Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

"Хизонаи омира" Мир Гулямалихана Азада как источник изучения истории персоязычной литературы IX-XVIII вв. Каландаров Хоким Сафарбекович

<
>

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - бесплатно, доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Каландаров Хоким Сафарбекович. "Хизонаи омира" Мир Гулямалихана Азада как источник изучения истории персоязычной литературы IX-XVIII вв. : Дис. ... канд. филол. наук : 10.01.03 Душанбе, 2005 165 с. РГБ ОД, 61:05-10/1456

Содержание к диссертации

Мукаддима 3-13

Боби I. Вазъи хаёти сиёсию фархангии Хинд дар асри XVIII 14-37

Боби II. Хаёти Мир Гуломалихони Озоди Билгиромй ва мероси адабии У 38-65

Боби III. Таркиб ва хусусиятхои тазкираи «Хизонаи омира» 66-92

Боби IV. Ахамияти «Хизонаи омира» хамчун сарчашма барои омУзиши таърихи адабиёти форсизабон ва пайвандхои адабй 93-125

Боби V. Инъикоси акоиди адабиётшиносии Мир Гуломалихони Озод дар «Хизонаи омира» 126-148

Хулоса 149-152

НомгУи шоироне, ки шархи хол ва осорашон дар тазкираи «Хизонаи омира» зикр ёфтааст 153-156

Фехристи манобеъ ва адабиёт 157-165 

Введение к работе

Дар таърихи тамаддуни форсии нимчазираи Хинд дар тайи карнхо дар риштахои гуногуни илму адаб осори пурарзиш офарида шудааст. Дар байни ин осори гаронбахо тазкира макоми махсусро дороет. Муаллифони тазкирахо моро бо шоирони форсизабон, зиндагии онхо ва Таъини появу моя ва ташхиси сабку су хани эшон шинос мекунанд. Дар Хиндустон, ки шумораи зиёди тазкирахо тартиб дода шудаанд, аз чихати фаро гирифтани теъдоди шуаро ва ашъори онхо бартарй доранд. Хакикатан хам макоми тазкиранигорони форсизабони Хинд дар таърихи адабиёти форсу точик бузург аст. «Чй хуш буд, - мегуяд Доктор Шахриёри Накавй, - ки химматхо дар ин рох гумошта мешуд, то наслхои хозир ва ояндаи Эрон аз вучуди ин сармояи азизи адаби порей дар он диёр огох бошанд» (98, 16).

Баъд аз ташкил ёфтани давлатхои исломй дар сарзамини Хинд, ин кишвар илова бар корхои сиёсй ва мазхабй, ки дар он чо сурат гирифтаанд, аз лихози фунуни адабй ва хунарй низ пеш рафт. Аммо чизе, ки шоёни таваччУх буд, он аст, ки мардуми ин сарзамин парвонавор гирди шамъи адаби форси мегаштанд ва онро дар анчуманхо бармеафрухтанд. Тазкиранигорй низ дар Хиндустон тараккй ёфт, ки ин самараи шоирнавозии салотин ва бузургони он сарзамин буд. Форсизабонони Хиндустон осори пурарзишеро ба ёдгор гузоштаанд, ки «Хизонаи омира» яке аз онхост.

Аксарияти мухаккикони таърихи адабиёти классикии форсу точик, ки хавзаи Хинд як чузъи он аст, дар тахкикоту таълифоташон алокамандона ба ин ё он масъала тазкираи «Хизонаи омира»-ро мавриди истифода карор додаанд.

Бо вучуди арзиши калони адабй, илмву таърихй доштани «Хизонаи омира» то хол ягон мухаккики адабиёти форсу точик ба таври бояду шояд дар бораи тазкираи мазкур тахкики муфассал ба сомон нарасондааст. Маълумоти мухтасари манбаъхои адабиву таърихй, ахбори умумии адабиёти илмй ва фехристхо хануз шахсияти муаллиф, пахлухои гуногуни эчодиёти у ва сохтори тазкираи ёдшудаву хусусиятхои онро то андозаи кофй нишон надодаанд.

