Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Жизнь и творчество Хазина Лахиджи Джобиров Давлятджон Юсуфович

Жизнь и творчество Хазина Лахиджи
<
Жизнь и творчество Хазина Лахиджи Жизнь и творчество Хазина Лахиджи Жизнь и творчество Хазина Лахиджи Жизнь и творчество Хазина Лахиджи Жизнь и творчество Хазина Лахиджи Жизнь и творчество Хазина Лахиджи Жизнь и творчество Хазина Лахиджи Жизнь и творчество Хазина Лахиджи Жизнь и творчество Хазина Лахиджи
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Джобиров Давлятджон Юсуфович. Жизнь и творчество Хазина Лахиджи : диссертация ... кандидата филологических наук : 10.01.03. - Душанбе, 2003. - 168 с. : ил. РГБ ОД,

Содержание к диссертации

МУКДДДИМА 3-8

БОБИ I. Вазъи сиёсй ва мухимтарин падидахои адабии замони Хазини Лохичй

1. Вазъи сиёсй ва мухимтарин падидахои адабй 9-15

2. Зиндагии Хазини Лохичй 15-34

3. Хазин ва мухити адабии Хиндустон 34-40

БОБИ II. Эчодиёти Хазини Лохичй

а) Осори мансур 41 -49

б) Осори манзум 49-61

Газалиёт 61 -94

Мутафаррикот 95-99

Рубоиёт 99-102

Касоид 103-104

БОБИ III. Услуби эчодии Хазини Лохичй 105-121

іМухассаноти адабии шеъри Хазин 121-145

Таъсирпазирии Хазин аз шоирони пешин 145-148

Калима ва таркиботи хоси шеваи Хазин 148-160

ХУЛОСА 161-164

РУЙХАТИ АДАБИЁТ 165-168 

Введение к работе

амон гуна ки равшан аст, дар миёни даврахои фархангу адаби форсй адабиёти даврахои охири салтанати Сафавия камтар мавриди тахв;ик,у пажухиши олимону мухакдикон карор гирифтааст.

Пушида нест, ки пиромуни зиндагй ва осори бархе аз намояндагони чудогонаи адабиёти ин ахд, тахкикоте анчом ёфта ва гузашта аз ин ба чоп хам расидаанд. Ин тахкикот, албатта, заминай мусоидеро барон тадкики вазъи хаёти мадании даврони мазкур омода месозанд. Вале ба ин нигох накарда то ба хол тадкикоти нисбатан комиле ба вучуд наомадааст, ки он битавонад вазъи хаёти маънавию адабй ва равияхои асосии инкишофу рушди адабии ин давраро ба таври зарурй муайян созад.

Бо дарназардошти матлаби мазкур барон омузишу баррасии даврони мавриди назар, пені аз хама лозим аст, ки сарчашмахову маъхазхои ба дастдаромадаи ин давра ва зиндагиву осори намояндагони маъруфи фархангу адабиёти он айём мавриди тахкик, карор гиранд.

Ногуфта намонад, ки дойр ба таърих, хокимон ва салотини даврони Сафавия тайи дахсолаи охир дар Эрон осори зиёде ба чоп расидааст, ки онхо вазъи хаёти сиёсй ва ичтимоии он давраро то дарачае равшан менамоянд. Вале бар хилофи хаёти сиёсии ин давра вазъи адабии ин айём торику норавшан мемонад.

Ба максади халли ин масъала, мо карор додем дар ин рисола осори мухиму пурарзиши яке аз маъруфтарин намояндагони он ахд фазини Лохичиро мавриди омузиш карор дихем. Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи фархангу адаби Эрон азинро кабл аз он ки хамчун шоир ёд кунанд, уро чун донишманди фозилу тазкиранавис шинохтаанд. Вок;еан хам тазкираи у «Таърихи азин» дар шинохту маърифати даврони Сафавия аз ахамияту арзиши зиёде бархурдор аст. Бисере аз муаррихону мухаккикони ватаниву хоричй зимни таълифи осори худ рочеъ ба даврони Сафавия аз тазкираи азин фаровон истифода бурдаву ба он истинод кардаанд.

«Тазкират-ул-муосирин»-яке аз таълифоти пурарзиши дигари разини Лохичист, ки адабиётшиносон аз он хамчун мухимтарин манбаи адабии давраи мазкур ёд кардаанд ва истифода бурдаанд.

Китоби мазкур боз аз он чихат кобили таваччух. аст, ки муаллифи он бо аксарияти ахли илму адаби дар он зикргардида ошноии наздик доштааст.

Гузашта аз ин, разини Лохичй сохиби девони комиле аз газалиёту касоид, маснавиёту мутафаррикот аст, ки он низ дархури омузишу пажухиши махсус мебошад.

