Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Категория вежливости в таджикском языке Бободжонова Бунафша Шарофиддиновна

Категория вежливости в таджикском языке
<
Категория вежливости в таджикском языке Категория вежливости в таджикском языке Категория вежливости в таджикском языке Категория вежливости в таджикском языке Категория вежливости в таджикском языке
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Бободжонова Бунафша Шарофиддиновна. Категория вежливости в таджикском языке : диссертация ... кандидата филологических наук : 10.02.22.- Душанбе, 2001.- 150 с.: ил. РГБ ОД, 61 02-10/447-7

Содержание к диссертации

Введение

Мукаддима 3-25

Боби якум Ифодаи лугавии эхтиром 26 - 57

Боби дуюм Ифодаи сарфии эхтиром 58 - 77

Боби сеюм Ифодаи нахвии эхтиром 78-132

Хулосахо 133 - 141

Фехрасти адабиёти илми ва маъхаз 142 — 150

Адабиёти илми 142 - 145

Адабиёти бадей ва матбуот 148 - 150

Боби якум Ифодаи лугавии эхтиром

Категориям эхтиром махз дар забон ва ба воситаи забон ифода мешавад, чунки забон воситаи ягонаи муомилаву муошират ва ифодаи фикри аъзои чамъият аст. Фикр пеш аз хама ба воситаи калимаву ибора ва чумла баён карда мешавад, бинобар ин таркиби лугавй ва сохти дастурии забон рукнхои асосии забон ба шумор меравад.

Таркиби лугавй дар сохтмони забон ба сифати масолех хидмат менамояд, ин хидмат ба туфайли дастури забон амалй мегардад. Бинобар ин нутки мо аз вохидхои чудогонаи забон — калима ва чумла иборат мебошад. Таркиби лугавии забон, ки хамаи калимахои забонро фаро мегирад, ба чанд гурухи калону хурд чудо мешавад. Як гурухи онро дар забони точикй калимахое ташкил медиханд, ки хурмату эхтиромро мефахмонанд.

Маълум аст, ки хамаи калимахо аз лихози ифодаи маъно дар як поя намеистанд, бинобар ин онхоро пеш аз хама ба ду гурухи калон чудо кардаанд: 1) калимахои мустакил: 2)калимахои ёридиханда. Калимахое, ки эхтиромро ифода менамоянд, ба гурухи якум нисбат доранд. Ин масьала дар забоншиносии умумй васеътар баррасй гардида бошад хам, дар забоншиносии точик бевосита сурат нагирифтааст. Забоншиносони мо ба ин масъала дар омади сухан маълумот додаанд. Зиёда аз ин дар забоншиносии точик роххои ифодаи эхтиром бевосита мавриди тахкик карор нагирифтааст. Ва хол он ки роххои ифодаи эхтиромро мушаххас нишон надо да, аз воситахои ифодаи эхтиром сухан рондан душвор аст.

Чунон ки ишора шуд, роххои ифодаи эхтиром дар забони точикй гуногун аст. Мухимтарини ин роххо тарзи лугавии ифодаи эхтиром ба шумор меравад. Калимахои ифодакунандаи эхтиром аз лихози мансубияти лутавию дастури пащ хиссаи нуткро фаро мегиранд: исм, сифат, чонишин. феъл. зарф.

ИСМ

Дар ифодаи эхтиром мавкеи асосиро исм ишгол менамояд, чунки исм хиссаи калонтарини нутк ба шумор меравад, кисми бузурги таркиби лугавии забонро ташкил медихад, сифат ва чонишин махз ба шарофати исм арзи хастй мекунанд, амал бошад, бе исм вучуд надорад.

Исмхои ифодакунандаи эхтиром мисли аксарияти калимахо сермаъноянд, маънои эхтиромии онхо дар чумла равшантар зохир мешавад.

Исмхое, ки эхтиромро ифода мекунанд, ба чанд гурухи калон гаксим мешаванд.

I. Исмхои ифодакунандаи унвон. мартаба. дарача. насаб, лакаб. тахаллус. Ба ин гурух, калима ва иборах ои истилохии зерин дохил мешаванд: аллома, домулло. устод, омузгор, муаллим, мударрис. пайгамбар, офаридгор. хазрат. мавлоно. мавлави, имом. мулло, шайх. хоча, номзади илм. дотсент. доктори илм. профессор. академик, арбоб, арбоби илм. арбоби санъат. ходими шоиста. Кахрамони Точикистон.

Дар ин гурух чойи махсусро калимаи устод ишгол менамояд. Масалан, дар чумлаи "Устод Айнй дар муайян намудани мак,оми устод Рудаки дар адабиёти классикии форсу точик хидмати шоиста намудааст" (81,156) исми устод муносибати эхтиромонаи . со ибсуханро ба ду шахсияти бузурги таърихй: сардафтари адабиёти классикии форсу точик Абу Абдулло Рудаки ва асосгузори адабиёти муосири точик Садриддин Айнй ифода намудааст.

Вокеан ин ду нафарро шахсиятхри шинохта устод меноманд. Ва ин бесабаб нест. Онхо ба ин унвони олй ба туфайли хидмати содикона ва кахрамонона ба халку Ватан, донишу маърифат ва эчодкорй мушарраф гардидаанд. Устод Мирзо Турсунзода ба хамин муносибат гуфтаанд:

Шараф чизи тачовузнопазир аст,

Хар он кас, ки шараф дорад, кабир аст (116,119).

