Содержание к диссертации
МУКАДДИМА 3-18
БОБИІ. 19-92
«ТАРЦУМАИ «ТАФСИРИ ТАБАРИ» ХАМЧУН ЁДГОРИ АДАБИЮ ИЛМИДАР ТАЪРИХИ ТАМАДЦУНИФОРСИ 19-35
І.Нахза ти илмиву фархангйдар давла ти аввалини то цикону эрониён
2. Сайри таърихииисломшиносй ва тафсирнигорй то асри X 35-62
3. Табарй ва «Тафсири кабир»-и у «Цомеъ ул-баён ан таъвили-л- Куръон»
4. Тарцумаи форсил «Тафсир»-и Табарй 85 - 92
БОБИН. 93-118
К.ИССАХОИ КУРЪОНИ ВА ВАЗЪИ НАВЪИ КДССА ДАР АДАБИЁТИ ФОРСУ ТО ЦИК
1 .Кдсса ва фахмиши жанрии он 93-103
2. Заминахои густариши цисса дар Эрони бостон 103-107
3. Фарханги исломй в а интишори циссапардозй дар адабиёти форсу тоцик 107-118
БОБИIII 119-191
АРЗИШИАДАБШК,ИССАХОИКУРЪОНИИ «ТАРЦУМАИ «ТАФСИРИ ТАБАРИ»
1. Меъёрхои шинохти киссахои цуръонии «Тарцумаи «Тафсири 119-130 Табарй»;
1. Усули баргардонва тавзехи «Тарцумаи «Тафсири Табарй» 130-153
2. Равишхои хоси форсии циссапардозй дар «Тарцумаи «Тафсири 153 —173 Табарй»;
3. Мухтассоти сабк, услуб ва забони циссахо дар «Тарчумаи «Тафсири 173-191 Табарй»
БОБИ IV. ТАЪСИР В А МАКрМИ КЛССАХОИ «ТАРЦУМАИ «ТА ФСИРИ ТАБАРИ» ДАР АДАБИЁТИ ФОРСИ
1. Инъикоси циссахои к;уръонй дар адабиёти форсу то^ик; 192 - 249
2. К,иссаи Юсуф (а) дар «Тарчумаи «Тафсири Табарй». ва чилва^ои бадеии он дар осори адабии форсу то^ик 249 - 296
ХУЛОСА 297-303
ТАВЗЕХОТ 304-321
КИТОБНОМА 321-346
Введение к работе
Пажухиш ва тахдики ёдгорихри таърихй ва маданй яке аз масоили мухимтарини илми муосир махсуб мешавад, зеро накши осори илмиву маданй ва адабии гузаштагон дар хаёти кунунии чомеаи мо чилвахри хос пайдо кардаанд. Маърифати арзишхри фархангй ва илмии халкиятхри мухталиф, ки аз чониби намояндагони аквоми мухталиф руи кор омадаанд, Чамъоварй ва тахдик., танзим ва шинохти кимати гоявию эстетикии онхр шахрдати куллии рушди тамаддуни умумибашарй ба шумор меояд.
Нуфуз ва густарший оини мусалмонй дар каламрави тамаддуни форси барои эчрди мухити барозандаи фархангй исломй ба хдйси омили муассир хидмати арзанда ба сомон расонид. Мухимтар аз хама бар асари тамаддуни исломй ваинтишори дини мухаммадй гардиши куллй ва тачаддуди комил дар х,аёти и тимоиву сиёсй ва фархангии Хуросону Мовароуннах,р ва соири минтак.ах,ои форсизабон рух дод, ки ин табаддуллот, пеш аз хама, дар тахаввули адабиёт низ чилвахри хос ва рушани худро гузошт. Равишхои хоси адабиву фикрй ва фархангй дар як оягй бо интишори дини мубини ислом арзи хастй намуда, омезаи тамаддунхри А аму Арабро ойгох.и махсус бахшиданд. Тар умаи осори пахлавй дар асрх ои аввалини пах ншавии оини мух.аммадй ва дар заминай он руи кор омадани адабиёти арабизабони форсу то шк, ки бахши аъзами ин матолиб дар рисолахри То иддин Мардонов [170], Низомиддин Зохдцов [131], Абдушукури Абдусаттор [68; 69] дар маърази тахдик, карор гирифтаанд, падидахри аввалини таъсири рушани ислом ва забони арабиро ба фархангй мардумони ориёнажод ба бор овард. Ин чараёнхр минбаъд вучуди таърихии адабиёти муштараки арабу а ам ва чилвахри хоси фархангй исломиро дар пахнои адабиёти форси истехком бахшиданд. Илова бар ин бар асари нашри ахкоми шариати мусалмонй, афкор ва атвори равияву фирк;а ои он, мух,имтар аз хдма ошноии комили форсизабонон бо «К,уръон» ва ахрдиси набавй на танхр гановати адабиёти форсиро таъмин намуд, балки барои тахдввули маънавию услубй ва шаклии адабиёти форсии даврони исломй омили муассир омад, ки тазох,ури бешумори анвои осори манзум ва мансур дар к.уруни мобаъди нашри фархднги исломй аз ин нукта дарак медихад. Ба тазох.ури анвои нави адабй дар адаби форси боис гардидани таъсири тамаддуни арабй ва истикболи комили шаклхри мутадовили авзон ва бух,ури шеъри арабй санади кртеъ ба гуфтори фавк, аст. Дар даврони кишвардории Сомониёни шукух,манд ва маънавиятгустар дар фарози кушишх,ои эх,ёи тамаддуни кадимаи форси иртибот ва нашри фархднги арабй, равандх,ои inapx,y басти акоиди мазхабиву фикрй ва фалсафй, зух.ури тарчума ва тафсири китоби мукаддаси «К,уръон» иртифои комил пайдо намуд, ки пайрезии мактаби тафсирнигории форсу то ик дар ин даврон аз бонуфузтарин дастовардх,ои фархднгй ва та аддуди маърифати матолиби к,уръонй ба шумор меояд.
