики амики илмй намояд, хизмати арзанда хисоб мешавад. Дар гузашта бошад, манзара ранги дигар дошт. Масалан, чехрахои машхури илму фарханги асримиёна ба монанди Закариёи Розй, Абунасри Форобй, Абуалй ибни Сино, Фахриддини Розй, Носири Хусрав, Насируддини Туей, Шамси К айси Розй, Амир Хусрави Дехлавй, Абдуррахмони омй ва дигарон дойр ба аксари илмхои замонаашон рисолаю дастурхои пурарзиши илмй-таълимй таълиф намуда, бисер масъалахои мухими илми забоншиносиро хам хал кардаанд.

арчанд ки аз давраи кабл аз ислом барои равшан сохтани сахифахои таърихи илми забоншиносии точик маводи зарурй дастрас нест, аммо дар асоси асори гуногуни динию фалсафй, ахлокию адабй ва хукукию дафтардорй ва чанд фархангномаи бов;имонда метавонем итминони комил дошта бошем, ки илми забоншиносии мо решаю бунёди амики таърихй доштааст.

Донишманди таърихи забон Саймиддинов Д. дар шархи яке аз фархангхои ахди Сосонй Frahang I oim-ewaK «Фарханги авестой ба пахлавй» чунин менигорад: «Фархангнома (Frahang I oim- ewaK Д.Х.) якчо бо ташрехи лугату истило от масоили грамматикаи забони авестоиро низ фаро мегирад. Нигоранда мухтасари грамматикаи забони Авесторо дар мисоли чанде аз категорияхои морфологии чинсият, шумора, холатхо (падежхо) ва тасрифи феъл ба форсии миёна ташрех намудааст. Аз ин ру ин фархангро метавон нахустин намуна аз таърихи дастурнависй дар суннати ахди Сосонй номид» (II: 227, 62).

Мавчудияти ин фарханги кучак ва шархи грамматики дар он гувох бар он аст, ки хануз то истилои арабхо ва кабули ислом донишмандони эронинажод ба мутолиа ва пажухиши забони хеш ва шархи истилохоту таркибот, тавзехи коидахои грамматикии он таваччух зохир кардаанд. Аз ин ру маълум мешавад, ки хеле кабл аз истилои арабхо афкори забоншиносии форсу точик шакл гирифтааст. Вокеан хам, агар хамин тавр намебуд, нигорандаи ин лугат сохтору мухтавои лугатеро ба ин тартибу усул мураттаб намесохт.

Дар «Frahangi oim-ewak» гайр аз шархи лугату истилохот ва масъалахои , грамматики муаллиф дар мукаддимаи фархангнома калимахоро бо лугати маънии ба-j д ва лугати маънии хуб чудо менамояд. Албатта, ин фархангномахои ахди Сосонй дар зинаи аввали фархангнигории ахди ислом таъсири худро гузоштаанд, аммо баъдтар низому усули фархангнигорй, шархи дастурии забони точикй асосан дар зери таъсиру нуфузи забоншиносии араб монд. Ин амал дар натичаи он рух дод, ки забони арабй аз тарафи хилофат ба сифати забони умумии илму фарханг чорй гардид ва арабхо кушише хам карданд, ки чахонбинй ва маданияти ягонаи тамоми халкхои ба хилофат ворид шударо ба миён оранд. Аз ин чост, ки аз ибтидои ислом хамаи донишмандони улуми филологи, аз чумла точикон хам, ба тадвини фархангномахо ва танзими \ коидахои дастури забони арабй пардохта, дар лугат, сарфу нахв, маъонй, бадеъ, арузу кофия китобхои зиёде навиштанд. Аммо, чунон ки академик Б.Рафуров таъкид менамояд, хар як халв;и ба хайати хилофат дохилшуда дорой маданияти ба худ хос, инчунин махсусиятхое мебошад, ки бо таъсири анъанахои маданй ва омилхои и тимоию иктисодй фарохам омада, алалхусус аз охири асри IX тадри ан ба чудошавии (дезинтегратсияи) маданй оварда мерасонад (11:100, 431).

Храмин холату манзараро дар афкори забоншиносй низ дидан мумкин аст. Агар дар зинаи аввали шаклгирии илми забоншиносии точик таъсири анъанаи забоншиносии Юнони кадиму инд дида шавад, пас аз истилои арабхо он бештар дар асоси пайгирй аз усулу равиши забоншиносии араб пеш рафтааст. Ин равишу усул дар забоншиносии точик то инкилоби Октябр идома меёбад. Илми забоншиносии форсу точик, хушбахтона, аз асрхои IX-X cap карда охиста-охиста ба шарху маънидоди асолати забони тоники мепардозад, ки дар ин рох хизмати донишмандони алохида бехамто аст.

Забоншиносии форсу точик дар асрхои миёна бештар хусусияти амалй дошт, зеро максад аз пажухишу омузиши конунхои забон, шарху маънидоди ходисахои чудогонаи забон, бегалат кироат кардани матн ва дар навиштан ба галатхо рох. надодани каламкашон буд. Баъдтар дар натирай бахрабардорй аз мактабхои забоншиносии дигар тамоюли назарй, чанбаи тахлилии он кавитар гашт ва бисер донишмандон оид ба масъалахои алохидаи забони тоники андешахои чолиби илмй баён кардаанд. Ба хамин тартиб, забоншиносии точик дар асрхои X-XVI ду зинаи асосиро тай намудааст: якум, шархи грамматикии навиштачоти пешин; дуввум, тахлилу тадкики системавии забони тоники (форси).

Афкори забоншиносии хар як халку миллат хусусиятхои чудогонаи худро дорад, зеро масоили тадкику омузиши забоншиносии хар як халку миллат аз эхтиёчоту зарурати вокеии хамон халку миллат пайдо мешавад. Вобаста ба объекта тадкик. низ усули пажухиш дар забоншиносии хар халк. фарк менамояд. Ба хамин маънй забоншиноси рус Ю.Рождественский дар \ мукаддимаи китоби академик В.В.Виноградов «История русских лингвистических учений» мегуяд: « ар як мактаби забоншиносии миллй натанхо бо гузариши масъалахои хоси худ, хамчунин бо афкоре, ки асоси илми забоншиносии он миллатро ташкил медихад, фарк дорад». (11:78,8). Аз ин чост, ки таърихи афкори забоншиносии халку миллатхои гуногун дикдати мухакдиконро кайхр чадб намудааст ва дар ин бобат тадкикотхои алохида низ ба табъ расидаанд (II: 40, 47, 86, 87, 91, 96, 97, 98, 108, 153, 154, 157, 186, 187,290).

