Содержание к диссертации
Мукаддима 3-8
БОБИ I. Чалолуддини Румй ва асархои насрии у 9 - 43
1. Чдлолуддини Румй ва фаъолияти у дар наср 9-26
2. Сохтор ва мазмуни «Фихи мо фихи» 26-43
БОБИ II. «Фихи мо фихи» ва анъанаи хикояти тамсилй 44-84
1. Тамсил ва вазифахои бадеии он 44 - 70
2. Суннати насри тамсилии ирфонй то замони Чалолуддини Румй 70-84
БОБИ III. Тамсил дар «Фихи мо фихи» 85 -138
1. Манобеи тамсилоти «Фихи мо фихи» 85-98
2. Мазмун ва сохти тамсилоти «Фихи мо фихи» 98 -123
3. Тамсилоти «Фихи мо фихи» дар мукоиса бо тамсилоти «Маснавии маънавй» 123 -138
Хулоса 139-143
Китобнома 144-155
Введение к работе
Тасаввуф бонуфузтарин чараёни мафкуравии динию фалсафист, ки накдіи мухимме дар инкишофи адабиёти форс-точик бозидааст. Тавассути бузургтарин намояндагони он, ки ба шеъру тасниф сару кор доштанд, назму насри форси ба тахдввули азиме ноил шуда, бузургтарин шохасархои адибони форсизабон ба хазинаи адабиёти чахрнй ворид шудаанд.
Тахкики рузгори адибони ориф, масъалахри эчодиёти онхр, накдш ин адибон дар тахдввули анвои адабй дар шароити хозира аз вазифахои пурмасъулияти мухакдикон ва такрзои замон аст. Гузашта аз он ки олимони зиёди Шарку Рарб рочеъ ба масъалахои мухимми таърих ва назарияи адабиёти форсу точрик асархои пурарзише таълиф намудаанд, то хол масоили мубрам ва халношуда дар тахкдки он зиёданд. Илова бар ин назми ирфонй мавриди пажухиши бештари олимон к,арор гирифта бошад хам, перомуни осори мансури адибони ориф тахкикрт камтар аст.
Мавлоно Чалолуддин Мухаммади Балхй машхур ба Мавлавй аз маъруфтарин адибони ориф аст, ки аз замони худ cap карда, аз ричолу шуарои дарачди аввали мутасаввиф эътироф шудааст. То замони мо ин орифи раббонй тавассути «Маснавии маънавй» ва «Девони кабир» шухрат ёфта, дар ин замина рочеъ ба пахдухои гуногуни шеъри у, хусусан «Маснавй» асархои тадкикртии зиёде таълиф шудаанд.
У шоирест, ки баъди Саноию Аттор шеъри ирфониро ба куллаи баланди камолот расонид. Дар ин бора Абдулхусайни Зарринкуб навиштааст: «Баъд аз Аттор шеъри суфия ба авчи ношинохтае даст ёфт, ки Чалолуддин Мухаммади Балхй онро тасхир кард ва баъд аз вай низ хамчунон барои тамоми курун ва наслхои инсонй як куллаи тасхирнопазиру хоси у монд. «Маснавй»-и азими Мавлоно Ч алолуддин, ки дарвокеъ хосили тамоми маорифу тачрруби суфияи исломй аст, танхр аз хайси камият наздики ду баробари «Кумедии илохй»-и Донте ва ё ба андозаи мачмуи ду манзумаи «Иллиада» ва «Одиссея»-и юнонй аст, аммо аз хайси кайфият чунон авчу азамати рухрнии беназиреро ироа мекунад, ки дар тамоми куллахри бузурги шеъри инсонй чилва ва шукухи дастнорасу хиракунанда дорад» (36, 231). Ба сабаби хдмин азамат ва шукухи хиракунандаи осори манзуми Мавлоност, ки асархри мансури у дар киёс ба шеъраш камтар мавриди пажухиши олимон карор гирифтаанд.
Агарчи кудрати Мавлоно дар шеър беназир аст, вале осори бокимондаи мансури у гувохй медих,анд, ки у дар наср низ даете к,авй доштааст. Осори мансури Мавлоно, ки аз «Мачрлисуссабъа», «Мактубот» ва «Фихи мо фихи» иборатанд, дар бисер маврид соярушане аз «Маснавй» мебошанд ва дар матолиби ин китобхр масоиле матрах, ёфтаанд, ки дар «Маснавй» ба тафеили тамом барраей шудаанд. Хусусан, китоби «Фихи мо фихи» аз ин хайс аз кайфият ва имтиёзи хосе б рхурдор аст. Ин асар мачмуи гуфтор ва такрироти Мавлоност, ки дар солхои гуногун дар мачрлис ва махрфили хос баён доштааст. Забони асар хамон забони пургановату то андозае махлути Мавлоно, сабки асар хдмон сабки ваъзу минбар, шеваи баёни масоил хдмон шеваи хос, яъне тавассути оёти Куръону ахрдиси набавй ва тамсилу хикоёт тавзех, додани матолиб мебошад.