Дастовардхри хоси фарханги Сомониён, ки ба нубуги тафаккури фалсафй, чахрншиносй, ривоші адабиёти форсии тоники пайванд мегирад, хостори бах,си чудогона аст. Дар тахдикрти олимони варзидаи ватаниву хори й аводи Х,иравй «Эрон дар замони Сомониён» (277), С.Абдуллоев «Амирони Сомонй» (64) ва «Фархднги Сомониён» (65) авомили ташаккул ва равандхри хоси рушди фарханги Сомониён ба маърази тахдик, кашида шудааст. Дар канори ин дастовардх.о кайди як нукта лозим ба таъйид аст, ки интишори тамаддуни исломй дар замони Сомониён барои х.астии аввалин падидахри таърихнигорй ва бунёди мактаби бузурги тафсирнависии форсу то шк асос гузошт. Мухдштарин китоби тафсир дар ин давра «Тарчумаи «Тафсири Табарй» аст, ки вучуди нусхаи комили форсии он ба азамати фарх,ангй ва шукух,и маънавиятгустарии Оли Сомон пайванд мегирад. Ба таъбири дигар, таълифи ин китоби бузурги фикриву адабй ва пурарзиши фархднгй аз пахдои ташаббус ва хидматхри фархднгсолории Сомониён берун омадааст, ки ин амр борхр дар сарчашмахр ва кутуби тахдикии муаррихону мухдк.кик.он тасдик,и хешро пайдо кардааст.
Чунонки тазаккур ёфт, дар осори пажухишгарони ватаниву хоричй бисер нуктахри марбут ба таъсири босамари тамаддуни исломй ба илму адаб ва сохахри гуногуни хаёти чамъиятии мардуми эронинажод ба тахдик, омадааст. Бо вучуди ин хдма мавзуоти ноомухта ва ганчинахри нокушудаи таърихи фархангии ахди Сомониён бисёранд. Яке аз он ганчинахри азиму бошукух. кутуби тафсирии форсу точик мебошад, ки аз шохкорихри арзишманди забону адабиёт, таърих, улуми мазхабй ва амсоли инхр мебошад. Нахзати к,удратманди тафсирнависии форси, ки дар х.удуди хазор номгу кутуби тафсирй самараи он аст, дар замони тачаддуди фархднгй, яъне замони х.укумати Оли Сомон ба майдон омад. Хушбахтона, аввалин падидаи он «Тарчумаи «Тафсирй Табарй» то замони мо мах,фуз мондааст ва ах.ли тах.к.ик. муттафик.унилайх. бар он х.астанд, ки ин китоб аз лихрзи ах.амият беназир аст. Омузиши амик,и сарчашмаи мазкур имкон медихдд, ки масъалах,ои мухими марбут ба таърихи забону адабиёт, к,уръонпажухй ва тафсирнигорй х.аллу фасл гарданд. Бо хамин мак,сад муаллифи ин рисола тасмим гирифтааст, дар муаррифии арзишхри адабии «Тарч,умаи «Тафсирй Табарй» ва ривочу густариши фанни тафсирнависй саъю кушишро дарег надорад.
Тафсирй гаронкадри Табарй нахуст ба забони арабй бо эхтимоми бузургтарини муфассирони китоби мук,аддаси «1С,уръон» - Мух,аммад ибни Ч,арири Табарй ба унвони «Чрмеъ ул-баён ан таъвили-лК,уръон» ба кдлам омада буд. Ба иктизои он ки Мух.аммад ибни Чарири Табарй аз аввалин касоне махсуб мешуд, ки ба тафсирй муфассали китоби «К,уръон» даст зад ва барои эчрди китоби арзишманд дар илми тафсир ва бунёди мактаби тафсирнигории Арабу Ачам нак,ши рушан гузошт, уро дар кутуби марчай ва сарчашмах.ои мобаъди худ мулакдаб ба «абулмуфассирин» (Падари тафсирнигорон) донистанд, ин амр аз мак.оми махсусаш дар нашри равиши шарх,у басти оёти «К,уръон» паем мерасонад. Аммо «Тарчумаи «Тафсирй Табарй» китобе нахустин аст дар тафсирй «К,уръон» ба забони форси, ки ба нахве дигар сурати форсии хамон китоби аввал аст. Чунонки Абулфазли Балъами дар мукаддимаи китоб кайд менамояд, таълифи сурати форсии китоби тафсир ба химмати амири сомонй амир Абусолех. пайвастагии к,авй мегирад ва ин аст, ки мутарчими мазкур дар мукаддима борхр бо ибораи «пас, бифармуд амир Абусолех,» ба амри зикрёфта ишорате дорад. Вале ба таври куллй аз гуфтори мукаддамотии нусхаи форсии «Тафсир» умури зайл рушан мешавад, ки дар шинохти мохият ва арзиши адабиву таърихии тафсир нофеъ хоханд буд:
3. Тарч,умаи форсии «Тафсир»-и Табарй танхр ба калами Абулфазли Балъами мутааллик, нест, балки китобест, ки аз чрниби чамъе аз уламои Мовароуннахр таълиф гардидааст ва тахияи он кори дастчамъй аст. Дар мукдддима ба таври мушаххас ба асмои уламои мазкур ва макону зодгохи онхр ишорат мешавад: «Пас, бифармуд амир Абусолех, Мансур ибни Нух, ибни Наср ибни Ахмад ибни Исмоил то уламои Мовароуннахрро гирд карданд аз шахри Бухоро, чун фа ех, Абубакр ибни Мухаммад ибни Х,омид ва чун Халил ибни Ахмади Сичистонй ва аз шахри Балх Абучаъфар ибни Мухаммад ибни Алй, аз Боб ул-Х,инд факех, Х,асан ибни Алии Мандус ва Абучах,м Холид ибни Х,онии Мутафак,к,ех, ва ам аз ин гуна аз шахри Самарканд ва аз шах.ри Сипеч,обу Фаргона ва аз шах,ре, ки буд андар Мовароуннахр. Ва х,ама хатхр бидонанд бар тарч,умаи ин китоб, ки ин рохи рост аст».
