Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках Ибрагимова Лали Кузибаевна

Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках
<
Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках
>

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - бесплатно, доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Ибрагимова Лали Кузибаевна. Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках : Дис. ... канд. филол. наук : 10.01.09 : Душанбе, 2004 170 c. РГБ ОД, 61:05-10/1462

Содержание к диссертации

МУКАДДИМА : З

БОБИ 1. НИШОНАХРИ ПАДАРСОЛОРИ - ХДМЧУН МАСЪАЛАИ ТЕНДЕР ДАР АФСОНА^ОИ ХАЛКИИ ТОЧИКЙ 20

1 .Падарсолорй - хамчун масъалаи тендер дар афсонахои халкии точикй ...20

2.Инъикоси хонавода дар афсона хамчун зухуроти чамъияти падарсолорй. 26

З.Издивоч дар афсона ...31

4.Таваллуди фарзанд ва бефарзандй хамчун масъалаи тендер дар афсона .. 44

5 Вазифаигендерии марду зан дар хонаводаи афсонавй 52

БОБИН. МУНОСИБАТИ ГЕНДЕРИИ ЗАНОН ВА МАРДОН ДАР АФСОНАХОИ ТОЧИКЙ... 65

1. Муносибатх.ои тендери дар афсонамасалх.о .65

2.Меъёри ахлокй чун муносибати гендерии занон ва мардон дар афсонах,ои точикй. 77

З.Мардонагй, пахлавонй, ишк. ва хислатх,ои инсонй хамчун нишонаи мухими тендери... 94

4. Мавкеи зан, модар дар пайвандии мардхамчун падидаи гендерии афсонахои точикй 106

ХУЛОСА 149

АДАБИЁТ 157 

Введение к работе

Тахкики масъалахои гуногуни тендери дар илмхои чамъиятшиносии чахон, ба хусус, дар кишвархои собик Иттифоки Шуравй бо суръат пеш рафта истодааст. Дар кишвархри мутаракии чахон гендер кайхост, ки таърихи худро пайдо кардааст, аммо дар каламрави собик шуравй, ба ин раванди нави тахдик дар ду дахсолаи охир таваччух. зохир шудаасту халос. Аз ин нигох. гендершиносй дар кишвари мо илми чавон махсуб мешавад.

Аввалин гендершиносон дар кишвархои собик шуравй пажухандагони Русия мебошанд, ки бо асархои худ дар гендершиносй сахми арзанда гузоштаанд. Олимони Беларус, Украйна, Кдзокистон низ ба омузишу, тадкики масоили гендер акнун огоз намудаанд. Дар Точикистон низ омузиши масоили гендер чанд сол кабл огоз гардидааст. Натичаи пажухиш аз тарафи мухаккикони точик дар дастури «Гендер и культура. Введение в тендерные исследования» ва боз чанд асари дигар интишор гардид [ниг.: Гендер и культура].

Бо вучуди пажухишхои гуногун дар масоили гендер, масъалахои то ба хол мавриди тах.кик карор нагирифта дар ин самт вучуд дорад.

Аслан истилохи гендер чиро дар бар мегирад? Аз кучо сарчашма гирифт? Он баррасии кадом масъалахоро дар бар мегирад? Фахмиши ин мафхум, аз сабаби доштани маънихои гуногун, то андозае мураккаб аст. Калимаи «гендер» азтарики забони англисй ба русй ва пас ба забонхои дигари собик Шуравй чун истилохи илмй иктибос шудааст. Ба забони точикй тарчумаиі дурусти онро пайдо кардан номумкин аст. Агар ба фархднгх.о назар афканем мебинем, ки калимаи тендер (gender) ду маъниро ифода мекунад. Аввал ба маънои категорияи грамматикии чине омада аст ва баъдан мафхуми чинеро мефахмонад.

Дар адабиёти феминистй чандин консепсияи тендер мавчуд буда, дар хама хрлат тафовути истилох.оти «чине» аз ду чихат ба назар мерасад. Аввал «чине» (sex) ба хусусиятхои анатомй-биолотии одамон ишорат мекунад, яъне зери мафхуми он, метавон марду занро фахмид. Дуруст аст, ки ин мафхум танхо дар доираи хислату рафторе, ки бевосита аз фарки биологии марду зан бармеояд, ба кор меравад. Дувум мафхуми тендер (gender) мебошад, ки он муносибати мураккаби ичтимой ва мадании одамон буда, асосан тафовути хоси онхрро дар пиндор, гуфтор, рафтор ва хамчунин. нозукихои тафаккур ва олами маънавии мардон ва занон ифода менамояд, ки ин дар натичаи таъсири муносибатхои ичтимоии онхо баркарор шудааст.

