Содержание к диссертации
Мукаддима 3
Боби 1.Феълхри содда 18
1. Феълхри содда аз нигохи маъно 18
1.1 Феълхри соддаи бунёдй 18
Феълхри харакат 19
Феълхри амал 29
Феълхри харакату амал 39
Феълхри ифодакунандаи муносибат 43
Феълхри хрлат 45
Феълхри марбут ба гуфтор ва садовой гуногун 50
Феълхри марбут ба хрлатхои рухй 52
Феълхри марбут ба дарку эхсос 52
Феълхри марбут ба амалу хрлатхои гуногун 53
1.2 Феълхри содда бо пешвандхри таърихй 55
Боби П. Феълхри сохта 71
2.1 Ташаккули афъоли сохта тавассути пешвандхр 71
Пешванди бар- 73
Пешванди дар- 83
Пешванди боз- 92
Пешванди во- 95
Пешванди фуруд-/фуру- 99
2.2 Ташаккули афъоли сохта бо пасвандхо 100
Шаклхри номй 101
Пасванди феълсози -идан 104 Боби III. Феълхри таркибии номй 111
Феълхри таркибии номй бо феъли ёвари кардан 116
Феълхои таркибии номй бо феъли ёвари шудан 134
Феълхри таркибии номй бо феъли ёвари задан 146
Феълхри таркибии номй бо феъли ёвари доштан 152
Феълхри таркибии номй бо феъли ёвари ёфтан 158
Феълхри таркибии номй бо феъли ёвари бурдан 160
Феълхри таркибии номй бо феъли ёвари овардан 163
Феълхри таркибии номй бо феъли ёвари додан 166
Феълхри таркибии номй бо феъли ёвари гардидан/гаштан 168
3.10 Феълхри ёвари гайрифаъол 170
Хулоса 180
Фех.ристи манобеъ ва осор 185
Введение к работе
Маълум аст, ки феълхр дар радифи х,иссах,ои нутки дигар аз чумлаи мух,имтарин аносири ташаккули чумла кдрор дошта, бидуни шинохти мушаххаси вижагих,ои он наметавон масоили мутааддиди марбут ба нах,вро халшуда х,исобид. Дар ин замина ёдовар шудани як к,айди мухак,кики барчастаи таърихи забони форсй Парвиз Нотили Хонларй айни маврид аст: «... бисере аз матолиби марбут ба нах,в, яъне сохтмони чумпа дар форсй вобаста ба он (феъл - Р.У.) аст ва то сохтмони феъл дуруст шинохта нашавад, наметавон бах.си дак,ик,у комиле дар бораи чумла ба амал овард» (114,3).
Мах,з хамин вижагии феъл сабаб шудааст, ки гурух,и калони пажух.ишгарони ватаниву хоричй доир ба па\пух.ои мухталифи ин силсилаи вожах.0 тадк,ик,оти зиёдеро ба анчом расонидаанд (2, 15-40; 3; 4; 5, 24-43; 12, 87-98; 24,139-146; 25; 39,23-29; 42; 49; 60,95-102; 56; 68,22-27; 69,21-26; 77,155-174; 80,190-199; 89,24-36; 91; 92,149-172; 97; 102,441-444; 108,51-56; 120,30-34; 122,35-44; 131,275-281; 133,80-142). Вале таъкид бояд кард, ки бахши зиёди пажух.ишоти тазаккурёфта ба масоили категориями феъл, амсоли намуд, замон, шахс, шумора, cHFa, тарз ва монанди инхр бахшида шудаанд. Кулли тадк.икртх.ои едрасшударо аз руи он ки дар онхр умуман масоили феъли забони точикй баррасй гардидаанд ё ин масъала дар чараёни тах пили вижагих,ои забони осори алохдда, ё ки мух,овараи манотик,и муайян мавриди пажух,иш к;арор гирифтааст, метавон ба тарифи зайл гурух.бандй намуд:
Дар як силсила асару мак,олах,о маълумоти мукдддамотй рочеъ ба ташаккули асосх.ои феъл, зух,ури .шаклх.ои замонии онх.о, нишонахри сигавй, тарифи пайдо гардидани шаклх.ои шух.удй ё наїутй, бевосита ё бавосита, василах,ои шаклгирии масдарх.о, бунёди гунах.ои тасрифй ва гайритасрифии феълх.ои забони адабии дозирай точик ва монанди инхр зикр гардидаанд (32,223-316; 39,23-29; 21,172-263; 77,155-174; 81; 118,41 -63). Мавриди тазаккур аст, ки хам дар тадкикртхри ба феъли забони адабии то ик (68; 69; 81; 97; 99,67-72; 118,51-58), хам дар пажухишхри ба забони осори шоиру нависандагони алохида бахшидашуда (45,98-188; 56, 192-216; 65,27-36; 98,56-90; 106,79-126; 108,51-56; 131,275-281) бештар хусусиятхри грамматики ва калимасозии феълхр мавриди тах.к.ик, карор гирифта, танхр 40-40 аз хусуси баъзе чихатхри лугавии ин гурухи калимахр ишора рафтааст. Агар тах.