Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи Ахмедов Мирзо

Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи
<
Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Ахмедов Мирзо. Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи : Дис. ... д-ра филол. наук : 10.01.03 : Душанбе, 2003 313 c. РГБ ОД, 71:04-10/113

Содержание к диссертации

Мукдддима 4

Боби 1. Тар^умаи х,оли илмй ва мероси ахлокД-бадеии Х,усайн Воизи Кошифй 18

а) Тарчумаи холи Хусайн Воиз 18

б) Мероси илмй, адабй ва ахлокии Хусайн Воиз 25

Боби 2. Чдхрнбинй ва масъалахои ахлок ва таносуби ахлок; ва тасаввуф дар осори Хусайн Воизи Кошифй 29

а) Чдх,онбинй 29

б) Масъалахои ахлок 31

в) Таносуби ахлоц ва тасаввуф 33

Боби 3. Масъалахои умдаи ахлокй дар насри ахлокии Хусайн Воизи Кошифй 35

а) Ахлокй ичтимой ва сиёсй 35

б) Масъалахои ахлокй фардй . , 189

в) Этикет (одоби муошират) 238

Боби 4. Хусусиятхои ^слубии насри ахлокй-бадеии Хусайн оизи Кошифй 271

Хулоса 292

Руйхати адабиёти истифодашуда 297 

Введение к работе

Омухтани таърихи афкори маънавии халкхри эронинажод нишон медихад, ки таълифи китобхои ахлокй ва андарз аз кадим дар Эрон маъмул буда, эрониён пайваста ба ин навъ китобхо майл ва рагбати тамом доштаанд. Кддимтарин асаре, ки дойр ба панду андарз ва дигар масъалахои мухими ичтимоиву сиёсй таълиф шуда, кисми умдаи он то ба имруз омада расидааст, китоби мукдддаси оини зардуштй "Авесто" мебошад, ки ба давраи хазорсолаи пені аз милод мансуб аст. Муборизаи Хурмузу Ахриман мехвари асосие буд, ки руи он назарияи ахлокии зардуштия кад афрохтааст. Мувофики таълимоти дини Зардуштй зиндагй дар олами модцй аз хубу бад иборат аст. Инсон бояд аз бад худдорй карда, ба некию накукорй пардозад. Таълимоти ахлокии зардуштия дар хамин замина ба вучуд омадааст.

Рукнхои асосии таълимоти зардуштия аз се асли асосй - гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек ташкил ёфтаанд. Инсон гуё махз ба воситаи хамин се сифати ахлокии зардуштия ба осоиши абадй мерасад. Зардушт мазхаби худро ойини ростй номидааст. Х,амин ростию хакикатларастии нажоди эронй такрибан аз даврони Х,ахоманишй cap карда, маслаки асосии ачдоди халкхои Осиёи Миёнаю Эрон ба шумор мерафт.

Дар асри Нушервон бошад, таълифи китобхои ахлокй ва андарз ба забони пахлавй боз хам бештар мавриди тава чух к,арор гирифтааст. Дар баробари он китобхои ахлокие, ки дар Эрон таълиф карда мешуданд, баъзе аз осорхои хиндй ва юнонй низ ба забони пахлавй тарчума карда мешуданд, ки китоби "Калила ва Димна" яке аз онхо мебошад. Эрониёни давраи сосонй аз осори ахлокии юнонй низ огохй ва ошной доштаанд, ки дар китобхои ахлокии эрониён ривоятхои зиёде аз осори хакимони Юнон, монанди Арасту Ф"оогурчс ва гайра рох ёфтаанд ва чунин ривоятхои юнонй нахустин бор ба воситаи хамин китобхои эронй дар адабиёти араб ва исломй рох, ёфтаанд.

Ибни Надим дар "Фехрист"-и худ китобхои зиедк панду ахлокдро аз кабили "Андарзи озарбомдор"-и Сипандон, "Панднома"-и Анушервон, "Панднома"-и Бузургмехр, "Мехрозари чашниз"-и Муъбадони Муъбад ба Бузургмехр, "Ахди Ардашер"-и Ардашер ва Fafipa, ки а 44 асар иборат буда, ба забони форси, юнонй, хиндй ва арабй таълиф шудаанд, зикр кардааст, ки кисмати зиёди ощо тарчума ё иктибос аз осори ахлокии пахдавй будаанд.

