Содержание к диссертации
Мукаддима 4- 11
Боби І )^аёт ва эчрдиёти Камлешвар
а) )^аёти Камлешвар 12- 16
б) Эчрдиёти Камлешвар 16 - 34
Боби II Камлешвар-устоди хикоя 35-39
а) Симой зан дар хикояхри Камлешвар 40-72
б) Образи инсони кучак дар хикояхри Камлешвар 72- 100
в) Х,ачв дар хикояхри Камлешвар 101 - 125
Боби III Забону услуб ва баъзе хусусиятхои бадеии хикояхри
Камлешвар 126-149
Хулоса 150-157
Руйхати адабиёт 158-166
Введение к работе
Асри XX - ро дар таърихи адабиёти халкхри гуногунтоифаву гуногунмазхаби ) индустон, аз чумла адабиёти хиндй асри ташаккул ва инкишофи жанрхри адабие, монанди хикоя ва роман донистан лозим меояд. Дар ОРОЗИ ИН карн бо эчрдиёти гаронмоя ва пурмухтавои худ ба майдони адабиёти хиндй кадам гузоштани нобигаи адаб Премчанд (1880 - 1936) дар жанрхри наср дигаргунии судмандеро ворид намуд. Премчанд дар ин адабиёт аз суханварони бехамто буда, тавонист бо махсули адабии худ дар адабиёти хиндй накше гузорад, ки он баъди гузаштани беш аз 70 сол хам назаррас ва омузанда аст. Ин адиби боистеъдоду сермахсул боиси шухрати Чахрнй пайдо кардани хикояи хиндй гардид. Хрло, вакте сухан рочръ ба хикояи хиндй меравад, мухакк;икрни соха чун далели исботшудаву бебахс хикоянависии адабиёти хиндиро ба чунин даврахр такримбандй менамоянду аз ин боб харф мезананд: а) икояи хиндй то Премчанд; б) Х,икояи хиндй дар давраи Премчанд; в) Х.ИКОЯИ хиндй пас аз Премчанд. Х,амин такримбандй дар жанри хикояи адабиёти хиндй таъкид бар он аст, ки Премчанд дар эчрди хикоя дар асри гузашта аз пешсафон дониста шудааст. Ин маънои онро дорад, ки Премчанд дар хикоянависии адабиёти хиндй сохибмактаб буда, хунари нигорандагии вай ба баъдинагон таъсири амик, дорад ва меъёру ченаки хикоянависон аст.
Дар ташаккул ва инкишофи хикояи карни XX адабиёти хиндй дар баробари Премчанд хамчунон Чандрадхар Шарма Гулерй (1883 - 1922), Цайшанкар Прасад (1889 - 1937), Вишвабхаранатх. Шарма Каушик (1891 - 1946), Бадринатх. Бхат Сударшан (тав. 1989), Пандейбачан Шарма Угра (1901 - 1967) ва Чайнендра Кумар (1905 -1989) сахми боризе доранд. Инхр хамон гурухи адибони намоён буданд, ки ба тавассути хикояхри онхр ба чараёни ташаккулу инкишофи хикояи адабиёти хиндии нимаи аввали асри XX мулохизахр иброз гардида, ба дастовардхри минбаъдаи он бахр дода мешаванд.
Баъдтар, баъди ба истиклол расидани Х индустон (с. 1947) ва таъсири хаёти сиёсиву ичтимой ба хаёти адабй ба майдони адабиёти хиндй, дар баробари адибони кухансол, насли чавони эчодкор бо кадамхри устувор ворид гардиданд, ки дар ташаккулу инкишофи хикояи хиндии пас аз истиклолият захмати зиёде кашидаанд. Инхр Яшпал, Амритлал Нагар, Вишну Прабхакар, Упендранатх, Ашк, Агей, Амритрай, Пханишварнатх, Рену, Бхишма Сахнй, Мохан Ракеш, Рачендра Ядав ва гайра [50, 53] мебошанд. Ба ин катор хикоянависи маъруфи хиндй Камлешвар низ шомил аст. Вай пас аз Премчанд ва Яшпал яке аз он адибонест, ки парчами хикояи хиндиро баланд бардошта, шухрати онро афзун ва дифоъ менамояд.