кикрти М. Давлатова истисно гардад, то охири солхри 90-уми асри XX дойр ба хусусиятхри лугавию калимасозии феълхри асари муайян тадкикрти алохида сурат нагирифтааст. Дуруст аст, ки то давраи номбурда дар макрлахри алохида ё тадк,икрти ба хусусиятхри лугавй ё умуман забонии асари шоиру нависандагон бахшидашуда хангоми баррасии хусусиятхри лугавии калимахр дар к,атори гурухи дигари калимахр дар бораи чилохри маъной ва хусусиятхри калимасозии феълхр низ андешахри чолиби диктат баён шудаанд. Азбаски сухан аз тадк,икрти мух.ак.к.ик, М. Давлатова ofo3 гардид, кобили кайд аст, ки дар пажухишоти рочеъ ба хар гуна забон, аз чумла тоники, характернок будани сермаъноии калимах.о, аз матн муайян шудани тобишхри маъноии онхр, фаромуш гардидани маънох,ои пешин ва ба маънохри нав сохиб гардиданашон хусусияти намоёни «Зайн-ул-ахбор» ба шумор рафтани сермаъноии феълхр изхрри назар шудааст. Х,амчунин муаллиф дойр ба усулхри бунёди феълхри нави сохтаву таркибии асари номбурда андеша намуда, аз чумлаи пешвандхри сермахсули феълсози «Зайн-ул-ахбор» хисоб шудани бар-, дар-(андар-), боз-, фуру(д)-ро таъкид мекунад (24,139-146; 25,13). К,айд карда мешавад, ки гурухе аз феълхр пас аз кабули пешвандх.о низ сермаъноии худро нигох. медоранд (25,14). Бояд гуфт, ки андешахри мух.ак.к.ик, оид ба рохи бунёди феълхри таркибии номии «Зайн-ул-ахбор», чузъи номии хиссаи зиёди чунин феълхрро ташкил додани вожахри арабй, дар даврахри минбаъда аз истифода мондани онхр, аз лихрзи маъно аз забони хрзира тафовут доштани гурухе аз чунин калимахр низ чолиби дик,к,атанд (25,15-22). Дар чанде макрлаву асарх.ои мух.ак.к,ик. Д.Саймиддинов рочеъ ба сохтори феълхри форсии миёна, тафовути миёни системам феъл дар ду давраи рушди забои: ахди бостон ва миёна, падид омадани феълхри соддаи форсии миёна аз афъоли пешванддори форсии бостон изгори назар шудааст. Муаллифи номбурда аз хусуси аксари кулли лугати форсии миёнаро ташкил додани феълхри содда андешахри чрлиб баён намуда, чунин феълхрро аз лихрзи маъно ба гурухдои мухталиф: феълхри х,аракат, амал, хрлат ва монанди инхр ч,удо кардааст. Х,амчунин андешаронихри мух.ак.кик.и зикргардида дойр ба ташаккули феълхри сохта, накгли барчастаи пешвандхри феълсози abar, ul, fraz, frod, andar, abaz, be, oh, ham дар бунёди афъоли сохта, рох.у василахри пайдоиши феълхри таркибии номй дорой ах,амияти хоссаанд. Дар чараёни мулох,изаронй муаллиф аз хусуси маънои мустак,или феълхре ёдовар шудааст, ки минбаъд аз доираи афъоли мустакилмаъно хорич, гардида, ба катори феълхри ёвар дохил гардидаанд. Аз чумла, кайдхри мавсуф дар бораи мавчудияти ду феъли х,амшакли кардан басо дик,катчалбкунандаанд (91,3; 92,26-32; 93,149-170).
Мух,ак,кик; А.Х,асанов низ дар бархе макрлахри ба тах,аввулу табаддули феълхр бахшидааш оид ба тобишхри зиёди маъной пайдо кардани феъли шудан дар осори классикой ибрози акида мекунад ва таъкид менамояд, ки «гузариши ин унсури классики ба катори феълхри ёвар аз охирхри давраи миёнаи инкишофи забонхри эронй OF03 гардида, баъдтар дар баъзе забонхри эронй, аз чумла точикй, вазифаи грамматики табиати лексикии калимаи мазкурро хурда, феъли номбурда танхр функсияи ёвариро ба ухда гирифтааст» (120,30). Х,амин муаллиф дар мавриди дигар аз хусуси вусъат ёфтани доираи маъноии феъли шудан ишора карда, овардааст, ки дар осори манзуму мансури асрхри IX-X то ибтидои кдрни XX ин феъл ба беш аз 15-20 маъно мустаъмал гардидааст (120,31). Андешахри муаллиф дар бораи бо яке аз маънохряш хусусияти муродифй пайдо кардани вожаи шудан бо феълхри дигар, чун яке аз Чузъхри калимахри мураккаб истифода гардидани он кобили кайданд.
