Содержание к диссертации
МУКАДДИМА 3
БОБИ ЯКУМ. СИМОЙ С. АЙНЙ ДАР НАСРИ МУСТАНАДИ ТОЧИК 11
БОБИ ДУЮМ. ШАХСИЯТИ С. АЙНЙ ПАИВАСТА БА КОРГОХИ ЭНОДИИ У 39
БОБИ СЕЮМ. СИМОЙ С.АЙНЙ ДАР НАСРИ МУОСИРИ ТОНИК 82
ХУЛ ОС А 143
ФЕХ.РИСТИ МАНОБЕЪ 149
Введение к работе
Садриддин Айнй (1875-1954) аз чумлаи он чехрахои фархангии дунёи форсизабон буд, ки овони тифливу наврасиаш миёни мар думи дехот гузашта, баъдан дар шахр рузгор мебинад. С. Айнй нуздах соли умрашро сарфи тахсил дар мадрасахои Бухоро карда, дар хамин мухит бо бузургоне мисли Ахмади Дониш ва Шарифчон Махдуми Садри Зиё ошной пайдо намуда, аз афкори адабиву фалсафии онон бахра мебардорад. Дар хамин. шахри фархангй бо чадидон ошной пайдо карда, сару садои Инкдлоби буржуазии русро мешунавад, вокеаи таърихии Колесуфро мушохида мекунад, зарбаи хуновари 75 чуби амирро мечашад, доги бебародарй мекашад ва нахустин шеъри инкилобиашро бо номи "Суруди озодй" меофарад. Хдмзамон, Инкилоби Бухороро пешвоз гирифт. С. Айнй хамеша орзу мекард, ки Точикистон давлати мустакил бошад. Ба ин хотир солхо захмат кашид, китобхо навишт, оид ба масъалахои забони точикиву манзалати миллати точик бахсхои илмй ба миён овард ва нихоят дар фасли панчуми румони "Дохунда" Цумхурии хафтумини сотсиалистии Точикистонро табрик гуфт. (С. Айнй, Куллиёт,чилди 2).
Дар мачмуъ, С. Айнй дар сахифаи таърихи адабиёти садаи ХХ-и точик ба сифати чехраи фархангие, ки дар тамоми жанрхои адабиёти бадей. - шеър, достон, макола, очерк, хикоя, кисса-повест, румон, асари ёддоштй эчод кардааст, шинохта мешавад. С. Айниро хамчунин адабиётшиносу забоншинос ва мунаккиду муаррих хам эътироф кардаанд. (29, 60,79). Бесабаб нест, ки баъд аз ба даст овардани истиклолияти вокей, соли 1997 бо фармони раиси умхурии Точикистон, ба унвони "Кдхрамони Точикистон" пазируфта шуд (17, 209).
Падидаи шинохт аз шахсияти С. Айнй хануз вакти хаёт буданаш огоз мегирад. Аммо ба сабаби ин ки устод бисер инсони фурутан буданд, дар мавриди шахсияти хеш навиштаву бофтахоро намепазируфтанд. Масъалаи марбута то солхои 1954 чандон равшан дар калами фархангиён ва алокамандони адабиёти бадей инъикос намеёбад. Дуруст аст, ки шеърхое монанди "Ба устод Айнй"-и М. Турсунзода ва "Хафтоду панч сол"-и устод А. Лохутй ва гайра арзи вучуд кардаанд, ки ба зодрузи С. Айнй бахшида шудаанд (52; 53). Хдмчунин шоирони дигаре хам монанди М. Кдноат, Лоик, Б. Собир, Гулрухсор, Фарзона, Зулфия ва амсоли онон дар бораи шахсияти С. Айнй шеърхо доранд. Дар ин чода шоирони узбеку рус ва дигар миллатхои собик шуравй ва хавзахои адабии Эрону Афгонистону Покистон низ С. Айниро васф кардаанд. Дар хамин замина метавон гуфт, ки достони "Чароги абадй"-и М. Турсунзода, соли 1954 эчод гардид, ки ба акидаи адабиётшинос X. Отахонова симои устод С. Айнй дар он "чун нависандаи бузург ва захматкаш, инсони башардуст, ватанпараст, маърифатхох ва халкпарвар... чамъбасти шоирона ёфтааст" (52, 63). Бинобар ин, ки мавзуи бахси рисолаи мо дар заминай эчодхои насрй сурат хохад гирифт, ин чо намунахои шеъриро сарфи назар карда, тахкики мавзуъро пайваста ба инъикоси симои устод С. Айнй дар насри мустанад ва бадеии муосири точик ихтисос додем. Мусаллам аст, ки шинохти хамачихатаи С. Айнй баъд аз панч-шаш соли фавти устод аз чониби шогирдону дигар фархангиён бештар дар навъхои насрй ру ба инкишоф овард.