Бояд таъкид кард, ки гурухи чавонон дар заминай мактаби устодони худ ба чараёни тозае бо номи «Х икояи нав» («Nai kahanT») бунёд гузоштанд. Сутунх.ои асосии ин гурух. Мох,ан Ракеш (1925 -1972), Рачендра Ядав (тав. 1929) ва Камлешвар (тав. 1932) мебошанд. Ин насли нисбатан чавон бо хикояхри худ дар андак муддат дар саросари Хиндустон шухрат пайдо намуданд [42; 56; 60; 68]. Ва дар давоми такрибан ним аср яке аз асосгузорони чараёни «Хикояи нав» Камлешвар дар адабиёти хиндй бо асархри сершумору пурмухтавои худ машх.ур ва чун офарандаи асархри дилчаспи замонавй махррати нависандагии Камлешвар, ибтикороти у дар хикоянависй диктати мухак;к;икрни зиёдеро ба худ чалб карда меояд. Солх.ост, ки дар атрофи эчрдиёти у корхри тадкикртй бурда мешаванд.
Рочеъ ба Камлешвар ва эчодиёти у табиист, ки дар ватани нависанда пештару бештар навишта шудаанд. Адабиётшиноси маъруфи Хуіиц Шивадансинх. Чаухан адабиети солхои 1954 - 1959 хиндиро тахдик, намуда, рочеъ ба навовар будани Камлешвар дар хикоянависй чунин ишора менамояд: «Дар жанри новелла нависандагони чавон низ типи нави хикояро бахшида ба хаёти дехрт офаридаанд. Аз байни ин новеллистон чои намоёнро адибони пешкадам Рену, Маркандей, Шивапрасад Синх, ва Камлешвар ишгол кардаанд» [67, 226].
Пас аз солхои 50-уми асри гузашта хар мухак,кике, ки ба масоили хикояи хиндй ё романи хиндй даст задааст, албатта ба ин ё он муносибате рочеъ ба эчодиёти Камлешвар ишораи чУ3"ьие, хулосае баён кардааст. Ин аз он далолат мекунад, ки нависанда дар инкишофи адабиети хиндй сахме дорад. Дар Хиндустон мухак.кикрни адабиети муосири хиндй ба эчодиёти бобаракати Камлешвар эътибор дода, то ч°е ин ё он пахлуи осори уро омухтаанд. Рочеъ ба рузгори Камлешвар, чих.атхРи гуногуни фаъолияти адабй ва офаридахри у макрлахри арзишманде, ба монанди макрлахри Рампрасад Мишра «Камлешвар ва панч хикояи у», Кумар Кришна «Аз зиндагии шахр то зиндагии дехрт» ва «Хикояхри Камлешвар», Кришна Раина «Вокеъияти зиндагй дар хикояхри Камлешвар» ва гайра навишта шудаанд [51, 148]. Дар Дехлй дар охири солхои хафтодум зери назари Мадхукар Синх. асаре бо номи «Камлешвар» аз чоп баромад. Дар он макрлахри гуногуни ба эчодиёти Камлешвар бахшидашуда, ки онхр ба к,алами адибону адабиётшиносон ва мух.ак.к.ик.они адабиети хиндй тааллук. доранд, гирд оварда шудаанд. Мутаассифона соли нашри китоб нишон дода нашудааст. Танхр аз руи таърихи дар фароварди «Мук,аддима» овардаи мухаррир, ки 15 июли соли 1977 сабт шудааст, метавон тахмин кард, ки асари номбурда дар хамин сол ё каме баъдтар ба табъ расидааст. Дар макрлоти дар ин китоб гирдомада хам дар бораи роман ва хам дар бораи хикояхри Камлешвар бахсхри чрлиби илмй баён гардидаанд, ки дар зарурат аз онхр истифода хохем намуд.
Соли 1979 доктор Рампрасад Мишра, ки муаллифи як идда асархри илмиву тадкикртй бахшида ба адабиети хиндй мебошад, асареро бо номи «Адабиети нав. Айёми нав» [112] аз чоп баровард, ки бобе бо номи «Камлешвар ва панч, хикояи у» ба он шомил шудааст. Тавре, ки аз номи макрла маълум мегардад, дар он мух.ак.к.ик, панч, хикояи Камлешварро, ки онхр «Рочаи бефарзанд» («Raja nirbansiya»), «Хатар» («Jokhim»), «Mop» («Sanp»), «Ин кадар рузхри хуб» («Itne acche din») ва «Шабхр» («Rate») мебошанд, ба риштаи тахлилу тах.и.ик, кашидааст. Мух.ак.к.ик, дар боби ба Камлешвар бахшидаи худ ин эчрдкори асилро хикоянависи тавоно ва боистеъдод муаррифй кардааст. Рампрасад Мишра хунари хикоянависии Камлешварро бо хунари хикоянависии Премчанд ва Яшпал мукриса намуда, махсус кайд мекунад, ки бо вучуди идома додани анъанаи хикоянависии ин ду шохсутуни адабиети х.индй вай тавонист, ки дар офаридахряш сухани тозае гуяд: «Чун хикоянавис вай эч,одкорест на аз Яшпал кам» [112, 157].
