Содержание к диссертации
JVL^SK, А. Д Д HrVL А 1-13
БОБИ 1. Рузгор ва осори Холмухдммади Хаста 14-39
БОБИ II. Холмухдммади Хаста ва анъанаи тазкиранигорй дар Афгонистон - 40-68
БОБИ ІІІ.Сохт ва мундаричаи умумии тазкираи Муосирини Суханвар — 69-75
а) Муосирини суханвар 76-113
б) Ёде аз рафтагон- 114-153
Фехристи адабиёт 158-163
Введение к работе
Мавлоно Холмухаммади Хаста аз намояндагони забардасти илму ада-биёти муосири дарии Афгонистон мебошад.
У бо махсули гании илмй ва адабии худ дар боби пешрафт ва та-ракдии фарханги кишвари хеш сахми баарзе гузошта дар тарбия ва рушду такомули як силсила адибони номовари Афгонистон, мутахассисони ши-нохтаи бахши ин фан накгли фаъол дорад.
Осори илмй ва адабии ин сухансарои номй ва мухаккики тавоно мухимтарин масоили сиёсй, ичтимой ва фархангии на танхо Афгонистон, балки дигар мамолики хамчдворро дар бар мегирад. Хднуз дар вакти хаёт ва пас аз марг низ шухрат ва махбубияти хосе пайдо намуда буд.
Илова бар таъсири афкор ва андешахояш, таълифи осори бузурги ил-миву адабй, бо таблиг ва ташвики мероси гании гузаштагон ва бо рохи таълифи маколахои судманди илмй дар рузнома ва мачаллахои Афгонистон хиссаи баарзе гузошт. Хусусан дар боби идомаи суннатхои илмии тазкиранигорй дар мухити фархангии ахди худ хидмати фавкуллода бузурге анчом дод, ки бо гузашти замон ахамияти ин кори начиб беш аз пеш равшантар маълум мегардад. Донишманди бузург ба ин кор раванди чадиди нисбатан ба суй рушноии асри навин ва мутолиоти тозаи ин гуна корхои илмй ругардондаро вусъати бештар бахшид ва бо тазкирахои худ собит намуд.
Пайдо шудани тазкирахои «Муосирини суханвар» ва андак баъдтар «Ёде аз рафтагон» диккати чамоаи илму адабро ба суй худ чалб намуд. Ин ду асар манобеи мухимме дар тадвини шеъри дари ва маъхазхои нихоят муфиде дар ихтиёри мухаккикини дохил ва хоричи назми дари махсуб ме-шаванд.
Мухаккикони сохаи адабиёти муосири Афгонистон метавонанд дар амри омузиши адабиёти асрхои ХУП ва XX кишвар ба ин ду сарчашмаи муътамад такя намуда, проблемахои умумии адабиёт, рузгор ва осори би сер намояндагони илм, адабиёт ва касбу хунархои ин даврахоро мавриди тахлил, баррасй ва арзёбии сахех карор диханд.
Хамчунин дар боби равшан сохтани хаёти маданй-хунарй, мактабу маориф ва бисер лахзахои хассоси дигари таърих ва фарханги кишвар маълумотхои боэътимоде ба даст оваранд. Бояд хамин нуктаро низ хотир-нишон намуд, ки аз ин сарчашмахо на танхо рочеъ ба мухити илмиву ада-бии муосири ватан, балки оид ба вазъи илмиву фархангии Бухоро, Самарканд, Хуканд, Фаргона, Чоч ва дигар махалхои фархангии дари, роби-тахои эчодй ва рафту омадхо ва хамкорихои адабии ин чойхо бо дигар би-лоди Афгонистон, хоса пойтахти он шахри Кобул маълумотхои чрлиб ба даст меояд. Хамзамон рочеъ ба пахлухои гуногуни фаъолияти илмиву адабии Хаста иттилооти нисбатан сахехтаре метавон пайдо кард.