Дар макрлаи дигари хамин муаллиф сухан рочеъ ба корбурди феъли шудан дар «Шох,нома»-и Фирдавсй рафта, аз чрниби ин паямбари сухани порсии дари басо мавридшиносона истифода гардидани вожаи мазкур таъкид гардидааст. Хулосаи мухак,к,ик;и номбурда роч,еъ ба вижагихри истифодаи феъли шудан дар «Шохнома»-и Фирдавсй ин аст, ки дар хамосаи номбурда феъли зикршуда «зиёда аз бист тобишхри маъной пайдо кардааст» (122,39).
Крбили ёдоварист, ки дар чанд соли охир мухак,кикрни точ,ик тавач,ч,ухи хешро на танхр ба хусусиятхри лугавии феъли осори алохида равона сохтаанд, балки дар ч,араёни андешаронй чр-чр аз хусуси сарнавишти феълхри алохида, сайри таърихии онхр, мансубияти забониашон ишорахри чрлиби дикдат баён доштаанд. Дар ин замина ёдовар шудан аз чанд тадкикрти ба феъл бахшидашуда басо бамаврид аст. Б.Алиев хасоиси афъоли «Гаршосбнома»-и Асадии Тусиро мавриди пажухиш к,арор дода, овардааст: «Лугати феълхри содца дар «Гаршосбнома»» аслан лугати маъмул ва меъёрии замони нависанда буда, дар тафовут аз шоирон ва адибони давраи аввал, ки намунахри ашъори эшон дар корбурди феълхри нодир ва ё кухани забони точикй аз чрниби хамин муаллиф дар «Лугати фуре» гирдоварй ва тавзех. шудааст, бештар мавриди истифода к,арор гирифтааст. Асадй дар истифодаи феълхри содца аз хамон чахррчубаи меъёрии давраи худ ончунон берун нарафтааст, вале... у дар ин кор махррати тамом нишон додааст» (4,22). Дар тадкикрти дигараш низ Б.Алиев вижагихри лугавии «Гаршосбнома»-и Асадии Тусиро мавриди пажухиш карор дода, тавач,ч,ухи бештарашро ба хусусиятхри лугавии афъоли содца, корбурди феълхри номаъмул, рох.у усулхри пайдоиши шаклхри мухталифи айни як феъл, муайян сохтани тагйироти микдориву сифатии пешвандхри феълсоз хангоми замима гарциданаш бо феълхри соддаи гуногуни бунёдй, таснифоти феълхри таркибии номй, ошкор кардани роххри ташаккули онхр, нишон додани усулхри муродифшавии афъоли соддаву таркибии номй равона сохтааст. Дар ч,араёни пажухиш у хоси шевахри Хуросону Мовароуннахр будани гурухе аз феълхр, мисли rusTdan, saxudan//saxavTdan, mulTdan (3,4-7) ва монанди инх оро муайян сохта, баробари ин дар даврахри минбаъдаи инкишофи забони форсй-точикй камистеъмол ё аз истифода хорич, гардидани чунин вожахрро махсус таъкид намудааст (3,4).
Бояд таъкид кард, ки дар натирай тахдили хусусиятхри корбурди феълхри «Гаршосбнома» мухак,кики номбурда вижагихри дигари ин гурухи вожахрро ошкор сохтааст: идома аз забони форсии миёна набудани дастае аз феълхр ва дар давраи мавч,удияти забони форсии дари пайдо шудани онхр, ба чанд мувоза истифода гардидани баъзе феълхр, мансуб ба забонхри дигари эронй будани бархе аз афъол, дар баъзе гуишхри точ,икй боки мондани як кисми феълхр, корбурди афъоли дубах.ра ва монанди онхр (3,5-9). Дар бахшхри минбаъда мавсуф дар бораи феълхри таърихан сохта, шаклхри номии онхр, афъоли сохтаву таркибии номй изхрри акида менамояд. Мавриди таъкид аст, ки мухакдик, барои равшантар нишон додани вижагии асари номбурдаи Асадии Туей онро бо баъзе осори дигари ин давра мукриса кардааст. Дар иртибот ба ин масъала бояд ёдовар шуд, ки Б.Алиев ба андешаи инъикоси таъсири забони форсии миёна ба форсии дари силсилаи калони феълхри «Гаршобснома», ба хусус феълхри таркибии номиро бо афъоли форсии миёна мукриса менамояд ва дар натича идомаи вусъатноки гурухеро муайян месозад ва баръакс, дар заминай шеваю лахдахри Хуросон пайдо гардидани дастаи дигарро собит мекунад. Аз ч,умла, таъкид мегардад, ки бархе аз крлабхри феълхри таркибии номй идомаи бевосита аз забони форсии миёна аст (3,16). Бояд к,айд кард, ки хусусиятхри лугавии феълхри осори классикой аз назари олимони хорича низ пинхрн намондааст. Х,ануз чанд дахсола кдбл Парвиз Нотили Хонларй тадк,икрти алохидаашро ба сохтмони феъл бахшида, дар он баробари баррасии вазифахри дигари ин гурухи вожахр аз хусуси тобишхри маъноии онхр низ ишорахри чрлиб баён кардааст (114,34-65).