«Хизонаи омира» хануз дар замони бархаёт будани муаллиф мавриди истифода ва ОМУЗИШИ муосирини У карор гирифта буд. Муаллифи тазкираи «Мардуми дида» - Хокими Лохурй дар тазкирааш рочеъ ба хаёт ва фаъолияти эчодии Мир Гуломалихон сухан ронда, аз чумла навиштааст, ки «хама аъзои хонаводаи Озод ахли фазлу камол будаанд» (97,сах.124). Ин муаллиф таъкид мекунад, ки Гуломалихони Озод девоне ба забони араби доштааст. У боз сохиби тазкирхои - «Яди байзо» ва «Хизонаи омира» будани Озодро кайд мекунад (97,124).

Муосирони дигари вай Шафики Аврангободй дар тазкирааш «Гули раъно», Сирочиддин Алихони Орзу дар тазкирааш «Мачмаъ ун-нафоис», Волай Догистонйдар «Риёз уш-шуаро» Гуломалихонро чун устод эътироф ва ёд карда, аз мавчудияти тазкирахояш хабар додаанд.

Дар тазкираи «Суханварони бузург» хаёт ва рузгори Озод ба таври васеъ баён шуда бошад хам, дар бораи «Хизонаи омира»-аш маълумоте оварда намешавад.

Муаллифи «Майхона» Мулло Абдуннабии Фахруззамонии Казвинй дар тазкираи худ ба тазкираи «Хизонаи омира»-и Мир Fyломали мурочиат намудааст.

Офтоб Рои Лакхнав дар тазкираи «Риёз ул-орифин» мухтасар дар бораи хаёти Мир Гуломалй сухан ронда, менигорад, ки «девоне дар забони арабиву форси ва тазкираи «Яди байзо», «Сарви озод» ва «Хизонаи омира» аз У ёдгор аст (7,10).

Мавлавй Ахмад Алии Ахмад, мутахаллис ба Ого аз он чо, ки дар «Хафт осмон» (соли таълифи асар пені аз 1769) маълумоти «Хизонаи омира»-и Мир Гуломалихони Озодро такрор кардааст, аз ин тазкира огох будааст.

Инчунин тазкиранависон Ганй дар «Тазкират-уш-шуаро», ХушгУ дар «Сафинаи ХушгУ», Сайид Мухаммад Сиддики Хасанхон Баходур дар «Шамъи анчуман» тазкираи «Хизонаи омира»-ро чун манбаи боэътимод мавриди истифода карор додаанд.

Адабиётшиносони Хинду Эрон низ тазкираи мазкурро аз сарчашмахои мУътамади адабй ва илмй шумурда, дар чойхои зарурй аз он истифода бурдаанд.

Доктор Сайид Абдулло дар китоби «Адабиёти форси дар миёни хиндувон» хангоми дар бораи Мухлис маълумот додан аз маводи «Хизонаи омира» истифода бурдааст (120, 119).

«Таърихи тазкирахои форси»-и Ахмад Гулчини Маониро метавон аз тахкикоти хубе барои шиносонидани тазкирахои адабиёти форсу точик барои муштокони ин фан махсуб донист. Маълумоти У нисбатан пурратар аст. Маълумоти овардаи Ахмад Гулчини Маонй дар бораи «Хизонаи омира» ба таври зайл аст: «Дар зикри шуарое аз кадим ва чадид, ки мадх гуфтаву сила дарёфтаанд бо баъзе аз савонехи замони муаллиф, ки бо хохиши бародарзодааш Мир Авлод Мухаммад ба риштаи таълиф кашида ва дар боби таърихи таълифи он гуфтааст:

Озод ракам намуд навтазкира, Дар чайби варак рехт нукуди сира. Ганчури хирад гавхари таърих фишонд, «Хак дода ачаб «Хизонаи омира». Тартиби тарочим алифбоист, ки аз Анварй шурУъ ва ба Мир Мухаммад Юсу фи Билгироми хатм мешуд...» (33, 513).