Асархои ахлокД ва панду андарз дар адабиёти пахдавй дар шаклхои мухталиф, ба мисли "Васоё", "Ухуд", "Мукотибот", "Тавк;еот", "Хитобахо"-и точгузорй, "Расоил", "Панднрма" -и Бузургмехр, "Чрвидон хиради сосонй" ва гайра вучуд доштаанд, ки дар асархои баъд аз тарафи бузургони адабиёти классикии форсу точик ба як равняй хоси панду ахлокй табдил дода шуд.

Яке аз симохои маъруфи давраи ибтидои исломй, ки аксар риштахои илмй ва фаннии асри худ, аз кабили таърих, адаб, ахлок,, фалсафа, мантик, афсона, достон китобхое аз забони пахдавй ба арабй тарчума кардааст, Ибни Мукаффаъ (с.721-757) буд, ки баъзе аз осори - л тарчума кардаи у, монанди тарчумаи "Калила ва Димна" то имруз боки мондааст. Ин нависанда Fafip аз тар ума китобхои дигаре хам дар мавзуи адаб ва ахлок,, аз кабили китобхои "Алодобулкабир", "Алодобуссагар валятима" ва гайра аз худ ба мерос гузоштааст.

Анъанаи таълифи асархои ахлокй, вале асосан назм дар адабиёти асри X идома ёфт. Дар назми ин аср хеч як аз шаклхои шеърй нест, ки мо дар он каму беш мазмунхои ахлокй-тарбиявиро дида натавонем. Хусусан "Калила ва Димна" аз он асархои бузурги ахлокй-тарбиявй мебошад, ки асосгузори адабиёти классикии точик Абуабдулло Рудакй онро дар шакли маснавй ба назм даровардааст. Мутаассифона, аз ин асари нодир Fafip аз якчанд байта пароканда дигар осоре боки намондааст.

Баъд аз Рудакй яке аз намояндагони пешкадами доираи адабии Бухорои замони Сомонй Абушакури Балхй дуввумин шоире мебошад, ки дар назми ахлокии асри X мартаба ва макоми босазое дорад. Яке аз мухимтарин асари нисбатан мукаммали ба назар намоёне, ки аз осори Абушакур то замони мо омада расидааст, маснавии "Офариннома" мебошад, ки оид ба х.икмат ва панду насихдт суруда шуда, шояд баъд аз асари "Калила ва Димна" -и Рудакй аввалин маснавии мухимми ахлоки бошад.

Абдулганй Мирзоев дойр ба кимат ва макоми ин маснавии Абушакур навиштааст: "Ахдмияти "Офариннома" боз дар ин чрст, ки аз як тараф, агар он хеле фикрх,ои ахлокии пеш аз исломии гузаштагони моро дар бар гирифта бошад, аз тарафи дигар, дар таърихи минбаъдаи назми ахлокй таъсири мухимме мерасонад" (57,57).

Аз баъзе ашъори парокандае, ки дар сарчашмахр ба номи Абушакури Балхй нисбат додаанд, чунин бармеояд, ки шоир дар бах,рх.ои "хафиф" ва "хазачи мусаддас" ду маснавии дигар низ доштааст, ки масъалах,ои ахлокиро дар бар мегирифтаанд (57,57).

Маълум аст, ки нависандагони давраи Сомониён хеле зиёд будаанд ва аз тарзи нигориш ва пухтагии осоре, ки аз он ахд боки мондааст, чунин бармеояд, ки насри дари дорой собикди тулонй буда нависандагони ин давра анъанаи сабки кадимтареро, ки муддати он якчанд аср будааст, давом дода, аз забони арабй асарххш зиёдеро тарчума карда, сабки кадимии нигоришро бо эх.тиёчоти нав татбик кардаанд, чунки насри Абумансур ал-Муаммарй, Балъамй, Абулмуайяд ва дигарон насре нест, ки дар муддати як аср пайдо шуда бошад ва шубхде нест, ки пояи ин наср аз насри пахлавй шуруъ шудааст.

