Содержание к диссертации
МУКАДДИМА 4
БОБИ ЯКУМ. Хусусиятхои жанрии шугун 14
а) Бахе дар масъалаи истилох. 14
б) Хусусиятхои жанрии шугун 23
в) Функсияхои шугун 26
г) Навъхои шугун 37
Анвои шугунхо вобаста ба мундаричаи онхо 37
Шугунхои мушохидавй 40
Шугунхои табий-вокей 40
Шугунхои хурофй 46
Шугунхои амалй 48
Мамнуъ 49
Шугунхри асотирй 51
Анвои шугунхо вобаста ба шакли онхо 56
Шугун-нишонахо 56
Шугунхои манзум 59
Чуфтшугунх.о 61
БОБИ ДУЮМ. Ч.ОЙТОХ.И шугун дар миёни жанрхои хурди фолклорй ва маросимхлш мардумй 67
а) Тафовут ва умумияти шугун бо навъхои дигари паремиологияи тоник 68
Шугун ва зарбулмасал 70
Шугун ва макол 72
Шугун ва таъбири хоб 74
Шугун ва маслихдт 76
Шугун ва касам 78
Шугун вадуо 80
Шугун ва афсун 82
Шугун ва панд 85
Шугун ва велеризм 87
Гузариши як паремия ба паремияи дигар 89
б) Шугун ва анвои фолгирй 93
Маросими фолгирй 95
Фолгирй аз руи мучал 96
Хиромантия 98
Чехрашиносй 99
Библиомантия 99
Фол аз руи картах.0 101
Фол аз руи бурчхои дувоздахгона 101
в) Шугун дар рузгори мардум 103
Шугун дар чашни арусй 105
Шугун дар маросимхои мотам 109
Чашни Шогунй дар Бадахшони Точикистон 112
г) Чораи пешгирии фоли бад дар шугунхо 117
д) Шугунхои нав 119
БОБИ СЕЮМ. Поэтикаи шугунхо 125
а) Сохтори забонии шугунхо 125
Лексикаи таркиби шугунхо 129
Хусусиятхои морфологи 132
Хусусиятхои синтаксиси 137
Вариантнокии шугунхо 140
б) Воситахои тасвири бадей 143
Персонажу образхо 144
Санъатхои бадей 146
Хусусиятхои назмии шугунхо 153
в) Таснифи мавзуии шугунхо 157
ХУЛОСА 161
АДАБИЁТ ; 169
Ба забони тоникй 169
Ба забони русй 174
Базабонхои хоричй 180
Адабиёт аз сахифахои Интернет 182
РУЙХАТИ ГУЯНДАХР 183
Введение к работе
Дар фолклоршиносии точик бисер масъалахои умумй ва жанрхои адабиети шифохй аз тарафи пажухандагони дохилию хоричй то хадде тахкику баррасй гаштаанд. Махсусан баъзе масоили назариявии назму насри шифохй, драммаи халкй ва намунахои гуногуни фолклори маросимии охири садаи XIX, нимаи аввал ва солхои 60-70 садаи XX бо методхои фолклоршиносии шуравй тахкик шуда, натичахои назаррасе додаанд. Аммо дар замони шуравй як бахши мухимми фолклори точик, ки аслан вобастагй ба дин, боварй, эътикод ва хурофот дошт, гирдоварй ва тахкику тахлил нашудааст. Акнун аз як тараф пас аз истиклолияти Точикистон барои омухтани хамачонибаи тамоми суннатхои мардумй аз чумла осори фолклори рох боз шуда бошад, аз тарафи дигар бухрони шадиди иктисодй мамониат мекунад, ки фарханги мардуми худро бештар ва хубтар мавриди баррасии чиддй карор дихем. Бо вучуди ин хама дар 10-12 соли охир он мардумшиносоне, ки ошики фарханги мардуми худ буданд, ба таври алохида корхоеро ба анчом расонидаанд ва аз чумла он жанрхои адабиети шифохиро, ки дар гузашта ба мавчудияти онхо чандон таваччух надоштанд, гирд оварданд ва дар бораи онхо ба таври мухтасар бошад хам, ибрози назар карданд. Масалан, рочеъ ба дуо, фол, шугун, касам ва дигар анвои бовархои мардум [ниг.: Наимбоев, 1989; Муродов, 1990; Фолнома, 1992; Рахмонй, 1993; Тилавов, 1994; Рахмонй, 1998].