Чунон ки дар ин шохбайт ифода шудааст, калимаи устод бо калимахри кабир ва бошараф нисбате пайдо кардааст, яъне ба мартабаи устоди касе расида метавонад, ки бо хидмати содикона ба он сифатхо ноил гардида бошад. Барои ба ин сифатхо ноил гардидан ва ба мартабаи устоди расидан хамаи зинахои одобу эхтиромро бояд тай намуд. Яке аз шартхои ба устоди расиданро худи устодон чунин фармудаанд:

Ба шогирдй хар он, ки шод гардад, Шавад рузе, ки худ устод гардад.

Хонандагони мухтарами ин навиштахо шогирдии устод Рудакиро дар касби камоли шоири, мутриби ва хофизи нахонда бошанд хам, шогирдии устод Айниро дар ин чдбхд аз осори гаронбахои у, махсусан аз Ёддоштхо хондагистанд. Оре, ба мартабаи устоди расидан кори сахлу осон нест, мисли устод Айнй ба хамаи душворихр, пастиву баландихо тоб овардан ва аз имтихони таърих сарбаландона гузаштан лозим аст. Устод Рудаки чй хуб гуфтааст:

Хар ки н-омухт аз гузашти рузгор, Х,еч н-омузад зи хен омузгор (108,315).

Дар ин байти пурхикмати устод Рудакй ду устоди дигар номбар шудааст, ки яке бо калимаи омузгор ва дигаре бо ибораи гузашти рузгор- яъне таърих ифода гардидааст. Инак, устод дар хамин лахза хам ба мадади шогирдй навкалам меояд ва ба забони х.ол мефах,монад, ки калимаи ифодакунандаи эхтиром - устод сермаъност ва дарёфти он маънохр барои расидан ба умки мавзуи категориям эхтиром мусоидат менамояд.

Модом ки калимаи омузгор муродифи устод бошад, пас калимаи муаллим низ муродифи устод аст. Ин хулосаро хамин холат низ шаходат медахад, ки дар тамоми зинахои омузиш, яъне аз мактаби ибтидой то хафтсолаву миёна ва олй омузгоронро муаллим ва устод мегуянд. Ин се калима дар баробари ифодаи маънои шугли таълим эхтиромро низ ифода мекунанд.

Маънои эхтиромро ифода намудани калимахои устод ва муаллим дар лахзахое равшантар зохир мегардад, ки мардум на танхо ба омузгорони мактабу Мадраса ва омузишгоху донишгоххо, балки ба хдма шахсони муътабар ва сохибэхтиром бо ин калимахо мурочиат менамоянд. Дар аксарияти ин гуна мавридхо калимаи мурочиатии устод ва муаллим хам шахси мурочиатшаванда ва хам эхтироми мурочиаткунандаро ба он шахе ифода менамояд.:

Одил аз раиси мачлис пурсид:

- Муаллим, ман кай ба назди онхо равам? (109,1985,№9,209).

Аз силсилаи муродифоти эхтиромии устод, муаллим ва омузгор калимаи муаллим серистеъмол аст. Имруз онро барои эхтиром дар хамаи мавридхо истифода мекунанд. Калимаи устод нисбат ба калимаи муаллим камистеъмол аст, чунки мартабаи он баландтар аст. Дар калимаи устод маънои луговий он хамеша риоя мешавад. Машхуртарини он маънихо рохбар, рахнамо. сохибшогирд аст.

- Салимчон, устоди шумо кист?

- Домулло Хдсанзода. (109, 1985,№9, 211).

Дар ин муколама калимаи устод ба маънии аслии худ, вале калимаи домулло ба маънии эхтиром омадааст. Дар ин маврид калимаи домулло бо калимахои устод ва муаллим хамчун муродиф вокеъ гардидааст. Хдминро хам бояд гуфт, ки дар мактаби кухна муаллимро асосан "домулло" мегуфтанд:

Домуллои мактаб ба падари Ахмад-махдум фахмондааст, ки писари вай дар забонаш лакнат дорад, дар вакти ran задан ва хондан забонаш мегирад ва агар Куръонро хифз кунад, кории бад намешавад(79,30). Вале имруз на хар муаллим ва устодро домулло мегуянд. Мо медонем, ки хамаи омузгорони хурду калони донишгохро муаллим ва устод мегуфтанду мегуянд ва ба онхо бо ин калимахо мурочиат мекунанд, вале танхо чанд нафарро ба унвони домулло сазовор донистаанд, аз чумла академики забоншинос Бобочрн Ниёзмухаммадов ва академики адабиётшинос Абдулганй Мирзоев. Ба онхо хама, хатто, устодон домулло гуфта мурочиат мекарданд. Маълум шуд, ки ин ду нафар устоди устодон, муаллифи китобхои дарсй будаанд, ба муаллимону устодон даре гуфтаанд, ба дарачаи баланди илму устоди расидаанд. Вале хамон домуллохо низ Рудаки ва Айниро бо унвони устод ном мебаранд: Халки точик бо устод Рудаки ва устод Айни барин фарзандони фарзонааш ифтихор мекунад (86,83).