М; Турсунзода, соли 1953, дар як маколааш бо номи "Садриддин Айнй" менигорад: "...Хамаи он чиро ки халки ситамдидаи точик диду аз cap гузаронид, Айнй хам аввал дар айёми кудакй, баъд дар чавонй ва охир дар айёми баркамол шуданаш дид ва аз cap гузаронид" (74, 53). Вокеан, дар зиндагй на хама вакт тарчумаи холи як шахе ба сарнавишти халки у мувофик омадааст. Хушбахтона, саргузашти С. Айнй хамонест, ки дар худ сарнавишти зиёиёни точикро дар як давраи муайяни таърихй дар бар кардааст (52, 53). Ба ин маънй, рузгори С. Айнй дар бист соли аввал ба рузгори чанд тан аз шоирони карни XIX ва ибтидои асри XX шабех буд, ки дар ин миён метавон аз номхои Абдулмачиди Зуфунун (ваф. 1903), Мирзо Азимй Сомй (ваф. 1907), Садри Зиё (1857-1932), Мухаммад Хусейни Хатлонй (1868-1917), Саидахмадхоча Сиддикии Ачзй (1864-1927), Абдуррауф Фитрат (1886-1944), Мухаммад Сиддики Хайрат (1878-1902), Тошхучаи Асирй (1864-1916), Мирзо Сирочиддини Хаким (1877-1912), Мирзо Абдулвохиди Мунзим (1875-1934) ва амсоли онон ёдовар шуд. (ичмолан ниг.: 17, 15-41). Бесабаб нест, ки С. Айнй дар тазкираи хеш "Намунаи адабиёти точик" (1926) дар бораи рузгор ва фаъолияти эчодии эшон хам таваккуф менамояд (40). Дар тазкираи мазкур С. Айнй андаке бошад хам, ба шинохти намояндагони адабиёти ниёгони точик дар тули беш аз хазор сол пардохтааст. С.Айнй ба ин мавзуъ замоне даст ба калам зад, ки худро шинохта буд. Баъдтар устод боби шинохти хешро ба воситаи эчоди осораш, махсусан "Ёддоштхо" дар чахор кием, инкишоф дод. Аз ин ру, мавзуи инъикоси симои бадеии С. Айниро сараввал аз эчодиёти худи у чустучу кардан ба маврид хохад буд (6,7). Чунин ибтикори адабиётшиноей боис гардид, ки як зумра аз шогирдони устод, монанди Р. Хошим, С. Улугзода, Ч,. Икромй, М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Рахимзода, А.Дехотй, Ф. Ниёзй мавзуи шинохти С. Айниро идома дода, хар кадом ба воситаи нигоштахои бадеии худ сахифахое аз рузгор ва афкори адабии устодро равшан кардаанд. Чунон ки ишора рафт, мурочиат намудани адибон ба шахсияти G. Айнй, пеш аз хама, чанбаишинохт пайдо намудааст. Аксаран ин шинохт ба ду восита сурат мебандад. Яке ин ки С.