4. «Тарч,умаи «Тафсири Табарй», чунонки борхр гуфта омад, кори фармоишй ба хотири густариши тафсирнигории форсй аст ва аз икдомот ва ниёзу кушишхои умарои сомонй дар эхёи Ач,ам, ва бунёди фарханги муштараки эрониву исломй, тавач,ч,ух, ба тах,физи асолати забони форсии дари берун меояд. Ин амр ва омшгхои дигари нигориши форсии тафсир дар мукаддима ба таври зайл таъйид шуда: «Пас, душвор омад бар вай (яъне амир Абусолех, Мансур - Y.F.) хондани ин китоб ва иборат кардани он ба забони тозй ва чунон хост, ки мар инро тарчума кунад ба забони порей. Уламои Мовароуннахрро гирд кард ва аз эшон фатво гирифт, ки «Раво бошад, ки мо ин китобро ба забони порей гардонем?» Гуфтанд: «Раво бошад хондан ва набиштани тафсири «К,уръон» ба порей, мар он касро, ки у тозй надонад» (5, с. 6).
3. Нусхаи арабии «Тафсир» ба кавле чихил мусхаф ё мучаллад будааст ва онро нахуст ба чордах. ва баъдан ба хафт чилд даровардаанд. Ин амр исботи он аст, ки нусхаи форсии тафсир нисбат ба арабй мухтасар мебошад. Аз нигохи дигар, эхеос мешавад, ки дар сурати форсии тафсир киссахри марбути ахли Ачам илхрк. шудаанд ва бахше аз кисаси дар нусхаи арабй мавчуд хазф гардидаанд. Мулхакоти киссахри эронй чй дар тафсири арабии муаллифи эрониюласл Табарй ва чй дар «Тарч,умаи «Тафсири Табарй» бешак аз падидахри рухияи эронигарои ва з-хёи Ачам берун омадаанд, ки дар карни X дар мехвари сиёсати Сомониён карор гирифта буд.
Баробари таълифи «Тафсир»-и Табарй ва баъдан «Тарч,умаи «Тафсири Табарй» адабиёти динии форсу точик бо равиш ва сабку саликаи хос руи кор омад. амзамон матни арабиву форсии китоби «Тафсир» мактаби хоси адабиёти мазхабй ва ирфонии форсу точикро пайрезй кард, ки тадкики ин ч,анбаи арзиши тафсир ч,удогонаро так,озо дорад.
«Тарч,умаи «Тафсири Табарй» дар таърихи тамаддуни форсиву арабй макрми махсуси худро пайдо намуда, к,абл аз ама, ба манзалаи нахустин китобест, ки мактаби к,уръонпажухй ва тафсирнигории форсиро бунёд нихрда, барои бунёдгузории навъи махсуси насри классикии форсу точик ва равиши хоси баён дар накли киссахр боис шуд. Дар аерхри минбаъда ва адабиётшиносии имруз ин навъи наср ба унвони «насри бадеии динй» номзад шудааст.
Таваччух. ба масоили маърифат ва тах.кики арзишхри адабиву бадеии «Тарчумаи «Тафсири Табарй» бад-он ишорат мекунад, ки ин ёдгории пурарзиши хаттй тавач,ч,ухи як катор олимони ватаниву хоричиро ба худ чал б намудааст. Дар осори И.Голдсиер, Т.Нелдеке, К.Броккелман, Ч.Стори, Ч.Рё, Э.Браун, А.Семёнов, Б.Рафуров, Р.Хрдизода, Забехуллохи Сафо, Маликушшуаро Бах.ор, Сируси Шамисо, Х.Шарифов, А.Алимардонов, Н.Салимов, А.Зарринкуб, А.Юлдошев, Ф.Бобоев, М.Исоматов баробари ишорат ба чанбахри мухталифи асар, чрйгохи мухими он дар таърихи афкори илмй ва бадеиву эстетикии халк,и точик таъкид шудааст. Вале ба таври куллй ин асар дар адабиётшиносии ватаниву хоричй хамчун сарчашмаи адабй мавриди омузиш к,арор нагирифтааст.