Вале афсус, ки дар бораи нависандагони асри X мо маълумоти бисер нокису нокифоя дорем ва ба гайр аз чанд тан нависандагони машхур, ки аз онх.0 осоре боки мондааст, монанди Абумансур, Абулмуайяди Балхй, Балъамй ва чанд тани дигар, аз дигарон, ки бешак гурухи зиёдеро ташкил мекарданд, маълумоте надорем. "Шохнома" -и Абулмуайяди Балхй, "Шохнома"-и Абуалй Мухдммад бинни Ахмада Балхй ва дигарон низ аз байн рафтаанд. Дигар аз ин кабил "Шохнома" -хои кдбл аз Фирдавсй "Шохнома"-и насрие будааст, ки бо фармони Абумансур Мухдммад, ки дар ахди Сомониён раёсати Туе ва Нишопур ба ухдаи у будааст, чамъоварй шудааст.

Мукдддимаи ин "Шохнома" то ба замони мо омада расидааст, ки аслан ба забони форей-точикй буда, киматтарин ва бехтарин намунаи насри дари (точикй) мебошад. Фирдавсй "Шохнома" -и бузурги худро низ асосан аз руи хдмин "Шох.нома"-и насрй ба риштаи назм кашидааст.

Аз асарх.ои насрии дар нимаи дуюми асри XI таълифшуда махсусан "Кобуснома"-и Унсурмаолй Кайковус ва "Сиёсатнома"-и Низомулмулк ба инкишофи минбаъдаи насри бадеии форсу точик ва барои ба вучуд омадани як зумра асарх.ои насрй сабаб шудаанд.

Дар "Сиёсатнома" асосан аз адаб, оини давлатдорй ва сайри ПОДШОХ.ОН сухан меравад, ки тахминан дар охири асри V / XI м / таълиф шуда, дар асл аз 54 бобу фасл иборат буда, х,оло мачмуъи он аз 50 фасл иборат аст.

"]$обуснома"-и Унсурмаолй Кайковус мулаккаб ба Шамсулмаъоли, ки дар насихати фарзанди худ Гелоншох, таълиф шудааст, аз бехтарин китобх.ои насрй-ахлокди асри ХП ва зеботарин насри форси ба шумор меравад.

Кайковус дар ин китоб аз овардани бисер масъалахри судманди ахлокй ва х икматх.ои амалй ба мисли шинохтани х,укуки падару модар, фурутани, парвариши фарзанд, дар фоидаи илм, тичорат, дехкониву хунармандй, оини чавонмардй ва гайра зазвати зиёде ба харч додааст.

Илова бар он фоидаи бузурге, ки моро ба тамаддуни кадим, маишати миллй, илми зиндагй ва дастури хаёт шинос мекунад, он асарро мачмуъаи тамаддуни исломии пені аз истилои мугул шуморидан мумкин аст. Ин китоб аз 44 боб ва хар бобе аз хикоёти дилпазир иборат буда, аз шугаи подшохй ва сипахсолори гирифта, то ба зироат, айёрпешагй ва дарвешй суханро ба хадди баланд расонда, ба хонанда рохи росту дурустро нишон додааст. Азбаски у шоир хам буд, дар мавкеъхои муносиб аз худ шеър меорад, ки насрро бисер рангину дилкаш ва латифу зебо месозад. Ба кавли Маликунпнуаро Бахор у дар овардани шеър дар миёнаи наср мукаддам аз І озй Хдмиддуддин (муаллифи «Макомоти Х,амидй») ва шайх Саъдй дар «Гулистон» будааст (22.119). :