Илова бар ин робитахои адабй байни адибони Афгонистон ва дигар кишвархои дур аз Афгонистон, намояндагони дигар миллатхо баркарор буда, ба пешрафти эчодии хам ва дар мач,муъ таракдии минбаъдаи адабиёт кумак ва мусоидат менамуданд, ки дар тазкираи мазкур кайд гардидааст. Масалан, девони Воли (бештар дар шеър Амин тахаллус мекард), хануз солхои дар кайди хаёт буданаш бо хати Губанди Роми Х,инду, ки сокини Хулм буд, (бо хати настаълик) зебо нависонда шуда буд.
Хаста инро хамчун далели муътадили хамкорй таъкид менамояд. Мо-нанди хамин сохиби тазкира, Хаста, робитахои байни Таслими Х,иравиро бо шоири машхури асри ХУП Эрон Шихоби Туршезй, ашъори миёни онхоро, ки кисман аз хазлу шухихои ракик иборат мебошад, низ хотиррсон кардааст.
Хаста илова бар ин, рочеъ ба шахсияти худ бевосита ё дар чараёни зикри лахзахои чудогонаи рузгор ва осори суханварон баъзе чузъиёти зин-дагиашро низ гушрас менамояд, ки дар бахши муайян намудани тарчумаи холи у кумак хоханд расонд.
Вай хангоми накли савонехи баъзе аз суханварон, олимон, шоирони косиб, шоирони хунарманд, хар лахзаи зиндагй ва эчодиашонро бо вазъи замон, завк ва саликаи хоси мардуми давр пайванд мссозад, то шоир, нави санда ё косибу хунарманди эчодкоре аз мухит ва зарурату мутолиботи он, завки мардумони вакт чудо ва берабт намонад.
Ин хам дар зоти худ ёрй мерасонад, ки мухакдик, дар аснои омузиши адабиёти муосир, хаёт ва эчодиёти шоирон, нависандагон, суханварони косибу хунарманд ба хулосахои дурусти илмй ояд.
Дар маълумоти ин тазкира хаёти илмй, адабй, фаъолияти чамъиятй, вазифахо, мансабхо ва машгулиятхои дигари суханварон, робитахои эчодии миёни эшон, жанрхои адабй, мавзуъхои асосии адабиёту пайванди адабиёти муосир бо гузашта ва намояндагони бузурги он ва садхо масоили дигари мухимми фарханги инъикос ёфтааст, ки дар ин хусус дар бобхои оянда муфассал тавакдуф хохем кард.
Шухрат ва эътибори Хаста танхо дар доираи фаъолияти адабй ва маколоти илмиаш махдуд намебошад. У дар боби истинсох, ба нашр омода сохтан ва тахктщи осори илмй ва адабии асрхои пешин корхои зиёде анчом дод, ки ахамияти илмии он камтар аз эчодиёти шеърии у нест.
Як силсила ёдгорихои илмй, адабй, динй ва фалсафй махсули эчодии суханварони бузурге ба сурати куллиётхо бо дасти у бознавйс шуда, баъзе ба нашр омода гардида, чоп ва дастраси доираи васеи олимон, хонандагон ва мухаккикони сохаи адабиёт гардидааст. Дар ин хусус дар фасли рузгор ва осори Хаста муфассал накл хохем кард. Бояд хотиррасон кард, ки эчодиёти Холмухаммади Хаста чунончй каблан ишора шуд, хануз дар за-мони зинда буданаш мавриди дикдати арбоби тахкик ва завк, карор ёфта буд, макоми арчманди илмиву адабии у аз тарафи устодони адаби кишвар эътироф гардида ва эътибори калоне пайдо намуд. Баъд аз вафот ин та-ваччух нисбат ба рузгор ва осораш беш аз пеш афзуд.