Х,ар чй мухакдикрни точик дар ин замина падид овардаанд, нуктахри чудогонаи масъаларо фаро мегиранд. Дар тахдикрти чудогонаи Расул Хрдизода ба арзиши «К,уръон» хамчун сарчашмаи адабй ва нак,ши он дар густариши мазмуну мундаричаи адабиёти форсу точик ишороти фаровоне рафтааст. Дар рисолаи доктории Худой Шарифов навъи киссахри куръонй хамчун яке аз анвои мутадовили наср дар асрхри миёна тахдик, шудааст (284). Дар асари тахдикии мархум Юсуфчрн Салимов бошад, макрми к,исса ои к.уръонй дар пайвастагй ба осори насри ривоятй омухта шуда, ба так,озои ниёз ои чррии замони худ к,исаси к,уръонй ба хайси намунах,6к насри ривоятй муаррифй шудаанд. Илова бар ин, дар чилди дувуми «Ёдгори умр» роч,еъ ба сайри тах.аввули хати сужай достони «Юсуф ва Зулайхо», инчунин зумраи кутуби дар ин равиш таълифгардида сухан меравад, ки бахше аз матолиби тахкикии мавзуъро дар бар дорад (234, с. 390-407).
Равиши пайвандбахшии циссахри к,уръонй бо кдссахри шифо й дар осори илмии Равшан Рахмонй бо нигох.и тоза ва диди хоса тадовум пазируфтааст (221).
Носирчрн Салимов дар тахдикрти доманадори хеш бевосита ба худи китоби «Тарч,умаи «Тафсири Табарй» муроч,иат намуда, мухтассоти услубии онро х,амчун навъи насри бадеии динй мавриди тадкик, к.арор додааст (230, с.269-271).
Дар адабиётшиносии рус низ ба ин равиш тахдикрти М.Б.Пиотровский вуч,уд дорад, ки ба унвони «К,иссахри к,уръонй» маъруфият дорад. Ба нах ве дигар ин рисоларо накду баррасии мукрисавй -таърихии к,исса?;ои к,уръонй ва шинохте дар баъзе аз вижагихри онх,о номзад намудан имконпазир аст (211).
Чунонки аз ин тахдикрт бармеояд, аксари ощо танхр ба киссахои «К,уръон» таваччух, зохггр намудаанд ва дар мавриди тафсирхр ва мухтассоти адабиву бадеии онхр мабохиси лозима ба мушохдца намерасад.
Дар адабиётшиносии Эрон ва кишвархри дигари хоричй чанд тахдикрте руи кор омадаанд, ки хар яке ба зоти худ аз вижагии муайяне бархурдор мебошад. Вобаста ба мабохисе, ки уламои ин кишвар дар ин ришта оростаанд, онхрро дар ду бахш дастабандй намудан мумкин аст:
1. Тахдикрт рочеъ ба киссахои к,уръонй ва маншаи к,уръонй доштани жанри кисса. Ин гуна мабохис дар осори Сируси Шамисо, Х,усайни Хатибй, Так,ии Пури Номдориён, Х,усайни Размч,у, Халили Парвинй ва дигарон чрй дорад. Ин муаллифон киссахои к,уръониро ба таври мустак,ил берун аз китоби тафсир арзёбй кардаанд ва аксаран дар ин маврид кушиш ба тахдики сайри тахаввули киссахр дар густураи тамаддуни исломй баррасй шудааст.
Дар тахдики Ч,урабек Назриев вижагих.ои танх,о як достони к,уръонй, ки минбаъд дар адабиёти форсу точик густариши махсус пайдо намудааст, «Сулаймон ва Билк.ис» сухан меравад (195).
2. Тахдикрти марбут ба «Тарч,умаи «Тафсири Табарй». Асли ин пажухишхрро танх.о дар макрлоти ч,удогонае, ки дар китоби «Ёдномаи Табарй» ба шакли мак,олоти ч,удогона зикр шудааст, метавон ба мушохида гирифт. Дар ин мак,олах.о вижагихри забонй, равиши тах,к.ик, ва накду баррассии анбах.ои мухталифи тафсир дар маърази тадкикрти мухак,кикрн к,арор доранд. Макрлоти Алиризо Мирзомух,аммад «Равиши «Тафсири Табарй» (322), Махдии Мух,ак.к,ик, «Тар умаи «Тафсири Табарй» (335) ва дигарон ба ин равиш эчрд шудаанд.
Бах.ор дар китоби «Сабкшиносй»-и хеш бештар ба арзиши сабку услуби тафсир тавачдух. зох,ир менамояд ва мухтассоти услубии онро дар доираи меъёрхри услуби осори мансури карни X баррасй менамояд (295, с. 50-51).
Дастаи савуми тахдикрт хам мавч,уданд, ки дар онхр бештар ба мухтассоти кутуби тафосир ва мафх.уму мундаричаи илми тафсир ва накши он дар эчоди чанбахри адабии осори адабй сухан меравад. Ба ин гурух, метавон тадкикрти Бахруддини Хуррамшохй «К,уръонпажух.й»(305) ва Х,.Ч,алолиён «Таърихи тафсири «К,уръони карим» (300) -ро номбар кард.
Аз ма муи ин тахдикрт низ пайдост, ки доираи мабохиси онхр низ Чузъиёти удогонаи китоби «Тарчумаи «Тафсири Табарй» ё мухтассоти алохидаи он дар маърази нигохи олимони мазкур карор дорад. Вале $ тахдикрти чомеъ ва хамачониба, ки куллияи мухтассот ва арзишхри адабиву бадеии ин китоби пурнуфузи фархднги исломиро фаро гирад, дар даст надорем.
Барои ахли тахдик, пушида нест, ки хусусият ои услубй ва сабки назми асри X дар китоби М.Н.Османов (207) мавриди баррасй к,арор ёфтааст, аммо дар бораи чихатхри асосии сабку услуби насрнависони асри X дар мисоли «Тарчумаи «Тафсири Табарй» бори аввал омузиши нисбатан муфассал ба вук,уъ пайвастааст.