Тендер ба хдйси истилохи илмй бори нахуст дарманобеи фалсафй ва чамъиятшиносии кишвархои.англисзабон дар интихри солхои 60 аери XX ба кор рафтааст. Сипас, аз он чо ба асархои илмии кишвархои дигар интикол ёфтааст. Алх.ол гуфтан мумкин аст, ки маънии тендер хануз хам устувор нест.Тавре ки дар лугатномаи «Новейший философский словарь» омада аст «гендер»-ро барои ифодаи муносибати чамъиятй ва мадании чинсии инсон ба кор мебаранд [ниг.: Янчук 1998,С155-157].

Гендершиноси рус Н.И.Абубикирова таъкид мекунад, ки «Термин «тендер» понимается как представление отношений, показывающее принадлежность к классу, группе, категории, (что соответствует одному из значений слова «род» в русском языке). Другими словами, тендер конструирует отношения между одним объектом (шщ существом) и другими, ранее уже обозначенными классом (группой); это отношение принадлежности. Таким образом, тендер приписывает или закрепляет за каким-либо объектом или индивидом позицию внутри класса, а, следовательно, и позицию относительно других, уже составленных классов. Итак, тендер - социальное отношение, не биологический пол, а представление (репрезентация) каждой индивидуальности в терминах специфических социальных отношений.» [Абубикирова 1996, с. 123].

Хдмин тавр истилохи тендер мафхуми сермаъно буда, барои баррасии фарк ва шабохати чинсхои гуногуни инсон, хам аз назари фардй, хам чамъиятй ва хам маданй-сиёсй ба кор рафтааст. Мухаккики дигар И.Чикалова истилохи гендерро чунин маънидод мекунад: «Он (тендер) стал использоваться для проведения так называемой социополовой стратификации общества в отличии от вертикальной - классовой, сословной и подобных им» [Чикалова 2002, с.25].

Дар ин робита бояд ёдовар шуд, ки пажухиши тендери аслан идомаи мантикии харакат ва пажухиши феминистй буда, дар асоси он ба вучуд омадааст.

Агар мо ба таърихи масъала нигарем, пажухиши феминистй аслан аз муборизаи занон барои баробарии хукуки худ бо мардон cap задааст. Ин мубориза дар асри XIX ва аввалхои асри XX кишвархои Аврупо, Амрико ва Русияро фаро гирифта, ба таърихи чахонй тахти унвони суфражизм (муборзаи занон барои ба даст овардани хукуки худ дар интихобот) дохил гардидааст. Ин харакат дар хар кишвар раванди хоси худро дошта, максади ягонаи он бехбудии ахволи занон ва пеш бурдани рушди чамъият буд. Ин буд, ки осори зиёди тахкикй вобаста ба харакати занон дар хар соха ва дар хар мавзуъ ба вучуд омад. Аз чумла истилохоти илмии «пажухишхо дар бораи занон» (Womer\ $ Studies) низ пайдо шуда, бо суръат дар кишвархои англисзабон пахн гардид. Аз худи унвони гузориши масъала маълум аст, ки дар он занро бо диди занона мавриди омузиш карор медихднд.

Аввалин маротиба Women s Studies дар Иёлоти Муттахидаи Амрико дар солхои 60-уми асри XX хамчун назарияи илмй бо максади дастгирии харакати занон ба вучуд омад. Дар ин сохаи нави илм баррасии чине, рузгор, шароити зисти занхо ва муносибатхои байни занону мардон диккати пажухандагонро ба худ чалб намуд.

Муборизаи пайдарпаи харакати феминистй, ки он бо муборизаи сиёсй бевосита иртибот дошт, боиси комёбихои назаррас гардид. Занхо хукуки овоздихиро дар интихобот ва хатто хукуки ба органхои хокимияти давлатй интихоб гаштанро пайдо карда, ба хукукхои адолатхохй ва дертар иктисоди муваффак гаштанд. Хамин тарик, муборизаи феминистй ба онхо шохрохи васеи хаётро кушод.

Дар солхои 80-уми асри гузашта, пажухиши хаёти занон батадрич шакли пажухиши гендериро пайдо мекунад. Ба назар чунин мерасад, ки ин ходиса натичаи чараёни интиколи тахкики падарсолорй ва тачрибаи хаёти занон дар чамъият, ба диди системи омузиши тендери буд. Пажухишхо дар бораи занон (Women s Studies) пай дар пай ба пажухишхои тендери (Gender Studies) мубаддал гардид. Тибки ин раванди тахкик хамаи сохахои чамъият ва маданият бо ченаки тендери мавриди омузиш карор дода шуд. Агар нисбатан васеътар дар бораи тендер андеша ронем, асли масъала ин аст, ки хамаи чихатхои чомеаи башарй, аз чумла муносибатхои мутакобилаи одамон маншаи тендери доранд.