Тавре маълум аст, омузиши хаёт ва эч,одиёти Мавлоно Ч,алолуддин хануз аз давраи зиндагонии у огоз шуда, то имруз идома дорад. Мухимтарин сарчашмах,ои рузгори адиб ду рисолаи мухимми Шамсиддин Ахмади Афлокй ва Фаридуни Сипах,солор ба шумор мераванд, ки имруз аксар олимон дар мавриди баъзе муаммохри рузгору осори Мавлоно ба онхо мурочлат мекунанд (33;39). То ин замон роч.еъ ба рузгору осори Мавлоно рисолахри зиёде навишта шуда бошанд хам, перомуни насри у, хусусан китоби «Фихи мо фихи» асари алохидае таълиф нашудааст. Дар асархри олимони маъруфи эронй Бадеъуззамони Фурузонфар, Абдухусайни Зарринкуб, Мухаммадтакди Чдьфарй,Мухаммад Истеъломи, Лутфалии Суратгар, Зайниддини Киёинажод, шаркшиносон Е.Э.Бертелс, Р.А.Николсон, Радий Фиш дар баробари дигар осори Мавлоно ва махсусан «Маснавй», перомуни китоби «Фихи мо фихи» низ мулохизахои пуркимат баён шудаанд (65,176-178; 52, 250-251; 95, 20-22; 20,59-61; 81,72-74; 76, 240-244; 73,102-106; 107). Дар Точикистон низ рочеъ ба рузгору осори Мавлоно асару макрлахои зиёде ба табъ расидаанд. Яке аз аввалин рисолахои тахкикд асари Н.Одилов «Чдхонбинии Чдлолидцини Румй» мебошад, ки дар он мухдкдик, перомуни зиндагй ва чахрнбинии Мавлоно бахс кардааст(102). Дар солхои охир таваччухи мухаккикони точик ба хаёту эчодиёти Мавлоно зиёд шуд ва дар ин замина чанд асару макрлаи чолиб нашр шудаанд. Аз он чумла китоби профессор Р.Хрдизода «Ч алолуддини Румй» аз навтарин асархои илмии ба рузгору осори Мавлоно бахшидашуда мебошад, ки дар баробари дигар осори шоир рочеъ ба китоби «Фихи мо фихи» маълумот ва мулохизоти чиддй дарч; шудааст (135). Дар рисолаи номзадии Саидолимов К. «Образи инсон дар хикоёт ва тамсилоти «Маснавии маънавй»-и Ч,алолуддини Румй» (2003) ба тахдику тахлили образи инсон дар хикоёту тамсилоти «Маснавй» бахшида шуда, дар фасли «Осори Чдполуддини Румй» перомуни китоби «Фихи мо фихи» андешаронй шудааст, ки матолиби он дар заминай тахкдщоти олимони эронй-Бадеъуззамони Фурузонфар, Абдухусайни Зарринкуб ва дигарон тахрир ёфта, чизи тозае надорад. Вале, бо вучуди ин, ин рисола аз ахамияти хоссае бархурдор аст ва метавонад заминай хуби тахкикрти минбаъдаи осори Мавлоно бошад (ПО).
Дар тахклк ва нашри осори Мавлоно накши олими муътабари эронй Бадеъуззамони Фурузонфар хеле калон аст. У яке аз аввалинхо шуда рочеъ ба рузгору осори Мавлоно рисолаи комиле таълиф ва нашр намудааст (65). Дар муаррифи, нашр ва тавзехд масоили китоби «Фихд мо фихд» низ ташаббуси аввалин ба ин олим тааллук дорад. Вай дар асоси нусхахои муътамади китобхонахои бузурги чахон китобро тасхех ва бо мукаддимаи олимонаю тавзехоти мухакдикрна нашр кардааст, ки он нусхаи муътабару муьтамад махсубшуда, дар Эрон чандин бор ба чоп расидааст. Махсусан, тавзехоти охири китоб д6ои ахбори чолиб дар бораи лахзахои хаёти Мавлоно, китоби «Фихд мо фихд», баъзе фаслхо ва оёту аходису хдкоёту тамсилоти китоб буда, манбаи боэътимод барои тахкикд асари мазкур мебошад (18). Мо дар пажухдшхои худ асосан ба нашри мазкур такя кардаем, тахдику баррасии фаслхои кор низ аз руи хамин нусха ба амал омадааст.
Баъдан олимаи эронй Зайнаби Яздонй дар асоси нусхаи Фурузонфар асарро бо шарху тавзехи алохидаи хар фасл, мукаддимаи тулоние дар шархи рузгору осори Мавлоно (ба далами Фурузонфар) ва мулхакоту намояхо дар соли 1381 (2002) нашр кардааст, ки он низ дастрас ва мавриди омузишу истифода карор гирифт (44).