Ва аз хама ибратангезтараш ин аст, ки устод Айни сардафтари адабиёти классикии форсу точикро устод Рудаки мегуяд: "Яке аз мусикачиёни кддимии халки точик, ки хазор сол пеш аз замони мо дар санъати точик корхри намоён ва номурданй кардааст ва таърихи чахон то хол номи уро бо эхтиром ёд мекунад, устод Рудаки аст. Устод Рудаки. ки хазор сол пеш аз ин забони адабии точик ва адабиёти классикии точикро ба авчи аъло расонида, то имруз номи устодии худро дар адабиёти умуми форсизабонони чахрн нигох доштааст, дар навбати аввал мутриб, созанда буд" (5,402).

Боби дуюм Ифодаи сарфии эхтиром

Унсури асосии ифодаи сарфии эхтиром бандак ба шумор меравад. Маълум аст, ки бандакхо аз вандхр ба куллй фарк мекунанд, вале тачриба нишон медихад, ки гохо онхоро ба хам омехта месозанд. Бандак аз ванд бо он фарк мекунад, ки вазифаи соф дастуриро адо менамояд, вале ванд унсури калимасоз буда, дар сохтани вохидхои л тавй ширкат меварзад. Маълум аст, ки на хамаи вандхо калимасозанд. Вандхои шаклсоз аз бандакхо бо он фарк мекунанд, ки онхо дар робитаи калимахо ширкат намеварзанд, балки дарача, камиву зиёдй ва ё хурдиву бузургии аломат ва холатро мефахмонанд.

Бандакхо сермаъно ва сервазифа буда, шинохтан ва донистани онхо ба омузиш ва хазми категорияхри дастурй, пені аз хама сарфй, ахамияти калон дорад, онхоро хазм накарда, муайян намудани вазифахояшон дар тахкики категорияи эхтиром душвор, балки номумкин аст.

Бандакхо дар забони точикй ба се гурух таксим мешаванд: а) бандакчонишинхо, б) бандакхои феълй, в) бандакхои хабарй. Хдр сей ин гуруххо ба замми вазифаи асосиашон дар ифодаи категорияи эхтиром низ истифода мешаванд. Албатта, ба ичрои ин вазифа на хамаи бандакхову бандакчонишинхо кодиранд.

Бандакчонишинхо

Дар китобхои дарсй ва рисолахои илмй ба маънои эхтирому хоксорй ома дани бандакчонишинхо зикр нашудааст, чунки ин вазифаро ба чонишинхои шахсй нисбат додаанд.

Дуруст аст, ки бандакчонишин ба чонишин бевосита алокаманд буда, дар аксар маврид вазифаи онро адо менамояд. Аммо чонишин ва бандакчонишинро дар як катор гузошта, хамаи вазифахои онро ба чонишин як донистан сахех нест, зеро чонишин ва бандакчонишин категорияхои гуногун буда, хар кадом хусусиятхои ба худ хос низ доранд. Бандакчонишин бар хилофи чонишин категорияи дастурй ба шумор меравад, вай бар хилофи хиссахои мустакили нутк ба вазифаи аъзои чумла намеояд, хатто мисли аъзои ёридихандаи нутк алохида истифода намешавад. Вай вохиди дастурй ба шумор меравад. Аз ин дидгох дар фасли алохида, зери сарлавхаи "Бандакчонишинхои шахсй-сохибй" (19,94-95) баррасй шудани он сахех наменамояд. Аммо дар китобхои дарсй, аз чумла дар китоби дарсй барои мактабхои олй, аз ягонагии чонишину бандакчонишин сухан рафта бошад хам, аз тафовути онхо чизе гуфта нашудааст. Ин норасой дар грамматикаи академики як андоза ислох гардидааст. Он чо, аз чумла дар банди бандакчонишини -атон омадааст: "Ин бандакчонишин шахси дуюми чамъро мефахмонад, аз руйи маъно бо чонишини шумо муродиф мебошад. Вай бо хиссахои гуногуни нутк васл шуда, сохибият, таъинот ва таъкидро ифода мекунад:

Бояд гандуматон панч ман меомад" (17, 162).

Чунон ки мебинем, дар ин чо бандакчонишин танхо аз лихози маъно муродифи чонишин дониста шудааст. Ба хама маълум аст, ки вохидхои муродифи на дар хама маврид чойи якдигарро мегаранду вазифаи якдигарро ичро менамоянд. Аз ин чихат таърифи грамматикаи академики ба назар мукаммалтар менамояд: "Бандакчонишинхои шахсй-сохибй хам маънои семантики доранд ва хам маънои грамматики, онхо сохибият ва хам шахсро далолат мекунанд.

Бандакчонишинхои шахсй-сохибй категорияи шумора доранд. Категорияи шумора бар хилофи чонишинхои шахсй дар шаклхои энклитикии онхо бо рохи грамматики ифода мешавад. Бандакчонишинхои шахсй-сохибй алохида истеъмол намешаванд, балки мисли суффиксхо ба калима васл мешаванд"(17, 161).

Ба назари мо, дар хар ду китоб чанд носахехй рох, ёфтааст, ки зикр ва ба мухокимаи ахди илм пешниход намудани онхо аз ахамият холи нест.