Таълифоти дигари мухимми насри адабй-ахлокии асри XI китоби «Кимиёи саодат» -и Имом Абухймид Мухаммад бинни Мухаммад бинни Ахмад Газзолии Туей (тав.450х. - 1058м.- ваф. (505 х-1111 м) мебошад, ки аввал онро ба унвони «Эхё-ул-улум» ба забони fc тозй навишта, баъд дар охирхои умр худаш онро мухтасар карда, «Кимиёи саодат» ном гузоштааст. Газзолй аз бузургтарин уламои дин ба шумор рафта, таълифоти зиёде ба забони тозй ва форси аз худ боки гузоштааст ва чунон ки зикр ёфт, бузургтарин ва маъруфтарин таълифоти у хамоно «Кимиёи саодат» мебошад. Ин китоб аз китоби илмй дида ба китоби адабй монанд аст ва мундаричаи он, ки аз масъалахри фаровони фалсафию динй ва панду ахлокй иборат аст, ба ин шаходат медихад. Чунончи, андешахри ахлокии у, ки дар талаби илм, дар илочи шахват, шикам, хашм, хасад, кибр, гурур, одоби таом хурдан, одоби никох, одоби касбу тичорат, талаби рузии халол, одоби сухбат, одоби сафар ва гайра ном доранд, дар эчоди асархои ахлокии аерхои минбаъда, аз чумла «Футувватнома»-и Хусайн Воиз бетаъсир намондаанд. У бунёди насри кадимро на ба тарики Абулмаолй, ки калимаву ибора, далелхои куръонй ва шеъри арабиро дар матни «Калила ва Димна» ба тарзи фаровон меорад, балки ба чумлабандихои содцаву равони форси ва оммафахде зебу зиннат додааст.

Асархои насрии дигари асрхои Х-ХП «Наврузнома» -и Хайём, «Кашфулмахсуб» -и шайх, олими ориф Абулхасан Алй бини Усмони Газнавй (вафоташ с.465 х.. 1072-73м), «Асроруттавхид»-и шайх Абусаид Фазлуллох бинни Мухаммад Абулхайр (таваллудаш 357 х.967-968м. вафоташ с.440х. 1048м), «Тазкиратулавлиё»-и шайх Аттор, «Нурулулум»-и шайх Абулхасани Хдракони ва гайра мебошанд, ки асосан мазмун ва мундаричди онхо аз масъалахои тасаввуфй иборат буда, хамчун сарчашма ва маъхази муфид барои омухтани пайдоиш ва инкишофи тасаввуф хизмат хоханд кард. Вале дар баробари » масъалахои тасаввуфй панду андарзхои муфиду хаётиро низ таргибу ташвик. кардаанд, ки дар хдёту зиндагй хамчун дастур хизмат хоханд кард.

Дар дунёи илму адаб хеч, китоберо пайдо карда наметавонем, ки монанди «Калила ва Димна» дар тули асрхои зиёд то ба ин андоза давом карда, матлуб ва махбуби хдмагон бошад. Он хамдам ва кабули мулуку уламо, махбуби халк., дастури зиндагй, сарманщи ахлок.у рахнамои хаёт буда, хануз ам баъди сездах, чордах асри хичри, ки аз пайдоиш ва шухрати он мегузарад, писандтарину махбубтарин китоби панду ахлокД аст, ки мо дар ч.ои дигар дойр ба мазмуну мундаричаи он васеътар тавакдуф хохем кард.

Макоманависй низ яке аз шаклхои насри бадей буд, ки дар асрхои 4-5 Х/Х-Х1 м/ вучуд надошт ва китобхои илмй, адабй, таърихй дар муддати мазкур хама ба як сабку шева иншо мешуданд. Лекин дар асри шашуми хичрй /XI1 м/ «Мак,омот»- нависи бо тамоми хусусиёташ дар насри форси ба вучуд омад,ки «Макрмоти Х амидй» машхуртарини онхрст I ваф. Хдмидй с. 559 х- 1163 м/. Ин асар аз осори насри бадеии асри XII форсу точик оид ба мацоманависй мебошад. Он аз як мукдддима ва 24 макрма ва хотима иборат буда, як катор масъалахои фалсафй, динй, ахлокй, и тимой, ишкй ва гайраро дар бар мегирад. Дар макрмахо барои ороиши сухан ва таквияти фикр порчах,ои шеърие оварда мешавад, ки такрибан хамаи онхо ба калами худи муаллиф тааллук, доранд. Ин асар дар ривоч. ва такомули минбаъдаи насри бадеии форсу точик таъсири муайян расондааст.

Абулмаоли Насруллох. агар хамаи ашъори китоби «Калила ва Димна» -ро аз мероси адабии Унсурй, Масъуди Саъди Салмон, Абулфарач, Саной ва дигарон гирифта бошад, Хдмидй кариб аксари шеърхоро худаш эчод кардааст, ки дар ин бора гуфтааст: Бо мояи худ бисозу чун бехунарон, Сармоя ба орият махох, чун дигарон. (22, 334).