Ин сухансарои тавоно дар крлабхои чории шеъри классики асархо эчод кард ва чун суханвари асри нав дар халли мавзуъоти хам анъанавй ва хам имрузй тозагихои кобили диккат чорй намуд.
Дар ашъори у чунон ки ишора шуд, мавзуъоти мухталифи чомеа дар макоми тасвир омадааст. Ашъораш ба ашхоси зинда, мухтарам, одамони бонуфузи рузгори зиндагии худаш пайванд гирифта, дар он номахо,
пайгомхо ва гуфтугухои шахсиаш, ки хар яке ба зиндагй ва рузгори худаш ва чомеъаи вакт хамбастагй дорад, инъикос намудааст. Муросилоти у шохдци ин хол аст. Истифодаи санъатхои шеърй чун адвор ва эчоди газалхо ва рубоихои бенукта аз махорати баланди суханварии у дарак ме-диханд.
Донишмандони хамдиёри у дар таълифоти худ аз Хаста ва махсули эчодии у, умуман кору фаъолияташ, сахми шоистааш дар таракдии илму фарханги Афгонистон, хоса илму фарханги адабиёти дарии кишвар бо ка-моли кадрдонй ва мамнуният, ихлос ва эхтиром сухан рондаанд.
Мураттиби «Шеъри муосири дари дар Афгонистон» доктор Гулом Мухаммади Лаълзод чун дигар арбобони шеъри ноби дари ба Мавлави Хаста низ тахти сарлавхаи «Хаста» фасле ихтисос додааст.
Пас аз ин зикри лахзахои тарчумаихолй Гулом Мухаммади Лаълзод уро чун «марди олим, шоир ва мутаттабъе» номида, осори зиёдашро дар адабиёти дари ва хушнависиашро махсус таъкид менамояд.
Кисми дуюми маълумоти мураттиб дар бораи осори Хаста аст, тахти сарлавхаи «Осор» омадааст.
Дар ин фасл мачмуаи ашъори Хаста дар шаш чилд ва интйхоб аз он дар ду чилд маснавии «Нафхи сур», «Дабиристони Балх» ховии панч кисмат, «Муосирини суханвар», «Шеъри мансур», «Маколот», «Одоби хати настаълик», «Калимот», «Хдкмати оёт», «Интихоби ашъори баёз», «Ин-тихоби шуарои маъруфи карни 12 ва 13 хичрй», «Хаттотони кдрни 11 илло 14х,ичрй».
Баъд аз номгуи ин осор, мураттиб боз изхор медорад, ки Мавлавй Хаста шахси олим ва аз суханварони касирултасониф аст, тахассусро дар фанн кори душворе медонад. Чунончй баъд аз иштиголи сисолааш дар фанни шеър ва хаттотй ба арзи хеш чунин эътироф мекунад» (67. 69-70). Пас китъаи машхури Хаста дар бораи шеъру хаттотй гуфтааш оварда ме-шавад. Дар ин чо хамин нуктаро бояд равшантар сохт, ки Хаста бо ин китъа изхори заъф накардааст, балки захмати кори эчодй ва хунарвариро дар шахси худ таъкид кардааст.
Муаллифи маълумот дар охири осори шоир хусусан баъд аз зикри китъаи мазкур менависад, ки «Шуарои муосир камтар ба касидагуи ва мадхи салотин мубодират варзидаанд. Аммо тане чанд назири Хаста ва Халилй касоиде андар ин боб доранд» (67. 70). Пас аз ин маълумот касидаи Хаста бо матлаи:
Навбахор омад, ки булбул бает эхроми чаман, Дар фазой нилгун абри хдмал шуд хаймазан (67. 70). (дар 24 байт оварда шудааст.)
Муаллиф дуруст менависад, кй «Хаста касидаро тибки маъмул дар васфи бахор огоз намуда, аз гулу сабзаву булбул сухан мегуяд, кишвараш Афгонистонро «боги фирдавс» мегуяд, ба мадхи шох мепардозад ва аз ад-лу илмпарвариаш хикоя дорад. Худаш чунон шефтаи илму фан аст, ки чавононро чун «рахини илму фан» меёбад, аз хуррамй дар кабо на-мегунчад» (67.70).