Сайид Алиризои Накавй дар китобаш «Тазкиранависии форси дар Хинду Покистон» иттилооти бештар ва муфассалтар дар бораи чараёни зиндагии Гуломалихони Озод ва тазкирахояш додааст. Маълумоти ин муаллифро мо хангоми баён намудани хаёту фаъолияти Мир Гуломалихон дар боби дуввуми рисолаамон пурра хохем дод.

Адабиётшинос Азиз Ахмад дар асараш «Таърихи тафаккури исломй дар Хинд» Мир Гуломалиро «тазкиранависи маъруф» номидааст (16,100).

Алиакбари Деххудо дар «Лугатнома»-аш низ бо истифода аз маълумоти асархои «Эълом ул-муначид» ва «Комус ул-аълом» дар бораи хаёт ва мероси адабии Озод Мир Гуломалй мухтасар маълумот додааст. У менависад: «Сохиби «Комус ул-аълом»-и турки ГУЯД: «Амир Гуломалии Билгироми мутахаллис ба Озод писари Сайид НУХ маъруф ба Амир Гуломчалили Билгироми аст, Озод аз шуарои фасехи Хинду стон буд. У муаллифоте ба забони форси дорад ба номхои «Касоиди арабй», «СУбхат ул-марчон», «Хизонаи омира» ва тазкираи «Сарви озод». Марги У ба соли 1200 х.К буд» (26, 287).

«Хизонаи омира» хамчун асари илмй-адабй ва таърихй диккати шаркшиносони Аврупоро низ ба худ чалб карда буд.

Соли 1853 шаркшиноси фаронсавй П.Бланд дар маколааш «Масъуд шоири форсигУи Хинд» зимни маълумот додан дар бораи чараёни зиндагии Масъуди Саъд аз далелхои тазкираи «Хизонаи омира» истифода бурдааст.

Шаркшиноси инглис Вилям Чамберз дар бораи «Хизонаи омира» маколае нашр кардааст. Дар он макола чунин кайдхо чой доранд: «Хизонаи омира» аз тарафи Мир Гуломалй дар синни 61 солагй таълиф ёфтааст... Маълумоти таърихии ин асар, аз чумла, шархи холи Осафчох ва писарони вай, маратхо ва гайрахо барон донишмандони Гарб зикимат ва пурарзишанд. Зеро вокеахоеро, ки у накл мекунад, худ шохиди зиндаи онхо буда, хамаи он кишвархоеро, ки мавриди бахси худ карор медихад, худ саёхат намуда дидааст...» (169, 496-497).

Ин тазкира, хакикатан, хамчун сарчашмаи таърихи барои ОМУЗИШИ таърихи давлатдории Темуриёни Хинд ва дигар хукуматдорони то нимаи дуввуми асри XVIII ахамияти калон дорад.

Вилям Чамберз ва Хенри Ванситтарй хангоми маълумот додан дар бораи таърихи мухтасари давлати Маратхо, дар бораи хукмронони давр - Носир Чанг, Музаффар Чанг, Осафчох, писараш Низомулмулк ва таърихи Ахмадшохи Дурронй аз тазкираи «Хизонаи омира» далелхои боэътимод оварда, дар мачаллаи «МачмУаи Осиёгй» онро нашр намудаанд (167, 857-858).

Шаркшиноси дигар Х- Эте дар асараш «Таърихи адабиёти форси» дар бораи сохт ва таркиби жанри тазкира маълумот дода, аз баъзе тазкирахои адабиёти форсу точик, аз он миён аз «Хизонаи омира» ёд кардааст. Маълумоти у нихоят мухтасар аст (147, 9).