Маводи гардовардаи мо шаходат медихад, ки вазифаи бандакчонишинхо бо ифодаи маънои шахс ва сохиябият махдуд намешавад, доираи онхо васеътар менамояд. Агар гараз аз калимаи шахс инсон бошад, ки дар чанд маврид таъкид хам шудааст, доираи амали онхо беихтиёр махдуд мегардад, чунки бандакч;онишинхо дар бисер маврид чун муродифи чрнишинхои вай ва онхо корбаст шудаанд. Масалан, чумлаи "Мор аз сараш тир хурдааст" бандакч.онишин ба инсон муносибат надорад. Вокеан, хатто дар грамматикаи академики хангоми баррасии мавриди истифодаи бандакчонишини ат навиштаанд, ки ат "дар мавридхои алохида нисбат ба гайришахс низ истеъмол мешавад"(17, 162).

Аз хамин чихат ба чойи сарлавхаи "Бандакчонишинхои шахсй-сохибй" истифодаи худи калимаи "бандакчонишин" муносибтар менамояд. Ба хамин андеша мо бандакчонишинхо ва бандакхоро зери сарлавхаи умумии Бандакхо ной дода, онхоро ба бандакчонишинхо. бандакхои феълй ва бандакхои хабари чудо намудем.

Носахехии дигар, ба назари мо, ин аст, ки муносибати сохибият яке аз муносибатхоест, ки бандакч;онишинхо ифода мекунанд. Як кисми калони бандакнонишинхо муносибати иззату эхтиром ва хешу табориро мефахмонанд. Х ангоми бо ч.онишини нафсиву таъкидии хуа (худам, худат, худаш, худамон, худатон, худашон) ва феълхои тасрифию гайритасрифй омадан (дидамат. диданат. гуфтамаш. гуфтанаш. пурсиданаш) муносибатхои гуногунро ифода мекунанд.

Х,аминро хам бояд гуфт, ки хангоми ба феълхо васл шудани бандакчонишинхо онхоро бо чонишинхо муродиф тассавур карда, чойхояшонро иваз намудан сахех наменамояд, зеро на танхо хусни сухани точикй мекохад, балки усули баён тагйир меёбад.

Бандакчонишинхо дар навбати худ ба се гурух таксим мешаванд:

Шахси якум -ам. -амон: китобам, китобамон, амакам, амакамон;

Шахси дуюм - ат. -атон: китобат. китобатон. амакат. амакатон:

Шахси сеюм -аш. -ашон: китобаш. китобашон.амакаш. амакашон.

Бандакчонишинхри шахси якум ба исм васл шуда, маънои сохибиятро мефахмонанд, ба кй мансуб будани ашё ва ё кдробати одамонро ба сохибсухан нишон медиханд . Бинобар ин ба ду гурух, чудо мешаванд:

1).Бандакчонишинхое, ки сохибиятро мефахмонанд: китобамро шрифтам, китобамонро шрифтам.

2).Бандакчрнишинх,ое, ки муносибати инсонй, аз чумла хешу табориро мефахмонанд: бародарам. амакам. холаам. дуетам. рафикам ва ь.

Дар ин гурух, ба вазифаи асоси калима танх,о исми шахе меояд.

Дар ифодаи шахси якуми чамъ бандакчонишини -амон истифода мешавад. Ин бандакчонишин дар ифодаи муносибати сохибият шакли чамъи бандакчонишини ам мебошад: китобамон -китоби МО.

Дар ин колаб муносибатх,ои мухталифи инсонй низ ифода мешавад: дустамон. хешамон. бародарамон. ракибамон. харифамон. амакамон ва F.

Дар ин к,олаб хдмчунин муносибати хоксорй. фурутанй ва шикастанафсии шахси якуми тан о ифода мешавад:

Кузмич, аз саргузашти худ накл накардед!

- Эй чони ширин, мо саргузашти чй дорем. Саргузаштамон мисли умрамон пир шуду то х;ол ба калам наовардаем(121, 20).

Бандакчоншини -амон бо чонишини нафсии худ низ меояд, вале дар ин маврид танхо маънои намъро ифода мекунад, дар маводи дасти мо дар ин мавкеъ ба вазифаи ифодаи хоксориву фурутанй дучор нашуд.

Бандакнонишщинхои шахси дуюм низ хамин хел муносибатхоро ифода мекунанд:

а) сохибият. Дар ифодаи сохибият бандакчонишинхо бо исмхои гайришахс меоянд: китобат. каламат. дафтарат. молат. Инкалимахо муродифи иборахои исму чонишини ба шумор мераванд: китоби ту. калами ту, дафтари ту. хонаи ту. моли ту. Дар инвазифа бандакчонишин хусусияти омоморфй надорад;

б) муносибатхои гуногуни инсонй. Дар ифодаи муносибатхои хешутаборй бандакнонишини ат танхо бо исмхои шахс меояд: падарат - падари ту. модарат - модари ту. хохарат - хохари ту. дугонаат. харифат. хамкасбат. хамкорат. хамрохат. дустат. душманат. ракибат ва F.

Боби сеюм Ифодаи нахвии эхтиром

Нах,в дар системаи лугавй ва дастурии забон мавкеи мухимро ишгол менамояд, зеро «вай вохидх,ои забониеро фаро мегирад, ки барои баёни маълумот, таъмини муошират ва муносибати одамон хидмат мекунанд» (18,3). Вохидхои асосии нахв ибора ва чумла мебошанд. Калимахо эхтиромро махз ба туфайли ибораву чумла равшану возех, ифода менамоянд. Вохидхои лугавй ва сарфй, одатан сермаъно ва гуногунвазифаанд. Ба кадом маънову вазифа омадани онхо махз дар чумла равшан мегардад.