Лаълзод тахлили касидаро давом дода изхор мекунад, ки «Дар ин касидаи шево ва фасех дар байти понздахум миераи дуввумаш кадре сак-тагй дорад». «Наираи Ирфон... Агар дар охир (ёи) нисбатй афзуда мешуд, ки шояд хам иштибохи таббоъй бошад бехтар мебуд. Бад-ин гуна: Наираи ирфонй, ки мезебад ба фарки марду зан, дар ин сурат сактагй рафъ гардида ва вазни шеър низ дуруеттар мешуд (67.70). Мо ба ин розй шуда наметаво-нем. Аввалаш ин ки ин миераъ дар асл, хатто дар хамин касидаи намуна овардаи муаллиф чунин аст:
Аз камоли шафкату миллатнавозихои уст,
Найири ирфон, ки метобад ба фарки марду зан.(67.70)
Чунонки мебинем хеч эхтиёч ба афзудани (ё) нест. Агар афзуда ша-вад, миераъ сакта мешавад. Аз суй дигар калимаи «наир» бояд бо ташдид ба шакли «найир» навишта шавад ва хонда шавад, чунон ки Хаста эч,од кардааст. Дар ин сурат хдм х,очдт бо афзудагии х,арфе дар миён намебошад. Бояд гуфт, ки дар маълумоти Лаълзод як масъалаи чдлиби дигар низ ёдоварй шудааст. Лаълзод чун «ёддошт» накл мекунад, ки «Ин асар омодаи чоп буд, ки китоби хотироти сиёсии мархум Саидкосими Риштиёро рузе ба ихтиёри комил мутолиа менамудам, ки тавачдухдмро унвони «Мочдрои шеьри Хаста» чдлб кард, ки чунин тахрир шуда буд: Хат ба сад хуччдту бурх,он накунад арзи вучуд, То ба арбоби амоим раги гардан бокист. Накл шуда буд. Хеле хдсрат хурдам, ки эй кош ин шеър мукаммал мебуд, то хонандаи ин асар низ аз он файзёб мегардид, зеро илова аз пух-тагии каломи шоир, шеъри ходисабарангез ва таърихй аст, ки Хастаи бечо-раро муллохо мехостанд ба дор овезанд, зеро чунин таъбиру тафсир шуда буд, ки бо буридани раги гардани муллохо дунё гулу гулзор мешавад ва шадидтарин эхтич,очро Чдмъиятулуламо доштааст. Аммо иддае аз мунав-варин таъбири дигаре намуда буданд, ки «раги гардан» ба маънии кахру асабоният аст, ки дар ин хангом рагхои гардан мебароянд, сифате, ки на-бояд, хосаи уламои дин бошад ва бо чунин таъбире ч,они уро амон бахши-да буданд. Уламои дин «арбоби амоим» боистй халиму бурдбор буда ва равняй зишту хашан надошта бошанд. Муаллиф тахмин мекунад, ки шояд ин шеър ба истикболи яке аз газалх,ои Иброхим Халил бо матлаи: Умр рафту ба рухат хасрати дидан бокист, Шавки харфе зи лабат низ шунидан бокист.(67. 72—73) суруда шуда бошад.
Манбаи ин маълумот тазкираи «Муосирини суханвар» нишон дода шудааст.