Гохе ба чунин бархурдхое метавон дучор шуд, ки гуё пажухиши феминистй ва тендери мафхумхои аз чихати маънй баробаранд. Ин назар дар илми гендершиносй мавриди кабул карор нагирифтааст. Зеро тендер илмест, ки на танхо сохахои хаёт ва тараккиёти занонро, балки мардонро низ якчо бо тамоми масъалахои ичтимой аз нигохи илмхои сохахои мухталиф мавриди омузиш карор медихад, ки гендершиносон ин чихати онро таъкид кардаанд: «Гендерные исследования - исследования формирования, воспроизводства и репрезентации половых ролей» [Барчунова2002,с.180].

Ба ин нукта низ бояд ишорат кард, ки дар тули чанд дахсолаи охир, пажухишхо дар масоили занон (Women s Studies), боиси пайдоиши тахкикот дар мавриди мардон (Man s Studies) гардид.

Хонумхо мохияти пажухишхои занонро зери тахкик ва тахлили амик гирифта, дар натича мардонро низ ба пажухиши худ водор сохтанд. Дар канори рамзу рози занон, омузиши асрори мардон низ мавриди таваччух карор дода шуд. Каблан симои хукумронии мардон, ки дар асоси пажухишхо карор дошт, дигар он ба талаботи замон чавобгу нест ва хол о дар пажухишхои тендери харакат аз симо ва накши анъанавии мард дар самти нав равон аст. Дар ин бора инсоншиносони (антрополгхои) амрикой кадамхои аввалро гузошта, масъалаи вокеияти аслии мардонагиро ба тахкик гузоштаанд. Ин боиси он шуд, ки дар солхои охир марказхои пажухиши масоили мардон дар кишвархои Амрико ва Аврупо то дусад адад расидааст.

Хдмин тавр, муносибатхои тендери тамоми маданият, сохти чамъият, таърихи инсоният, муносибатхои иктисодй, психологи ва ба таври куллй хамаи самтхои хаёти гузашта ва хозираро фаро гирифтаанд. Тендер ба таври ошкор ва нихон, зери пардахои гуногун, дар хамаи сохахои зиндагй ворид гардидааст.

Аслан муносибати марду зан, муайян намудани мавкеи онхо дар чамъият, адабиёт, маданият, таърих дар илми чахонй мавзуи чадид нест. Вале тендер имруз чун категорияи тахкик. ва тахлили илмхои гуногуни муосир мавкеи устувореро ба даст оварда аст. Дар айни замон, гендершиносиро то хадде метавон илми навбунёд ва нисбатан тоза номид, ки мухак,икони сохахои гуногун ба пажухиши он камар бастаанд. Хдмин буд, ки дар натича, гендершиносии ичтимой, сиёсй, таърихй, психологи, маданй, антропологи, этнографй ва гайра пайдо шудаанд.

Маълум аст, ки бунёдгузор ва рушддихандаи аслии назарияхои гендершиносй намояндагони илмхои чамъиятшиносй ва сиёсатшиносй хастанд. Аз ин ру дар раванди омузши масоили тендер, ба намояндагони илмхои ичтимой таъсири колабхои идеологи сиёсии кухан зиёд буда, гохе "тоза" ва «дакик» будани пажухишхоро зери шубха мегузорад.

; Падид омадани масъалахои тендери дар таърихи чдмъияти: инсонй хеле гуногун буда, пажухиши он масъалаи мухими хар як сохаи илми имрузаро дар бар мегирад, ки фрлклоршиносй низ аз ин раванд дур намондааст. «Разговор об обществе «как таковом» ущербен без оглядки на историю, культуру, литературу, фольклор, а значит - и на те дисциплины, в которых теоретический пафос интерпретационных обобщений определяется своей источниковедческой базой и своими критериями аналитической верификации... Востребованность антропологических дисциплин, в частности - фольклористики и этнографии как релевантных изучению тендера представляется в этом смысле вполне закономерной» [Богданов 2001, с.6].