Пажухиши таърихи афкори забоншиносии форсу точик бештар диккати донишмандони Эрон ва эроншиносони русро чалб намудааст. Дар ин маврид таваччух. намоед ба фехристи сарчашмахои илмии рисола (II: 50, 51, 52, 53, 54, 70, 78, 90, 111, 173, 217, 299).

Мутаассифона, он хама маълумотхое, ки дар ин тадкикотхо оварда \ шудаанд, бевосита фарогири масъалаи мавриди назари мо набуда, балки онхо дар зимни пажухиши масоили мухталиф иброз шудаанд. Масалан, маълумотхое, ки донишмандони эронй Сайид Нафисй, Содики Киё, Шахриёри Накавй меоранд, асосан ба таърихи фархангнигорй, ахамияту арзиши фархангхои тафсирй марбутанд (II: 298, 302; III: 330). Донишмандони шаркшиноси рус С.И.Баевскии, З.Н.Ворожейкина бошанд,« ба шарху тафсирй сохтору мухтавои фархангхои тафсирию дузабонаи точикии (форси) гузашта даст задаанд (11: 48, 49, 51, 52, 53, 54, 85). Е.Э.Бертельс аз арзишу ахамияти афкори забоншиносии классикии форсу \ точик ёдрас шуда, аз таълифоти донишмандони асримиёна дар навиштани «Грамматика персидского языка»(1925) истифода кардааст (11:64).

Бисер донишмандони точик, аз чумла, академикхо Б.Рафуров (11:100), Н.Неъматов (11:184) зимни тадкики таърихи халки точик; РДодизода (11:269, 271), Х.Шарифов (II: 277) вобаста ба шархи улуми адабй дар бораи мохияту арзиши осори забоншиносии донишмандони асримиёнаи форсу точик изхори назар кардаанд. Баъзе аз мухаккикон осори забоншиносии донишмандони алохидаи гузаштаро мавриди пажухишу баррасии илмй карор додаанд. Аз чумла рисолаи «Махорич-ул-хуруф»-и АЙалй Сино аз нигохи савтшиносй мавриди бахси донишмандон Парвиз Нотили Хонларй (1,20), В.ГАхвледиани (11,41), Т.Н.Хаскашев (11,261) карор мегирад. Баъзе андешахои забоншиносии Абалй Сино ва Насируддини Туей дар иртибот бо илми мантик. дар тадкикрти \ А.Баховудинов (11,120), М.Болтаев (11,67) тахлил шудааст. Мухакдикони забоншиноси точик В.Капранов (11:127, 128), .Раупов (11,213), Х.Ахмадов (11,44), А.М.Отахонова (11,197) ва дигарон дар бораи мохияту арзиши лексикографии фархангхои тафсирии асримиёнаи форсу точик мулохизахои судманде баён кардаанд.

Бояд гуфт, ки чанд таълифе хает, ки бевосита ба мавзуи таърихи афкори забоншиносии классикии форсу точик иртибот доранд. Ба ин катор таълифоти донишманди эронй Алиашрафи Содик,й «Илми забои дар Эрони бостон» (11,299), донишмандони точик М.НДосимова «Назаре ба истилохоти забоншиносии пешин» (11,144); Б.Камолиддинов «Як нуктаи нахв аз назари Ибни Сино» (11,125); С.Сулаймонов «Становление арабской и таджикской филосфекой терминологии» (11,249); У.Султонов «Ибни Сино ва илми забон», донишмандони озари .Содикрва, Т.Алиаскарова «Тадкикрти донишмандони Озарбойчонй дар бораи забони форси» (1,178)-ро метавон дохил кард.

Райр аз ин дар Эрон як даста таълифоте ба табъ расидааст, ки аз гузаштаи фархангу тамадуни Эрон бахс менамояд. Дар ин китобхо дар баробари илмхои гуногуни гузашта дойр ба таърихи лугатнигорй ва \ афкори забоншиносии донишмандони эрониасл низ маълумоти мухтасаре оварда мешавад (II: 285, 291, 295, 297, 300).

Ба хамин тарик,, чунон ки дида мешавад, ин масъалаи хеле мухиму душвор то хол мавзуи мустакили кори тадкикрти карор нагирифтааст.

«Агар аз саргузашти таърихии мардуми точик хулоса бароварем, - мегуяд академик М.Шакурй, бояд бигуем, ки асоси хастии миллат забон ва маънавият аст» (II: 275, 25).

Пас илме, ки забонро меомузад, асосхои дастурии онро тахия месозад, аз худи забони тадкикшаванда арзиши камтар надорад. Илми забоншиносии хар халке, миллате чи кадар инкишоф ёфта бошад, сохти дастурии он ба хамон андоза корхурдаю такмилёфта мешавад ва дар адои вазифаи чамъиятии худ ин забон имкониятхои бештар дорад. Мутаассифона, таърихи афкори забоншиносии точик, тачрибаи \ дастурнигории тоинкилобии классикии точик тадкику омухта нашудааст ва ин маъниро донишманди маъруфи илми забоншиносии точик К осимова М.Н. хеле хуб таъкид намудааст. «... Вакти он расидааст, ки гузаштаро омухта, дастраси умум гардонем ва нишон бидихем, ки дар гузашта низ илми забоншиносй бо истилохоташ (мувофики давру замонаш) мавчуд будааст ва илми забоншиносии имрузи точик дар чои хушку холи бунёд нагардидааст.» (II: 144, 35).

Афкори забоншиносии мардуми точик таърихи бештар аз хазорсола дошта, дар мархилаи аввали шаклгирии дониши забоншиносй s донишмандони гузаштаи мо аз тачриба ва мактаби забоншиносии Юнони бостон ва инд бахра гирифтаанд. Ин фикрро академик М.Шакурй низ кувват дода, аз маколаи Л.Гумилов иктибос овардааст. «То икони Бухорои садаи дах (ахди оли Сомон) аз фалсафаи Юнон ва дастовардхои зехнии хиндувон огохй доштанд» (11:275,45). Ба фикри мо, хамин огохй аз фалсафаю донишхои забоншиносии Юнони бостону инди кадим буд, ки бо истиснои шарху тавзе оти грамматикии фар ангномахои тафсирй хамаи донишмандони гузаштаи мо баррасии масоили забоншиносиро дар иртибот ба мавзуъхои мантику фалсафа анчом додаанд, аммо ин маънои онро надорад, ки онхо системаи грамматикии забонамонро вайрон ё махлут карда бошанд, баръакс хар як ходисаи забониро бо конунхои мантикй асоснок намудаанд. Ба хамин муносибат як андешаи академик М.Шакуриро овардан мехостем, ки мегуяд: «...дар мактабу мадрасаи пеш аз инкилоб грамматикаи забони форсй даре намедоданд мактабиён ва муллобачагон грамматика нахонда забон ёд мегирифтанд, аз хусни сухан ва маданияти калом бахра мебурданд. Ин аст, ки забондонй вобаста ба грамматикахонй нест, балки сабабхои дигар дорад» (II: 275, 61).