Айниро дар огоз аз руйи суруди тантанавии «Марши Хуррият» ; киссаи "Одина" ва тазкираи "Намунаи адабиёти точик" мешиносанд ва дуюм ин ки солхо бо устод якчоя дар чодаи рушди адабиёти бадей карор гирифта, дар чараёни мачлисхои Иттиходияи нависандагон, конфронсхои илмй, сафару саёхат, нишастхои хосса С. Айниро аз наздик дидаанду дониши тахририи хешро ба ихтиёри хонанда гузоштаанд. Масалан, очерки "Саёхати Бухоро бо хамрохии Айнй" ва боби "Айнй" дар асари тарчумахолии "Субхи чавонии мо"-и С. Улугзода, (70,72), достони эпикии "Чароги абадй"-и М. Турсунзода (69), "Устоди ман, мактаби ман, худи ман"-и Ч,. Икромй (36), "Ёди ёри мехрубон"-и М» Миршакар (42), "Дар коргохи эчодии С. Айнй"-и адабиётшинос Рахим Хошим (95), "Сахифахо аз ёддоштхо дар бораи устод"-и Ф. Ниёзй (49), "Хотирахо"-и П. Толис (67), "Саъдии замон"-и Б. Рахимзода (49), хотираву ёддоштхои М. Аминзода (23, 24), "Сафаре бо устод С. Айнй"-и X. Ирфон (35), "Ормон" ва "Садриддин Айнй"-и F. Абдулло ва гайра навиштахои адибони наели солхои 30-50 инъикоси шахсияти С. Айниро дар бар гирифтаанд. Гузашта аз ин даххо маколаву хотирахои донишмандону адибон: С. Табаров, Т. Зехнй, И. Брагинский, К. Айнй, X. Айнй, Мі Бехбудй, Е. Павловский, П. Лукнитский, Р. Ходизода, А. Дехотй, В. Смирнова, Х- Мансуров, Б. Ниёзмухаммадов, У Гаффоров ва дигарон ба муносибати чашнворахои С. Айнй руйи чоп омадаанд, ки онхо низ хамчун маводи адабй дар боби инъикоси симои бадеии устод арзишманд мебошанд (3, 79, 32, 33, 35, 36,91). Хамчунин дар насри солхои 70-80-уми точик румони "Дунё ба умед"-и Ю. Акобиров ва кисса-повести "Як рузи дароз, рузи бисер дароз"-и У. Кухзод, «Бо амри вичдон»-и Р. Фиш, Р. Хошим ба вучуд омаданд, ки ба мавзуи кашфи чехраи бадеии устод С. Айнй бахшида шудаанд (22,38,81).
Бояд гуфт, ки падидаи шинохт аз шахсияти С. Айнй хануз солхои сиюм огоз гардидааст.Аввалин тадкикоте, ки оид ба фаъолияти эчодии С.Айнй сурат бастааст, ба калами Н. Бектош мутааллик аст. Н. Бектош сараввал маколаеро бо номи «Садриддин Айнй дар адабиёти инкилобии тоник» («Тоникистони сурх», 1931, 3 ва 5 август, №170 ва 172) руйи чоп овард ва баъдтар мавзуъ ва мазмуни ин маколаро инкишоф дода, китобчаи «Садриддин Айнй ва эчодиёти у»-ро таълиф намуд (29;64;218)
С. Айнй баъд аз мутолиаи китобчаи Н.Бектош дархол ба номи «Эзох» ва «Чдвоби ман» маколахо навишта, ба таъбири адабиётшинос С. Табаров он чо бисер муаммохои мухими эстетикй-адабиро ба миён мегузорад. С.Айнй ба тахлили баъзе фикрхои нависанда оид ба лабораторияи эчодии худ пардохта, махсусан дар бораи тарзи эчоди «Одина» ва «Дохунда»... маълумот медихад (ниг.: 64, 220-226).
Минбаъд дар илми адабиётшиносй оид ба хаёт ва фаъолияти С. Айнй ба калами донишмандон: М. Шукуров, И. Брагинский, А. Сайфуллоев, С. Табаров, X. Отахонова, Османова З.Г., Р. Хрдизода, X. Шарифов, А. Маниёзов, X. Асозода, А. Кучаров, Ш. Рахмонов, А. Махмадаминов, М. Имомов ва амсоли онон тадкикотхои чиддие сурат бастаанд. (Ба фехрист мурочиат шавад).