Шоир ва донишманди Афгонистон шодравон Моили Х,иравй дар мукаддимаи тазкираи «Ёде аз рафтагон»-и Холмухаммади Хаста навишта-аш рочеъ ба арзиши илмиву адабии тазкира, хидмати бузурги Хаста дар таълифи чунин китобхр сухан ронда, аз боби кадрдонии арбоби илму фархднги кишвар ба хидматхои Хаста низ дахле менамояд ва махсус хабар медихад, ки «Аз захматашон такдири моддй ба амал омад».(2.1)
Моил дар баробари арчи баланд крил буданаш ба тазкираи Хаста, баъзе чихатхои аз назари мутолиботи онруза хануз заиф будаи китобро кайд менамояд ва рух додани ин заъфро аз он мебинад, ки он солхо хануз навиштахои адабй чанбаи наккодй надоштанд. Мубохиса ва мухокимаи тезу тунде перомуни чунин асархои он рузгорон раем набудааст.
Хдмчунин мухаккик, дар ин пешгуфтор хеле х,акконй кайд мекунад, ки сохиби «Ёде аз рафтагон» шеваи тазкиранависони пешинро дар пеш ги-рифтааст». (2.1) Чунонки маълум мешавад, Моили Х,иравй чихатхои мусбй ва манфии тазкираро гушрас сохта, ахамияти онро барои омухтани адабиёти даризабони Афгонистон махсус хотиррасон менамояд. Хол-мухаммади Хаста бузургтарин тазкиранависи асри хозир дар Афгонистон дониста шудааст. Пас Моил тазкирахояшро ном бурда, нусхахои хануз ба чоп нарасида ва ба шакли калами дар Оршиви Миллй махфуз будани онхо чун «Дабиристони Балх» ва амсоли он аз панч бахш иборат будани онро меорад, ки хар кадоми он даричае ба суй гузаштахои Балх ва дуру наздики он диёр аст.
Муаллиф махсус гушрас месозад, ки то Хаста касе дар бораи вазъи адабй ва ичтимоии Балх пажухиши бахусусеро фарохам наёвардааст. Чунонки дар кисматхои ояндаи рисола маълум хохад шуд, Хаста дар ин соха низ корхои шоёне анчом додааст.
Муаррих ва адиби машхури дигар Мир Гулом Мухам мади Рубор дар чилди дуввуми китоби «Афгонистон дар масири таърих», дар радифи дигар ричоли сиёсии ватан аз Хаста низ ёд меоварад.(66.255)
Храмин нуктаро бояд мутазаккир шуд, ки Хаста зиндонй шуда буд, вале на ба чурми фаъолияти сиёсй, балки ба хотири аз хидмати сарбозй ка-нор монданаш. Аммо ин як навъ бахонае буд, ки номзадии вай ба вакилии Шурой Миллй нагузарад. Чунин хам шуд.
Ба муносибати дахумин солгарди вафот ва бузургдошти шахсияти илмй ва адабии Мавлоно Холмухаммади Хаста дар Афгонистон як силсила маколоти илмй, илмй-оммавй дар матбуоти чории кишвар, аз чумла дар мачаллаи «Китоб» ба табъ расид, вале мутаассифона ин мачалла дастраси мо нагардид.