Дар ин андешаи мухтарам М.Шакурй чанд нукта аст, ки наметавон онхоро бешарх кабул кард. Якум, агар грамматика намеомухтанд, он хама бахсхо дойр ба масъалахои сарфу нахв дар донишмандон аз кучо пайдо мешуд?! Масалан, Мухаммад Закариёи Розй (865-925) бахеи тулонии марди дар илми сарфу нахв мукаммалеро бо устодаш оварда дар охир хулоса менамояд, ки «2(ар кас ки дар улуми сарфу нахв махорат дорад, кобил аст, ки ба хар саволе чавоб дихад» (11:8,25). Ба андешаи мо, грамматикаи форсиро ба сифати як дарси алохида не, балки дар заминай грамматикаи арабй меомухганд ва ин сабаб хам дошт, зеро дар байни конунхои грамматикаи арабй ва форсию точикй умумият зиёд аст. Илова бар ин аксари тадвинкунандагони аввалин дастуру грамматиками арабй донишмандони эронинажод буданд ва онхо кушише хам кардаанд, ки баъзе коидахоро ба табиати забони форсию точикй мутобик созанд. Аз ин чост ки ба асоси сарфу нахви арабй асосхои дастури забони форсию точикиро омухтан мумкин аст. Масалан, он хама колабхои калимасозие, ки донишмандони гузаштаи мо нишон додаанд, аксарашон имруз хам мустаъмаланд. Дигар ин, ки он конунхои дастурй, аз кабили изофат (музоф ва музофунилайхй, сифату мавсуф), замонхои феъл (мозй, хол, мустакбал), ифодаи фоилу мафъул, хабари чумла, воситахои алока ( арфи рабт, харфи робита, адот), иссахои нутк: исм, феъл, харф ва г. масоили грамматикаи забони форсй хам махсуб меёбанд. Аз ин ру, як омили асосии бо низому рабти мантикй сухан гуфтани тахсилдидагони мадрасахри гузашта махз огохии комили онхо аз асосхои дастури забони форсию точикй буд. Устод мегуянд, ки забондонй аз грамматикахонй нест, балки сабабхои дигар дорад, аммо, мутаассифона, он сабабхо равшан карда нашудаанд. Мо баръакс мегуем, ки забондонй (хох ба маънии сухандонию суханварй бошад, хох аз худ кардани забони модарй ё забони бегона) ба донистани асосхои дастури забон сахт алокаманд аст. Масъалаи бурро ва зебо сухан накардани баъзе ашхоси маълумоти олии филологй дошта хам натикай надонистани асосхои дастури забон ё дуруст таълим нагирифтани онхо мебошад.

Рохи тайкардаи забоншиносии форсу точик мисли худи забони форсию точикй пурпечутоб буд.

Дар замони то ислом ин забон дар сарзамини Хуросону Осиёи Миёна дар холи инкишофу густариш буд. «Забони форсии миёна, -менависад А.Саймиддинов, дар замони Сосониён дар макоми забони давлатй ва забони осори динии ин шоханшой карор дошт» (II: 227,8).

амзамон бо ин макоми воло афкори забоншиносии точик низ дар холи шаклгирй карор дошт. Аммо пас аз истилои арабхо ва хусусан, ривочу равнаки ислом ба забони форсию точикй калимаю таркиб ва иборахои забони араби бештар ворид гардида, нуфузу иктидори забони форсию точикиро то андозае заъиф кард. Вале баробари дар Эрону Хуросон ва Мовароуннахгз баркарор гардидани окимияти арабко ин равиш аз фаъолият бозмонд, зеро дар арзи дусад сол арабхо, чунон ки А.Турсунов таъкид менамояд, маънавиёти Ачамро тахти нуфузи худ карор дода, забон ва дину оинашонро ба зурй ба сари ниёгони мо (сугдиён, хоразмиён, бохтариён ва дигар кавмхои эронинажод) бор карда (дар кори идораи Хуросон ва Мовароунна р забон ва хатти араби аз соли 742 чорй шуд), пайваста осори мадании бостонии онхоро вахшиёна несту набуд сохтанд» (11:251,41). Баъдан бо cap задани чунбишу шуришхои зидди хилофат ва пайдо шудани давлатхои сулолаи Тохириён (821-873), Саффориён (873-903) ва хусусан, Сомониён (903-999) иктидори забони тоники аз нав зиёд гардида, теъдоди калимаю таркибу иборахои арабй дар ин забон хеле кам мешавад. Тава шух ба осори илмии гузашта ва эчоди асару рисолахои илмй, махсусан мураттабсозии фехрасти осори илмии гузаштагон зиёд мегардад. Пас аз пошхурии давлати Сомониён боз воридшавии калимаю истилохот ва таркиботу ибороти арабй ба забони тоники меафзояд: Айнан хамин манзараро мо дар таълимоти забоншиносии классикии форсу точик, осори илмии забоншиносии асрхои миёна низ мебинем.

Агар то давраи ислом дар Хуросону Осиёи Миёна афкори забоншиносии форсу точик дар холи акнун ташаккулёбй карор дошту дар ин замина баъзе лугатномахо ва шархи грамматики пайдо шуда бошад, пас баробари истилои арабхо он аз махрой феълиаш монда, зери таъсиру нуфузи системаи грамматикии араб карор гирифт. Ва баъзе аз донишмандоне, ки паи тадкику омузиши забони тоники машгул буданд, бахри омодасозии асосхои дастурии забони арабй ба омузишу пажухиши забони арабию системаи грамматикии вай пардохтанд. Дар ин мархила, агар забоншиносии точик заъиф гардида бошад, забоншиносии араб рушду инкишофи тоза пайдо кард, зеро ба тадкики он куввахои гайр, аз Чумла уламои форсу то ик, низ машгул шуданд.