Махсусан, дар китобхои «Садриддин Айнй»- М. Шукуров, «Мактаби Айнй»-и А. Сайфуллоев ва рисолаи X. Асозода - "Устод Айнй дар шинохти С. Улугзода" оид ба навиштах,ои ёддоштии адибони солхои 30-50 фикру мулохизахои дакик арз гардидааст. (18, 59, 87). Хамчунин, як макола ва китобчаи муаллифи ин сатрхо низ ба мушохида мерасанд, ки дар боби инъикоси бадеии симои С. Айнй дар насри мустанад ва бадеии точик аз ахамият холй намебошанд. (25, 26, 27). Бинобар ин метавон гуфт, ки осоре, ки мавриди тахкики мо карор мегирад, дар рисолаву монографияхои айнишиносон, ки дар фавк аз онхо ном гирифтем, ба гайр аз чанд ишора, тахкики дигаре ба назар намерасад. Аз ин чост, ки асари адабиётшиносие, ки дар заминай хотирахову ёддоштхои адибону донишмандон оид ба симои бадеии С. Айнй ба миён омада бошад, дар даст нест. Яъне устод С. Айнй то хол ба сифати кахрамони бадей дар осори насрй мавриди бахси адабиётшиносй карор нагирифтааст. Ба сабаби ин ки маводи чамъоварда хеле фаровон аст, мо дар навиштани рисола факат ба ёддошту хотирахои шогирдони устод, монанди С. Улугзода, Ч,. Икромй, М Турсунзода, М. Миршакар, Б. Рахимзода, Ф. Ниёзй, А. Дехотй, П. То лис ва дигарон такя намуда, баин восита масъалахои С. Айнй, шахсият ва коргохи эчодии у ва нихоят симои зохирй ва бадеии устодро дар повести "Як рузи дароз, рузи бисер дароз"-и Кухзод, румони "Дунё ба умед"-и Ю. Акобиров ва «Бо амри вичдон»-и Р.Фиш, Р. Хршим мавриди бахс карор додем. Метавон асархои драмавии F. Абдулло, А. Дехотй ва дигаронро ёдовар шуд. Аммо ин асархо низ монанди намунахои назмй аз доираи мавзуи рисолаи мазкур берун мебошанд. Вокеан ин падида торафт ахамияти адабиётшиносй пайдо карда истодааст. Бесабаб нест, ки солхои охир дар адабиётшиносии точик ба мавзуи сарнавишти адибони чудогона дар осори адибон таваччух пайдо шудааст. Ба воситаи чунин тахкикхо гузаштаи миллатро ба имрузу фардои он пайваста кардан такозои давру замон аст. Румонхои «Ситорае дар тирашаб» ва «На ситорахо резанд»-и Р. Хрдизода, «Фирдавсй»-и С. Улугзода, «Укоби захмин»-и Ш. Ханиф, «Пайрохаи кисмат»-и А. Сидкй ва гайра аз чумлаи осори насрианд, ки ба рузгор ва сарнавишти Абулкосими Фирдавсй, Ахмади Дониш, Х- Юсуфй ва амсоли онон бахшида шудаанд. Ч,ои тахсин аст, ки мухаккики чавон А. Муллоев ба тахкики адабиётшиносии ин асар даст зада, монографияеро хам руйи чоп овардааст (45). Табиист, ки тахкики филологии ин мавзуъ идома хохад ёфт.