Тарзу усули ифодаи нахвии одоби муошират, рохдои сурат гарифтани эхтиром дар забони точикй фаровон буда, аз гановату тавоноии он шаходат медихад. Дар ифодаи нахвии эхтиром саръазои чумла, муайянкунандаи сифатй, баёния ва мухотаб фаровон истифода мешаванд. Мартабаву макоми х,ар кадоми онхоро нишон додан ба баррасии масъалаи ифодаи нахвии эхтиром мусоидат менамояд.

Ифодаи эхтиром бо мубтадо

Дар ташкили чумла саръазохои он макоми ташкилдихандаи сохториву маънои доранд. Дар чумлах,ои дутаркиба мубтадо аъзои асосй ба шумор меравад.

Дар мавриди баёни эхтиром ба вазифаи мубтадо исми шахе меояд. ки ифодакунандаи категорияи эхтиром ба шумор меравад.

Дар чумла исми ифодакунандаи эхтиром ба вазифаи мубтадо дар шакли танх,о меояд. Аз хамин чихат маънои эхтиромии исм дар ин вазифаи нахвй бо маънои аслии лугавии он омехта мешавад. Ба кадоме аз ин ду маънй омадани исмро хабари тобеи мубтадо мефахмонад, чунки мувофикд коида хабар ба мубтадо тобеъ буда, аз лихози шахсу шумора ба вай мувофикдт мекунад. Аз хамин чихат робитаи мубтадову хабарро алокаи мувофикат меноманд.

Мувофики ин коида агар мубтадо дар шакли танхо ояд, хабар низ дар шакли танхо омада, ба он мувофикдт мекунад: Ман омадам. Ту омадй. У омад. Мехмон омад.

Ва баръакс, агар мубтадо дар шакли чамъ омада бошад, хабар низ дар шакли чамъ омада, ба вай мувофикдт мекунад: Мо омадем. Шумо омадед. Онхо омаданд. Мехмонон омаданд.

Мувофикати хабарро бо мубтадо вовдцхри дастурии забон, бандакхои феъливу хабарй таъмин менамоянд. Аз ин ч,ихат бандакхои феъливу хабарй хам воситаи алокд ва хдм нишондихандаи он ба шумор мераванд. Мохият ва мартабаи бандакхоро хамим ходисаи забонй низ шаходат медихад, ки дар чумлахои яктаркибаи бемубтадо нишондихандаи субъекти амал ва ахбор махз хамин бандакхр ба шумор мераванд. Ин воситахои дастурй дар ташкили чумла ва ифодаи фикр омили асосй ба хисоб мераванд.

Аммо ин ко и да и мухимми дастурй- мувофикдти том дар мавридхои муайян метавонад сарфи назар шавад. Ин хрлат низ мувофики талаботи конунияти дохилии худи забон сурат мегирад.

Дар забон ходисахое низ хастанд, ки барои вазифаи гуногун ва мухталиф касб намудани вохидхри забон, яъне ба сермаъно шудани ондо, хамчун морфема истифода гардидани вохидхои дастурй низ мусоидат менамоянд. Унсурхои дастурй нишондихандаи шахсу шумора ва таъмингари робитаи сараъзои чумла низ ин ходисаи забониро аз cap гузаронидаанд. Масалан, бандакхри шахси дуюму сеюми феъливу хабарй ба замми вазифаи асосии хеш вазифаи нишондихандаи эхтиромро низ адо менамоянд. Албатта, вазифаи нави ин унсурхои дастурй ба тагйири сохториву маъноии чумла низ зич вобаста аст. Хамин вобастагии сохториву маъной ва мантикй, ки тамоми аъзои чумларо фаро мегирад, ба дарк ва хазми вазифаи нави ин унсурхои дастурй ва мавридшиносона кор фармудани онхо мусоидат менамояд.

Ин ходисаи нозук ва мураккаби забонй хдмаи бандакхои шаклан чамъи феъливу хабарй ва бандакчонишинхои шахсии чамъро фаро мегарад. Дар вазифаи иловагй ин бандаку бандакчонишинхои шаклан чамъ на шахси чамъ, балки шахси танхоро ифода менамоянд. Ин тарзи ифода, ин вазифаи нави воситахои дастури ба тагйири маънои воситахои лугавй, яъне калимахр низ зич марбут аст, чунки баъзе калимахр, аз чумла чонишинхои шахсии чамъ, низ маънои муфрадро ифода менамоянд. Масалан, калимахои мо, шумо, эшон ба замми маънои асосиашон, ки хар кадом ду ва зиёда шахсро ифода мекунанд, маънои шахси якуму дувум ва сеюми танхоро низ мефахмонад.

Хдмаи ин тагаироту такомулот ба туфайли категорияи эхтиром ва ифодаи он дар забонй точикй ба амал омадааст. Категорияи эхтиром хамаи сохторхои дастурии забонй точикй, тамоми чумлахо, \амаи аъзои чумларо фаро мегарад. Бинобар ин дар ифодаи вохиди ифодакунандаи эхтиром хамаи воситахри алокаи тобеъи чумлахои содда иштирок менамоянд.