Маликушшуаро Бахрр ба тарзи хакдонй ин андеша ва акидаи бечои Абулхамидро эрод гирифта мегуяд, ки ин шеър зулми фохиша аст нисбат ба салафи бузурги худ Абулмаоли. (22,334).

Яке аз роххои дигари инкишофи насри бадеии форсу точик дар асрхои ХІ-ХІІ муросилотнависи буд, ки хануз дар асри Сосонихо дар девонхои давлатй ва байнидавлатй ба расмият даромада буд. Мазмун ва мундаричаи муросилотнависии расмй ба адабиёти бадей дахл надошта бошад хам, аммо сабку услуб ва санъати ин муросилахр дар нихояти адабй буда, муншиёну сохибдевонхо шахсони фозилу адиб буданд ва дар муросилахои худ аз санъатхои лафзию маънавй ба таври фаровон истифода мебурданд (48-49). Китоби хеле мухимми дигари панду ахлокие, ки дар солхои 608-622 х (1211-1225 м) аз тарафи Саъдиддини Вардашй аз забони табарй ба форси тарчума карда шудааст, «Марзбоннома» -и Исфахбади Марзбон бинни Рустам мебошад, ки аз шохзодагони Табаристони охири асри чахоруми хичрй буд. Ин китоб низ чун «Калила ва Димна» китоби тамсилй аст. Ва аз кадимулайём чунин расме будааст, ки пандгуёну насихдтгарон дар панду насихат додан ба хукмронону бузургон суханро пустканда ва руйрост гуфта наметавонистанд. Чунки хуб медонистанд, ки суханонашон беасар мемонд. Бинобар ин, онхр саъй мекарданд, ки панду насихатро ба воситаи киноёту истиорот ва тамсил ё аз забони дигарон, хусусан чрнваррн адо кунанд, ки ин раем дар миёни донишмандони Хдшду Эрон хрдисаи мукаррари буд ва донишмандони Эрон баъд аз ислом низ ин шева ва тарикдтро давом доданд.

«Марзбоннома» низ дар радифи «Калила ва Димна» яке аз осори нодири адабй буда, мукаддимаи он як андоза ахамияти тарчумаихолй ва таърихй дорад. «Марзбоннома» аз читати жанр, кдеса дар кдеса буда, мазмуни он «Калила ва Димна»-ро ба хотир меорад. Сухбатхри байни шоху шохзода дар мавзуъхри панду ахлокй бо овардани масалхо ва ривоятхри гуногун таквият дода мешавад.

Дар охирхри аери хафтум /ХІПм/ рафта-рафта дар насри форси шеваи тозае пайдо шуд, ки онро ба ду кием чудо кардан мумкин аст. Яке шеваи хоси Саъдй ва насри «Гулистон», ки пайравии мухтасаре аз мутакаддимин дар он дида мешавад. Дигар шеваи насри содца ва холи аз ибороти пухта.

Саъдй гайр аз «Бустон» ва «Гулистон» асархри зиёде таълиф намудааст. Аммо аз байни мероси адабии Саъдй асари«Гулистон» ба тозагй ва навоварихри худ фарк. мекунад. Максаду мароми Саъдй аз таълифи ин асар он будааст, ки китоби ахлокй ва ич,тимоие иншо кунад, ки хонандаро аз печу тоби зухди хушк ва андарзади мутаассибони онх о рахр сохта, ба рохи дурусти зиндагй равона кунад, табъи мутоилакунандаро хаставу малул насозад, инчунин аз члхати лафзу услуби иншо аз иншои к,адим фарк, дошта ва онро ба санъатхри тару тоза ороставу пероста гардонад.