Маълум аст, ки хурофот тафаккури инсонро махдуд сохта, уро аз мустакил андеша кардан ва фаъолият намудан бозмедорад, чуноне ки ин падида дар замонхои кадим буд. Имрузхо дар чомиаи мо шахсони зиёде хастанд, ки ба акидахои хурофии беасос бо вар карда, онхоро густариш медиханд. Тафаккури ин кабил одамон бо пардаи хурофот печонида шуда, онхо худро хеч гох озод хис намекунанд ва аз хурофотписандии худ хамеша дар тарсу биманд. Чунончи, сахаргох агар гурбае рохи муътакидонро убур кунад, онхо ё аз рохи худ бармегарданд, ё дилсардона аз паи кори хеш мешаванд. Дар натича чунин шахсон он руз рухан музтариб буда, ба касбу кори худ дилсардона машгул мешаванд. Хдмаи инсонхо дар хуни худ тарси генетики доранд, ки аз ачдодон, аз одамони ибтидой наел ба наел интикол ёфтааст ва ин тарси ирей сабаби пайдоиши як катор беморихои рухй шуда метавонад. Аз ин ру яке аз ахамиятхои рисола дар он аст, ки мардум бояд бо донишхои вокей ошно шаванд ва хакикатро бар асоси гуфтахои илмй бифахманд.
Шугун яке аз чунин жанрхои хурофотй мебошад, ки то ба имруз дар зиндагии интимоии мардум фаровон ба кор рафта, вале он гирдоварй ва тахкик нашудааст. Аз ин ру мо тасмим гирифтем, ки дар рисолаи худ дар бораи ин жанр сухан ронем ва мавкеи онро дар байни жанрхои дигари фолклорй муайян намоем ва мохияти онро дар таърихи фарханги суннатии мардуми точик нишон дихем.
Вокеан хам ин жанр моро водор месозад, ки ба решахои асотирии мардуми худ бештар таваччух, намоем. Х,амчунин дар пайванди имрузу гузашта чи накше доштани онро муайян кунем. Чунки махз шугун чун эътикод ва бовари мардум барои бештар ва дакиктар омухтани ин ё он ходисаву падидахои зиндагй ва табиат ёрй мерасонад. Ин жанр дарбаргирандаи нишонахое аст аз таърихи шифохии гузаштаи дур ва баъдии мо.
Аз он замоне, ки мо ба омухтани хамачонибаи ин жанр шуруъ кардем ва ба таври чиддй ба гирдоварии он машгул шудем, худ аз худ саволхои зиёде пайдо шуданд: чаро мардум ба ин гуна хурофот бовар доранд? Чаро онро ба наслхои баъдй бо боварии комил интикол додаанд ва медиханд? Чаро ба ин нишонахои хурофотй ихлос мекунанд? Чаро гохе шахсони саводнок низ тибки гуфтаи шугунхо рафтор мекунанд? Сарчашмаи шугунхо кадомхоянд? Ин ва садхо саволи дигаранд, ки мохияти омухтани шугунхоро бештар менамоянд ва пажухандаро водор месозанд, ки дар бораи ин матнхои хурофотй фикр кунад ва ахамияту мавкеи онро дар хаёти моддй маънавии мардум нишон дихад. Хамин гуна саволхо буданд, ки диккати фолклоршиносон, мардумшиносон, устурашиносон, номиашиносон ва солхои охир психологхо ва дигар пажухандагонро дар арсаи байналмилалй, дар канори жанрхои дигар, ба худ чалб намудаст [ниг.: Тайлор, 1989; Фрезер, 1986; Фрейд, 2001].
Точикон, ки яке аз миллатхои кухантарини дуне хастанд ва дар хар каломи шифохии онхо розхои чолибе аз зиндагии пешин нихон аст, пас бояд мо ба хар кадоми он ба таври чудогона бояд таваччух намоем. Махз аз хамин сабаб диккати моро жанри шугун ба худ чалб намуд.
Шугун матни муайяни шифохист, ки ба мисли зарбулмасалу макол шаклан хурд буда, хусусияти асосии он аз руи ягон нишона, ходиса, рафтори чонварон ва холатхои инсон фол гирифтан, пешгуй кардан аст. Масалан, вахти халіир кардан хамир паррад, мсхмоп мебияд[М\]. Ё худ, аз щфои мехмон цорув занй, щдамаш аз хопст канда мешад [Р.П.]. Ин гуна матнхо дар байни мардуми точик аслан номи дакике надоранд. Дар манотики мухталифи Точикистон бо номхои ирим, гапои кух,на, акцда (дар вилояти Сугд, н. Х,исор, н. Шахринав), эрум, эрим (н. Файзобод, н. Вахдат), ирум (н. Кулоб), шугун (шимоли Афгонистон) ва монанди инхо дучор мешавем, ки барон ифодаи мафхуми шугун ба кор мераванд. Инчунин лозим ба едоварй аст, ки истилохоти ирим, акцда, боварй, фол, к,арина ва хосият-ро, ки баъзе фолклоршиносон дар мачмуахояшон ба кор бурдаанд, мафхуми аслии шугунро ифода намекунанд. Мо дар боби аввали рисола рочеъ ба масъала истилохи шугун муфассал сухан хохем ронд.
Пажухишгарони фолклори точик ба мавзуи шугуну бовархои мардумй камтар сарукор дошта бошанд хам, вале дар мавридхои муносиб ба ин жанр таваччух. намудаанд. Бояд гуфт, ки мардумшиносони чи дохилй ва чи хоричй хангоми баррасии ин ё он масьалахои расму оинхои мардумй, чун эътикод ва боварии онхо ба шугунхо низ такя кардаанд ва намунахое аз ин жанрро оварда, дар кадом маврид истифода шудани онхоро ёдрас шудаанд [ниг.: Семенов, 1903; Андреев, 1923; 1927; 1953; Кисляков, 1959; Сухарева, 1975; Пещерева, 1927; Рахимов, 1957; Муродов, 1990; Бобоев, 1997; Неменова, 1998; Мардонова, 1981; 1998; Чумъаев, 2001 вадигарон].
Х,амаи ин пажухандагони дар боло номбаршуда кушиш намудаанд, ки як андоза мавкеи шугунро дар маросимхои арусй, мотам ва дигар расму оинхои мардумй нишон диханд. Вале хеч кадоми онхо дар бораи хусусиятхои жанрии шугун хамчун матни фолклорй, хусусиятхои шаклй ва бадеии он сухан нагуфтаанд.
Дар 10-15 соли охир пажухандагони дигар намунахои шугунхоро нашр карданд [ниг.: Наимбоев, 1989; Чалишев, 1990; Обидов, 1992; 1994; Рахмонй, 1993; Кодиров, 2000] ва зимнан дар бораи баъзе чихатхои ин жанр назари худро низ ба таври кутох гуфтаанд. Масалан, Д.Обидов дар навиштахои худ ба баъзе чихатхои хоси ин жанр ишорат карда, дар китоби хурди «Фолнома», ки аз чониби у тахия шуда, шугунхои хамзабонони афгонии моро дар бар мегирад, мегуяд: «Шугунхо хамчун махсули тафаккури инсонхои даврахои кадим аксаран дорои истиноди тачорубй ва ахдофи ахлокию тарбиявй мебошанд. Таъсири шугунхо ба кас ба хадде шадид аст, ки осори он то охири умр аз ёд намеравад. Бинобар ин мардум дар лахзахои гуногуни зиндагиии худ манзури анчоми корхои нек ва савоб аз шугунхо бисер истифода кардаанд ва мекунанд» [Фолнома, 1992, с.З].
Ахиран мо дар маколахои худ талош дорем, ки шугунро хамчун жанри фолклорй мавриди баррасй карор дода, онро аз хар нигох тахкик ва тахлил намоем ва чихатхои назарраси онро аз хар чихат мавриди пажухиш карор бидихем [ниг.: Рахимй, 1998-2002; Рахимов, 2002; 2003]. Намунахои шугунро мухаккикони хамзабонони эронй ва афгонии мо низ то хадде гирд оварда ба нашр расонидаанд, махсусан, гирдоварии шугун ва дигар бовархо дар Эрон бештар сурат гирифтааст. Масалан, нависанда ва фархангпарвари Эрон Содики Хидоят дар китоби худ «Найрангистон» бештар ба ин жанр таваччух намудааст. У дар им китоби худ на факат намунахои гуногуни шугунхоро ба нашр расонидааст, балки мавкеи истифодаи онхоро дар рузгори мардум то хадде нишон медихад [ниг.: Хидоят, 1342 ш.].
Хамчун бовари мардумй дар асархои пажухандагони дигари эронй низ намунахои шугун оварда шудааст, ки ин хама аз машхуру маъмул будани ин жанр далолат медиханд. Ин жанр, ки аслан ба эътикод ва ихлоси мардум робитаи наздик дорад, мухаккикони эронй дар пайвандии осори таърихй ва адабй ба монанди ривоятхо дар бораи Куруши Бузург ва фоли Хофиз низ мавриди омузиш карор додаанд [ниг.: Садокаткеш, 1380 ш.; Рухуламинй, 1369 ш.]. Зимни баррасии худ мо низ дар мавридхои муносиб ба ин гуна тахкикотхои хамзабонон низ такя карда, ибрози назар намудем.
Хамзабони дигари мо аз Афгонистон Равон Фарходй решахои амики таърихй доштани шугунхоро ёдрас шуда, пажухандагонро даъват менамояд, ки «дар бораи шугунхо тахикик бояд кард» ва ин жанрро ба таври нисбатан чиддитар гирд овард ва мавриди баррасии муфассал карор дод [ниг.: Фарходй, 1359 ш.].
Ногуфта намонад, ки дар фолклоршиносии кишвархои гуногуни олам низ ба ин жанр ахамият додаанд, намунахои онро гирд овардаанд ва дар мачаллахою мачмуахо нашр намудаанд. Хамчунин нуктахои назарраси онро дар маколахо ва рисолахои илмии худ мавриди баррасй карор додаанд. Аз чумла аз чониби мухаккикони Руссия [Пермяков, 1988; Павлова, 1984; Христофорова, матн дар Интернет; Бурыкин, 2001], кишвархои Аврупо ва Амрико [Dundes, 1961; Wayland, 1992; Scheibe ва Sarbin, 1992; Otto Blehr, 1992; Harmening, 1992; Lutz Rzehak, 1995] ба ин жанр зимни тахкики хурофот, бовархои мардум, эъткоду ихлос ибрози назар намуда, ба таври чиддй таъкид кардаанд, ки барои омухтани таърихи мардумони гуногуни олам ин гуна мавод хеле муфид аст. Вале онхо низ рочеъ ба чихатхои адабии он камтар сухбат карда, ба масъалаи сохтор ва мавкеи шугунхо миёни мардум бештар ворид шудаанд. Аслан аз назари онхо чанбаи ичтимоии маводи фолклорй ва этнографй хеле мухим аст. Барой онхо забон ва бадеият матнхо гохе дар дарачаи дуюм карор гирифта, мавкеи матн дар рузгори вокеии чомиа ахамияти бештар пайдо мекунад. Инчунин онхо ба осори фарханги моддии мардум, ки дар анаъанаи онхо накши арзандаеро доро аст, диккати махсус медиханд.
Мо бо таъсири фолклоршиносии замони шуравй хангоми тахлили мавзуъ ба контексти ин ё он матн то андозае ахамият медихем. Вале худи контекстро ба таври муфассал, бо тамоми чузъиёт мавриди баррасй карор намедихем. Ва хол он ки бисер масъалахои мухимми вобаста ба матн хангоми дар контекст дидани он бештар чилвагар мешаванд. Хамин чихати масъала дар фолклоршиносии Гарб бештар ба назар мерасад, ки мо низ дар раванди кори худ ба он ахамият дода, маводи худро бештар дар ин ё он контекст аз назар гузаронидем.
Ба хамин тарик барои халли мавзуи рисола дар пеши худ максад гузоштем, ки ин масъалахоро то хадди имкон мавриди тахкик карор бидихем: to Масъалаи истилохи шугун дар манобеии китобй, шифохй ва тафовути он аз жанрхои хурди фолклорй;
Тахкик ва тахлили шугун аз чихати шакл, мундарича, сохтори забонй, бадей ва дар иртибот бо маросиму лахзахои гуногуни зиндагии мардум;
Вазифаи шугун дар зиндагии моддй ва маънавии мардуми точик;
Муайян кардани худуди жанри шугун аз жанрхои ба он монанди паремиологии фолклорй точик дар асоси матнхои тахкикшуда ва тахкикнашуда, муштаракот ва фарки онхо;
Ба таври мукоисавй баррасй намудани шугунхои точикй ва халкхои дигар дар асоси маводи дар Интернет мавчуд буда;
Баррасии шугун дар контекстхои гуногун; Тахкики поэтикаи шугун аз чихати забон, услуб, персонаж, образ, вариантнокй ва монанди инхо. J
Рисола асосан бар пояи маводи гирдовардаи муаллиф. таълиф шудааст, ки дар солхои гуногун аз манотики мухталифи Точикистон -шахри Душанбе, нохияхои Хисор, Шахринав, Вахдат, Варзоб, ба номи Ленин, Файзобод, Кургонтеппа, Кулоб, Восеъ, Дангара, Хучанд, Ашт, Шахристон, Истаравшан ва навохии дигар бо чахор равиши илмй: 1) бо дафтару калам; 2) дар сабти магнитофон; 3) дар навори видео; 4) бо дастгохи аккосй гирдоварй шудааст.
Х,амин тавр холо дар дасти мо бештар аз 2800 шугун бо шарху эзох дар дафтархо; 52 навори аудио (овозй) бо сабти матнхои шугуну бовархо, ривоёту хикояхои асотирй ва мусохибахо бо гуяндагони гуногун; наздики 70 дона акси предметхову маросимхои марбути шугуну бовархо ва 2 видеонавор бо сабти объектхову маросимхои мансуб ба шугунхои амалию бовархои дигар мавчуданд, ки бахше аз онхоро дар рузномахо, мачаллахо ва мачмуахои илмй ба нашр расонидем. Ногуфта намонад, ки хамаи маводи гирдовардаи мо бо равиши илмй дар шакли гуфтори омиёна сабт гардида, хусусияи ин ё он лахчаи махаллиро дар худ инъикос намудааст. Дар мачмуъ хангоми таълифи рисола дар ихтиёри мо беш аз 4200 адад шугуну бовархои мардумй карор дошт.
Бояд ёдрас шуд, ки хангоми баррасии масъала мо аз ганчинаи Шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакй ва бойгонии Институти таъриху археология ва этнографияи ба номи Ахмади Дониши АИ 4J ва маводи дар архиви шахсони чудогона буда низ истифода кардем.
Хангоми баррасии масъалахои вобаста ба шугун мо кушиш намудем, ки аз осори пажухандагони кишвархои гуногун истифода намоем ва методу равишхои гуногуни илмии дар арсаи байналмилалй маъмулро то хадди имкон биомузем. Аз ин ру мо талош кардем, ки аз методхои илмии мактабу равияхои фолклори ва этнологии Руссия, Аврупо, Амрико ва кишвархои дигар бахра бурда, ба асархои назарии мухаккикони машхур ба монанди В.П. Аникин, В.Я. Пропп, Г.Л. Пермяков, A. Dundes, D. Wayland, К. Scheibe ва Т. Sarbin, О. Blehr, L. Rzehak ва дигарон такя намоем, аз гуфтахои илмии онхо бахра барем. Х,амчунин ба осори назарии пажухандагони точик - Р.Амонов, В.Асрорй, Б.Тилавов, Д.Обидов, Б.Шермухаммедов, С.Махдиев, Н.Шакармахмадов, Р.Рахмонй, Р.Ахмадов, Ф.Муродов ва дигарон ки дар пешрафти илмй фолклоршиносии точик хиссаи арзанда гузоштаанд ва ба хусус дар тахкики жанрхои хурди фолклори фикрхои чолиб иброз намудаанд, мавриди таваччухи махсус карор додем. Зимни навиштани рисола аз тарики пурсиш аз тачрибаи баъзе аз устодон, ба хусус Б.Тилавов ва Д.Обидов истифода намудем.