Дар ифодаи эхтиром мувофикати хабар бо мубтадо хусусияти хоси худро дорад, ки аз кридаи умумии дастури андаке тафовут дорад. Ин тафовут хангоми бо исм ифода гардидани мубтадо ба назар мерасад. Агар мубтадо бо исми шахси танхо ва сохибэхтиром ифода шавад, дар муошират хабар дар шакли чамъ меояд:

- Падарам барои шумо як чомаи руйпушии нав дузонда, як каллапушу як саллаи нав хам тайёр карда мондаанд (76,392). Лутфия-апем омаданд (120,122).

- Рахматй бобоят хам мегуфтанд, ки ... (126, 265).

Ба вазифаи мубтадо дар ин маврид гуруххои махсуси исмхо меоянд.

1. Исмхои ифодакунандаи хешутабор: па дар, модар, бобо. бибй, тага, амма, амак, янга. хода, ако:

- Акаам гуфтанд (2,26).- Падарам хрзир меоянд...(121, 110).

- Ту галатй, Исмоил, аз кучо меёбем?

- Бобо меёбанд. Он кас нафакаи шахсй мегиранд. (99,168).

2. Исмхри ифодакунандаи вазифа, мартаба. мавкеи сиёсиву ичтимой: шох. бек, арбоб. мир, хаким, шахрдор. президент, раис. cap дор. бригадир, бой:

- Вакте ки бой туро ба дастёрии худ шрифта буданд, ба ту хар сол чй кадар хак ваъда карда буданд (76,50)? - Чаро руст мекунед? Раис дусаду панчох, гуфтанд-ку (126,238)? - Шумобарои туй хеч ташвиш намекашед, хамаи харочотро барои хурсандии шумо худи арбоб мекунанд (79,160).

3. Исмхои ифодакунандаи касб, унвон, мартаба, лакдб, муносибати устодй: устод, муаллим, эшон, мавлоно, мавлавй, Хрчй, Хоча, домулло, таксир, чаноб:

- Каромот карданд таксир.- гуфт юзбошй ба саркарда таъзимкунон... (76,337).

- Таксир, агар ман хато накарда бошам, чанобашон дар сари намоз аз хазрати киблагох як вачаб пештар истодагй барин намуданд (79, 247).

Ифодаи мубтадо бо чонишин Ба вазифаи мубтадое, ки бо исми шахси ифодакунандаи эхтиром ифода шудааст, чонишинхои шахсй фаровон меоянд. Аммо ба ин вазифаи мубтадо мисли он, ки на хамаи исмхои шахс меоянд, на хамаи чонишинхои шахсй кобил ияти истифодашавй доранд. Зиёда аз ин на хамаи коидахоеро, ки дар боби ифодаи мубтадо бо исми шахс дидем, ба чонишинхои шахсй нисбат додан мункин аст, дар ин боб тафовути исми шахсу чонишинхои шахсй калон ст.

Маълум аст, ки чонишинхои шахсй ба се гурухи калон чудо мешаванд: чонишинхои шахси якум (гуянда), шахси дуюм (шунаванда) ва шахси сеюм (гоиб). Азбаски категорияи эхтиром ба мухити одоби муошират нисбат дорад, дар ин маврид бештар чонишинхои шахси якуму дуюм меоянд, чонишинхои шахси сеюм ба дарачот кам истифода мешаванд.

Дар ифодаи бевоситаи эхтиром чонишинхои шахси хам якум ва хам дуюми танхо истифода намешаванд. Чонишини шахси якуми танхо -ман ба тафовут аз исми танхо на факдт эхтиромро ифода намекунад, балки тобиши манфии Fypyp ва худписандй пайдо мекунад. Бинобар ин дар мавридхои муайян ба чойи чонишини шахси якуми танхо ахли сухбат ва калам калимахои банда,факир, инчониб. камина, гуломатон ва гайраро истифода мекунанд.

Ч,онишини шахси якуми чамъ низ вазифаи эхтиромро ичро карда наметавонад. Вале ин чонишин аз чонишини шахси якуми танхо бо он фарк мекунад, ки ба замми ифодаи шумораи аз як зиёди шахсони гуянда маънои хоксориву фурутаниро мефахмонад.

Хулосахо

Забони тоники аз забонхои кадимхат ба шумор меравад, бо он дар хамаи сохахои хаёти фархангй ва иктисодиву ичтимой асархои бешумори сиёсй ва илмиву адабй офарида шудаанд, ки дар ганчинаи фархднгистони чахон мавкеи махсусро ишгол менмоянд. Халкдое, ки таърихи кадим доранд, бо анъанахои ибратангези хеш ифтихор менамояид, ба онхо бо дидаи ибрат менигаранд, онхоро хифз мекунанд ва ба мерос мегузоранд. Одобу ахлоки хамида аз чумлаи анъанахои таърихй б уда, аз маърифати хал к, башорат медихад. Забон оинаи оламнамо ва ифодагари одобу ахлок, ва маърифат аст. Одоби муошират аз рукнхои асосии категорияи эхтиром аст.