Дар таквият бар суханони боло метавон гуфт, ки аз замонхои кадим то ба имруз дар байни мардум масъалахои таксимоти чомеаи суннатй аз руи нишонахои чине, синнусол. шаклу намудхои гуногуни колабхои рафтор дар хаёти маишй ва сиёсии хамаруза ба назар мерасанд, ки онхо чун намунахои вокеии нафосати занон ва мардон, бо тасаввуротхои меъёрй ва анъанавй дида мешаванд, бояд мавриди тахкик карор гирад. Ба хамагон маълум аст, ки тафовути тендери дар тамоми бахшхои хаёти ичтимоии мардум, аз чумла дар забон, бовархо ва асотир, зиндагии хонавода, акоиди динй, сохтори сиёсй ва гайра охир мегардад, ки хамаи ин бо фолклор ва этнография чун заЧир дар пайванд аст. Пас омухтани тамоми бахшхои зиндагии ичтимоии мардум бидуни истифодаи маводи рангоранг ва фаровони фолклорй, ки дар бойгонихо чамъ шудааст ва холо вирди забони мардум аст, номумкин мебошад. Чунин хам шудааст, ки хангоми пажухиши масъалахои зиёди тендери пажухандагони улуми ичтимой, хоху нохох ба маводи антроплогия, этнография ва фолклор мурониат мекунанд. Дар чунин холат дар байни риштахои пажухандагони улуми ичтимой худуди илмхои антропология, этнография ва фолклорро муайян кардан мушкил аст.

Фолклор аслан сохаи сертаркиб мебошад, ки фолклоршиноси машхури рус Б.Н.Путилов дар ин бораёдовар мешавад: "Мы имеем дело с явлением сложным, разнонаправленным, связанным так или иначе со всей совокупностью отношений в обществе" [Путилов 1994, с.50].

Ин гуна хусусияти фолклор ба илмхои дигар низ мавод медихад. Чунки фолклор унсурхои бахшхои гуногуни улуми ичтимоиро дар доираи худ фаро гирифтааст. Барои мо маълум аст, ки мусикии халкиро - мусикдшиносй, раксхои халкиро -хореография, расму оинхо ва тамоми зиндагии ичтимой ва марсимхои мардумиро - этнография, театрхои мардумиро -театршиносй, хунархои халкиро - санъатшиносй тадкик, мекунад.

Фаромуш набояд кард, ки дар фолклор унсурхри гуногуни шаклхои мухталифи санъат - мусикй, раке, накколй, театр ва амсоли ин якно мебошанд. Аз ин чихат ба гуфти В.Я.Пропп, фолклор ба навъхои дигари санъат низ таъсири худро дорад: «Народное творчество - один из значительнейших факторов национальной культуры. Народное творчество воздействует на. другие виды народного искусства» [Пропп 2001, с. 150].

Маълум аст, ки ба ганчинах.ои бебахри фолклор забон-шиносону таърихшиносон, равоншиносону чомеашиносон ва умуман, намояндагони сохах,ои гуногуни илм ру меоваранд. Хар як сохаи номбурдаи илм, дар фолклор чихати ба хамин соха марбутро тахдик мекунад. Масалан, дар илми филология фолклор (адабиёти шифохЯ) санъати сухан аст. Филологи фолклоршинос мачмуи асархои эчодиёти даханакии халкро, ки дорой шаклхои мухталиф буда, аз чониби наслхои зиёди одамон ба хамдигар интикол ёфтааст, мавриди омузиш карор медихад. Таърихшиносон фолклорро аз нуктаи назари пурра намудан ё хатто баркарор сохтани вокеияти таърихй чун мавзуи пажухиш кабул кардаанд. Олимони рухшинос дар асархои фолклорй ин ё он падидаи равонии инсонро мушохида мекунанд. Хатто бостоншиносон ва чугрофиядонон низ ба ганчинахои фолклор ру оварда, аз онхо чун маводи иттилой бахра мебаранд. Хуллас, бойгонии фолклории чахон чун сарчашмаи мухими фархангу маданияти халк барои илми муосир хизмати бехамтое карда истодааст, ки дар ин бора фолклоршиноси муосири рус К.Богданов чунин ибрози назар намудааст: "Коль скоро нас интересуют традиции, имеющие отношение не только к литературе, но также к этнографии, не только к психологии, но также к социологии и т.д., нам не избежать обращения к тому, что пока еще называется фольклористикой" [Богданов 2001а, с.5].

Дар солхои охир фолклор диккати намояндагони илми гендершиносиро низ чун сарчашмаи бевоситаи пажухиш ба худ чал б кардааст. Онхо рочеъ ба масъалахои гуногуни улуми ичтимой ва муносибати он бо тендер конфренсияхо баргузор намуда, дар канори баррасии масъалахои мухими илмхои дигар ба тахкик ва тахлили осори фолклорй, аз чумла афсона низ таваччу намудаанд [ниг.: Красиков 1999; Исследование 2000; Исследование 2001; Исследование 2002].