($ Ч,анбахри фаннй ва арзишхри адабии «Тарчумаи «Тафсири Табарй» дар сурати анчом ёфтани пажухишоти густарда дар мавзуъ ва масоили зайл ошкор хохад шуд:
1. анбахои адабии «Тарчумаи «Тафсири Табарй» бар асоси маърифати тахаввули к,иссапардозй, сужетофаринй ва бозгуии наклу ривоёт падидор мешавад. Аз ин нигох,, берун аз он ки «Тарчумаи «Тафсири Табарй» як китоби тафсири ва аз нигохи мухтавиёт маз абй аст, вале фарохамой ва эчоди чамъи к,исаси к,уръонй ин китобро ба масобаи як китоби комили адабии хрвии киссахри фаровон муаррифй мекунад. Дар канори ин, истиклол ва х,амох.ангиву пайвастагии к,иссах.о дар китоби тафсир аз густариши киссапардозй ва бунёди услуби к,исса андар к,исса муждагонй медих,ад;
2. Эчоди китоби «Тарчумаи «Тафсири Табарй» ихтилот ва ягонашумории жанрхри ривоёту хикоя ва киссаро то андозае хотима бахшида, мархилаи нави тахаввули киссаро дар насри форси точикй ofo3 бахшид;
3. Таълифи «Тарчумаи «Тафсири Табарй» бо сабку услуб ва равиши ба худ хос ва дар доираи меъёрхри хоси забони асри X, ки бештар ба тах.физи асолати забони форсии точикй такя мекунад, сурат гирифтааст. Аз ин ру, маърифати сабки нигориш ва мухтассоти он дар зовияи омилхри адабиётшиносии тахкики услуби осори адабй накши онро хамчун китоби арзишманди адабй метавонад муаррифй намояд;
4. «Тарчумаи «Тафсири Табарй» бо он ки дар пахнои к,аволибу асолиби забонии асри X эчрд шудааст, асари маснуи илмй нест, балки мухтавиёти он асосан ба гароишхри услуби осори адабиву бадей такя мекунад. Аз суй дигар, имтиёзи саноеи тамсил, ташхис, ташбех., такрор, истиора, суолу чавоб, нидо ва анвои дигари санъатхри маънавию лафзй вучухрт ва арзиши бадеии асарро иртифоъ бахшидааст;
5. Бар асоси кисаси «Тарч,умаи «Тафсири Табарй» дар адабиёти даврони баъдинаи форсу точик анвоъ ва ашколи бешумори адабиву бадей руи кор омадаанд, ки хар яке ба зоти худ кимати хосеро сохиб мебошанд. Х,амчунин бар мабнои киссахри ин тафсир талмехрти фаровоне дар шеъри классикии форсу точик ба зух.ур расидааст, ки харчанд ба хайси талмехоти к,уръонй муаррифй мешаванд, аммо асли худро аз вусъати накди к,иссахри тафсир, хосса аз китоби «Тарч,умаи «Тафсири Табарй» берун овардаанд, ки дар фаслхри марбутаи рисола ба та ик, гирифта шудаанд.
Тах,к.ик.у баррасии «Тарч,умаи «Тафсири Табарй» аз дидгохи адабиётшиносй зарурати пешнихрду изгори маълумоти умумй дар бораи к.уръонпажухй ва кутуби тафосирро ба вуч,уд меоварад. Чунонки маълум аст, кутуби тафсири маводеро фаро мегирад, ки ба шарху бает ва тафсири китоби мукаддаси «К,уръон» иртибот доранд. Аз ин нигох,, кутуби мазбур дар тах,аввули тафаккури мусалмонй ва маърифати аслии дини мубини ислом накши муассир гузоштаанд.
Мусаллам аст, ки дар таснифоти аксари мухакдикрн кутуби тафосир ба шумори осори мансури бадеии динй шомил гардидаанд. Аммо мавчудияти теъдоди зиёди ривоят, киссахри к,уръонй ва сужах.о, фаровонии мавод ва матолиб, махсусиятх.ои услуби ва бадей дар тафсирхр ин н осорро ба хайси зух,уроти мухими таърихй-фархангй муаррифй мекунад, ки ба тахдики амик, ниёз доранд. Дар ин замина, омузиши чанбахри таърихй, адабй ва мухтассоти забонии кутуби тафсир истисно буда наметавонад.
Бар хамин гуна асосхри мухкам зарурати омузиши ин ёдгории арзишманд пеш меояд, ки он ба сифати маводи аслии тахдики рисолаи мо к,арор дорад. Зеро то солхри наздик ба маърази тадкик, кашида шудани осори мазхабиву динй чи аз нигохи арзишхои фикрй ва чи аз лихрзи арзишхои адабии он имконнопазир буд.