Баробари чунбишу шуришхо бар зидди хилофати араб хамзамон бо инкишофу густариши забони тоники афкору таълимоти забоншиносии он низ ру ба пешравй меорад ва баъзе лугатномаю шарххои грамматики пайдо мешаванд. Чунончи, дар асри X аввалин лугати тоники (форси) «Рисолай Абухафси Сугдй» навишта шудааст, ки мутаасифона, то замони мо махфуз намондааст ва танхо дар лугатхои баъдина ба он ишора шуда, аз вай иктибос хам меоранд. Хамаи мухакдикони муосир, ки дар бораи ин лугат ибрози назар кардаанд, тахминан дар хамин хулосаанд, ки чунин лугате таълиф гардидааст, аммо фарханги мухтасаре буда, мах,фуз намондааст. Чунончи, донишманди эронй Шахриёри Накавй мегуяд: «Фарханги Абухафси Сугдй» дар худуди 300 хичрй навишта шуда. Ин шахсе аввалин касе аст, ки фарханге дар миёни форсизабонон ва ба забони форси таълиф кардааст. «Фарханги Абухафси Сугдй то карни II хлчрй марчаъ (чои ручуъ-Д.Х.) фархангнависон буда (11:198,10). Сохти ин лугат хеле соддаю оддй будааст, яъне калима, шархи он ва мисоле аз ягон шоир бо зикри номи у. Баъдтар лугати дигар, ки мутаассифона, он хам то замони мо нарасидааст ва дар сарчашмахо бо номи «Тафсир фй лугат-ил-фурс» ёд мешаваду онро ба шоир Ь атрони Табрезй нисбат медихднд, навишта мешавад. Дар бораи лугати дуюм, яъне «Тафсир-фй-лугат-ил-фурс»-и К атронй Табрезй, шоири хамасри у Носири Хусрав дар «Сафарнома» ва мураттибони лугатхои баъдина-Асадии Туей дар мукаддимаи «Лугати фуре» ва Мухаммад ибни индушо и Нах увонй дар мукаддимаи «Си о -ул-фурс» ишора менамоянд ва ин маълумотхо, бешубха, ба он далолат менамоянд, ки чунин як лугате таълиф шуда будааст. Бояд гуфт, ки афкор ва савияи дониши забоншиносии донишмандони ин давр то андозае аз руи хамин фархднгномахо муайян мешавад.

Рушду инкишофи афкори забоншиносии форсу точикро дар асри X ва нимаи аввали асри XI мо метавонем аз хамин чиз низ киёс намоем, ки махз дар хамин давра лугати нисбатан мукаммалтаре, ки, хушбахтона, то айёми мо расидааст, «Лугати фурс»-и Асадии Туей, рисолаи илмии «Махорич-ул-хуруф» ва «Донишнома»-и Абуалй Сино, « омеъ-ул-хикматайн»-и Носири Хусрав таълиф гардидаанд. Агар дар «Лугати фурс»-и Асадии Туей мо боигарии таркиби лугавй ва усулу равиши фархангнависии хамон даврро бинем, дар таълифоти Абуалй Синою Носири Хусрав сатхи назариявии забоншиносии форсу точ,икро дар асрхои X-XI мушохида карда метавонем.

Аз охирхои асри XI cap карда, аз як тараф, воридшавии калимаю иборахои арабй ба забони форсию тоники боз аз нав афзуда бошад, аз сумм дигар, лугатхои тафсирии мукаммал ва асархои илмии марбути забоншиносй ба майдон наомаданд. Хушбахтона, ин чараён пурра катъ нагашт ва бо такозои давр равиши дигар пайдо кард, баъзе лугатхои дузабона ба мисли «Сомй фй асомй»-и Иброхими Нишопурии Майдонй, ки фарханги арабй-форсист (соли таълиф 1104), навишта шудааст. Лугати дигар «Мукаддимат-ул-адаб»-и Замахшарй мебошад, ки лугати дузабонаи таълимии арабй-форсй буда, дар охири асри XI ва аввали асри XII навишта шуда, ба Хокими хамонвакта Отсизи Хоразмшох бахшида шудааст (11:48, 9-12). Лугати саввум «То -ул-масодир» ном дошта, лугати масдархои забони арабй бо тарчумаи форси мебошад. Дар мавриди муаллифи ин лугат акидахо гуногунанд (II: 156, 121-125).

Баъдтар, яъне соли 1220 лугати «Нисоб-ус-сибиён»-и Абунасри Фарохй лугати дузабонаи арабй-точикй бо назм навишта мешавад. Ин лугат дар Мовароуннахру Хуросон шу рати калон пайдо менамояд ва чандин шарх ба он навишта мешаванд (II: 48, 26-30).

Чунон ки аз номгуи ин чанд лугат маълум шуд, дар давоми кариб 300 сол асосан донишмандони бахши лугат ба мураттабсозии лугатхои дузабонаи арабй-форсй машгул шудаанд, зеро яке аз вазифахои уламои давр нишон додани тавоноии забони арабй, таргиби харчи бештари ин забон махсуб мешуд. Дигар ин, ки мардумони гайри араб, аз ч,умла точикон низ бояд забони арабиро аз бар мекарданд. Аксари донишмандони форсу то шк хам асархои илмии худро бо забони арабй ва ё наздик ба услуби нигориши арабй менавиштанд. Бисер шахсони бомаълумоти гайри араб худашон хавасманд буданд, ки харчи бештар ва зудтар забони арабиро азхуд кунанд, зеро хуб балад шудан бо ин забон онхоро барои ишголи мансабхои давлатй ва пайдо намудани маком имкон медод (11:264,4).

Ба хамин маънй донишманди адабиёти классикии точик А.Алимардонов дуруст таъкид менамояд, ки хануз аз нимаи дуюми асри XI шуруъ карда дар Мовароуннахр, Хуросон ва Эрон нуфузи забони арабй меафзояд ва таъсири адабиёти араб дар адабиёти форсу точик то рафт пуркувваттар мегардад. Аз ин чост, ки заминай тагироти сабки насри точикй ва таъсири услуби насри арабй дар он махз дар хамин давра гузошта шуда, минбаъд тадричан аз оммафахмй, соддагй ва беороишй дур мешавад ва ба насри мутаккалиф, рангин ва маснуъ табдил меёбад (11:37,13).

Хушбахтона, дар ахди Сомониён забони точикй ба сифати забони давлатй пазируфта мешавад. Вай дар хамаи услубхо ба фаъолият огоз менамояд ва зиёда аз ин аз чониби хукумат барои ташвику таргиби ин забон пуштибонй хам мешавад. Аз ин чост, ки дар як муддати кутох бисер асархои илмй дар бахшхои мухталиф пайдо гардида, худуди густариши забони точикй хеле васеъ хам мешавад, вале ин равиш дер давом ] намеку над.