Хатто пажухандагони равоншиноси рус ба фолклор ва хусусан жанри афсона ру оварда, дар мачаллаи солонаи «Russian Imago» боби махсусеро зери унвони «Психоанализ сказочной культуры» кушода, ба тахлили равонковии афсона машгул шудаанд. Чунин баррасихо дар рузгори мардум яке аз манбаъхои мухим будани осори фолклориро бори дигар тасдик менамояд, ки дар ин бора В.П.Аникин ёдовар шудааст: «Обретая новые свойства, фольклор сделался частью сознания современного человека и остается им» [Аникин 2001, с.445].

Дар бораи баррасии фолклорй кишвархои пешрафтаи дунё корхои зиёде анчом дода шудааст, хар кадоми он як чихати масъаларо ошкор месозад. Масалан, пажухандагон Сату Апо, Маргарет Миллс, Томпсон ва дигарон дар асархои худ жанрхои гуногуни фолклорро мавриди тахлил карор дода, мохияти онро дар рузгори маъмулии мардум нишон додаанд [Аро 1992; Mills 1991; Thompson 1973; Stone 1986]. .

Дар кишвари мо низ сол то сол ба ин масъала диккдт медиханд [ниг.: Rahmoni 2002]. Ба хусус пас аз он ки аз чониби президенти кишварамон мухтарам Эмомалй Рахмонов барои нигахдории хукуки зан ва баланд бардоштани макоми вай дар чамъият фармоне зери унвони «Оид ба баланд бардоштани макоми занон дар чомеа» аз 3 декабри соли 1999 содир шуд, омузиши ин масъала сурат бештар гирифт.

Дар хдмаи чабхахо: хдм сиёсат, хам иктисод, хам фарханг мисли кишвархои дигар дар кишвари мо низ ба мавкеи ичтимоии зан ва баробархукукии он дар якчо бо мард ахамият медиханд. Созмонхои бонуфузи гайридавлатии кишвархои Аврупо ва Амрико низ барои он, ки занони точик хам баробари мардон барои сохтани чомеаи навбунёд ва мутараккии Точикистон иштирок намоянд, ёрй мерасонанд.

Рохи тозае, ки барои халли бисер масъалахои ичтимой аз назари демократа, баробари, озодй ва монанди ин ёрирасон бошад бо нигохи тендери омухтани ин масоил мебошад. Дар тамоми бахшхои фарханги мардуми точик омухтани ин масъала хеле чолиб ва мухим аст.

Фолклор яке аз сарватхои бебахои маънавии мардуми точик аст ва хамеша дар хар давру замон муносибати тендери дар он накши арзандаеро бозй намуда омадааст. Аз ин ру тахкик. ва тахлили ин масъала дар он хеле мухим мебошад. Чунки ягон бахши осори фолклорй нест, ки дар он муносибати ичтимоии зану мардро мушохида карда натавонем. Масалан, дар семинаре, ки зери унвони «Гендер: забон ва адабиёти точик» дар соли 2001 дар Донишгохи давлатии миллии Точикистон баргузор гардид, дар бораи гендер ва фолклор низ маърузахо шунида шуда буд. Дар чандин суханронихои ин семинар, ки онхо баъдан чоп шуданД масъалахои гуногуни фолклор ва гендер мавриди тахкик. кдрор гирифта буданд [муфассал ниг.: Гендер 2001].

Дар ин чо махсус таъкид менамоем, ки аксари ин суханронихо бештар бо фолклор пайванди махсус доштанд. Ин маърузахо нахустин тахкикотхое буданд, дар бораи муносибати гендер ва асархои гуногуни фолклорй. Хдмчунин онхо шаходат медиханд, ки аз нигохи тендери омухтани масъала ахамияти мухими назарй ва амалй до рад. Маърузахое, ки дар семинари мазкур кироат шудааст дар бораи матнхои гуногуни фолклорй хам дар бораи назм, хдм наср ва хам вобаста ба бовархои мардумй мебошанд.

Маколаи академик Р.Амонов, ки «Типологияи занон дар рубоихои халкии точик» ном дошт, холати ичтимоии занони точикро дар рубоихо маънидод кард. Мухаккик мавзуъхои зерини вобаста ба занони точикро ба мисли «Дилдодагрни номурод», «Никохи мачбурй», «Занони сазовори ситоиш ва дилсузй», «Занони чашм ба рох чор», «Занони мотамзада» ва монанди ин мавриди тахлил карор гирифтааст, ки дар пеши назарй мо симои зани чдбрдида ва дар чомеа дар баъзе мавридхо хору зор, камхукук, бечора, ба такдир тан дода ва монанди ин намоён мегардад [ниг.: Амонов 2001, с. 11-17]. .