Мухак.к.ик.и афгон Мухдммад Х,усайни Ямин дойр ба хусусиятхри лугавии феълхри «Х,удуд-ул-олам»-и мачдулмуаллиф пажухиш бурда (136; 137), роч,еъ ба тобишхри зиёди маъноии афъоле, мисли афтидан. рафтан, гушодан. гирифтан. хестан. кашидан ва монанди инх.о изх,ори андеша мекунад ва сабаби ба маъонии мухталиф омадани чунин феълхрро ба таври зер шарх, медихад: «... иллат он аст, ки чун асри «Х,удуд-ул-олам» асри инкишофу такомули забонамон будааст, аз ин ки калимахри мутародиф афзоиш наёфта буд ва аз чрниби дигар калимахри арабй хануз дар ин забон ба сурати густурда ворид нашуда буд, то дар мавориди лозим аз онхр истифода мегардид, бинобар он як феъл бо истеъмоли пешинахри мушаххас ва баъзан пешинахри муайян маънохри мухталиф гирифтааст» (137,48).
Мух.ак.к.ик.и эронй Масъуд Крсимй низ хусусиятхри лугавию калимасозии сарчашмахри даврони аввали инкишофи забони форсии дариро мавриди арзёбй карор дода, дар се боби рисола перомуни вижагихри осори ин давра андешаронй мекунад. Чунон ки худи мух.ак.к.ик, таъкид мекунад, пажухиши у асосан дар заминай истифодаи афъоли нодиру камистеъмол сурат гирифта, феълхри серистеъмол мавриди тавач,ч,ух.и чиддй к,арор нагирифтааст. Мух.ак.к.ик.и номбурда дар асоси маводи фаровони гирдовардааш хусусиятхреро нишон додааст, ки онхр танхр хоси забони осори ин давра махруб шуда, дар даврони баъдии инкишофи забони форсй-точикй аз доираи истифода хорич, гардиданд. Чунончи, аз чрниби у таъкид мешавад, ки дар осори хаттии нахустасрх,ои миёна феълх,ое истифода шудаанд, ки онхр ба забони сарчашмах.ои даврони минбаъда хос нестанд: av!dan abTdan «ношидан», pasTdan «х,ифз кардан», pTyusTdan «умед доштан»... (42,9).
Х,амин тавр, кайдхри М.К,осимй дар бораи сабаби номаъмулии шаклх.ои феълй аз асоси замони х,озира, дучор омадани баъзе феълх.о танх.о дар як асари муайян, корбурди бархе пасвандхр аз чрниби муаллифони алохида, шакли махсуси феъли бавосита ва тах,ти таъсири гуишхри мухталиф пайдо гардидани онх,о, дар баробари шаклхри адабй истифода шудани вариантной шевагии феълх,о, истифодаи феълхри суздиву порти дар осори давраи тазаккургардида ва Faftpaxp (42,8-25) крбили таъкиданд.
Дар чанде аз пажухишхр хусусияти лугавии феълх,о дар баробари гурух,и дигари вожах,о мавриди баррасй карор гирифтааст. Аз ч,умла, мухакдик, М.Махмудов теъдоди зиёди феълхрро бо шархи маъонии гуногунашон аз гуиши эрониёни Бухоро зикр намуда, таъкид мекунад, ки «... дар гуишхри эрониёни Бухоро бисер луготе вучуд дорад, ки дар соири гуишхри Бухоро ва мах,алхри атрофи он роич намебошад, аммо дар гуишхри Эрон мустаъмал аст...»(55,86). Баъд мухак,кики номбурда феълхри якмаъно (andavTdan, hTrbTdan, majidan, savidan, zahidan) ва сермаънои (angextan) гуиши мазкурро зикр мекунад (55,87-94).
Чанде аз хусусиятхри лугавии феълхри шеваи чанубии забони тоники дар тадк.икрти мух,ак,к;икрн Р.Л. Неменова ва F.4,ypaeB мавриди арзёбй к,арор гирифтааст. Аз чумла, пас аз он ки мух.ак.к.икрни номбурда аз лихрзи лугавй нок,исии омузиши феълро ишора кардаанд (67,217), х.ангоми баррасии хусусияти муродифй зох,ир кардани калимахр аз феълхр низ ёдовар шудаанд ва таъкид намудаанд, ки дар шеваи мазкур «... на фак,ат феълхри содда ба пайвастани занчирхри синонимй крдиранд, балки феълхри таркибии номй х.ам ба чунин имконият сохибанд»(67,231).
Мавриди таъкид аст, ки хрло мух,ак,кикрни то ик на танхр хусусиятхри лексикии феълхри гуиширо хдцафи та к,ик,и худ к,арор додаанд, балки боз вижагихри лугавии баъзе забонхри эронии дигареро, ки дар х.удуди Точ,икистон вучуд доранд, ба сифати объекти та\лил интихоб намудаанд. Аз чумла, дар бархе тадкикрти мух.ак.к.ик, С.Мирзозода хасоиси лугавии феълхри забони ягнобй ба риштаи тахлил кашида шудааст (59; 60,95-102). Мавсуф феълхри ягнобиро гирдоварй намуда, овардааст, ки «феълхри содда аз нигохи маъно гуногун буда, онхрро метавон бо таваччух. ба маънохри лугавию семантикиашон ба чанд гурух, бахш кард. Ин феълхр иборатанд аз феълхри баёнгари амал, х,аракат, хрлату вазъ, эхрос ва вазъи рух,й, гуфтор, биниш, шинохт ва чандин мафх.умхри тачридии (абстракт) амалу хрлат ва х,аракат. Х,ар кадоми аз ин гурух,и феълх,о, дар навбати худ, вобаста ба маъно ба чандин гурух,хри дигари лугавй тасниф мегарданд. Чунин таснифоти феълхри соддаи забони ягнобй ва мукрисан онхр бо забони сугдй метавонанд тах,аввули маънои феълх,оро аз замони пайдоиш то имруз равшан созад» (60,96). Баъзан муаллиф феълхри хар яке аз гурухдоро зикр карда, маънояшонро муайян сохтааст ва бо максади ошкор кардани тахаввулоти маъной эквиваленти чунин феълхрро аз забони сущи Чуста, дарачаи дурравии семантикаашонро нишон додааст.
Хамин тавр, чй феълхри забони адабии хрзираи точик, чй осори гузаштагон ва чй гуишхрву забонхри дигари муосири эронии дар каламрави Точикистон мавч,уда бештар аз чихати грамматики тахлил гардида, хусусиятхри лугавию маъноии онхр то хрл мавриди тахлили алохида ва комил к,арор нагирифтааст. Ба риштаи таджик, кашида шудани хусусиятхри лугавию маъноии феълхр дар хар давраи муайян барои мушаххас гардидани раванду инкишофи маъной онхр, рох.у василахри пуррагардии доираи ин гурухи феълхр ва равшану возех. шудани сабабхри ба тахаввулот дучор гаштанашон ёрии калон мерасонад. Бо ин максад муаллифи ин сатрхр хостааст, ки хусусиятхри маъноиву сохтории феълхри яке аз бе тарин намунаи осори манзуми садаи XIII - «Маснавии маънавй»-и Ч,алолуддини Румиро муайян созад
Ч,алолуддини Румй (1207-1273) аз ч,умлаи бузургтарин намояндагони адабиёти форс-точ,ик буда, аз худ мероси гаронбахре бок,й гузоштааст, ки «Фихи мо фих,и», «Мактубот», «Девони Шамси Табрезй» ва «Маснавии маънавй» аз ч,умлаи онх.ост. «Девони Шамси Табрезй»-ро аз ч,их,ати он ки дорой хусусиятхри лирикист, метавон асари адабй шуморид, вале аслан он асари фалсафй махсуб гардида, дар он масоили вахдати вуч,уд ва ё вахдати шух.уд мавриди арзёбй карор гирифтааст.
«Фих.и мо фихи» (Дар у ва он чи дар уст) аз ч,умлаи осори насрии Румй ба шумор рафта, муаллиф дар он низ масоили фалсафиро пеш гузоштааст.
«Маснавии маънавй» низ асари манзуми адабиву фалсафист. Агарчи дар он як катор кахрамонхри эпики амал карда, саргузаштхри ач,иберо паси cap менамоянд, вале аслан хадафи алолуддини Румй тавассути овардани хикоёти латифу чрлиб зикри масоили мухталифи фалсафист. Ин асар, ки бо номи «Маснавии мавлавй» низ маълум аст, аз шаш дафтар иборат буда, дар шакли шеърии маснавй (аа,бб,вв) дар вазни рамали максур таълиф гардидааст. Дар дафтари дувуми маснавй муаллиф таърихи таълифи ин асарашро соли 1263 к,айд кардааст:
Маснавй, ки сайк,али арвох, буд, Бозгашташ рузи истифтох. буд. Матлаъи таърихи ин савдову суд, Сол андар шашсаду шасту ду буд (120).
Ч,алолуддини Румй асари мазкурро ба яке аз шайхони машх.ури хамзамонаш, пешвои харакати футутия Х,исомуддини Чалабй бахшидааст, ки муаллифи «Маснавии маънавй» бо у рафокату унсияти беандоза дошт. Х,исомуддин аз Румй хох,иши онро кард, ки дар либоси назм аз хусуси масъалахри нозуки тасаввуф ва нуктахри душворфахму торики диниву фалсафй андешахри хешро баён созад. Бобхри маснавй аз забони Х,исомуддин OF03 карда шудааст.
«Маснавии маънавй» на танхр асари яклухт нест, балки х.атто х,ар дафтараш дорой сужети ягона нест. Румй маснавиро бадохдтан эчрд кардааст ва шогирдонаш онро китобат менамуданд. Асари номбурда чун «Махзан-ул-асрор», «Бустон», «Тух.фат-ул-ах.рор» ва монанди инхр аз тезису х.икоях.0 иборат буда, хдр хдшоя дорой сужети дохилист ва тобеи гояи асосй аст.
«Маснавии маънавй», ки худи Мавлоно муфассири К,уръон (кашшоф-ул-К,уръон) мех,исобад, бо забони ба фах,м наздик эчрд шуда, дорой шигифтих,ои хосаест. Муаллиф ба тавассути ин асараш тавонистааст «шавк,х.ое ба дилхри маъюс ангезад, савдохри сархуше ба сархри саргардон ворид созад ва гармихри зиндагибахше ба чрнхри сарду афсурда бахшад» (133,5). Мавлавй тавонист дар ин асар масъалахри нозуки тасаввуфй ва нукоти душворфахму торики диниву фалсафиро бо зеботарин вачд такриру баён намояд. Махз х,амин чих.ати забони асарро дар назар дошта, мух.ак;кики эронй Ризо Рух.онй навишта буд, ки «Маснавй дорой шигифтихр ва нодирахр ва суханони гавхдрдор ва далолатхри марворидвор аст, рохи гузари зохидону бустони обидон аст, камхдчму пурмаънй аст» (90,81).
Дойр ба хусусиятхри забонии «Маснавии маънавй» то имруз аз Чониби мух.ак.кикрн тадкикртхри муайяне анчрм ёфтааст. Хусусиятхри лугавию грамматикии асари номбурдаро Ш.Ч,уразода мавриди тахлилу таджик; кдрор додааст (27; 28,213-216). Дар тадк,икрти Ш. Ч,уразода сарфи назар аз он, ки як силсила вижагихри лугавию дастурии «Маснавии маънавй» тахлил гардидаанд, вале хусусиятхри алохддаи забонии он ба тарзи амик,у хаматарафа ошкор карда нашудаанд.
Муаллифони пешгуфтори «Маснавии маънавй» Алии Мух,аммадии Хуросонй ва Мухдммади Бори пас аз баёни рузгору фаъолияти Мавлавй чанде аз хусусиятхри забонии асар: истифодаи калимахри ик,тибосии туркиву юнонй, истилохрти арабй, ба маънои хосса истифода гардидани калимахр ва монанди инх,оро зикр карда навиштаанд: «Забони ин асар дар мач,муъ забони суханварони ахди шоир буда, ба зарурати мух,тавову матолиби он мусанниф дар каломи худ аз истилох,и фик,х.у калом, тасаввуф, оёти к.уръониву ах,одис, таъбироти адаби арабй ва Faftpa истифода намудааст. Илова ба истилох,оту таркиботи арабй бо такрзои мусити зист дар Осиёи Сагир дар «Маснавии маънавй» микдоре калимах,ои юнонй ва турки рох. ёфтаанд. Мавлоно дар зарурат барои чрй намудани маонии бикр дар крлаби вазну кавофй гох,о калимахрро мешиканад, феълх.оро новобаста ба замони мозиву хрзир ё оянда истифода менамояд, аз калимахри содда маонии тоза меофарад... Забони «Маснавй» забони зинда ва дар хдракати доимист» (143,10).
Проф. М.Н. К,осимова аз хусуси ба таври бояду шояд омухта нашудани забони осори Мавлавй ишора намуда, сонй ба истифодаи як силсила калимаву иборахр, мисли рах.мат, уту, марди калон, тонистан, шиштан ва гайрахр мулох,изаронй кардааст. Аз чрниби мух.ак.к.ик.и номбурда таъкид шудааст, ки вох.идх,ои лугавии зикргардидаро имруз низ то икон васеъ истифода менамоянд (47,106-110). Адабиётшинос Р.Хрдизода дойр ба хаёту фаъолияти Ч,алолуддини Румй тадкикрти алохидае ба табъ расонида, дар катори масъалахри мухталифи адабиётшиносй ба баъзе нуктахри забони «Маснавии маънавй» низ ишора кардааст: «Румй суханро дар пардаи сувархри бадей намегуяд, балки у бо сухани бадеъ ва муассир фикрхри олии фалсафию ахлокй ва хаётиву ичтимоиро баён мекунад. У дар суханхри соддаву оддй фикру андешахри оливу бикру амик, мегуяд...» (125,98). Мухак,кики номбурда инчунин дар бораи боки мондани бисер калимаву таъбироти Мавлоно дар байни точикон, аз ч,умла Самарканду Бухоро, мулохиза баён карда, дар исботи фикраш калима ва таркибу иборахри зеринро меорад: худро кашидан, хаппандидан, аз кай боз, хадук додан, лаб лесидан, мошу биринч,, безор шудан (125,98-99). Хулосаи Р.Хрдизода аз тахдили забони осори Румй, аз ч,умла «Маснавии маънавй», чунин аст: «... Мавлоно забони модарии худро ба дарачаи олй медонист ва ба ин забону адаб мухдббати хоссае доштааст, ки решай ин забонро дар дили у сахт барчрй доштааст» (125,101).
Мух.ак.к.ик. А.Х,асанов дар чанд тадкикрти худ аз хусуси робитаи забони «Маснавии маънавй» бо шеваи шимолй изхрри акида карда, овардааст, ки гурухе аз аносири лугавии дар маснавй истифодашуда дар лах,ч,ах.ои мухталифи шимолй Точ,икистон бе тагйири маънову шакл, силсилаи дигар бо тагйиротхри шакливу маъной хрло низ васеъ истифода мегардад. Ба хайси далел мавсуф калимаву ифодахри зй, хрлй, гежидан, тонистан, моно, монандо, ишкам, истеза, ушкуфа, пурсидан ва гайрахрро зикр намуда, онхрро як-як тахлили лингвистй кардааст (123,18-24; 124,143-148).
Мухакдики варзидаи эронй Саййид Содик,и Гавх,арин дар пешгуфтори лугатномаи тах,иякардааш - «Фарханги лугот ва таъбироти «Маснавй»-и Ч,алолуддини Румй» роч,еъ ба хусусиятх.ои мухталифи лугавию грамматикии асари номбурда нисбат ба дигар мухак.к.икрн, ба назари мо, беш аз хама изхрри назар кардааст. Мух.ак.кик.и номбурда вижагихри зерини маснавиро кайд кардааст: 1) Ба маъной хос истифода гардидани силсилаи калони вожахр дар асар; 2) шоир калимахре сохтааст, ки назири онхоро пеш аз аз у касе истифода накардааст: абрешимбахр, шеромуз, сафаргирй...; 3) аз хамрох. кардани вожахр и точикиву арабй ва унсурхри ёвари турки калимахри нав сохтааст: охурчиён, одамкада, мунодигар; 4) шаклан тагйир дода шудани вожахр ё илова кардани харфхри алохида ба онхр бо такрзои вазни шеър ё навъи крфия; 5) ба маънии ом истифода гардидани исмхри хос; 6) фаровонии калимахри таклиди овозй: ток,-ток,, хашт-хашт, тй-тй, жиг-жиг...; 7) ба хусусиятхри алохида молик будани калимахри иктибосии арабй; 8) истифодаи вожахри туркие, ки онхоро дигар шоиру нависандагони порсизабон низ ба кор бурдаанд; 9) киноёт ва истиороти хоси маснавй. Румй калимахри мукаррарии забонро мисли об-об, офтоб-офтоб, душмани пинхрнситез барои ифодаи матолиби ирфонй чун киноя истифода кардааст; 10)баъзан дар назари аввал чунин вонамуд мешавад, ки Мавлавй кридахри грамматикиро риоя накардааст, вале хамин ки ин чихати баёни шоир бо нигохи амик,тар тахлил гардид, равшан мешавад, ки у нисбат ба дигар шоиру нависандагон к,авоиди забонро бештар риоя намудааст; 11) аз чрниби Мавлавй лугату истилохрти ирфонй фаровон истифода гардидааст (19,6-8).
Хулосаи Саййид Содики Гавхарин аз тахлили хусусиятхри забони «Маснавии маънавй» чунин аст, ки «манзури Мавлоно аз сохтани «Маснавй» нишон додани андозаи х.унар ва сухандонии худ набудааст ва ба хамин чихат нахостааст ба иборатпардозй ва крфияандешй пардозад ва ба ин нукта борхр ишора фармудааст» (19,9). Х,амин мух.ак.к.ик, дар чри дигар низ таъкид мекунад, ки «ин устоди замона (Румй - Р.У.) илова бар ин ки аз забони форсиву арабй иттилои комил дошт, аз соири сухансароёни ахди худ ба усули адаб мусаллаттар буд» (19,10).
Аз тахлили назари мухакдикрн маълум мегардад, ки «Маснавии маънавй» намунаи бехтари осори манзуми кдрни XIII ба шумор мерафтааст. Х,арчанд ки оид ба чанде аз пахлухри забони асари мазкур, чунон ки пештар низ ишора гардид, олимони точику хоричй тадк,икртхри муайянеро анчрм додаанд, вале ин масъаларо комилан халшуда хисобидан дуруст нест. Алхрл бисер вижагихри забони «Маснавии маънавй» нигарони тах.кик,у тадкиканд, ки корбурди лексикаи феълй аз ч,умлаи онхрст. Сабаби интихоби мавзуи мазкур низ аз хамин иборат аст.
Мухиммии мавзуъ. Феълхр баробари он ки хусусиятхри зиёду печидаи грамматики доранд, инчунин ба вижагихри мухталифи лугавй ва калимасозй низ молик хастанд, вале, мутаассифона, то хрл чунин хасоиси онхр дар даврахри алохидаи инкишофи забони форсй-точикй хамачрниба мавриди баррасй к,арор нагирифтаанд. Арзёбй гардидани хусусиятхри феъли асри XIII дар заминай маводи «Маснавии маънавй» барои равшан гардидани рохи минбаъдаи инкишофашон ёрии калон расонида, дарачаи ба тахаввулот дучор гардидани сохту маънои ин гурухи калимахрро ба таври возех, ошкор менамояд. Крбили зикр аст, ки хусусиятхри маъноиву калимасозии феълх.ои «Маснавии маънавй» то хрл ба таври алохдда ба риштаи тахлил кашида нашудааст, хрл он ки тадкик, гардидани ин масъала барои равшан шудани макрми феълхр дар таркиби луговий к,арни XIII мусоидат хох.ад кард.