Чунон ки маълум аст, «Гулистон» дорой дебоча ва хашт боб аст. Бобх.ои асар аз хдікоятхри хурду калрн иборат буда, панду хикмат асоси тоявии онро ташкил мекунад. Чунончи ганимат донистани умр, некй ва фонда расонидан ба мардум, самаранок истифода бурдани он аввал андеша,баъд гуфтор ва сухани неку босавод гуфтан,аввал чои худро дида, баъд пой гузоштан, фуру бурдани хашм,бахшидаіш гунох., мазаммати харисони молу чох, хайру эхсон кардан, далери, корнамои дар майдони чднг, ситоиши хунармандон,мазаммати бехунарону хасудон, мазаммати шохони истилогар ва шахсони пасту разил, хакир нашуморидани душман, ба лутфу эхсон парвариш кардани лашкар, мазаммати подшохони золимдамдардй ба мардуми бечораву афтода, покиву ростй, таргиби шохи одил, бо мехнати халоли худ зиндагй кардан, гиромй доштани бузургон ва тарбияи олимон, мазаммати суханчинон ва зохидону воизоне, ки гуфторашон ба кирдорашон мувофикат намекунад, таргиби фурутаниву хоксорй, саховатмандй; дар фазилати каноат, изхор накардани андухи хеш ба душман, дар байни сухани кас сухан накардан, хурмати падару модар, мазаммати ишкварзй дар айёми пирй, таргиби хунаромузй ва омузгори серталабу сахтгир таъсири тарбият таргиби тичорати мол, бахс дар илм ва сиёсат, дар давлатдорй, рахм накардан бар бадону золимон, таргиби сулху осоиштагй, ба кадри дустон расидан, мазаммати олими беамал, мазаммати пурхурй, крзиёни порахур ва гайра. Чунонки аз масъалахои зикршуда бармеояд, дар хакикдт «Гулистон» -ро дастури рохнамои зиндагй номидан мумкин аст. Саъдй х амчун пири хирад, инсони гофилу гумрохро аз бех уда гузаронидани умри гаронмоя огах, кардан, хар дакдкахои хаётро барои самаранок истифода бурдан, ба мардум некиву ро ат расонидан ва дар ин дунёи гузарону бевафо аз худ кори неку номи нек ёдгор гузаштанро махсус таъкид кардааст. Максад аз таълифи асар хам, ба гуфти худи нависанда, панд додан ба мардум аст:

Муроди мо насихат буду гуфтем, Х,аволат бо Худо кардему рафтем.

Баъд аз Саъдй «Гулистон»-и у ба тавре мавриди таваччухи хосу ом карор гирифт, ки он яке аз китобхри бонуфузи дарсй ва умумии забони форси шуд ва дар асрхои хапггум ва нухум;; /XTV-XV м/ гурухе аз хушнависони Хдооту Хуросон вакти худро ба китобат кардани «Гулистон» мегузарониданд. Ин хусни шухрат бо он сабаб шуд, ки як гурух. нависандагони фозил аз Эрону Туркия ва Х инд дар пайравии «Гулистон» китоб навиштанд, ки маъруфтарини онхр «Нигористон»-и Муинии Чувайнй, «Бахрристон»-и Чрмй, «Парешон»-и 1оонии Шерозй ва «Хористон»-и Мачди Хоф% аст. «Гулистон» ба тавре шухрат ёфт, ки чумлаву иборахои он монанди оёти К уръон дар ёду хотирах.0 накш бастанд.

Аз китобхри адабй-ахлокди асри мугул «Ахлоки Носир? -и Насириддини Тусиро номбар карда мумкин аст.

Насириддини Туей дар китоби ахлокии мазкур анъанаи ахлокии гузаштагонро оид ба покиву покдоманй, накукорй,фуру бурдани хашм, мазаммати харисони молу чохдаргиби илму дониш, ростй, ба мехнати халоли худ зиндагй кардан, маззаммати танбалй, таргиби хислатхри неки чавонмардй ва гайра дар асри истилогарони хунхори мугул,ки ба касодии ахлок» сабаб шуда буд, эч.одкорона давом дода,ба хамин барои тозагиву покии ахлоки хамида сахми сазовор гузоштааст.

Аз тарафи Темури хунхор зарбаи тозае, ки асараш камтар аз захми Чингиз набуд, бар пайкари тамаддуни Эрон расида бошад хам, чдраёни адабй хамчун даврахри гузашта., мутавакдиф нагардид. Ин аср адибони оламшумулеро хамчун Абдуррахмони Чрмй, Алишери Навой, Хусайн Воизи Кошифй, алолиддини Даввонй ва дигаронро ба оламиён додааст.