Х,адафи аслии тахдикрти рисоларо баррасии киссахри к,уръонии «Тарчумаи «Тафсири Табарй» бо усули тахлили таърихй ва адабй ба вуч,уд овардааст. Ба таври куллй максад ва вазифахри асосии рисоларо, ки тадкики арзишхои адабиву бадеии «Тарч,умаи «Тафсири Табарй»-ро дар худ мунъакис мекунанд, дар чанд нукта мач,муъ намудан мумкин аст:
Тасвири шароити сиёсиву ичтимой, ки барон ташаккули илм ва фарханг дар карнхри ІХ-Х заминах.ои мусоид фарох.ам овардааст;
Тавсифи «Чрмеъ ул-баён ан таъвили-л-К,уръон»-и Табарй, ки бо номи «Тафсир»-и Табарй» маъруфият дорад, ва муайян намудани мак,оми он дар миёни осори мазхабиву маърифатии араби;
Ба маърази тахдик, кашидани китоби «Тарч,умаи «Тафсири Табарй» х,амчун ёдгори адабию илмй дар тамаддуни форсй ва муайян намудани макрми он дар ч,ахоншиносии исломй;
Муайян намудани вазъи навъи кисса дар адабиёти форсу точ,ик;
Ба таври мухтасар баррасй намудани сайри таърихии навъи к,исса то асри X.
Мукаррар намудани арзишхои бадеиву х.унарии к,иссах.ои к,уръонй;
Муайян кардани принсипх.ои шинохт ва таснифи киссахри к,уръонй дар «Тарч,умаи «Тафсири Табарй»;
-Тадк,ик,и хусусиятхри сужавй, бадей ва услубии мухимтарин к.иссах.ои «Тарч,умаи «Тафсири Табарй», ки дар ташаккули адабиёти форсу точик накши рушан гузоштаанд;
- Мукаррар намудани чилваву тобишхри хос ва арзиши адабиву бадеии киссахри китоби мукаддаси «К,уръон» ва «Тарчумаи «Тафсири Табарй» дар густураи фарханг ва адабиёти беназири форсу точик;
Дар заминай пажухиши арзишхри адабиву бадеии «Тарчумаи «Тафсири Табарй» имкон дорад, ки китоби мазкур ба хайси як падидаи адабиву фикрй, махсули андешаву орои нависандагони форсизабон, ма муаи арзишманди киссахр дар адабиёти форсу точик муаррифй карда шавад. Аз суй дигар, тадкики вижагихри бадей ва арзиши адабии тафсир имкон медихад, ки сарчашмахри гановати адабиёти форсу точик, омилхои тазох,ури талмехрт, манбаъхри зухури навъи хоси достонхр, падидахри истиклоли жанрх,ои адабй такрир ёбад.
Илова бар ин, бо таълифи ин рисола бори нахуст дар адабиётшиносии то ик навъи хоси осори мансур - насри бадеии динй дар намунаи кутуби тафсири ба таври куллй ба маърази тахдик, кашида мешавад, ки чойгохи он то кунун холй буд. Х,амзамон, ба таври чудогона навъи хоси киссахри тафсири -киссахри куръонй аз нигохи коим будан ба арзишхри адабиву бадей, сабку услуб тахдик, мешаванд. Тахаввули хати сужай достонхри к,уръонй ва падид омадани навъхри мустакили осори адабии чанбахри тафсири дошта, мушаххас мегардад, ки то имруз дар ин ришта тахдикрти хеле кам руи кор омадаанд.
Тах лили муназзами киссахри куръонй дар адабиётшиносии точик на танхр аз чихати бори аввал сурат гирифтани он арзиши мухим пайдо мекунад, балки маводи то кунун баррасй ва тахдикнашудаи таърихиву маданиро хам пешоруи мо мегузорад. Х,амчунин таъсири к,иссах,ои к,уръонй дар тахаввули жанри кисса ва дигар жанрхри адабиёти форсу точики асримиёнагй мушаххас карда мешавад.
Сарчашмаи асосии таълифи рисола, пеш аз хама, нусхахри чудогонаи китоби мукаддаси «К,уръон» ва нусхах.ои тарчумавии он, нусахи арабй ва тарчумаи форсии «Тафсир»-и Табарй махсуб мешавад. Вобаста ба ин гуфта метавон, ки доираи васеи сарчашмахр мавчуданд, ки барои анчоми рисолаи мо иттилои фаровоне пеш мегузоранд. Ба таври умумй ин сарчашмахрро дар чанд даста баррасй намудан мумкин аст:
1. Тафсирхри арабй ва форси, ки дар тадкикрт истифода шудаанд. Ба ин тафсирхр шомил мешаванд:
- «Чрмеъ ул-баён ан таъвили-л-К,уръон»-и Табарй ва тарчумаи он «Тарчумаи «Тафсири Табарй», ки аз чрниби донишмандон ва матншино- сони бузурги Мовароуннахр тахия гардидааст;
- «Тафсир ул-К,уръони-л-азим»-и Ибни Касир; -«Мафотех, ул-гайб»-и Мухаммад ибни Умар Фахри Розй;
- «ал-Кашшоф ан хакрики-т-танзили ва уюни-л-ак,овили ва -вуч,ухи-т- таъвил»- и Замахшарй;
-«Равз ул-чинон ва равх, ул-чанон»-и Абулфутухи Розй;
-«Тафсири Сурободй»-и Абубакр Атик, ибни Мухаммади Нишопурй;
-«Кашф ул-асрор ва уддат ул-аброр»-и Майбудй.
2. Куллиёти осор, девони ашъор ва асархои алохидаи Рудакй, Фирдавсй, Х,офиз, Ч,алолуддини Румй, Камоли Хучандй, Абдурахмони Ч/жй, Хокрнй, Аттор, Амонй, Саной, Рании Кашмирй, Саъдй ва дигарон.
3. «Авасто», «Таврот», «Инч,ил», «К,уръон».
4. Фархангхр ва осори илмии адабиётшиносии Рашидуддини Ватвот, Шамси К,айси Розй, Омули, Абдулкрхири Ч,урчрнй, ал-Аскарй, ас-Саккокй, ал-К,азвинй, Ч,охиз, Ибни Муътазз, К,удома ибни Чдъфар ва дигарон.
5. Таърихнома ва таълифоти мусалмонй: «Таърих ур-русул ва-л- мулук»-и Табарй, «Таърихи Табарй»-и Балъамй, «ал-Фехрист»-и Ибни Надим, «Муъчам ул-удабо»-и Ёк,ути Х,амавй, «Мукаддима»-и Ибни Халдун ва Faftpa.
Мусаллам аст, ки вижагихои адабиву бадей ва услубии ин ё он асар, пеш аз хама, дар заминай ба кор гирифтани равиши мукрисавй -таърихй ба хадаф наздиктар тахдик, хохад шуд. Аз ин ру, дар ч,араёни таълифи рисола ин усули махсуси тадкикрт нисбат ба дигар равишхри тадкикрти илмй имтиёз дорад. Х,ангоми тахлили чанбахри адабиву бадей, тахдввули сужай киссахр ва тахдики мухтассоти услубии онхр усули тахдили адабиётшиносй дар якчрягй бо равишхри хоси усули мукоисавй -таърихй корбандй шудааст.
Дар канори ин равишхо дар рисола усулхои тадкики олимони шинохтаи ватаниву хоричй Хусайни Хатибй, 3. Сафо,Б. Хуррамшохй, Махдии МухаЕдик,, Хдбиби Ягмой, Халили Парвинй, Сируси Шамисо, Х,усайни Размчу, Г.Э. Грюнебаум, М.Б. Пиотровский, И.Ю. Крачковский, А.Э. Бертелс, И.С. Брагинский, А.Б. Куделин, Д.С. Лихачев, А.В. Гуревич, С.С. Аверинсев, М.Б. Храпченко, А.Ф. Лосев, Ю.М.Лотман, М.Шукуров, Р.Х,одизода, А.Мирзоев, Р.Мусулмонк,улов, А.Сатторов, Х.Шарифов, М.Муллоахмадов, А.Насриддинов, Н.Салимов, Ч,.Назриев, С. Амиркулов, М.Ш. Х,усейнзода ва дигарон корбаст гардидааст.
Дар рисола бори нахуст нахустин тафсири форсу точик «Тарчумаи «Тафсири Табарй» мавриди баррасии амик, карор гирифта, макрми он дар пахнои фарх.ангу адаби форсу точ,ик муайян шудааст. Фузун бар таъйиди макрми тафсир дар пайрезии мактаби тафсирнигории форсу точик, ташаккули илми тафсир, гановати мавзуиву маънавии адабиёт имкон додааст, ки дар рисола омилхри тазохури илми тафсир ва равишхри хоси он баён гардад ва дар сурати баррасии хусусиёти адабиву бадей, сабку услуби к,иссахри шомили он накши тафсир дар танаввуи шакливу мавзуии адабиёт, падид омадани навъхои нави адабй ва Faftpa мушаххас карда шавад.
Бори аввал дар рисола накши киссахри к,уръонй дар таъмини бештари ИСТИК.ЛОЛИ жанри кисса ва таъйини сар адх.ои нави жанрии он миёни анвои дигари адабй, чун асотир, достон, хикоят ва Faftpa мукаррар гардида, заминахри эрониву исломии пайдоиши ин жанри адабй дакик, гардидааст. Ин бахс имкон дода, ки дастабандии анвои киссахр бар асоси меъёрх,ои нави мавзуиву услубй ва х.унарй сурат пайдо кунад, ки дар осори тахдики олимони дигар камтар ба мушохида мерасид.
Дар рисола бори нахуст дар адабиётшиносии ватаниву хоричй тахлили ёдгории хаттии тарч,умавии форсу точик «Тарчумаи «Тафсири Табари» аз дидгохи макрми адабиву бадеии он дар масири адабиёти форсу точик сурат гирифтааст.
Аввалин маротиба дар рисола киссахри к,уръонй хамчун навъи мустакили к,иссахр дар баробари тахдики амик; пайдо намудан, аз назари мазмун ва мундарича тасниф ва дастанбандй шуда, вобаста ба анвои он мавриди баррасй карор гирифтаанд.
Бори аввал мавзуъ ва мундаричаи асосии киссахри к,уръонии «Тарч,умаи «Тафсири Табари» хамчун зу уроти бавуч,удоварандаи шохаи мантик,ан ба хам пайваста ва аз хам чудонашавандаи тафаккури адабии шоирон ва нависандагон баррасй гардидааст.
Накду баррасии киссахри чудогонаи к,уръонй, сарчашмахри аслй ва тахаввулпазирии хати сужай онхо ва амсоли ин барои аввалин бор дар адабиётшиносии точик ба маърази тахдик, кашида мешавад. Дар рисола падидахри зух.ури осори адабии мустакил бар асоси кисаси к.уръонй, чун достонхри манзум ва мансури «Юсуф ва Зулайхо», «Сулаймон ва Билкис», достойной марбут ба Исо, хамчунин авомили тазох ури талмехрти к,уръонй бар мабнои киссахри к,уръонй баррасй гардидааст. Махсусан, нукот ва Чузъиёти киссахр, ки ба таври махсус аз рахгузори киссахр ба адабиёти форсу точик таъсир гузошта, ишороти мустакили достонй ё талмехртро ба вучуд овардаанд, мушаххас карда мешавад.