Соли 1982 бахшида ба 50-солагии зодрузи ин адиби шинохта рисолаи калонхачми доктор Мадхури Шох, «Камлешвар -насрнавис» («Kamleshvar ka katha-sahitya"») дар шах.ри Канпур интишор гардид, ки дар он фаъолияти эчрдкор дар тули беш аз ей сол арзёбй шудааст.
Осори пурмухтаво ва чрлиби Камлешвар на танхр диккати ниёзмандону мухакк;икрни Х индустон, балки адабиётшиносон, тарчумонони берунаро низ ба зуди ба худ ч,алб намуд. Дар собик, Иттихрди Шуравй ва Цумхурии Точ,икистон навишта шудану чоп гардидани макрлахр ва тарч,ума гардидани баъзе асархри адиб Чавобгуи андешаи болоиянд. Дар хамин замина бояд гуфт, ки дар солхри х,афтодуми карни сипаришуда эчодиёти Камлешвар умуман ва хикояхои вай махсусан мавриди таваччухи тарчумонхр ва мухак;кикрни собик; Иттихрди Шуравй карор гирифта буд. Соли 1975 бори аввал ба забони русй ду хикояи Камлешвар «Дунё бузург аст» («Duniya bahut ban he») ва «Уфукхри гумшуда» («KhoyThuTdishae») дар мачмуаи хикояхои «Дунё бузург аст» [35] аз чоп баромаданд. Тарчумони хикояхои номбурда хиндшиноси рус В.И. Балин дар пешгуфтори ин мачмуа дар бораи ин ду хикояи Камлешвар мухтасаран ёдовар шуда, уро бузургтарин намояндаи чаРаёни адабии «Х,икояи нав» шуморидааст.
Соли 1978 мусташрики дигари намоёни рус Александр Сенкевич хикояи Камлешвар «Дигарон»-ро («DiJsre») тарчума намуда, дар мачмуаи хикояхои «Дар зинахои офтобруя» ба табъ расонид [34]. А. Сенкевич дар мукаддимаи ин мачмуа Камлешварро дар катори Сарвешан Даял Саксена, Рагхувир Сахай ва Шрикант Варма барин адибони номии Х индустон ч°й дода, уро «ситораи дарачаи якуми осмони адабии ) индустон» [36, 9] хисобидааст.
) амин тарик,, шиносшавй бо хикояхои Камлешвар дар собик, Иттиходи Шуравй солхои хафтодум, вакте ки нависанда аллакай дар кишвари худ машхур гардида буд, огоз ёфт. Соли 1984 дар мачмуаи «Нидои замин» [20] аввалин романи Камлешвар «Одами гумшуда» аз чоп баромад. Тарчумон ва тартибдихандаи ин китоб Владимир Чернишев бо номи «Аз тартибдиханда» охирсухан навишта, чигунагии хислату хусусият ва рафтору кирдори кахрамонони хикояхои Камлешварро ба таври ишора кайд намудааст. Кахрамонхри онхр факат «дар муборизаи хастакунандаи харруза ба хотири дарёфти хукуки зинда мондан ва маъюбу афгор нашудан муайян мешаванду халос» - омадааст дар мачаллаи солонаи «Индия» [21, 35]. Тавре дида мешавад, дар шаркдіиносй, бахусус хиндшиносии рус макрлаи комиле, ки пахлухри хаёту эч,одиёти Камлешварро фаро мегирифта бошад, хануз мавч,уд нест. Танхр дар баъзе осори мухак,кик;ону хиндшиносон у чун «адиби муосири Хиндустон ном бурда шудааст» [7,8,9, 11,21,22,24].
Дар хиндшиносии точик низ ба истиснои баъзе навиштахри абибулло Рач,абов [46, 48, 49, 50, 51] ва ишораи Зарина Рахматуллоева [47] роч,еъ ба Камлешвар кори мукаммале анч,ом напазируфтааст.