Сарвари доираи адабии Х ирот хамоно Чрмии бузург буд,ки бо асари хафтгонаи худ «Х,афт авранг», «Девони ашъор» ва дигар асархряш гояхри инсонпарвариро таргибу ташвик мекард, як зумра шоирону нависандагони доираи адабии нимаи дуюми асри XV дастапарварон ва шогирдони ин марди бузург буданд. Асари «Бахрристони»-и у аз бехтарин намунаи насри бадеии дуюми асри XV ба шумор меравад.

Яке аз намояндагони бузурги дигари илму адаби ин давр Чдлолиддини Даввонй мебошад, ки бо асари ахлокии худ маъруф ба «Ахлоки Чдлолй» (номи аслиаш «Лавомеъалашрок»,таълифаш с. 1487 м.) дар тамаддуни нимаи дуюми асри XV шухрати босазое дорад ва ба номи амир Хдсан Бахрдурхони туркман Оккуюнлу, маъруф ба Узунхасан таълиф кардаасг. Шеваи форсии Даввонй дар кори илмиву адабиаш хамон шеваи асри кадим буда, аз насри илмиву адабии мутакаддимин фарке надорад. У шоир низ буд ва дар шеър «Фонй» тахаллус мекард. Аксарияти таълифоташ ба забони арабй аст.

Яке аз энсиклопедистхои машхури нимаи дуюми асри XV хамоно Х сайн Воизи Кошифй мебошад, ки сахми у дар сохаи инкишофи илму адаб хануз дар замони худаш аз тарафи намояндагони барчдстаи доираи адабй-илмии асри мазкур, монанди Абдуррахмони омй, Алишери Навой ва дигарон эътироф ва кадр карда шудаанд. Ба гуфти Алишери Навой кам фанне будааст, ки Х,усайн Воиз ба ш дахл накарда бошад. Вай дар назму насри форси ицтидори тамом дошт ва дар шеър «Кошифй» тахаллус мекард. Х усайн Воиз аз худ зиёда аз 40 асари илмиву адабй ба мерос гузоштааст,ки машхуртарини онхо «Анвори Сух айлй», «Ахлоки Мухсинй», «Чих ил х адис», «Махзанулиншо», «Оинаи Искандарй», «Бадоеъулафкор фй саноеъулашъор», «Мавохиби алия» ё «Тафсири Хусайнй», «Чдвохируттафсир», «Футувватномаи султонй», «Равзатушшухадо», ва гайра мебошанд. Мухтасаран чунин аст пайдоиш ва сайри таърихии умуман насри форсу точик, аз чумла насри адабй-бадей, ки дар тули асрхои мухталиф хамчун дастури х,аёт, сармашки ахлок, ва рахнамои зиндагии хазорон адзор тачрибаомузони рузгор карор гирифта, мардумро дар рухи гуманистй-инсондусти тарбия карда омадаанд ва минбаъд хам тарбия хоханд кард. Мутаассифона, кдйд кардан лозим аст, ки насри адабй-бадеии адабиёти форсу точик дар илми шаркшиноси то холо мавриди тадкику тахкикд васеъ кдрор нагирифта, дастраси эхтиёчмандони худ нагардидааст.

Кдйд кардан ба маврид аст, ки насри ривоятии форсу точик аз тарафи донишманд Салимов Ю. тадкдк, шудааст. (78) Аз тарафи профессор Карбон Восеъ низ дойр ба насри чавонмардй тадкдаоте анчом дода шудааст (52). Вале ин корхри анчомдодашуда дойр ба умуман насри форси кдтрае аз бахр буда, таддики насри адабй-бадей хамоно чун ганчи сарпуш хобидааст.