Натичахои илмии ин рисоларо метавон дар ичрои корхри зерин истифода кард:
а) дар вакти навиштани таърихи чрмеи адабиёти форсу точик (дар тахдики таъсири «К,уръон» ва киссахри к.уръонй ба адабиёти форси, заминахри пайдоиши маснавй ва достонхри к,уръонй, инчунин баъзе масъалахри адабиётшиносй, накди адабй ва сабкшиносй);
б) дар таълифи таърихи нигориши кутуби тафосир, осори илмй рочеъ ба тахдики масоили исломшиносй, к.уръонпажухй ва фархангшиносй;
в) барои навиштани китобхри дарсии мактабхри олй, литсеву гимназия ва мактабхри таълими хамагонй;
г) барон омода кардани дарсхри лексионй ва курсхрву семинарной махсус, амсоли «Таърихй адабиёти точик», «Таърихй адабиёти араб», «Тахлили матн», «Сарчашмашиносй», «Таърихй насри форсу точик» ва f.;
д) дар вакти омода кардани матни илмй-интикрдии «Тарчумаи «Тафсири Табарй»;
е) барои навиштани рисолахри назарй оид ба сабки насри карни X ва услуби фардии муфассирин, мухаддисин, мутарчимини кутуби мукаддас ва адибони давраи мазкур;
ё) барои тахдики масъалахри робитахри адабй;
ж) дар вакти навиштани таърихй хонадони Аббосиён ва Сомониён;
з) барои навиштани дастурхри таълимиву методи ва амсоли инхр. Рисола аз мукаддима, 4 боб, 16 фасл, хулоса, тавзехот ва китобнома иборат аст.
Дар мукаддимаи рисола муаллиф ахамият, зарурат ва дарачаи омузиши мавзуъ, хадаф ва вазифахри тахдикрт, равишхри кори илмй, арзишхри амалй ва назарии рисола, тавсифи сарчашмахри тахдикрти хешро бар асоси санадх.ои кавй муайян сохтааст.
Боби якуми рисола мавсум ба «Тарчумаи «Тафсири Табарй» ва макрми он дар тафсирнигории форсу точик» аз 4 фасл иборат буда, дар он заминахри сиёсй- ичтимоии нахзати илмиву фархангй дар асри X, ах,амияти таърихй ва илмии «К,уръон» чун мероси маънавии ниёгон ва мехвари улуми асримиёнагй, сайри тадрич,ии исломшиносй ва тафсирнигорй, таърихй ташаккул ва тахаввули тафсирнигории арабу ачам то садаи X, шархи лугавиву истилох.ии тафсир дар мукриса бо таъвил ва танзил, равишх,о ё навъх.ои тафсир, Табарй ва «Тафсири кабир» -и у, тарчумаи форсии « омеъ ул-баён ан таъвили-л-К,уръон» ва мак,оми он дар тафсирнигории форсу точик мавриди баррасй карор гирифтааст.
Боби дуюм «К,исса ои к,уръонй ва вазъи навъи К;исса дар адабиёти форсу точик» ном дошта, аз 3 фасл иборат аст. Дар он кисса ва фах,миши жанрии он, заминах,ои густариши кисса дар Эрони бостон, фархангй исломй ва интишори киссапардозй дар адабиёти форсу точик, тах,аввули шакливу маънавии кисса ва навъхри он дар адабиёти даврони исломй, киссахри куръонй ва мухтассоти онхр - шинохти кисса аз дидгохи «К,уръон», меъёрхри таснифот ва масоили марбут ба он тахдик, шудаанд.
Боби сеюм «Арзиши адабии киссахри куръонии «Тарчумаи «Тафсири Табари» ном дошта, аз 4 фасл иборат аст. Дар боби мазкур меъёрхри шинохти киссахри к.уръонй, усулхри баргардон дар «Тарчумаи «Тафсири Табари» дар мукриса бо асли арабии он равишхри хоси форсии нигориши кисса дар «Тарчумаи «Тафсири Табари», мухтассоти сабк, услуб ва забони киссахр дар асоси тахлили маводи тахдик. таъйин ва такрир шудаанд. Дар он хусусиятхри адабй ва лугавии «Тарчумаи «Тафсири Табари» бо максади аниктар ан ом ёфтани вижагихри осори мансури X дар мукриса бо «ас-Савод ул-аъзам» Абулкрсим Самаркандй дар фасли «Усули баргардон ва тавзехи «Тарчумаи «Тафсири Табари» сурат пазируфтааст.
Боби чахррум мавсум ба «Таъсир ва макрми кдссахри «Тарчумаи ($ «Тафсири Табари» дар адабиёти форси» буда, аз ду фасл иборат аст. Дар он тачаллии кисаси к,уръонй дар адабиёти форсу точик, аз чумла кисаси кисаси к.уръонии мутафаррик, ва кутох,, ба монанди киссаи Одам (а), Мусо (а), Сулаймон (а), асхрб ул-ках.ф ва f. дар иртибот бо тахдики мукрисавй- таърихии сарчашмахри динй-мазхабй ва адабй-таърихй ба калам омадааст. Боби мазкур ба тавсиф ва тахдики киссаи Юсуф (а) дар «Тарчумаи «Тафсири Табари» ва чилвахри бадеии осори адабии форсу точик дар мисоли достонхои «Юсуф ва Зулайхо»-и Амонй ва Абдурахмони омй бахшида шудааст. Дар хулоса накшу макрми ин асар дар густариши тамаддуни исломй ва арзишхри олии адабии он дар пахнои фарханги форси муайян гашта, макрми он дар вусъати чахрншиносй ва мазхабу ирфон, инчунин адабиёти достонии форсу точик муайян шудааст.