Эхтиром категорияи лугавию дастурии забон ба шумор меравад, муносибати эхтиромонаи одамонро бо ёрии воситахои лутавй ва сарфию нахвй ифода менамояд. Азбаски ин масъала дар забоншиносии точи к бевосита мавриди тахкик кдрор нагирифтааст, истилохоти он низ ба такмил ниёз дорад.

Ахли илму адаб аз замони ташаккули забони адабии точик ба сохаи мухимми категорияи эхтиром — одоби муошират эътибор до да, вобаста ба тарбияи ахлоки хамида сухан зиёд гуфтаанд, вале онро хамчун сохаи махсуси илми забоншиносй баррасй накардаанд. Бо вучуди ин тарзи ифодаи эхтиромро забоншиносони точик аз назар нагурезонидаанд. Ин масъала хангоми баррасии вохидхои лутавй, хиссахои нутк, ва бандакхо диккати ахли илмро ба худ чалб намудааст. Олимон ба ин масъала асосан хангоми таълифи китобхои дарсй, дастурхои таълим ва тахкики шевахои забони точикй эътибор додаанд. Ин холат хангоми баррасии чонишинхову бандакчонишинхо ва бандакхои феълй бештар мушохида мешавад ва ин табиист, чунки чонишин, бандакчонишин ва бандакхои феълй вохидхоеанд, ки эхтиромро басо барчаста ифода менамоянд, онхоро надидан ва аз ин хусус маълумот надодан мункин набуд. Аз хамин сабаб муаллифони китобхои дарсй дар боби чонишин ва феъл аз хусуси рохдои ифодаи эхтиром дар омади сухан маълумот додаанд. Аз солхои панчохуми асри XX cap карда, масъалаи ифодаи эхтиром дар китобхо тадричан вусъат меёфт. Абдурахмон Бухоризода дар боби «бандакчонишинхои шахси- сохибй» соли 1954 рисолаи номзадй навишт, як кис ми мухимми асари забоншинос Бегмурод Сиёевро, ки ба таърихи чонишин бахшида шудааст, масъалаи ифодаи эхтиром бо чонишин ташкил медихдд. Ба масъалаи ифодаи эхтиром шевашиносон ва тахкикгарони забони осори адибон низ эътибор додаанд. Бисере аз адли илму адаб дар мисоли чонишин и «шумо» дойр ба ифодаи эхтиром изхори акида намудаанд.

Ба масъалаи категорияи эхтиром ва роххои ифодаи он дар грамматикам академикии забони точикй муфассалтар маълумот дода шудааст. Олимон ба ин масъала аз заминай услуби нависандагон низ изхори акида намудаанд. Ин холат дар рисолаи номзадии Мушаррафа Ч,ураева низ рух додааст. У дар асоси асари Бадоеъ-ул-вакоеъи Зайниддини Восифй дар боби ифодаи эхтиром дар забони асри XVI рисолаи номзади навиштааст, ки дар тахдики категорияи эхтиром сарчашмаи мухимми илмй ба шумор меравад. Вале дар ин рисола камбудихои чиддй низ рох ёфтаанд. Мухакик баъзе сарчашмахои илмй, аз чу мл а грамматикаи академикиро истифода накардааст, аз хамин сабаб рохдои ифодаи лугавй ва сарфии эхтиромро омехта ва тарзи нахвии он сарфи назар шудааст. Х,амчунин масъалаи мухити одоби муошират ва тарзи баёни нависанда хеле муфассал баён гардида, доираи тахлили роххои ифодаи эхтиромро махдуд намудааст.

Тадкики категорияи эхтиром дар забони адабии точик нишон медихад, ки дар замони мо ахли калам, махсусан адибон, аз хамаи тарзу воситахои баёни иззату хурмат истифода карда, имконоти фаровони ифодаи эхтиромро намоиш додаанд.

Категорияи эхтиром кисми таркибии категориям шахе ба шумор меравад, бинобар ин хамаи табакдхои чамъиятро фаро мегирад. Аломатхои асоей ва категориявии эхтиром хешу табори, дуриву наздикй, малому мартаба ва синну соли хамсухбатон ва шахсоне ба шумор мераванд, ки аз онхо сухан меравад.

Рохдои ифодаи эхтиром дар забони тоники гуногун аст. Мухимтарини онхо тарзи луравй мебошад. Калимахои ифодакунандаи эхтиром аз лихози мансубияти луравию дастурй панч хиссаи мустакили нуткро фаро мегиранд: исм. сифат. чонишин. феъл ва зарф.

Исм дар ифодаи эхтиром мавкеи асосиро ИШРОЛ менамояд, чунки исм хиссаи калонтарини нутк буда, кисми зиёди таркиби луравии забонро ташкил медихад, сифат ва чонишин махз ба шарофати исм арзи хастй мекунанд, амал бошад, бе исм вучуд надорад. Исмхое, ки эхтиромро ифода мекунанд, ба чанд гурухи калон таксим мешаванд:

1) иемхои ифодакунандаи унвон. мартаба. дарача. насаб. лакаб. тахаллус: аллома, домулло. устод, омузгор. муаллим. мударрис. пайкамбар, офаридгор. хазрат, мавлоно. мавлавй. имом. мулло, шайх. хоча, номзади илм. дотсент. доктори илм. профессор, академик, арбоб. арбоби илм. арбоби санъат. ходими шоиста. Кахрамони Точикистон:

2) иемхои ифодакунандаи мансаб: шох. шоханшох. амид, мир. султон. хон, бек, раис. хоким. туксабо. сайид. сохиб, арбоб. воли. козй, шахрдор. президент, сарвазир. вазир. осакол. саркод, сардор. директор, бригадир, котиб ва Fanpa;

3) иемхои ифодакунандаи хешу табор: бобо, бобокалон. бибй. бибикалон. модар. модаркалон. па дар, тащ, амак. хода, амма, бародар. ако, ака, писар. духтар. набера, абера, холадухтар. амакбача. тащбача, тагодухтар;

4) исмхои ифодакунандаи дустиву рафокат: рафик, дуст, ёр, ошно. чуда, дугона. хамсухбат. хамрох. дилбар. махбуба. ошик. дилдор. дилором, дилнавоз, хамнафас:

5) исмхои ифодакунандаи синну сол. чине: муйсафед. кампир. кампирхон. кампирчон. хонум. бону, нисо ва райра.

Дар ифодаи эхтиром сифат фаровон меояд. Сифатхои зерин ба хамин гурух дохил мешаванд: мухтарам. азиз, мехрубон. бузург. бузургвор, кабир, калон, о лика др. олимаком. муътабар. оличох. муктадир. олампанох. чахонгир. анчуманоро. пуркудрат. одил. халкпарвар. башардуст. саховатманд. раъиятпанох. сулхпарвар. FaMxog, баландмаърифат. сохибдил. сохибкор. сохибмаданият. донишманд. бомаданият. бомаърифат. боэхтиром.

Чонишин вохиди ишоратии забон будд, маънии вокеии он дар матн ифода мешавад, мухити истифодаи чонишин асосан мусохиба, муошират аст. Ч,онишин инчунин воситаи асосии муайян намудани маънои эхтиром ба шумор меравад, ба шахеи сохибэхтиром «шумо-шумо» гуфта муомила мекунанд.

Дар ифодаи эхтиром ва хоксорй чонишинхои шахей дар шакли чамъ меоянд: мо, шумо, эшон. Ин шаклхо хар кадом ду маъниро ифода мекунанд микдори зиёди шахе ва шахеи танхои сохибэхтиром ва хоксор. Ин холат боиси пайдо гардидани шаклхои чамъ андар чдмъ гардидааст: моён. мохо. шумоён. шумохо. эшон ва ягон-ягон эшонон.

Дар ифодаи шахеи дуюму сеюми сохибэхтиром иборахои «ин кас» («ин одам») ва «он кас» («он одам») низ истифода мешаванд.

Дар ифодаи эхтиром феълхои таркибии номй низ истифода мешаванд. Ин масъала бори нахуст дар рисолаи илмии М. Ч,ураева зикр шудааст. Хдминро бояд гуфт, ки исм ва сифат дар ташкили феълхои таркибии номй мавкеи асосиро пилюл менамоянд, чунки дар ин гурухи феълхои таркибй низ хиссаи асосии калимасоз ин ду хиссаи нутк, буда, феъл хамчун унсури ёридихандаи калимасоз иштирок менамояд. Ин рохи феълсозй ва ифодаи эхтиром дар забони тоники аз ибтидо мавчуд буда, имруз инкишоф ёфтааст: азиз доштан. азиз шудан. дуст доштан. иззат доштан. иззат кардан, иззат намудан. иззату икром кардан, изззату эхтиром намудан. илтифот кардан, илтифот намудан. икром ва эхтиром кардан, икром ва эхтиром намудан. иноят кардан, иноят фармудан. карам кардан, лутф намудан. мархамат кардан.

Дар адабиёти таълимй ва илмй бо зарф ифода гардидани эхтиром дарн наёфтааст, вале маводи гирдовардаи мо нишон медихад, ки ин гурухи калимахо низ дар ифодаи эхтиром корбаст шудаанд. Албатта, дар адабиёти илмй зикр нагардидани ин ходисаи забонй пеш аз хама ба дарачаи тахкики категорияи эхтиром мансуб аст.

Аломати ифодакунандаи эхтиром на танхо ба исми шахе, балки ба амали шахе низ иртибот дорад. Агар дар феъл он аломат ба воситаи хиссаи номй ифода гардад, дар зарф ба воситаи аломати тобеи феъл ифода мешавад, ки муносибаташ ба исм бавосита аст. Дар ин тарзи баёни эхтиром зарф воситаи ягонаи ифодаи ин категория ба шумор меравад: махрамона сухбат кардан, дустона муомила кардан, боэхтиромона салом додан, мушфикона сухан рондан, падарвор истикбол гирифтан, устодона гамхорй кардан, пайгамбарона пешгуи кардан, бошарафона ичро намудан, модарвор тарбия кардан ва F.

Рохи сарфии ифодаи эхтиром далели барчастаи дар забон мустахкам чой гирифтани категорияи эхтиром ба шумор меравад. Унсурхои сарфиро олимон аломати асосии категорияи эхтиром медонанд. Унсури сарфии ифодаи эхтиром бандак аст. Бандакхо дар забони точикй ба се гурух так,сим мешаванд: 1) бандакчонишинхо, 2) бандакхои феълй, 3) бандакхои хабарй.

Похожие диссертации на Категория вежливости в таджикском языке