Дар ибтидои асри XII боз услуби маснуъе бо таъсири забони арабй пайдо шуда, хеле ривоч мегирад. Ин холат ба илми забоншиносй дар ин давра бетаъсир намемонад, зеро тава у барои рушду нумуи забони точикй, лугатхои тафсирй, ки манбаъи шинохту маърифати калимаю ифодахои нозуки забони точикй ба шумор мерафтанд, кам мегарданд.

Ахли к;алам кушиш бар он мекарданд, ки нозукию илохои маънии каломи арабро бештаро бидонанд, ба ин хотир лугатхои дузабонаи арабй-точикй паихам пайдо мешаванд. Тава у ба донистану тадкик намудани асосхои дастури забони точикй низ ко иш меёбад. Тан о дар асри XIII ин равиш андаке тагир меёбад ва баъзе донишмандони фидоии форсу точик барои покии забони тоники, инкишофи минбаъдаи он хизмат карда, бо хамон услубу равняй асри X ва нимаи аввали асри XI асар таълиф менамоянд ва он анъанаро аз нав зинда месозанд. Далели барчдста дар таквияти ин фикр «Ал-муъчам»-и Шамси Е айси Розй, «Асос-ул-иктибос» ва «Меъёр-ул-ашъор»-и Насируддини Туей ма суб мешаванд.

Таълифи ин асар о дар таърихи афкори забоншиносии форсу точик накши ни оят мухим бозидаанд. Насируддини Туей бо иншои «Асос-ул-иктибос» пойдевори илми забоншиносии форсу точдікро, ки Абуалй Сино гузошта буд, боз х,ам уствор сохт. Махсусан, хизмати Шамси К айси Розй хеле калон аст. Ин донишманди беназир бо таълифи асари бемисли худ «Ал-муъчам» зарурати танзими асосхои дастури забони точикиро нишон дода, хуб ХДЇС кард, ки ахли калами амзамонаш «таклиди кудамо накунад ва дар он чй гуянд, аз чодаи дарии манг ури мутадовил удул (аз хадди муайян гузаштан Д. X.) чоиз нашмарад» (1:15,249). Вай хуб хис кард, ки агар ягон дастуре дар бораи асосхои коидах,ои сарфу нахви забони тоники набошад, ки ахли каламу эчод ба он такя кунанд, дар таълифи асар ои бадеию илмй галатхои мавчуда идома ёфта, онх о боз ам бештар мегарданд. Аз ин ру, ин донишманди мумтоз вобаста ба кофиясозй асосхои дастури забони точикиро кор карда, дар ин бобат галатхои дар навиштаи пешгузаштагону муосиронаш чойдоштаро нишон дод ва бо хамин асоси дастури забони точикиро гузошт. Аз ин чост, ки Шамси К айси Розй, барх,ац, яке аз саромадони илми забоншиносии классикии точик ва аввалин бунёдгузори дастурнависии халки мо махсуб мешавад. У бисер масъалахои марбути забоншиносиро ба тарзе шарх,у эзох, додааст, ки гуё дар асоси дастовард ои имрузаи забоншиносии точик сурат гирифта бошанд. Мо аксар истилох,оту ибороти забоншиносиро, ки Шамси І айси Розй дар «Ал-муъчам» истифодаи онхоро пешниход кардааст, дар нахустин китоби пас аз инкилоби октябр соли 1926 бо номи «Сарфу нахв» таълиф намудаи Саидризо Ализода дида метавонем. Чунончи, дар бахши сарф: исм, сифат, адад (шумора), замир(чонишин), феъл, сига, замони мозй, хол, калимоти муфрад, калимоти мураккаб, исми ом, исми зот, исми маънй, исми замону макон, исми чомеъ, исми тасгир, исми навозиш; дар бахши нахв: кофи нисбат, холати мафъул, холати изофа, мувофикдти феъл бо фоил, чумлаи исмия, чумлаи феълия (чумлаи мучаррада, чумлаи музайяна, муътариза (11:39, 98-105).

Дар асри XIII афкори забоншиносии Абуалй Сино дар асари Насируддини Туей «Асос-ул-иктибос» идомаю инкишоф дода мешавад: Мухокимаю хулосахои ин донишманд дар мавриди вожашиноей аз диди мантикй хеле кавй буда, барои инкишофу тахаввули илми лексикология ва семасиологияи форсу точик дар аерхои миёна такони мухим ба шумор мерафт, зеро мухаккик мохияти калимаро аз руи он маъное муайян мекунад, ки дар муносибат ба хакикати вокей фаро гирифта шудааст. Дар «Асос-ул-иктибос»-и Насируддини Туей дойр ба вохидхои нахв-ибораю чумла низ кайду ишорахои муфид дида мешавад.

Дар асри XIV хамон анъанаи забоншиноей, яъне, аз як тараф, таълифи фархангномахо, аз тарафи дигар, эчоди асархои илмй дойр ба бахшхои гуногуни забоншиноей идома меёбад. Дар ин давра ду лугати муътабар ба майдон омад, ки тавассути онхо анъанаи фархангнависие, ки кариб 300 сол катъ шуда буд, аз нав зинда гардид. Яке аз ин лугатхо «Сихох-ал-фурс»-и Мухаммад ибни ХИНДУШ0ХИ Нахчувонй аст, ки соли 1340 таълиф шудааст. Ин лугат баъд аз «Лугати фурс»-и Асадии Туей ] дуввумин фарханги тафсирии точикй аст, ки то замони мо расидааст. Дигар фарханги «Меъёри амолй»-и Шамси Фахрй аст, ки соли 13 навишта шудааст. Бояд гуфт, ки хар ду лугат дар пайравй бо «Лугати фурс»-и Асадии Туей таълиф шудаанд.

Дар ин давра оид ба масъалахои назарии илми забоншиноей ду асари мухим навишта мешавад, ки афкори забоншиносии асри XIV-po нишон медиханд: яке асари донишманди фозилу тавонои форсизабони инд Амир Хусрави Дехлавй «Расоил-ул-эъ оз», ки ба масъалахои сабку услуби нигориш бахшида шудааст, дигаре асари Шамсиддин Мухаммад ибни Махмуди Омули «Нафоис ул-фунун фй ароис ил-уюн», ки дар бораи гурухбандии. улум бахс карда, оид ба хар кадоме аз бахнгхои забоншиноей маълумоти назарии муфиде меорад. Дар охири асри XIV донишманди дигаре, ки дар таргибу ташвик. ва таълими бахшхои улуми забоншиносии форсу тошж хизмати арзанда кардааст, Масъуд ибни Умари Тафтазонй мебошад. Ин марди фозил тамоми хаёташро ба тадриси илмхои сарфу нахв дар мадрасахо бахшидааст (1:7,19).