Ахамияти илмиву амалии рисола дар он аст, ки бори аввал дар адабиётшиносии точик навиштахои хотиравиву ёддоштй оид ба симои зохирй ва шахсияти С. Айнй ва симои бадеии у дар насри муосири точик баррасй мегардад. Тадкикоти мазкур дар шинохти С.Айнй ва мукаммал сохтани фасли айнишиносии точик сахифахои наверо илова хохад кард. Дар натича устод С. Айнй на факдт хамчун шоир, нависанда ва олим эътироф мешавад, балки у ба сифати кахрамони адабиёти бадей хам шинохта хохад шуд. Ба ин восита, бисере аз сахифахои дар торикй мондаи рузгори шахсиву тарзи асарофаринии С. Айнй барои хонанда ошкор мегардад. Ба ибораи дигар, С. Айнй бори нахуст ба сифати кахрамони насри муосири точик мавриди тахкики адабиётшиносй карор мегирад.
Асоси методологии тадкикотро тахлили филологии муосир, вобаста ба падидахои симои зохирй, киёфаи адиб ва масъалахои шахсияту лабораторияи эчодй ташкил додааст. Сарчашма ва манбаъхои асосии рисоларо маводи дар китоби "Садриддин Айнй дар хотироти дустон ва шогирдон" (58), Цашнномахои Айнй (100; 101; 102), навиштахои ёдбудии Р.Хошим, С. Табаров, К. Айнй, очеркхои бадеии С.Улугзода, Ц. Икромй ва хам асархои тарчумахолии эшон, китоби ёддоштии М.Миршакар, повести "Як рузи дароз, рузибисёр дароз"-и У. Кухзод, румони "Дунё ба умед" -и Ю. Акобиров, «Бо амри вичдон»-и Р. Фиш, РДошим ва гайра таъмин намудаанд.
Рисола аз мукаддима, се боб ва хулосаву фехристи сарчашмахои илмиву бадей иборат мебошад.
Дар мукаддима мухиммияти мавзуи интихобшуда таъкид гардида, масъалаи ба таври бояду шояд баррасии адабиётшиносй нашудани он ишора шуда, сипае максад ва вазифахои тадкикотй, ахамияти илмиву амалии он, асосхои методологи ва сарчашмаву манбаъхои мухимтарини рисола муайян карда шудаанд.
Боби якум дар заминай маводи хотираву ёддошт ва баъзе навиштахои ёдбудии адибони гуногун, ки аксарашон ба калами шогирдони С. Айнй тааллук доранд, сурат гирифта, мавзуи симои зохирии С. Айниро дар насри мустанади точик мавриди бахс карор медихад. Дар ин боб беш аз ей чузъиёт аз чехраи зохирй ва киёфаи адиб ошкор мегардад.
Боби дуюм дар бораи шахсият ва лабораторияи эчодии С. Айнй бахс менамояд. Сарчашмаву заминахои ташаккули шахсияти С. Айнй ва афкори адабиву эстетикии у дар нигоштахои адибон ва худи С. Айнй мавриди тахкикд филологи карор дода мешавад.
Боби сеюм ба тахкикд симои устод С. Айнй дар повести "Як рузи дароз, рузи бисер дароз"-и Кухзод румони "Дунё ба умед"-и Ю. Акобиров ва китоби «Бо амри вичдон»-и Р. Фиш, Р. Хошим бахшида шудааст. Ин чо нахустин маротиба С. Айнй ба сифати кахрамони умумиятёфтаи адабиёти бадей муаррифй мегардад.
Муаллифон кушидаанд, ки С. Айниро аз солхои чавонй cap карда то рузхои охири хаёташ ба тасвир оранд. Ин чо гуё «Ёддоштхо»-и С. Айниро идомаи мантикй медиханд.
Хулосаи рисола он мешавад, ки дар илми адабиётшиноей аввалин маротиба маводи адабии чанбаи хотиравиву еддоштидошта оид ба шахсияти С. Айнй тахлили филологи дида, хамзамон и дома гирифтани ин равия дар боби айнишиносии точик такозо мешавад. Муаллиф дар сохтани фехрист аз зикри номи садхо маколаву рисола ва асархои тадкикотй оид ба хаёт ва фаъолияти С. Айнй сарфи назар намуда, бештар он асархоро ном мегирад, ки бевосита ба мавзуи рисола тааллук доранд.