Чи тавре ки дар фавк ишора кардем, адабиёти охирхои ах ди Сафавия дар таърихи адабиёти Эрон хамчун замони инхитоту таназзули шеъру адаби форси шинохта шудааст. З арчанд дар ин давра шоирони зиёде зиндагй намудаву эчод кардаанд, вале осори аглаби онхо ба чуз гурухи махдуде аз лихози унари шоирй кобили тавачч) нест. Дар миёни ин хама девонхри ашъори шоирони он ахд девони ашъори азин мав еи баланд ва ба худ хосро ишгол менамояд. У шоирест, ки ашъораш хануз дар замони зиндагияш мавриди таваччухи нокидони шеър карор гирифтааст ва чои зикр аст, ки дар ин рисола мо бо дар назардошти далоили боло ашъори уро мавриди баррасй карор додем. Зеро у шоирест, ки гуё бо эчодиёти у даврони тулоние аз адабиёт хотима меёбад. Бо гуруби китоби зиндагии у даврони дусад-сесадсолаи шеъри форси - умри «сабки хиндй» ба поён мерасад. Ба ибораи дигар, азин охирин х.алкаи як занчири бузургу тулонии як давраи адабиёти форси мебошад. Аз ин нуктаи назар аст, ки шеъри у аз хар чи ат беш аз ашъори дигарон касби ахамият мекунад.

ои таассуф аст, ки шеъри шоире бо ин пурмоягй то ба хол мавриди тахкику арзёбии густурда карор нагирифтааст ва ба чуз чанд маколаи ма дуд асари тадкикии шоистае пиромуни ашъору осори у нигошта нашудааст. Бо ин хдма лозим медонем, чанд нуктаро низ хотиррасон намоем. Шояд - аз мухакдикрни муосир олими забардаст ва шоири машх,ури Эрон Шафеии Кадканй нахустин нафаре бошад, ки дар чодаи шиносонидани осору х,унари шоирии Х,азин икдом намудааст. Едшуда соли 1963 мунтахаби ашъори шоирро бо номи «Х,азини Лохичй, зиндагй ва зеботарин газалхои у» ба табъ расонидааст. Китоби мазкур бар замми ашъор, ки ба калами мураттиби мунтахаб дахл дорад, муштамил бар зиндагиномаи Х зин аст. Баъд аз 9 соли нашри ин китоб девони шоир ба замимаи «Таърих ва сафарномаи Х,азин» дар Техтхш ба табъ мерасад, ки аз ч,ониби Бежан Таракдй ном шахе мураттаб гардида буд. Девони мазкур мукаддимаи кутове дорад, ки фарогири иттилооти мухтасар пиромуни «Таърихи Х зин» ва ашъори у мебошад. Албатта, намунае аз ашъори Х,азин дар мачаллоту мачмуахри чудогона хам бидуни тахдик, чоп шудааст. Дар адабиётшиносии точик бошад, ба ин мавзуъ то х,ол тавач,чух,е нашудааст.

Аз ин ру, мо карор додаем, ки то хадди имконоти худ ба баррасииин мавзуъ бипардозем.

Азбаски замони зиндагии Х,азин яке аз пурошубтарин даврахри таърихи Эрон махсуб мешавад ва падидахри ахд дар осори у на ши муайяне боки гузоштаанд, боби аввали рисоларо гузориши вазъи сиёсй ва мухимтарин падидахри замони Х,азини Лохичй ихтисос додем. Бояд хотиррасон сохт, ки зиндагиномаи комили Х,азин дар асоси осори худи шоир ва х,амзамононаш мураттаб гардидааст.

Бо дарназардошти ин ки кисмати зиёде аз умри Хазини Ло и й дар ша ру вилоёти мухталифи индустон сипарй шудааст, дар ин боб кушидаем муносибату назариёти шоирро нисбат ба индустону ахли он таъин намоем. Ангезаи дигаре, ки моро ба ин кор водоштааст, ин аст, ки шоирони зиёди эрониасл, ки дар Х,индустон будаанд, нисбати он назариёти мухталиф доранд, ки аз лобалои ашъорашон бар меояд. Мо зимни шарху баёни он назариёт андешаву афкори онхоро бо гуфтахои Х,азин киёс кардаем.

Боби мазкур фасли хурдеро тахд-и унвони «Хазин ва мусити адабии Хиндустон» фарогир аст. Манзур аз ин фасл зикру тах иил ва арзёбии афкору акидаи нокидони хамзамони Хазин роч,еъ ба ашъори у аст. Тибки маълумоти маъхаз ои боцимонда ашъори Хазин дустдорону мухолифони зиёде доштааст ва дар хусуси накди ашъори у асархои ало идае таълиф гардида, ба гунае ки баъзе аз мухацкикини баъдй нокидони шеъри Хазинро гурухбандй х.ам намудаанд.