Дар асри )CV дар илми забоншиносии тошж асосан хамон донингхои пештара пайгирй шуда ва идома дода мешавад.

Дар бахши фархангнигорй соли 1473 фарханги «Шарафнома»-и Ахмади Мунйарй, ки бо номи «Фарханги иброхимй» низ машхур аст, ба \ табъ мерасад. Райр аз ин то асри XV якчанд лугати дузабона хам ба мисли «Мухаззиб-ал-асмо»-и Махмуд ибни Мансур ал-крзй аз-Занчрї (асри XIII) «Сурох-мин сихох»-и Абулфазл алолиддин Мухаммад ибни Умар ибни Халиди Ь аРшй (асри XIII), «Силки ч авохир»-и Анкурй мутахаллис ба амид (асри XIV), «Канзл-ул-лугат»-и Мухаммад ибни Абдул Холики Маъруф (асри XV) навишта шудааст (II: 48, 33-39).

Дар асри XV мо идомаи анъанаи шархи дастурии масоили забони то икиро дар «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Атоуллох Махмуди усайнй (1:7)

мебинем, ки дар диссертасия фасли алохида дар иртибот бо ин мавзуъ бахшида шудааст.

Ин донишманди улуми адабй мисли Шамси К айси Розй бисер масъалахои дастури забони точикиро вобаста ба санъатхои бадей шарх \ додааст, ки имруз хам аз манфиат холй нестанд.

Дар бахши грамматика (сарфу нах$) асари мухиме аз тарафи мутафаккири барчастаи точик Мавлоно Абдурахмони омй бо номи «Фавоиди Зиёия» навишта мешавад (1:21). Ин асар ба сифати китоби дарсй дар хамаи мадрасахои он замон ва то Инкилоби Октябр (асри XX) омухта мешуд. «Фавоиди зиёия» харчанд аз дид илмй хеле пурмухтаво ва кавй бошад хам, мутаассифона, шархи сарфу нахви арабй буда, бо забони арабй навишта шудааст ва аз нигохи сабки нигориш хеле душвор аст. «Фавоиди Зиёия» ба афкори забоншиносии классикии точик таъсири калон \ расонидааст.

Мо чамъбасти афкори забоншиносии асримиёнагии точикро то андозае дар дастури «Чах,ор гулзор»-и Хоча Хасани Нисорй мебинем. Ин донишманди тавоно асосхои дастури забони точикиро кушиш намудааст, ки дар чорчубаи фарогири асолати забони точикй ба таври мушаххас нишон дихад.

Агар дар асри X умдатарин масъалахои назариявии асосхои грамматикаи забони точикиро Абуалй Сино ва бунёди асосхои дастури онро дар асри XIII Шамси Ьуайси Розй гузошта бошад, дар асри XVI Хоча \ Хасани Нисорй ин тачрибаро бо тамоми хунар чамъбаст кардааст. ои таассуфи бисер аст, ки ин андешахои забоншиносии донишмандони гузаштаи точик аз мадди назар дур мондааст ва гайр аз баъзе кайду ишорахои мухтасар дар ин боб таълифоти алохидаи чиддие ба майдон наомадааст. амчунин аз андешаю тачрибаи онхо дар тахияи дастуру китобхои дарсй ва таълифи асархои забоншиносй истифода нашудааст. Дол он ки дар системаи филологияи Шарк. шархи аксари масъалахои улуми адабй ва бахшхои чудогонаи он ба асоси конунхои забоншиносй сурат гирифтааст. Академик И.Ю. Крачковский бархак. таъкид намудааст, ки «поэтикаи араб дар ибтидо ба асоси принсипхои лингвистй бунёд ёфтааст» (11:140,361). Вокеан, ин равиш дар таърихи шаклгирй ва тахаввули.арузи точик низ мушохида мешавад. Ба назари мо, сабаби асосии ба афкори забоншиносии тузашта таваччухи хос зохир \ накардани забоншиносони муосир дастраси онхо набудани осори илмии он донишмандон мебошад. 5 оло ки шароити мусоид фарохам омадааст ва бо кушишу захмати шаркшиносони ватанию хоричй осори гаронбахои илмии гузашта бо хуруфи арабй ва русй ба табъ расида истодааст, омухтану тахк,ик кардани афкори забоншиносии гузаштаи точик яке аз вазифахои мухиму таъхирнопазири забоншиносии муосири точик махсуб меёбад.

Ичрои ин вазифа имкон медихад, ки то андозае таърихи шаклгирии афкори забоншиносии точик, даврахои рушди он равшан гардида, накши \ ин афкор дар эроншиносй ва умуман филологияи Шарк. муайян карда шавад.

Актуалнокии мавзуь, пеш аз хама дар ин аст, ки тадкики проблемаи ташаккулу тахаввули афкори забоншиносии точик дар асрхои миёна имкон медихад, ки мо бунёду асолати забоншиносиамонро бидонем. Ба хамин максад дар диссертатсия мушохида, к,айду ишора ва тавзехоти бевоситаи ба афкори забоншиносии точик марбути донишмандони гузаштаи форсу точик тахлилу мукриса карда шудааст. Дар равиши тадкик, ба таърихи пайдоишу шаклгирии баъзе нуктахои назар ва мачмуи проблемахои назарй дахл карда шуд. Аз ин ру, омузишу тадк,ик,и афкори забоншиносии точик ба таълифоти осори илмии донишмандони алохидаи асримиёна сахт алокаманд мебошад.

Яке аз масъалахри асосие, ки дар диссертатсия ба он эътибори чиддй \ дода шудааст, ин даврабандии ташаккулу тахаввули афкори забоншиносии асримиёнаи то ик, тахлили системавии ин афкор ва нишон додани макоми донишмандони алохида дар устувор гардидани таълимоти грамматикию лугавии форсу то шк мебошад.

Дар цараёш омузишу тадкики ин проблема маълум гардид, ки забони тоники анъанаи грамматикии худро дошта, бунёди он ба даврахои хеле кадим мерасад.

Дар мардуми то шк мисли бисер халкдои кишвархои Аврупои гарби, Шарки наздик ва Осиёи Миёна илми забоншиносй асосан дар заминай мактабхои фалсафй шакл гирифтааст.

Дар зинаи аввал афкори забоншиносии форсу то ик дар асоси дастовардхои анъанаи забоншиносии юнониву лотинй шакл гирифтааст. Пайдоиш ва шаклгирии афкори грамматикии юнониву лотинй ба номи файласуфи Юнони бостон Арасту сахт ало:каманд аст. Осори фалсафии Абуалй Сино, Носири Хусрав ва Насируддини Туей барин донишмандони гузаштаи то ик аз диди забоншиносй арзиши баланд пайдо карда, дар ташаккул ва тахаввули афкори забоншиносии то ик роли калон бозидаанд. Бояд таъкид кард, ки философхои Юнони кадим, махсусан Арасту, ба чахонбинии фалсафии Абуалй Сино ва дигар пайравони у таъсири зиёде расонидаанд. Ин донишмандони форсу то ик дар шархи бисер масъалахои забоншиносй назари Арастуро ёдрас шуда, ба он такя кардаанд.

Чунон ки маълум аст, пас аз забти сарзамини Эрону Хуросон ва Мовароуннахр аз тарафи арабхо дар он каламрав ходисаи дузабонй (забони арабию томики) пайдо мешавад, ки таъсири худро дар тадкику тахлили илмхои гуногун, аз чумла, забоншиносй низ мегузорад. Бисер шахсиятхои гайриараб аз гумла, форсхову то икон, ки дар риштаи илми забоншиносй машгули тадкик буданд, ба зудй каломи арабиро аз худ .

карда, пажухиши хешро бо ин забон идома доданд. Мутарчими китоби «Мафотех-ул-улум»-и Котиби Хоразмй дар пешгуфтори ин асар дуруст менигорад: «Тадвини илми сарф, нахв ва танзими улуми маонй ва баён ва бадеъ ва аруз ва дигар мабохиси адабй авалин гоме буд, ки тавассути тоза мусулмонони гайриараб бардошта шуд ва рохи омухтани ин забонро барои миллатхои мусулмоншуда хамвор кард, ба гузашти камтар аз як карн бештари хушмандони миллатхои мусулмоншуда ба забони тозй комилан ошно шуданд ва ба ин забон ба мутолиа ва таджик, пардохтанд. (1:24,4). Аз хамин давра шуруь гардида, таълимоти забоншиносии форсу точик дар зери таъсиру нуфузи системаи грамматикии араб мемонад ва ин таъсир дар тули чандин аср идома меёбад. Хушбахтона, дар хамин гуна шароит хамзамон бо системаи грамматикии араб баъзе аз чехрахои тобони илму тамаддуни асри миёнаи форсу точик кушиш кардаанд, ки бисер масъалахои мубраму печидаи забоншиносии точикро дар асоси асолати таърихии забони точикй шарх диханд ва таълимоти грамматикию лугавии точикро ба система дароранд.

Актуалнокии диссертатсияи мазкур боз дар он аст, ки мо саъй намудем, ки шаклгирии системаи грамматики ва лугавии забони точикиро ба асоси осори илмии донишмандони асримиёна нишон дихем. Ахамияти актуалии ин тадкикот аз чихати амалия дар он аст, ки натичахои ба дастоварда имкон медиханд, ки дар таълифи грамматикаи илмй ва дастурхои забони точикй тачдиди назар карда шавад. Ва чунон ки М.Н.К осимова таъкид менамояд «Таърихи забоншиносии точик хеле кадимй буда, мутаассифона, то хол ба таври бояду шояд мавриди тахк;щу тадкик. карор нагирифтааст.» (II: 143,1).

Максаду вазифахои тадкикот аз он иборат аст, ки муаллиф бар асоси осори фалсафй, забоншиносй ва адабиётшиносии як идда донишмандони асри миёна, хамчунин фархангномахо асосу бунёди ташаккулу тахаввули афкори забоншиносии точикро равшан созад. Аз хамин нуктаи назар дар тадкикрти мазкур ба арзишу мухтавои осори илмии марбути забоншиносии донишмандони асримиёна бахо дода шуда, гохр андешахои онхо аз назари танк,идй баррасй шудааст. Ба хамин хотир дар диссертатсия ба халли вазифахои зерин дикдат дода шудааст:

- муоинаю мукрисаи системаи грамматикии араб ва нишон додани накшу таъсири он ба таълимоти грамматикию лугавии забоншиносии точик;

- муайян кардани омилхри забоншиносй ва гайризабоншиносй дар ташаккулу тахаввули афкори забоншиносии точйк;

- нишон додани равиши шаклгирй ва даврахои тахавули афкори забоншиносии точик;

- тадкики сарчашмахои фалсафй, мантикй, назмшиносй, асархои энсиклопедй ва шарххои грамматикии асримиёнагй, ки дар онхо афкор ва назари забоншиносии донишмандони асри миёнаи точик то андозае инъикос ёфтаанд;

- муайян кардани сахми Абуалй Сино ва пайравони у (Насируддини Туей ва Носири Хусрав) дар устувор гардидани чанбаи назариявии забоншиносии асримиёнаи точик;

- мукаррар кардани бахшхои забоншиносй: фонетика (илми хуруф), лексикология (илми лугат); морфология (илми сарф ё тасриф); калимасозй (илми иштикрк,); синтаксис (илми нахв) дар асоси таълифоти донишмандон - забоншиносони асримиёна ва мукрисаи онхо бо забоншиносии муосири точик;

- муайян намудани сахми донишманди тавоно Хоча асани Нисорй дар инкишофи бахшхои забоншиносй ва шаклгирии асосхои дастури забони точикй.

Навигархои илмии диссертатсия, пені аз хама дар он аст, ки дар забоншиносии муосири точик бори аввал ба таври объективона ва муфассал таърихи афкори забоншиносии точйк ва ташаккулу тахаввули он мавриди тадкику тахкик. карор дода шудааст.

Дар диссертатсия таъкид мешавад, ки инкишофи афкори забоншиносии точикро бояд дар алока бо вазъи забони адабй ва хаёти мадании ин халк. дар хамон давраи таърихи омухт.

Афкори забоншиносии точик хануз то истилои арабхо маълум буд, аммо дар ин бобат таълифоти мушаххаси бунёдй дастрас нест.

Пас аз он ки хокимияти сиёсии хулафои араб ру ба таназзул овард ва забони точикй хамчун забони расмии давлатй шинохта шуд, бо ин забон таълифи осори бадей, илмй ва динй огоз гардид. Махз аз хамин давра cap карда донишхои назариявщі забоншиносии форсу точик низ оид ба чанбахои забони точикй пайдо шуданд.

Омузишу тахкики асархои илмии донишмандон - забоншиносони асримиёна, нишон дод, ки Абуалй Сино ба таълимоту назарияи мантикии худ бунёдй назариявии забоншиносии точикро гузоштааст.