Дар маколаи Т.Исроилова низ образи инсон, яъне марду зан дар рубоихои точикй тахлил шудааст. Лугати чандомад ва гуфтахои эшон моро водор месозад, ки кадом бахшхои бадани инсон дар рубоихои халкй бештар ва кадоми онхо камтар инъикос ёфтааст, бидонем [ниг.: Исроилова 2001, с.40-42]. .

Маколаи дигаре, ки дар ин манмуа нашр шудааст «Макоми зан дар эпоси кдхрамонии халки точик» ном дошта, ба калами С.Фатхуллоев тааллук дорад. У бо эхтиром аз симохои барчастаи занон ёдовар шуда мегуяд: «Дар фолклорй точик аз чумлаи занон як силсила симохое офарида шудааст, ки аз чихати хулку атвор ва рафтору кирдор писанди хосу ом гардидаанд. Махсусан симохое чун Ширмох ва Карокуз, ки дар эпоси кахрамонии халки точик тасвир ёфтаанд, метавонанд дили хар шунавандаро тасхир созанд» [Фатхуллоев 2001, с.49].

Аз ин гуфтахои эшон маълум мегардад, ки занхо дар асархои фолклори на факат бо симои зебо пеши назар нилвагар мешаванд, балки дар сохтани рузгор дар пахлуи мардон мебошанд. Махз аз хамин нихат дар мавридхои муносиб мавкеи тендери ва ё интимоии онхо низ дар баробари мардон намоён мегардад. Гуяндагони асархои халкД баробари мардон барои пешбурди номеа хизмат кардани занонро дар матнхои фолклрй ёдрас мекунанд. Бидуни зан мушкил будани зиндагиро таъкид менамоянд.

Вокеан дар фолклори мардуми точик дар хар мачвуъ метавон мисолхои нолибе пайдо кард, ки барои бештар дарк намудани рузгори занону мардон ва ба хусус муносибати ичтимоии онхо ахамияти хосеро дороет. Барои хамин хар падидаи дар байни мардум мавчуд бударо бояд бо диккат мавриди тахкик ва тахлил карор дод. Яке аз падидахои дар хаёти мардуми шарк вучуд дошта ин аст, ки мардхо метавонанд сохиби чанд зан бошанд, вале барои занхо чанд шавхар кардан мамнуъ аст. Дар маърузаи Ш.Умарова «Бозтоби дузанагй дар фолклори точик» хамин масъала барраей шудааст [ниг.: Умарова 2001, с.46-48].

Агар дар маърузаи Д.Карамшоев, ки «Аз рафтору эчодкории занони Бадахшон» ном дорад, матнхои фолклори дар контексти расму оинхо мавриди тахлил карор гирифта бошад [Карамшоев 2001], дар маърузаи Д.Рахимов «Таъбири хоби занхо дар фолклори точик» боз як мавзуи мухим бо мисолхои гирдовардаи худи муаллиф тахкик. шудааст [Рахимов 2001]. То ба хол масъалаи хобу хоббинй ва матнхои он аз чониби фолклоршиносони точик кам гирдоварй шудааст ва холон ки дар кишвархои аврупой ба омухтани ин масъала илмхои гуногун низ машгуланд.

Яке аз жанрхри машхури фолклори тоник жанри дуо мебошад, ки мутассифона фолклоршиносони мо ба гуфти Р. Рахмонй матнхои ин жанрхоро то ба хол кам чамъ кардаанд. Аввалин мухакике, ки ин жанрро аз байни мардум гирдоварй кард ва нашр намуд Р.Рахмонй мебошад. Эшон аввал дар маколаи худ «Дуо гунаи фолклори точик» дар бораи ин жанр сухан ронда намунахои онро ба чоп мерасонад [ниг.: Рахмонй 1995, с.209] ва баъдан дар мачмуаи «Киссахо, ривоятхо ва дуохои Бухоро дар сабти Рахмонй» намунахои дуохои точикони Бухороро ба чоп мерасонад [ниг.: Рахмонй 1998]. Дар семинари мазкур Б.Муминова аз нигохи тендери ба дуохои неку бади мардуми Кулоб назар меандозад ва хусусиятхои занонаи онро то хадде тахкик, мекунад [ниг.: Муминова 2001, с.85-86].