Дар «Энсиклопедияи Ислом» (168, 808) ва «Нахустин энсиклопедияи ислом»-и Е. И. Брилл (152, 719) низ дар бораи «Хизонаи омира» ва муаллифаш ишорахо ва кайдхо дида мешаванд.

Дар бораи Мир Гуломалй ва тазкираи У дар бисере аз фехристи китобхонахои чахон ишорахо мавчуд аст. Масалан, дар чилди якуми фехристи Чарлз Рё тахти ракамхои 798 а, 373 а, 374 в, дар чилди дуввуми фехристи Блошет тахти ракамхои 1157, 1158, дар чилди якуми фехристи дастхатхои китобхонаи Осафия тахти раками 26, дар чилди хаштуми фехристи дастхатхои Банкипур тахти раками 700, дар фехристи Х- Эте тахти ракамхои 685 ва 686, дар фехристи дастхатхои форсии Э. Браун тахти раками 115, ки тавсифи нусхахои хаттии «Хизонаи омира» оварда шудаанд, дойр ба Мир Гуломалй ва ин асараш мухтасаран маълумот дода шудааст. Аммо ин маълумотхо бештар чанбаи нусхашиносй дошта, як навъ шиноснома мебошанд. Танхо дар чилди якуми фехристи дастхатхои адабиёти форсу точикй Ч.А. Стори (167,855-866), ки онро метавон ба хайси як асари чамъбастии хамаи фехристхо шумурд, тахти раками 1162 дар бораи хаёт ва фаъолияти эчодии Мир Гуломалй ба хусус дар бораи тазкираи У «Хизонаи омира» маълумот дода шудааст (182, 864). Дар тарчумаи русии ин асар аз тарафи Ю.Э. Брегел, ки соли 1972 анчом ёфтааст, (тахти раками 1085) маълумоти хеле фушурда ба чашм мерасад.

Дар фехристи Х- Эте дар бораи фаъолияти эчодии Мир Гуломалихон маълумот то андозае бештар аст. Вай «Хизонаи омира»-ро «бехтарин тазкираи Озод» донистааст (147).

Аз адабиётшиносони точик яке аз аввалинхо шуда устод Садриддин Айнй хангоми таълифи китоби «Мирзо Абдулкодири Бедил» тазкираи Мир Гуломалихонро хамчун манбаи мУътамад ва мустанад истифода намудааст. У зимни баёни замони зиндаги ва тарчумаи холи Мирзо Бедил хашт маротиба ба маълумоти «Хизонаи омира» мурочиат намудааст. Масалан, Садриддин Айнй маълумоташро дар бораи тафсилоти зиндагии Бедил бо истифода аз тазкираи мазкур пурра ва мукаммалтар гардондааст (17,26-57). Чунончй, Садриддин Айнй дар чое менависад: «Назар ба накли муаллифи тазкираи «Хизонаи омира»-и Гуломалихони Озоди Билгиромй, ки дар замони вафоти Бедил 17-сола буд, асли Бедил аз гурУхи (кабилаи) арлос будааст. Баъзе тазкиранависоне, ки баъдтар аз замони Бедил зиндагони кардаанд, калимаи «арлос»-ро «барлос» кайд карда, бобохои Уро шахрисабзй карор додаанд, ки он чо бошишгохи кабилаи барлос буд. Аммо аз он чо, ки муаллифи тазкираи «Хизонаи омира» Гуломалихон дар вакти вафоти Бедил 17-сола буда, баъд аз як соли вафоти У ба Дехлй омадааст ва ба У марсия ва таърих гуфта ва инчунин куллиёти Уро бо хамсУхбатонаш мутолиа кардааст, мо сухани Уро тарчех мекунем» (17, 26).

Садриддин Айнй инчунин дар вакти тартиб додани китоби «Мухтасари «БУСТОН»-И Саъдии Шерозй дар зери зикри хаёт ва фаъолияти У хангоми овардани киссае аз зиндагии шоир ба маълумоти тазкираи «Хизонаи омира» такя намудааст (20, 6).