Боби дуввуми рисолаи мо ба пажу ишу омузиши эч.одиёти Хазин бахшида шудааст. Хамон гуна ки дар боло хотирнишон намудем, Хазини Лох,и й аз улуму фунуни замони хеш огох,иву иттилооти фаровон доштааст. Исботи ин номгуи китоб оест, ки хдмчун осори насрии у зикр гардидаанд.

Дар фасли аввали ин боб мо нахуст пиромуни осори адабии мансури у сухан рондаем. Тибки навиштаи мух,ацкикон, Хазин зиёда аз 54 асари илмй навишта аст. Вале ч,ои таассуф аст, ки аз он х,ама осори гаронбах о ба чуз исму маълумоти андак чизи дигаре боки намондааст. Зикри ин нукта бамаврид аст, ки х,амаи асархри мансури бокимондаи Хазин аз нигохи фасохдгу салосат, киммату арзиш дар як поя карор надоранд ва хар асараш тах,лилу баррасии чудогонаро талаб мекунад. Вале агар дар атрофи забони осори мансураш аз руи таълифи «Таърих ва сафарномаи Хазин» кдзоват шавад, метавон натич,а гирифт, ки китоби мазкур гузашта аз ин ки тасвири ч,араёни рузгору мусофират о ва гщномаи замони шоирро дар бар мегирад, дар айни замон намунаи олие аз насри дилангезу пурфасо ати салиси форсй ма суб мегардад. Ва ин ак,ик,атест, ки дар огози асри XX аз чониби устод Маликушшуаро Ба ор хотиррасон шудааст.

Фасли дигари боби мавриди назар ба тахлилу арзёбии осори манзуми Хазин бахшида шудааст. Мо дар мукаддимаи ин фасл саъй намудаем чдраён ва чигунагии огози пажу иши олимонро дар бораи ашъори Хазин ва тадвину нашри ашъораш баён намоем ва баъдан бар мабнои нигоштах,ои худи шоир дар атрофи замони ворид гардидани у ба арсаи шеъру шоирй ва гом ои нахустинаш дар ин чода тавакк;уф намоем.

олиби тавачдух, аст, ки разини Ло ичй х,ануз дар замони зиндагияш девони ашъорашро чанд дафъа худаш мураттаб сохта, вале ч,ои афсус аст, ки х,ар маротиб бар асари ч,ангу ошубхри хунину офатбор, ки гурехтану фирор ои паёпайро ба бар доштаанд, он девонх,о аз байн рафтаанд. Фасли мазкур шарх,и муфассале пиромуни ин мавзуъ мебошад.

Пас аз баёни ин мавзуъ нахуст газалиёти у, ки кисмати умдаи девони шоирро ташкил медиханд, аз лих,ози мавзуъ ва мундари а тах,лилу баррасй гардидаанд. Дар ин кисмат кушише карда шудааст, ки тааммуку вуруди шоир дар чах,они ирфон ва назариёти шахсии ирфонии у арзёбй шавад.

Баъд аз газалиёт анвои дигари ашъори девони шоир аз кабили мутафаррик,от, рубоиёт ва к,асоид тах,лилу таджик; карда шуда аз онх,о натичагирих,ои зарурй низ сурат гирифтааст.

Боби саввуми рисола услуби эчодии разини Лох й ихтисос дода шудааст.

Чй тавре, ки дар боло гуфта шуд, шоир намояндаи «сабки х индй» буд ва дар хусуси шеваи шеъру кадру манзалати ашъораш арзёбих,ои мухталифу мутазод мав гуд аст. Аз ин чи ат, дар огози ин боб назариёти иддае аз нокддон зикру чамъбандй шудааст. Сипае таздикд мухтасаре дойр ба мух,ассаноти адабии шеъри азин сурат гирифтааст. амчунин ба мабнои осори шоир фаслеро ба тахдици таъсири шуарои пешин ба азин чудо намудаем. Калима ва таркиботи хоси шеваи Дазин фасли дигарест, ки дар асоси назариёти адабиётшиносони муосир сурат гирифтааст.

Дар зимни ин тахдикрт кушише рафта аст, то сах,му накдии каломи шоир дар густариши вожагонй ва маъноии забони форси то андозае таъин гардад. азин харчанд дар индустон дар мусити Эрон карор дошт, вале чузъиёти он мух,ит тафовутх,ои ба назар намоёне аз мусити Эрони он аерро дорад, ки дар ин хусус дар цисмати мазкур тавакдуф намудам.

Умуман, руихамрафта, мо дар ин рисола саъй намудаем симои Дазинро х,амчун адиби чирадасту хунарманд ва устоди сухани порей бар пояи осори у баён ва собит созем.