Хдмин тавр дар ин семинар дар маърузахои алохида бори аввал дар канори масъалахри гуногуни гендерии забон ва адабиёти точик чихатхои назарраси фолклори точик пешкаши сохибназарон гардид.

Х,оло пас аз мутолиаи ин маколахо бо осори фолклори бештар ошно шудем, акнун маълум шуд, ки дар бораи хар кадоми ин мавуъхои фолклори ва даххо мавзуъхои дигари дар семинар ёдовар нашуда на факдт макола, балки рисолахои зиёд метавон навишт. То баргузории семинари мазкур дар асоси мутолиахои асархои мухдкикони кишвархои аврупой ва амрикой тавачухи моро жанри афсона ба худ чалб карда буд. Аз ин ру мо ахамияти мифолгй, таърихй, ичтимой, фархангй, бадей доштани афсонаро, ки аз замонхои хеле кадим хамдами мардум аст ба инобат гирифта, хостем махз хамин жанрро мавриди омузиши бештар карор дихем. Агар мо хамаи бахшхои фолклорро аз назар гузаронем, худуди мавзуъ хеле густурда мешуд. Пас аз мутолиа ва чамъоварии мавод ба чунин натича расидем, ки ба хар навъи. афсонахои точикй аз нигохи тендери ба таври алохида метавон назарафканд.

То чое, ки мо аз адабиёти ба забони инглисй нашршуда хабар дорем дар кишвархои Аврупо ва Амрико дар бораи муносибати афсона ва тендер маколахо ва рисолахо ба назар мерасад. Хдтто дар яке аз донишгоххои Мачористон, дар шахри Будапешт, дар Донишгохи Марказии Аврупо, дар Кафедраи тахкикотхои тендери зери унвони «Аз афсонахои сехромез то романсхои кучагй: жанрхои машхур чун дурнамои тахкикоти тендери» дарси махсусе мавчуд аст. Вале дар кишвари мо омухтани масъалахои гуногуни тендери тоза шуруъ шудааст. Аз чумла дар бораи мавуъи мо низ ба гайраз макола ваяк китоби Р.Рахмонй асари дигаре то ба хол ба вучуд наомадаст.

Дар маколаи Р.Рахмонй «Гендер ва афсонахои точикй» ин жанри хеле машхури фолклори точик мавриди тахкик карор гирифта аст, ки у аз замонхои кадим то ба имруз вучуд доштани нишонахои гендериро дар ин жанр . ёдовар шуда, аз чумла менависад: «Дар афсона баъзе аз муносибатхои зану мард, ки реша бар таърихи кадим дорад, ба пеши назар чйвагар мешавад, ки дар тули садахо саргузаштхои чолиби тахайюлиро дар худ дошта аз хар давру замон нишонахое гирифта, чун тачрибаи зиндагй аз насле ба насле то замони мо расидааст. Афсонахо мадад мерасонанд, ки мо бо тахайюлу тасаввури чамъияти ибтидой, табакотй, мухити табий, муносибатхои ичтимой, муборизаи беамони некию бадй ва аз хама мухим бо доду бедод аз наздик ошно шуда, мавкеи занро дар канори мард дар ин партави хаёлй ба пеши назар чилвагар намоем» [Рахмонй 2001, с.52]. Р.Рахмонй дар ин маколаи худ, агарчи он хурд бошад хам, вокебинона баррасии гендерии афсонахои точикиро пеш мегузорад. Кушиши эшонро дар ин ришта метавон яке аз пажухишхои нахустини ин мавзуъ хисоб кард. У хам дар дарсхо ва хам дар навиштахои худ ба муносибатхои гендерии афсона таваччухи зиёд медихад.

Дар соли 2002 китоби Р.Рахмони бо забони англиси аз чоп баромад, ки дар он махз хамин масъала мавриди омузиш карор гирифтааст. Ин китоб «Занони афсонагуи точик: Афсона ва суннат (дар тасвири видео)» ном дошта, диккдти мухаккикони кишвархои хоричро низ ба худ чалб намудааст [ниг.: Rahmoni 2002]. Р.Рахмони дар ин асари худ факат як матни афсонаи «Модар ва духтари угай»-ро дар контексти маросими мушкилкушо аз назар мегузаронад ва мавкеи онро дар зиндагии мардуми точик нишон медихад.