Холик Мирзозода дар асараш «Материалхо аз таърихи адабиёти точик» (асрхои XVI-XVH ва ибтидои асри XX) дар кисмати Бадриддини Хилолй алокамандона бо зикри масъалаи мулокот кардани Бадриддини Хилолй бо Навой, дар катори маълумоти «ТУхфаи Сомй» аз тазкираи Гуломалихон низ ёд меорад (80).

Муаллифи асари «Сарчашмахои адабй, таърихй ва адабиёти тахкикй оид ба Масъуд Саъди Салмон» Т. Пеъматзода се маротиба ба тазкираи «Хизонаи омира» ишора намудааст (103,3,4, 8).

Ш. Шукуров дар китоби «Масъалахои филология ва робитаи адабй» маколае мавсум ба «Сабки газалиёти Бедил» дорад. У дар ин макола дар бораи тарзи шеърсарой ва усули баёни Мирзо Бедил сухан ронда, дар ду маврид маълумоти Мир Гуломалиро аз «Хизонаи омира» истифода кардааст (146, 30).

Дар яке аз шуморахои мачаллаи «Садои Шарк» намунае чанд аз газалиёти Неъматхони Олй, ки аз шоирон ва нависандагони форсизабони намоёни Хиндустон аст, оварда мешавад. Дар сарсухани он омадааст: «Ин чо овардани суханхои муаллифи тазкираи «Хизонаи омира» Озоди Билгиромй далели кофист, ки дар хакки Неъматхони Олй гуфтааст, «Олй, Неъматхони Шерозй чомеъи фунуни камол аст ва аъчубаи адимулмисол, хомаи хачваш шамшери хунрез аст, балки саъди киёматангез» (104, 124).

С. Вохидов дар бораи яке аз кадимтарин тазкирахои адабиёти форсу точик «Лубоб-ул-албоб»-и Мухаммад Авфии Бухорой маълумот дода истода, дар асараш «Хаёт ва мероси адабии Мухаммад Авфй» тазкираи «Хизонаи омира»-ро низ ёдоварй менамояд (55, 45). Ин муаллиф инчунин дар мавриди «Лубоб-ул-албоб»-и Мухаммад Авфй ва тахаввули жанри тазкира дар адабиёти форс-точик» баъзе аз хусусиятхои хоси тазкираи Гуломалихонро баён кардааст (55, 39-40).

Адабиётшиноси дакиккор Усмон Каримов хам дар муайян кардани бисер чихатхои нозуки адабиёти форсу точик маълумоти тазкираи «Хизонаи омира»-ро хамчун гирехкушои масъалахои зиёди сарбаста донистааст (69, 9; 72, 18 ).

Мухаккик ва нависандаи маъруф Р. Ходизода низ дар тахкикхояш аз ин маъхази мухим истифода бурдааст. У хангоми маълумот додан дар бораи ватани падари Хусрави Дехлавй, ки дар сарчашмахо дойр ба он андешахои мухталиф вучуд дорад, аз «Хизонаи омира» истифода намудааст (134, 287). Р. Ходизода инчунин дар бораи Мухаммад Авфй ва тазкираи у маълумот дода, аз чумла менависад: «Асари Уро тазкиранависони минбаъда дар таълифоти худ бисер истифода бурдаанд. Гуломалихони Озод дар мукаддимаи тазкираи худ «Хизонаи омира» навиштааст, ки «чамеи тазкиранависони мутааххир дар тахрири ахволи шуарои акдам-ул-кудамо аёли Уянд» (134, 34 ).

Адабиётшинос М.Бакоев дар асараш «Хусрави Дехлавй ва достони у «Дувалрони ва Хизрхон» зимни муайян намудани ватани падари Хусрав ва мохи вафоти шоир маълумоти тазкираи «Хизонаи омира» -ро мавриди истифода карор додааст (36,,31; 45).