Тавре ки пештар кайд кардем, рочеъ ба хаёту эчодиёти Мавлоно рисолахои зиёде таълифу нашр туда ва дар кугуби таърихи адабиёт ва крмусхои адабй низ ахбору афкори чрлибе перомуни шахсият ва осори у дарч ефтаанд, вале насри Мавлоно, хусусан китоби «Фихд мо фихд» мавриди тахдику арзёбии чдддй ва алохдда карор нагирифтааст. Аз ин ру, тахдикд ин асар ахамияти баланди илмию амалй дорад. Зимни интихоб ва тахкдки мавзуъ, ки ба тахдили тамсилоти китоби «Фихд мо фихд» бахшида шудааст, маълум шуд, ки баъзе масъалахои назарии адабиёти мо тахдикд ЧДДДЙ ва нихой нашудаанд. Махсусан, масъалахои марбут ба жанрхои адабй ниёз ба пажухдши амик доранд. Махсусан, муайян кардани худуди жанрии тамсил ё масал дар адабиётшиносии халкхои чахон пурра тахдик нашудааст, ки як дарача кори моро душвор кард. Вале, бо вучуди ин, фасли алохидае ба ин масъала бахшида шудааст, ки дар заминай тахдикрти сомондодаи олимони хоричию ватанй то андозае жанри хдкояи тамсили дар назария ва амалияи истифодаи он мавриди арзёбй карор гирифтааст. Дар ин замина асару макрлахри олимони хоричию ватанй ба монанди А.Ф.Лосев, Л.П.Тимофеев, Чалолуддини Хумой, Такди Пурномдориён, Сируси Шамисо, Р.Мусулмонкулов, А.Афсахзод, Х.Шарифов ва дигарон, ки рочеъ ба назария ва амалияи истифодаи тамсил бахс мекунанд, ба мо кумак намудаанд (79,162; 126,140-41; 124,138-162; 122,79-83; 146, 299-301; 87,134-136; 63,163-164, 140,92; 143,250-251). Сарфи назар аз ин тахкикрт масъалаи жанри хикояи тамсили дар адабиёти форс-точик ниёз ба тахкики чиддй ва чамъбасткунанда дорад.
Максад ва вазифахри тахкик.. Максади асосии тахкик;, омузиш ва пажухиши чдддии жанри хикояти тамсили дар китоби «Фй хд мо фихи» мебошад. Барои х,алли пурраи мавз)йь масъалахои зайл мавриди баррасй карор гирифтаанд:
-суннати хикояти тамсилии ирфонй то Чдполуддини Румй;
-тамсил ва вазифахри бадеии он;
-манобеи тамсилоти «Фихи мо фихи»;
-сохт ва жанри тамсилоти «Фихи мо фихи»;
-мазмун ва мухтавои тамсилоти «Фихи мо фихи;
-тамсилоти «Фихи мо фихиДдар мукриса бо тамсилоти «Маснавии маънавй».
Асосхои назарй ва методологии тахкик. Рисола дар асоси Принсипи мукрисавй-таърихии адабиётшинрсй, бахусус назарияи образ, масал ва рамз, омузиши типологияи жанрх,о ва сохтори осори адабй таълиф шудааст. Муаллиф дар тахкикрти худ ба дастрвардх,ои илмии назариётчиёни барчастаи адабиёти ватанию хоричй, хусусан асару макрлахри рлимоне ба монанди А.Ф.Лосев, Л.И.Тимофеев, Е.Э.Бертелс, Ч алолуддини Хумой,
Бадеъуззамони Фурузонфар, Абдулхусайни Зарринкуб, Такди Пурномдориён, Сируси Шамисо, Р.Хрдизода, Р.Мусулмонкулов, А. Афсахзод, Х.Шарифов ва дигарон такя кардааст.
Сарчашмахо ва хадафи тахдик.. Рисола дар заминай зиёда аз 40 сарчашмаи адабй, аз чумла ду нашри китоби «Фихи мо фихи», тазкирахри асримиёнагй, осори назарии адабй ва ирфонй, фархангу лугатхри тафсирй таълиф шудааст.
Бозёфти илмй. Рисолаи мазкур дар адабиётшиносии точик нахустин тахкикрти мукаммал дар бораи китоби «Фихи мо фихи», тамсилоти асар ва маъхазхри онхр мебошад. Бори аввал, ба таври муфассал, анъанаи насри тамсилии ирфонй,сайри тамсилот, сохтор ва мазмуни китоби «Фихи мо фихи», манобеи тамсилоти асар, мазмун ва сохти тамсилот, мукрисаи тамсилоти асар бо «Маснавии маънавй» баррасй шудаанд.
Арзиши илмй ва амалии рисола. Мавод ва хулрсахри рисоларо хангоми тахкики масъалах,ои жанрхри адабй, насри Мавлоно, хондани лексияхр аз таърихи адабиёти форсу точик ва курсхри махсус дойр ба адабиёти суфия дар факултахри филологияи донишгохдои олии кишвар, навиштани китобхри дарсй ва осори илмй истифода бурдан мумкин аст.
Сохти рисола. Рисола аз мукаддима, се боб ва хулосаю китобнома иборат аст.