.Рач,абов соли 1982 дар рузномаи «Садои мардум» «Даме бо Камлешвар» ном макрлаеро чоп намуд, ки он ба 60-солагии зодрузи Камлешвар бахшида шуда буд. Муаллифи макрла дар он доир ба хаёту эчрдиёти нависанда маълумоти мухтасар дода, серкору фаъол будани ин адиби болаёкатро махсус кайд кардааст: «Мисле ки х,амкорони адиб мегуянд:- Камлешвар чри кор намечуяд, баръакс сохибкорон вайро меч,уянд» [48].
Аввали солх,ои хафтодум дар насри Х,инд бо сарварй ва рахнамоии Камлешвар ч,араёни дигари хикоянависй бо номи «Хикояи параллели» («Samantar kahanl») арзи вучуд кард ва ба адабиёти хиндй ворид шуд, ки он симои инсони кучаки муборизро таршб менамуд. Инро Х.Рач,абов чун як пахлуи пешк,адами фаъолияти Камлешвар к,айд карда менависад: «Соли 1972 бо кушиши Камлешвар ба хотири тасвири зиндагии инсони оддй, инсони кучак як ч,араёни наве бо номи «Х икояи параллели» ба вучуд омад. Муаллифони « икояи параллели» инсони оддиро («ам адмй») аз чабру зулм, истисмор ва фаромушй берун кашиданй мешуданд» [51, 157].
Намояндагони чаРаёни «Х,икояи параллели» барон дакіик, ба к,алам додани вок,еъияти зиндагй кушишх,о намудаанд ва дар симои инсони кучак, инсони одди инсонеро дидаанд, ки хохиши зистан ва мубориза бурданро дорад.
Дар давоми бештар аз ним асри гузашта дар хаёти сиёсиву ичтимой ва иктисодии Х,индустон дигаргунихри азиме ба вучуд омаданд, ки ин ба хаёти фархангии ин кишвар бетаъсир набудааст. Нависандаи шинохтаи хиндй Камлешвар баробари замон кадам нихрда, чун эчрдкори дар вокеъ аз зиндагии мардуми кишвари худ огох, ва нисбат ба такдири онхр бетафовут набуда, асархр менависад ва ин асархр бо сохту мухтавои худ дархурди замони нависанда дониста шудаанду ахамияти баланди тарбиявй касб кардаанд. Ва аз хама мухим боз ин аст, ки эчрдиёти Камлешварро метавон як давраи нави инкишофи адабиёти хиндй номид. Х,амаи ин арзиши худро дорад ва такрзо мекунад, ки рузгору осори Камлешвар омухта шавад. Илова бар ин, дар Чумхурии Точ,икистон бо вучуди ду маркази хиндшиносй - Институти шаркшиносй ва мероси хаттии АИ Чумхурии Точ,икистон ва факултаи шарк,шиносии Донишгохи давлатии миллии Точ,икистон ба истиснои баъзе макрлахри ишорашуда дойр ба эчрдиёти Камлешвар то ба имруз асари тадкикртии мукаммале навишта нашудааст. Ин далел такрзо мекунад, ки эчрдиёти чунин як адиби мумтоз хатман арзёбй карда шавад.
Нихрят, бо назардошти он ки Камлешвар дар инкишофи адабиёти хиндй сахми муносибе гузошта, ба хикояи муосири хиндй рухи тозае бахшидаасту дар хиндшиносии точ,ик мавриди таджику тах.к.ик.и алох,ида к,арор нагирифтааст, омухтани яке аз пахлухри эч,одиёти уро, яъне омухтани хунари х.икоянависии адибро бамаврид ва боахамият х,исоб мекунем.
Рисолаи мазкур аз мук,аддима, се боб, хулоса ва руйхати адабиёт фарохам омадааст. Дар мук,аддима дарач,аи омузиши рузгору осори Камлешвар матрах, шуда, боби аввал мухтасари хаёту эчрдиёти нависандаро дар бар дорад. Дар боби дуввум мазмуну мундаричаи хикояхри Камлешвар тахлил гардид ва дар ин замина дар боби савум рочеъ ба баъзе хусусиятхри забону услуб ва бадеиёти онхр изхрри акида намудем. Хулосаи кор чамъбасти рисола махсуб меёбад.