Дар диссертатсия бори аввал ба таври чомеъ афкору назари забоншиносии Абуалй Сино шарху тавзех дода мешавад. Муаллиф исбот менамояд, ки Абуалй Сино як катор масъалахои бевосита ба илмй забоншиносй алокадорро, ки объекти омузиши манти нестанд, шар додааст, вале дар хамин холат хам барои у мантик, илмй муайянкунандаи афкори забоншиносиаш махсуб мешавад. Ба назари мо, аз мавкеи илмй мантик; ба тахлили к;онунхои забоншиносй наздик шудани у аз он чихат аст, ки Абуалй Сино омузишу азбаркунии конунхои забонро ибтидои маърифати инсонй медонад ва таъкид менамояд: «Дар мартабаи аввал бояд Рууръонро биёмузанд ва нишонахои динро ба у (ба донишомуз - Д.Х.) талкин кунанд ва усулу конунхои забонро таълим намоянд» (II: 1,25).

Ин консепсия дар назарияи забоншиносии Абуалй Сино, ба фикри мо, аз фахмишу таълимоти Абунасри Форобй (870-950) маншаъ гирифтааст. Абунасри Форобй дар гурухбандии илмхо макоми аввалро ба илми забон медихад. «Ман - мегуяд у - муътакидам бар он, ки аз хамаи илмхо дида илми забон дар чои аввал меистод, зеро вай ба ашёхо ном медихад» (II: 99,161).

Дар диссертатсия нишон дода мешавад, ки дар таърихи забоншиносии форсу точик асосхои грамматикаи забони тоники бо кадом роху тарив; шакл гирифтааст. Аз нимаи дуюми асри XI ва авали асри XII тамоюли назариявию амалии забоншиносии форсу точик бештар цувват гирифт. Зеро то ин дам дар илми забоншиносии форсу точик ягон рисола ё дастури алохидае ба забони тоники таълиф нагардида буд, ки аз он дар таълифи китобу рисолахо ахли калам аз вай бахра гиранд ва дурустию нодурустии нигориши худро маълум кунанд. Аз ин ру, дар ин самт асари Шамси Ь айси Розй «Ал-муьчам» макоми мухим дошта, муаллифи он, бешубха, асосгузори таълифи асосхои дастури забони тоники махсуб мешавад.

Навигарии дигари тадкикот ин аст, ки дар диссертатсия бори нахуст муфассалу асоснок хизмати донишмандон, - забоншиносони асримиёнаи форсу точик, дар боби калимасозй ва устувор гардидани ин бахши грамматика нишон дода мешавад. Дар ин бобат махсусан, дастовардхои Шамси Ь айсй Розй, Атоуллох Махмуди усайнй ва Хоча Хасани Нисорй таъкид карда мешавад.

Дар илми филологияи точик бори аввал афкори забоншиносии Хоча Хасани Нисорй дар диссертатсия тахлил гардида, худи у ба сифати чамъбасткунандаи тачрибаи дастурнависии асримиёнаи точик муаррифй шудааст. Дар асоси мукриса ва тафтиши осори илмии гузашта мо ба чунин натича расидем, ки «Чахор гулзор»-и Хоча асани Нисорй то таълифи «Матлаъ-ул-улум ва мачмаъ-ул-фунун»-и Вочидалии Мучмалй (соли таълиф 1845-46) чун дастури таълимии нисбатан комиле аз асосхои грамматикам забони точикй хизмат кардааст. Махз Хоча асани Нисорй асосхои дастури забони точикиро бо назардошти мохияти таълимй, тарбиявй ва психологи инкишоф дод.

Диссертатсия дар асоси методи таърихй-мукрисавии забоншиносй навишта шудааст. Дар равиши тахдики мавзуъ ба холати таърихй, анъанаи классикии омузишу пажухиши он ва долати имрузаи проблемам мазкур дицкат дода шуд. Муаллиф хангоми ковишу тадкики худ аз дастовардхои методологии забоншиносони маъруф В.В.Виноградов, А.А.Реформатский, О.С.Ахманова, В.А.Звегинцев, Ф.Гиргас, В.Т.Берёзин, М.Н.Боголюбов, Г. М.Габучян, С.И.Баевский, В.Г.Ахвеледиани, В.А.Ливщиц, Ю.А.Рубинчик, Л.С.Пейсиков, В.С.Расторгуева, Д.Т.Точиев, М.НДосимова, Д.Саймуддинов, Т.Н.Хаскашев, Ш.Рустамов, Ф.Зикриёев, .Мачидов, С.Сулаймонов ва дигарон истифода кардааст.

Манбай тадкики диссертатсияи мазкур осори илмии донишмандони асримиёна, аз чумла: «Донишнома» ва «Махорич -ул-хуруф»-и Абуалй Сино, «Зод ул-мусофирин» ва « омеъ-ул-хикматайн»-и Носири Хусрав, «Асос-ул-иктибос»-и Насируддини Туей, «Ал-муъчам»-и Шамси Б айси Розй, «Нафоис-ул-фунун»-и Махмуди Омули, «Алфавоид аз-Зийайиа фи шарх ал кафия»-и Абдурахмони Цошй, «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Атоулло Махмуди усайнй, «Чахор гулзор»-и Хоча асани Нисорй мебошанд. амчунин аз як даста фархангномаю рисолахои ба гурухбандии улум бахшидаи донишмандони асримиёна истифода шуд.

Ахамияти амалии рисола иборат аз он аст, ки мавод ва натичахои тадкикот, пеш аз хама, барои омухтану шинохтани таърихй тамаддуни эронй, хусусан, фахмидани таърихй афкори забоншиносии точик хизмат хохад кард. Натичахои ин тадкикотро дар оянда метавон дар таълимй курской ихтисос оид ба «Таърихи ташаккулу тахаввули афкори забоншиносии точик», «Донишмандони асримиёна дар бораи илми нах,в», «Аз таърихи тачрибаи дастурнигории забони тоники», «Хоча З асани Нисорй дар бораи системаи феъли забони тоники», «Забони тоники ва асолати калимасозии он» истифода кард.

Андешахои Насируддини Туей дар бораи алокаи дохилии гурухдои семантикии калимахо дар таълими бахши лексикологияи забони точикй ахамияти мухими амалй дорад. Нихоят, натичахои тадкикоти мазкур, ки аз осори илмии донишмандон - забоншиносони асримиёнаи форсу точик, ба даст омадаанд, дар тачдиди назар гардидани грамматикаи академики, китобхои дарсии мактабхои олию миёна ба сифати асосу манбаъ истифода хоханд шуд.

Похожие диссертации на Таджикская лингвистическая мысль X-XVI вв.