Агар баъзе шаркдіиносон дар тадкикоти худ дойр ба ин ё он асари адабй-бадеии асрхри гуногун ба тарзи умумй характеристика диханд хам, насри ахлокд-бадеии адабиёти форсу точик, аз чумла насри ахлокди-бадеии Хусайн Воизро мавриди тадкики махсус кдрор надодаанд. Ягона шахсе, ки дойр ба муншаоти Хусайн Воиз дар хачми рисолаи номзадй тадкик,отеро анчом додааст, Бехруз М.Х. мебошад (22. ).Бинобар ин, мо к,арор додем, ки ин сохаи тацрибан тамоман омухта нашудаи таърихи маданияти худро то хадди имкон мавриди тадкику омузиши васеъ к.арор дода, ин ганчи бебахоро дастраси умум гардонем. Барои ба таври бояду шояд омухтани проблемаи насри ахлокді-бадеии форсу точик моро лозим аст, ки пеш аз хама симохои барчастаеро, ки дар бунёд ва инкишофи насри ахлокй-бадеии форсу точик сахми арзандае гузоштаанд, муайян намоем ва аз ин чост, ки максад ва вазифаи асосии рисолаи мо муайян намудани мак,оми Х усайн Воиз ва сахми арзандаи у дар эчод ва инкишофи насри ахлокй-бадей мебошад. Ба ин манзур мо нуктахои асосии максад ва вазифахои худро дар поён муайян намудаем.

Албатта, ба таври пурра омухтани проблемаи мазкур дар доираи як рисолаи доктори аз имкон берун буда, тадкикді он боз чандин рисолахои чомеи илмиро тацозо мекунад. Хусусан, агар ЛхО насри адабй-бадей ва ахлокии хар аср ва даврахои таърихи адабиётамонро ба назар гирем, омузиши мавзуи мазкур боз хам доманадортар мегардад. Барои хамин хам мо дар назди худ максад гузоштем, ки дойр ба пайдоиш ва сайри таърихии насри адабй-бадеии адабиёти форсу точик, як характеристикаи умумй до да, насри адабй-бадей ва ахлокии Хусайн Воизи Кошифиро мавриди тадкики хаматарафа кдрор дихем. Чунки ягон нависандаи гузаштаи мо аз чихати микдор ва сифат мисли Хусайн Воиз дар эчоди асархои адабй-бадей ва ахлокй ин микдор сахми босазое нагузоштааст. Аз ин щ мо дар назди худ чунин вазифахо гузоштем.

1. Баркарор намудани тарчумаи холи илмй ва эчодии Х усайн Воиз; Зеро тарчумаи хол барои омухтани эчодиёти нависанда зарур аст.

2. Муайян ва тавсиф намудани чахонбинии Х усайн Воизи Кошифй

3. Равшан намудани масъалаи ахлок. дар эчодиёти Х сайн Воизи Кошифй ва мероси бадей-ахлокии нависанда.

4. Тах кдки таносуби ахлок?:;; ва тасаввуф дар осори Х усайн Воизи Кошифй.

5. Муайян кардани мавкеи ахлокй ичтимой ва сиёсй дар осори Х усайн Воизи Кошифй.

6. Равшан намудани мавкеи ахлокй фардй дар осори Х усайн Воизи Кошифй.

7. Тадкики хусусиятхои услубии насри ахлокии Хусайн Воизи Кошифй. 2 Манбаи асосй ва маводи тадкикрти моро асосан асархои адабич Х сайн Воиз «Чихил хадис», «Анвори Сухайлй», «Ахлокй Мухсинй», «Футувватномаи султонй» ва асари фарзанди Хусайн Воиз Сафеуддин Алии Сафй «Одобуласх об» ташкил кардаанд. ар кадоми ин асархои калонхачм то панчсад ва аз ин зиёд сахифаро дар бар мегиранд ва аз бехтарин осори адабй-ахлокии муаллифони мазкур ба шумор мераванд. Илова ба ин, мо дар рафти кори тадкик,отй аз дигар мероси илмиву адабии Хусайн Воиз, ба монанди «Бадоеъулафкор», «Тафсири Х,усайнй», «Равзатушшухадо», «Шархи маснавй», «Лубби лубоби Маснавй», «Махзанулиншо», «Рисолаи Хртамия» ва гайра низ истифода намудем.

Ин тадкикрт дар асоси назария ва методологияи асархри фундаменталие, ки оид ба таърихи адабиёт ва афкори чдмъияти ватанй ва хоричй, тачрибаи бойи эчодй-илмии адабиётшиносии чахон, хусусан адабиёти рус офарида шудааст.

Похожие диссертации на Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи