Электронная библиотека диссертаций и авторефератов России
dslib.net
Библиотека диссертаций
Навигация
Каталог диссертаций России
Англоязычные диссертации
Диссертации бесплатно
Предстоящие защиты
Рецензии на автореферат
Отчисления авторам
Мой кабинет
Заказы: забрать, оплатить
Мой личный счет
Мой профиль
Мой авторский профиль
Подписки на рассылки



расширенный поиск

Жанровые и художественные особенности "Латаиф-Ут-Таваиф" Фахриддина Али Сафи Сайфутдинов Бурхон

Жанровые и художественные особенности "Латаиф-Ут-Таваиф" Фахриддина Али Сафи
<
Жанровые и художественные особенности "Латаиф-Ут-Таваиф" Фахриддина Али Сафи Жанровые и художественные особенности "Латаиф-Ут-Таваиф" Фахриддина Али Сафи Жанровые и художественные особенности "Латаиф-Ут-Таваиф" Фахриддина Али Сафи Жанровые и художественные особенности "Латаиф-Ут-Таваиф" Фахриддина Али Сафи Жанровые и художественные особенности "Латаиф-Ут-Таваиф" Фахриддина Али Сафи Жанровые и художественные особенности "Латаиф-Ут-Таваиф" Фахриддина Али Сафи Жанровые и художественные особенности "Латаиф-Ут-Таваиф" Фахриддина Али Сафи Жанровые и художественные особенности "Латаиф-Ут-Таваиф" Фахриддина Али Сафи Жанровые и художественные особенности "Латаиф-Ут-Таваиф" Фахриддина Али Сафи
>

Данный автореферат диссертации должен поступить в библиотеки в ближайшее время
Уведомить о поступлении

Диссертация - 480 руб., доставка 10 минут, круглосуточно, без выходных и праздников

Автореферат - 240 руб., доставка 1-3 часа, с 10-19 (Московское время), кроме воскресенья

Сайфутдинов Бурхон. Жанровые и художественные особенности "Латаиф-Ут-Таваиф" Фахриддина Али Сафи : Дис. ... канд. филол. наук : 10.01.03 : Душанбе, 2004 179 c. РГБ ОД, 61:04-10/1577

Содержание к диссертации

МУКЛДДИМА 4

БОБИ I. РУЗГОР ВА ОСОРИ ФАХРИДДИН АЛИИ САФЙ

1. Зиндагиномаи Фахридцин Алии Сафй 11

2. Осори фикрии Фахридцин Алии Сафй 33

БОБИ И. СОХТ ВА МУНДАРИЧ.АИ «ЛАТОИФУТТАВОИФ»

1. Сохт ва мундаричаи асар 57

2. Хусусиятхои жанрии «Латоифуттавоиф 68

3. Мазмун ва хусусиятхои гоявии «Латоифуттавоиф» 76

БОБИ III. ХУСУСИЯТХРИ БАДЕИИ «ЛАТОИФУТТАВОИФ»

1. Хусусиятхои услубии насри «Латоифуттавоиф» 98

2. Образхои асосии «Латоифуттавоиф» 100

3. Сачъ ва макоми он дар «Латоифуттавоиф» 131

4. Иктибоси шеър дар «Латоифуттавоиф» 139

5. Унсури арабй дар «Латоифуттавоиф» 149

ХУЛОСА 164

ФЕХРИСТИ АДАБИЁТ 169 

Введение к работе

Дар таърихи адабиёти точик карни XVI яке аз даврахои пурмахсул ва бобаракат махсуб мегардад, ки ба майдони адабиёт ва фарханг симохри бузургеро аз кабили Зайниддин Махмуди Восифй, Камолиддини Биной, Бадриддини Хдгаолй, Абдуррахмони Мушфикй ва дигарон оварда тавонистааст. Вале бояд гуфт, ки то хануз ахвол ва осори на хамаи намояндагони адабиёти ин давр ба таври кофй омухта шудааст ва чихатхри норавшани зиндагй ва фаъолияти хунарии онхр хануз зиёд аст. Аз чумлаи намояндагони тавонои адабиёти ин ахд олиму воиз, шоиру нависанда, факеху мухаддис ва муфассири Куръон Фахриддин Алии Сафй мебошад, ки чуз ишорахри алохидаи муаллифони маъхазхри адабй-таърихй ва осори илмй-тадкикотй дар бораи ахвол ва осори у тадкикоти алох,идае анчом дода нашудааст.

Дар бораи чузъиёти зиндагй ва фаъолияти адабии Фахриддин Алии Сафй аз асри XVI ба баъд дар осори тазкира ва таърих, аз кдбили "Тухфаи Сомй"-и Соммирзои Сафавй, "Рузи равшан"-и Мухаммад Х,усайни Сабо, "Майхона"-и Абдунабии Фахруззамони К азвинй, "Мачолисуннафоис"-и Алишери Навой, "Бадоеъулвакоеъ"-и Восифй, "Хдбибуссияр"-и Хондамир ва амсоли онх,о баъзе ишорах,о карда шудааст, вале хамаи онх,о зимни шарх и х олу осори падараш Хусайн Воизи Кошифй ва дар робита бо у дар бораи чузъиёти рузгор ва осори Алии Сафй низ тавакдуф кардаанд, ки аз руи онхо баркарор кардани зиндагинома ва фаъолияти адабии хаддалимкон муфассали у имкон надорад.

Тах,кдки илмии рузгору осори Фахриддин Алии Сафй дар Аврупо аз охири карни XIX ва ибтидои асри XX огоз ёфта, мусташрики фаронсавй Ш.Шеффер аз зумраи нахустин касонест, ки соли 1888 дар баробари нашри баъзе фаслхои "Латоифуттавоиф" дар бораи шархи холу осори Фахриддин Алии Сафй низ хеле мухтасар тавакдуф намудааст (130). Мусташрики рус А.Крымский низ ба ному насаби Алии Сафй ишора намуда, дар бораи ба калами у тааллук доштани "Латоифуттавоиф", "Рашахоти айнулхаёт" ва маснавии "Махмуд ва Аёз" изхори андеша менамояд (82). Донишманди Х,инд Мухаммад Шафеъ соли 1937 дар катори намунахои насри адабии муаллифони форси баргузидаи хикоёти баъзе фаслхои "Латоифуттавоиф"-ро дарч намуда, дар бораи рузгору осори нависанда низ маълумоти мухтасар медихад (130).

Аз зумраи мухаккикони эронй Алиасгари Х,икмат дар китоби худ тахти унвони "Ч омй" фаслеро аз "Латоифуттавоиф" бо номи "Латоифи орифи Чрм" бо сабаби робита доштани мундаричаи хикоёти он бо рузгор ва шахсияти Абдуррахмони омй ворид карда, дар бораи рузгору осори Алии Сафй мухтасаран таваккуф кардааст (149). Мухаккикони дигари эронй Чалолии Ноинй дар мукаддимаи "Мавохиби алийа" ва Сайд Нафисй дар мукаддимаи "Лубби лубоби "Маснавй"-и Хусайн Воизи Кошифй дар бораи баъзе чузъиёти рузгору осори Алии Сафй низ изхори андеша кардаанд (55). Аз миёни хамаи мухаккиконе, ки мустакиман ба рузгору осори Алии Сафй таваччух зохир кардаанд, бояд аз Ахмад Гулчини Маъонй ва Алиасгари Муъиниён ном бурд, ки аввалй бори нахуст "Латоифуттавоиф" ва дуввумй "Рашахоти айнулхаёт"-ро дар Техрон ба табъ расонида, дар мукаддима дар бораи зиндагй ва фаъолияти адабии нависанда низ маълумот додааст (130;40). Вале бояд гуфт, ки мукаддимаи Муъиниён нисбат ба тамоми навиштахои мухаккикони дигар муфассалтар буда, масъалахои бештари марбут ба рузгору осори Фахриддин Алии Сафиро дар бар гирифтааст.

Дар Точикистон тахкик ва табъу нашри рузгору осори Алии Сафй аз солхои хафтодуми карни бистум вусъат ёфта ва С.Х,алимов аз зумраи нахустин мухаккикони точик аст, ки дар тули солхои 1966-1967 баъзе хикоёти "Латоифуттавоиф"-ро дар рузномаву мачаллахо ба табъ расонида (9; 14), ахиран, соли 1968 мунтахаби хдкоёти ин асарро бо мукдддимаи мухтасар дар шакли китоби алохида нашр намуд (15).

Мухаккикони дигари точик аз зумраи М.Чалилова, М.Бакрев, М.Мирбобоев низ дар маколахои чудогонаи худ дойр ба масъалахои мухталифи рузгору осори Фахриддин Алии Сафй изхори назар кардаанд (122,123; 61; 91). Дар тахкики мероси адабии Алии Сафй инчунин хидмати М.Ахдоадов назаррас аст, зеро у бори нахуст мавзуву мундаричд ва сохтору таркиби асари номаълуми ин нависанда "Одобуласх,об"-ро барои ахли тахдик, муаррифй намуд (55).

Х,амчунин, дар бораи рузгору осори Алии Сафй адабиётшиносони точик А.Афсахзод, У.Каримов, Р.Хрдизода зимни тадкики шархи холу осори Чомй ё баррасии адабиёти асри XVI ёдовар шудаанд (53; 75; 121) ва дар «Энциклопедияи советии точик» низ маълумоти кутохи умумй дар бораи Алии Сафй ба назар мерасад (126).

Бо вучуди ин маълумоти асархои номбурда дар бораи рузгору фаъолияти зводин Алии Сафй хеле мухтасар ва аксаран такрори якдигар буда, аз руи онхо тасаввури возехи шархи хол ва осори нависанда имконнопазир аст. Чуз ин то имруз дар адабиётшиносй ва шаркдшносй тадкикоти монографие дар бораи Алии Сафй ба вучуд наомадааст, ки маълумоти чдмъбасткунанда ва то хадди имкон муфассалеро дар бораи рузгор ва мухимтарин осори ин олиму нависандаи тавонои кдрни XVI форсу точикро фаро гирифта бошад. Хдмчунин, дар бораи хусусиятхои жанриву сохторй, мавзуй ва бадеии "Латоифуттавоиф", ки аз машхуртарин осори адабии нависанда махсуб мегардад, то имруз тадкикоти илмии алохидае анчом до да нашудааст.

Табиист, ки халли чунин масъалахо дар тахкики чанбахои мухталифи зиндагй ва фаъолияти эчодии Фахриддин Алии Сафй ва аз он чумла муайян намудани пахлухои норавшани насри бадеии асри XVI форсу точик накши муассире хохад дошт.

Бо назардошти ин хама мо тасмим гирифтем, ки дар ин рисола бори нахуст дар адабиётшиносй ва шаркшиносй хусусиятхои жанри ва бадеии "Латоифуттавоиф"-и Фахриддин Алии Сафиро мавриди тахлилу тадкик карор дихем ва дар баробари ин зиндагинома ва мероси адабии уро то хадди имкон ва тибки дастрасии маводи илмй ва адабй баркарор намоем. Аз ин хотир дар назди худ максад гузоштаем, ки халли вазифахри зеринро ба анчом расонем:

-баркарор намудани зиндагиномаи хаддалимкон муфассали Фахриддин Алии Сафй;

- шарху тавзехи осори фикрии нависанда;

- тахдики дастнависхои осори нависанда ва тавсифи нусхахри кашфнашудаи онхо;

- баррасии вазъи тахкик ва чопи "Латоифуттавоиф" ва осори дигари Алии Сафй;

- таъйини сохт ва мундаричаи "Латоифуттавоиф";

- тахкики мавзуъхои асосй ва дастабандии онхо;

- омузиши хусусиятхои бадей ва жанрии асар;

- пажухиши анъанаи "Латоифуттавоиф" дар адабиёти форсу точик. Бо назардошти максаду вазифахои мазкур дар ин рисола саъй карда шуд, ки бори нахуст шархи хол ва тавзехи осори Алии Сафй хаддалимкон муфассал баркарор карда шуда ва хусусиятхои жанриву бадеии яке аз мухимтарин асархои у "Латоифуттавоиф" муайян карда шавад. Аз ин хотир сохтори рисолаи мо аз мукаддима, се боб ва хулосаву фехристи маъхазхои илмиву адабии истифодашуда ташкил ёфтааст.

Бо сабаби он ки чузъиёти зиндагии нависанда дар тахкики осори фикрии у накдіи бузург дорад, боби нахустини рисолаи мо ба омузиши муфассали чараёни зиндагй ва фаъолияти эчодии у бахшида шуда, дар он дар асоси маъхазхои адабй-таърихй, осори илмй-тадкикотй ва алалхусус осори адабии худи Алии Сафй-"Латоифуттавоиф", "Рашахоти айнулхаёт" ва "Одобуласхоб" саъй карда шуд, ки чузъиёти зиндагй ва

фаъолияти эчодии у муайян карда шавад. Аз чумла, бори нахуст яке аз осори илмии у "Лугати Алии Сафй", ки то хол кашф нашудааст, дар хдмин боб барои ахли тахклк муаррифй карда мешавад.

Бобхои дуюму сеюми рисолаи мо ба тахкики "Латоифуттавоиф" ихтисос дода шуда, дар онхо масъалахои сохту мундаричаи асар ва хусусиятхои жанриву тематикии он мавриди тадкдкд хамачониба карор дода мешавад.

Зимни тахкики масъалахои марбут ба мавзуи рисола аз маъхазхои адабй-таърихй аз кабили, "Мачолисуннафоис"-и Навой, "Бадоеъул-вакреъ"-и Восифй, "Х,абибуссияр"-и Хондамир, "Тухфаи Сомй"-и Соммирзои Сафавй, "Рузи равшан"-и Мухаммад Хусайни Сабо, "Майхона"-и Фахруззамони Кдзвинй, хамчунин осори адабии худи Фахриддин Алии Сафй чун "Рашахоти айнулхаёт", "Латоифуттавоиф", "Одобуласхоб" ва гайра ба хайси маводи адабй ва таърихй истифода бурда шудааст.

Инчунин, зимни тадкдк ба усули омузиши киёсй-таърихии масъалахои адабиётшиносй ва таърихй адабиёт такя намуда, аз осори илмй-тадкикотии адабиётшиносон ва шаркдіиносони Аврупо, Х,индустон, Эрон, собик Иттиходи Шуравй, аз кабили А.Крымский, Э.Броун, Ян Рипка, И.С.Брагинский, Д.С.Лихачёв, М.Бахтин, Забехуллохи Сафо, Сайд Нафисй, Ахмад Гулчини Маъонй, Алиасгари Муъиниён, Р.Хрдизода, Х.Шарипов, А.Афсахзод, У.Каримов, С.Махдиев ва дигарон чун сарчашмаи назарй ва методологи истифода бурда шудааст.

Ба андешаи мо тадкикд хамачониба ва монографии "Латоифут-тавоиф"-и Фахриддин Алии Сафй ва шархи холу осори у дар як рисолаи алохида дорой ахамияти назаррас буда, бисер чихатхои норавшани насри бадеии форсу точикро дар интихои карни XV ва нимаи аввали асри XVI возех гардонида метавонад. Зеро Алии Сафй, бо вучуди он ки яке аз симохои боризи насри ин давра махсуб гардида, бо осори фикрии худ дар ривочи илму адаби замони хеш накши муассир гузоштааст, хануз рузгору осори у ба таври зарурй мавриди тадкик карор нагирифтааст ва симои эчодиву мухтавои осори фикрии у хануз барои ахли тахкик ва алокдмандони таърихи адабиёти форсу точик ва аз он чумла насри бадеии он ба таври кофй шиносонида нашудааст.

Яке аз мушкилоте, ки кори тахкики рузгору осори Фахриддин Алии Сафиро душвор гардонидааст, ин аст, ки аксари сохибони маъхазхои адабй-таърихии муосиру мутааххири у ва муаллифони осори илмй-тадкикотй дар барои Алии Сафй зимни баррасии шархи холу осори падараш - Х,усайн Воизи Кошифй таваккуф кардаанд ва дар робита ба ин мавзуъ дар бораи Алии Сафй низ маълумоти чузъй ва умумй додаанд. Аз чумла, Сайд Нафисй дар мукаддимаи "Лубби лубоби "Маснавй", Чдлолии Ноинй дар мукаддимаи "Мавохиби алия"-и Хусайн Воизи Кошифй, Алиасгари Х,икмат дар китоби "Чрмй", А.Афсахзод дар "Чрмй-адиб ва мутафаккир" дар робита бо мавзуи тахкики рузгору осори Хусайн Воиз ва Абдуррахмони Чомй дар бораи баъзе чузъиёти зиндагй ва фаъолияти эчодии Алии Сафй низ таваккуф кардаанд.

Аз ин хотир мавзуи тадкики чунин рисола дар адабиётшиносй ва шаркшиносй дорой ахамияти бузург буда, дар тахкики муфассали рузгор ва осори Фахриддин Алии Сафй аз икдомоти нахустин махсуб мегардад. Хдмчунин халли масъалахои дар рисола матрахшуда дар омузиши минбаъдаи насри бадеии форсу точик дар охири асри XV ва нимаи аввали асри XVI рох хамвор менамояд, зеро Алии Сафй кабл аз хама нависандаи тавонои замони худ махсуб буда, бо осори гаронбахояш дар тахаввули насри бадеии давраи мазкури таърихи адабиёти форсу точик сахми муассир гузоштааст.

Хдмчунин, натичахои тахкики ин рисола дар омузиши минбаъдаи рузгору осори Фахриддин Алии Сафй, тахкики хусусиятхои хоси насри бадеии охири асри XV ва нимаи аввали асри XVI, таълифи фасли марбутаи таърихи адабиёти точик, китобхо ва дастурхои таълимй дойр ба Фахриддин Алии Сафй ва адабиёти давраи мазкур, алалхусус насри бадеии он, хондани лексияву курсхои махсус дойр ба хаёт ва эчодиёти Фахриддин Алии Сафй ва адабиёти охири асри XV ва нимаи аввали асри XVI мусоидат карда метавонад.

Хдлли масъалах,ои дар рисола ба миён гузошташуда, инчунин дар омузиши минбаъдаи нусхахои мавчуд ва кашфнашудаи осори илмй ва бадеии Фахриддин Алии Сафй, тах,кики киёсй ва табъу нашри интикодии осори нависанда, аз кдбили "Латоифуттавоиф", "Рашахоти айнулхаёт", "Одобуласхоб" ва соири онхо хидмат хохад намуд.