Тазкираи Мир Гуломалихонро на танхо адабиётшиносон ва таърихнигорон хамчун манбаи мухим мавриди истифода карор додаанд, балки забоншиносон низ дар иншои асархои илмй аз маълумоти «Хизонаи омира» истифода бурдаанд. Лугатшиноси варзида В.А. Капранов хангоми баррасии назария ва амалияи лугатсозй дар Хиндустон дар асрхои XVI-XIX ба далелхои овардаи Мир Гулмалихони Озод дар «Хизонаи омира» такя намудааст (67, 7, 23, 135). Масалан, У дар айни муайян намудани муносибати адабиётшиносони Хинд ба навоварй дар забони форси дар Хиндустон, ки аз тарафи муаллифони форсизабони Хинд мураттаб гаштаанд, суханони муаллифи тазкираро дойр ба Мирзо Бедил айнан меорад (67, 135).

Чй навъе, ки аз баёноти адабиёти зикршуда маълум мегардад, харчанд маълумоти тазкираи Мир Гуломалихон равшанкунандаи бисер пахлУхои торики риштахои адабиётшиносиву забоншиносй ва таърих буда метавонад, ин сарчашмаи мУътабару мухим то ба хол аз тарафи ягон мухаккики адабиёти форсу точик ба таври муфассал омУхта нашудааст ва он маълумоти каме, ки характери мукаддамоти дорад, хеч вачх наметавонанд ба хусусиятхои тазкираи «Хизонаи омира» ва тарафхои мухталифи хаёту эчодиёти Мир Fyломали равшанй андозанд ва то хол мавкеи «Хизонаи омира» ва ахамияти он дар сохаи омУзиши адабиёти асрхои IX-XVIII-и форсу точик маълум ва таъин нагардидааст.

Аз ин чихат муаллифи ин сатрхо дар пеши худ вазифа гузоштааст, ки дар асоси маълумоти сарчашмахои адабй, таърихй ва адабиёти мавчуда хаёти сиёсию фархангии Хинди асри XVIII-ро дар боби алохида санчида, бо хамин заминай таърихию адабии ба вучуд омадани тазкираи «Хизонаи омира»-ро ошкор созад. Азбаски гузоришоти ахвол ва зиндагонии Мир Гуломалихони Озод ба таълифоти У беалока нест, мо дар боби махсус тарчумаи холи Уро дар асоси маълумоти маъхазхои мУътабар ва ахбори асархои худи вай тадкик ва баркарор намудем. Барои он ки заминай мувофики илмй доштани тадкики «Хизонаи омира» маълум гардад, мо дар боби алохида оид ба сохт ва хусусиятхои хоси тазкираи мазкур таваккуф намудем. Чунон ки маълум аст, Мир Гуломалихони Озод анъанаи тазкиранависиро дар адабиёти форсу точик давом дода, бо хамин алокамандии адабиёти асрашро бо таърихи адабиёти пешин ишорат сохтааст. Барои он ки бо анъанаи тазкиранависй то чй андоза пайваста будани «Хизонаи омира» ба хубй собит гардад, онро низ дар як боб мавриди тадкик карор дода, ахамияту арзишхои вокеии ин асарро хамчун сарчашмаи адабй барон ОМУЗИШИ таърихи адабиёт ва равобити адабй нишон додем. Бинобар он ки Мир Гуломалихони Озод дар «Хизонаи омира» андешахои адабиётшиносиашро инъикос намудааст, мо зарурият донистем то дар боби алохида акоиди адабиётшиносии Мир Гуломалихони Озодро дар тазкираи мазкур алохида чо бидихем.

Сохти рисола дар заминай хамин матолиби илмй сурат гирифтааст.

Похожие диссертации на "Хизонаи омира" Мир Гулямалихана Азада как источник изучения истории персоязычной литературы IX-XVIII вв.