Хдмин тарик мо кушиш намудем, ки бори аввал дар шакли рисолаи чудогона яке аз жанрхои то ба хол мавриди баррасй карор нагирифтаи фолклори точик, яъне шугунро аз хар нигох тахкик ва тахлил намоем. Хусусиятхо ва мавкеи ин жанрро дар хаёти моддию маънавии мардум нишон дихем. Ч,ихатхои эстетики, бадей, хурофотй, таърихй, психологи, фалсафй ва педагогии шугунро то хадди имкон муайян созем ва сабаби то ба хол чун санади ихлос ва эътикод аз байн нарафтани шугунро рушан намоем. То ки дар оянда мухаккикони дигар низ дар мавридхои муносиб чун санади илмй ба ин жанр такя намоянд.
Маводи чамъовардаи мо на танхо барои тахкикоти фолклоршиносон, балки барои корхои илмии адабиётшиносон, лингвистхо, этнографхо, антропологхо, файласуфону психологхо, педагогхо, чомиашиносон, таърихнигорон ва мутахассисони дигар метавонад чун сарчашма хидмат намояд.
Рисола аз сарсухан, се боб, хулоса, руйхати гуяндахо ва адабиёт иборат аст. Боби аввали рисола "Баррасии масъалахои истилох, хусусият, вазифа ва репертуари имрузаи шугунхои точикй" ном дошта, дар он масъалахои истилох, хусусиятхои жанрии шугун, вазифа ва анвои он мавриди тахкик карор гирифтааст. Боби дуюмро «Чрйгохи шугун дар миёни жанрхои хурди фолклори ва маросимхои мардумй" ном нихода, дар ин он рочеъ ба тафовут ва умумияти шугун бо навъхои дигари премиологияи точик сухан рондем. Дар боби сеюми рисола, ки "Поэтика ва сохтори шугун" ном дорад, дар бораи забон, услуб, воситахои тасвири бадей, мавзуъхои асосии шугун бахс намудем. Дар хулоса ба он натичахо ишорат кардем, ки дар чараени кор ба мушохидаи мо расиданд.
Дар охир лозим медонем, ки чанд нуктаро ёдовар шавем. Аз сабаби ба чанд бахш ва чанд забон табакабандй шудани адабиёти илмй мо лозим донистем, ки номи асархои иктибосшударо дар поварак ишорат накунем, то ки хачми рисола калон нашавад. Аз ин ру хангоми овардани иктибос номи муаллиф, соли нашри китоб дар кавси росткунча ба ин шакл оварда шудааст: [Пропп, 1984, с.8]. Агар дар як сол муаллиф чанд асар навишта бошад, он гох пас аз сол харфхои «а», «б» ва монанди инхо илова мешавад. Мисол: [Пропп, 1984а], [Пропп, 19846]. Аз сабаби мушкилии истифодаи чанд алифбо мо ночор манобеии ба алифбои форси бударо тавассути алифбои имрузаи точикй овардем.
Дар рисола матнхои зиёди фолклорй, аз чумла шугунхо барои тахкик хамчун иктибос оварда шудаанд. Баъд аз хар як матн мо дар кавсайн сархарфи ному насаби гуяндахоро ба таври зайл ишора кардем: (Д.Г.) -яъне гуянда Давлатова Гулинор аст, ки дар охири рисола дар руйхати гуяндагон ному насаб ва нишонии у муфассалтар зикр гардидааст. Дар холе ки сархарфи ду ё се гуянда якхела мебошанд, баъд аз сархарфхо ракамхои тартибй гузошта мешаванд, масалан, ин тавр (P.M. 1).