Дар натичаи мутолиа маълум гардид, ки тахлили чузъии масъала бисер розхоро боз месозад, вале дафъатан ба хамаи он пардохтан мушкил аст. Чунки дар хар навъи афсона муносибати гендериро ба таври хос метавон дарёфт кард. Масалан, дар «афсонамасалхо», «афсонахои сехромез», «афсонахои ишкй» ва «афсонахои новеллй-маишй» муносибати ичтимоии персонажхо гуногун аст. Барои тахлил ва тахкики хар кадоме аз навъхои афсонахо ба илмхои гуногун ру бояд овард. Аз ин ру мо зарур донистем, ки дар мархалаи аввал дар ин рисола, хамаи навъхои афсонаро ба таври куллй аз назар гузаронида, чихатхои умдаи онхоро нишон дода, барои баррасии дакиктари масъала барои пажухандагони оянда рох кушоем.

Хар асари тахдикй маъмулан дар пеши худ мак/сад ва хадафхои хосеро дорад. Мо низ дар пеши худ барои халли чунин масъалахо кушиш ба харч хохем дод:

- шархи илмии феминизм, тендер ва муносибати он бо фолклор;

- баррасии нишонахои падаршохй чун масъалаи тендер дар афсонахои точикй;

- инъикоси хонавода дар афсона чун зухури чамъияти падаршохй;

- таваллуди фарзанд ва бефарзандй чун масъалаи тендер дар афсона;

- издивоч дар афсона;

- муносибат ва вазифаи гендерии марду зан дар хонаводаи афсонавй;

- масъалаи муносибатхои тендери дар афсонамасалхо;

- меъёри ахлокй чун муносибати гендерии занон ва мардон дар афсонахои точикй;

- мардонагй, пахлавонй, ишк. ва хислатхои инсонй чун нишонаи мухими тендери;

- мавкеи зан, модар дар пайвандии мард чун падидаи гендерии афсонахои точикй.

Бояд ёдовар шуд, ки барои халли масъалахои дар пеш гузошта мо ба манобеи илмии мухакикони илмхои гуногун аз чумла мардумшиносй, фолклоршиносй, номеашиносй, таърих, адабиёт ва гайра мурочиат кардем. Хдмчунин хангоми баррасии масъала ба осори пажухандагони кишвархои Аврупо, Амрико, Русия такия намуда, аз методхои тахлилй, таърихй-мукоисавй, мифологи, мушохидави ва монади ин истифода намудем.

Дар диссертатсияи худ мо кдрор додем, ки аз матнхои дар бойгонй буда сарфи назар кунем. Пас саволе пайдо мешавад, ки чаро? Барои он ки матнро аз нигохи ичтимой тахкик ва тахлил кунем матнхои фаровон бо вариантхои гуногунаш лозим нест. Аз ин ру мо нашри охирин ва комили «Афсонахои халки точик»-ро, ки нашрхои пешини он дар тули солхои зиёд барои тарбияи наели наврас хидмати сазоворе кардааст, асоси кори худ карор додем [ниг.: Афсона2001].

Хамчунин хангоми пажухиш мо кушиш намудем, ки ба вазъи имрузаи афсонахои точикй низ ахамият дихем. Аз ин ру борхо бо пирамардон ва пиразанон хамухбат шуда, баъзе чихатхои хоси гендерии афсонахои точикиро аз наздик мушохида кардем.

Рисола аввалин пажухиши монографй аст, ки ба муносибати гендерии афсонахои точикй бахшида шуда, дар он рухияи ичтимоии зану мард мавриди баррасй карор гирифтаст. Дар айни хол чихати дигари тозагии рисола дар он аст, ки то чй хадде дар афсонахои точикй хоким будани андешахои падарсолори, дар раванди тахлили анвои гуногуни афсонахо, нишон дода шудааст. Хамчунин чй гуна бар дифои хакикати хол мубориза бурдани чинси зан, нисбати тазодхои мавчудаи чомеа тахкик гардида бо мисолхо мавриди баррасй карор гирифтааст.

Рисола аз пешгуфтор ва ду боб иборат аст.

Дар боби аввал кушиш шудааст, ки «Нишонахои падарсолори - чун масъалаи тендер дар афсонахои точикй» мавриди баррасй карор гирад.

Боби дуюм ба «Муносибати гендерии занон ва мардон дар афсонахои точикй» бахшида шуда, ин масъала ба таври муфассал тахлил гардидааст.

Хамчунин натичагирихои муаллиф дар бахши «хулоса» ба таври муфассал омада, дар рисола манобеи гуногуни илмй ба забонхои точикй, русй, инглисй ба кор рафтааст, ки руихати он дар бахши «адабиёт» оварда шудааст.

Похожие диссертации на Отражение гендерных отношений в таджикских народных сказках