Максаду вазифахои тадкикот. Мак,сади асосии рисола омузиши х.амач,онибаи лексикаи феълии карни XIII дар заминай яке аз намунахри бех.тарини осори манзуми ин давра аст. Гузориши чунин максад водор намуд, ки вазифахои зерин халлу фасл карда шавад: Тахлили хамачрнибаи афъоли «Маснавии маънавй»-и Мавлавй; арзёбй намудани вижагих.ои маъноии феълхри содда; ошкор кардани феълхри камистеъмол ва номаъмули.асри XIII; муайян кардани тобишхри маъноии феълхри соддаву сохта ва накши пешванду пасвандхр дар мушаххас гардидани маънои феълхр; нишон додани сахми пешванду пасвандхр дар феълсозй; ошкор гардидани услуби Мавлавй дар калимасозии феъл; баррасй намудани хиссаи феълхри ёридиханда дар ташаккули феълхри таркибии номй; нишон додани макрми хиссахри нутк, дар афзудани теъдоди феълхри таркибии номй. Методхои тадкикот. Мутобик, ба вазифахри зикршуда хангоми тахлили лексикаи феъли «Маснавии маънавй» дар партави забоншиносии мукрисавй-таърихй методхои синхронй-диахронй мавриди истифода карор дода шуд.
Асоси назариявии тадк,ик,ро пажухишхри мухацкикони намоёни эроншиносй Мухаммад Такй Бахрр, Э.Бенвенист, М.Н.Боголюбов, А.Н. Болдырев, В.В.Виноградов, Саййид Содики Гавхарин, Э.А.Грантовский, В.А.Ефимов, В.С.Расторгуева, Е.Н.Шарова, Ж. Лазар, Д.Н. Маккензи, В.А. Лившиц, А.Л.Хромов, И.М.Оранский, Ю.А.Рубинчик, Л.С.Пейсиков, Д.Саймиддинов, Л.П.Смирнова, С.Н.Соколов, Парвиз Нотили Хонларй, Мухаммад Ч,аводи Шариат ва Faftpaxp ташкил доданд.
Навоварии тадкикот. Нахустин маротиба хусусиятхри истифодаи феълхри карни XIII дар заминай бехтарин намунаи осори манзуми давраи мазкур мавриди тахлилу таджик, карор дода шудааст. Бо ин максад нусхаи «Маснавии маънавй», ки бар осори матни Р. Николсон бо мукрбала бо нусхахри дигар буда, онро Б. Ализода ва Алй Мухаммадии Хуросонй тахияву танзим ва ба х.уруфи кириллй чоп кардаанд ва дар Техрон «Нашри замон» ба табъ расонидааст, интихоб карда шуд. Нахустин маротиба тобишхри маъноии феълхре муайян карда шуд, ки он каблан на дар фархангхри тафсирй ва на дар лугатномахри осори Мавлавй зикр шудаанд; аввалин маротиба вижагихри лугавию калимасозии феъли асари номбурда тахлил гардиданд; ба вариантной мухталиф истифода гардидани гурух.и муайяни феълхр ошкор карда шуд; силсилаи муайяни афъол бо пешвандхри таърихй хамачрниба тах.лил карла шуданд; боки мондани гурух.е аз феълх.ои маснавй дар гуфтугуи мардуми точ,ик муайян гардид; нак,ши пешвандх.ои феълсоз дар ташаккули калимахри нав нишон дода шуд, тафовути макрми онх.о аз даврахри минбаъда ошкор гардонида шуд; хусусиятхри алохидаи ташаккули феълх.ои таркибии номй дар асри XIII муайян карда шуд. Ахамияти назариявии рисола аз он иборат аст, ки аз нигох и синхрониву диахронй тахлил намудани феълхри «Маснавии маънавй» ба хдпли масъалахои алохидаи системаи умумии феълхр дар тули таърих мусоидат намуда, рох,хри мухталифи афзудани доираи лексикаи феълиро ошкор мекунад.
Ахамияти амалии рисола аз он иборат аст, ки натичахри он метавонад дар халли масъалахри алохидаи вожашиносии таърихй, аз Чумла лугати феълхр, ёрй расонад, инчунин он метавонад дар мактабхри олй дар таълими курской «Таърихй забони точикй», «Асосхри филологияи эронй» ва таълифи лугатхри этимологи истифода гардад. Инчунин натичаву мав оди рисоларо метавон дар таълифи китобх.ои дарсии таърихй забони точикй, тадкикрти мукрисавии афъоли ёдгорих,ои асримиёнагй истифода кард.
Апробатсияи рисола. Нуктахои асосии рисола дар як рисола ва чор макрла арзёбй гардидааст. Пахлухри алохидаи он дар конфронсхри анъанавии олимони ДДХ ба номи акад. Б.Рафуров ва ФХДТТ (2001-2003) маъруза гардиданд. Рисола дар чаласаи кафедраи забони точикии ДДХ ба номи акад. Б. Рафуров мух,окима гардида, ба хдшоя пешних.од шудааст (18-уми июли 2003).
Хачму сохтори рисола. Рисола аз мук,аддима, се боб, хулоса ва руихати адабиёти истифодашуда иборат аст. Дар хулоса мух.имтарин натичахри дар се боби кор арзёбигардида зикр шудаанд.