Мачмуаи «Зарбулмасалхо» низ аз он шумор мебошад. Хаста дар ин мачмуа 1152 зарбулмасалро гирд оварда, ба чоп расонидааст. Дар мукдддимаи ин мачмуа, ки ба калами Г.М.Адабёр тааллук дорад, илова бар васфи макоми волои илмиву адабй ва хидмати бедарегаш ба илму фарханги кишвар, мухаккик зиндагии оддй, хулку атвори шоистаи одамии у, аз ахамияти корхои вай чун тазкираи «Муосирини суханвар» бо кадрдонии зиёд сухан меронад.(4.2)
У кайд мекунад, ки «Хастаи ворастаро ман надида будам, агар ошной ба хам расонда будем, аз рохи «Муосирини суханвар» -аш буд, ки сангби-нои кор ва мутолиаи ман дар пахнои нопайдокаронаи адабиёт мебошад. Пас чаро нагуям, ки Хаста муриди ман аст ва муриди у ва чунин сухане ба газофа нест, чаро ки у маро ба рох овард, рохе ки бароям ношинохта буд, рохе ки бо «Муосирини суханвар» ба шинохташ тавфик хосил намуда-ам».(4.2)
Адабёр дар хамин як вараки ёддошт маълумотхои нихоят чолиберо ёдовар ва гушрас сохтааст, ки дар маълумоти дигар мухаккикин дучор на-мешавад. Барон равшантар шудани чигунагии хрл як кисмати ахбори уро айнан накл мекунем. Чунончй: «Дах сол кабл ё шояд пештар аз он, ки тани нотавони Хаста аз ранчи зиндагй ба дард омада буд, бо чон видоъ намуд ва часади ноошнои уро дар таххонаи «Ибни Сино Ругатун» чанд рузе ба ин-тизори дусте ва ошное гузошта буданд. Аммо кучо дуст ва ку ошно! Чдсади Хаста - фарзонамарди настух ва орифи гаронмояи замон рузе ки ба хок супурда мешуд, чанд соате бе кафан монд ва пас аз он ки факирона ма-росими такфин ва тадфинаш ба чо шуд, дигарон ва чй басо дустони у на-донистанд, ки мазори ношиносаш дар кучост, чй расад ба он, ки аз маргаш бигуянд ва аз солгарди маргаш!»(4.2)
Чунонки маълум шуд, бо вучуди фазлу дониш, таълиф, тадрис, нашр ва бознависии садхо осори пешин ва муосир часади олим ва адиби бузург бесохибона, чун шахси бекасу ошно дар тахлона интизор монда ва барои дафнаш кафан хдм пайдо набудааст ва хатто баъзе аз ба ном дустон ва ошноёнаш на танхо дар маросими дафнаш хозир набудаанд, балки чои даф-нашро хам надида ва нашнидаанд.
Аз тарафи дигар зикри ин далел шохиди бекадрии илму хунар дар ахди зиндагии у ва беахамиятии хукуматдорон нисбат ба намояндагони фарханги миллии кишвар будааст. Ин айбномаест, ки дар сахифаи таърихи илм човидон бар чо мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ин маълумот, муносиби хол, муаллиф рочеъ ба фар-зандони Хаста ва сабаби дар чанозаву дафни падар ширкат надоштанашон чизе нагуфтааст. Шояд онхо хам чун дустон ва ошноёнаш бехабар монда бошанд ё хангоми вафоти падар дар кишвар набуда бошанд.
Рочеъ ба ин мачмуа ва хидмати Хаста дар чамъоварии ин бахши илму фарханг дар кисмати рузгор ва осори у муфассал накл хохад шуд.
Аз донишмандони бурунмарзй, мутахассисони Чдмохири Шуравй, хоса аз Точикистон баъзе мухакдикон хангоми шарху тафсири баъзе ма-соили марбут ба адабиёти муосири Афгонистон аз Холмухаммади Хаста хам ёд овардаанд. Масалан, шодравон Собир Мирзо дар рисолаи «Адабиёти маъорифпарварии Афгонистон», зикр намудааст.
Дар бораи махалли таваллуди Хаста низ баъзе ихтилофхо мавчуд аст.
Муаллифи «Симохо ва овохо» Неъмат Хусайнй махалли таваллуди уро дехкадаи Дехбози Хатлони Бухоро номидааст, соли таваллуди Хастаро 1902-03 м. кайд кардааст.
Рулом Мухаммади Лаълзод муаллифи «Шеъри муосири дари дар Афгонистон» ба хамин акида аст.
Маълумоти донишманди точик Сайфулло Саидй махалли таваллуди Хаста, дехкадаи Дехбози Хатлони Бухоро ном бурда шудааст. «Шояд ин хамон дехкадаи Дехбози нохияи Шурободи вилояти Кулоб аст, ки дар гу-зашта он нохия Техрай ном дошт».( 106.6)
Боз як масъалаи бахсталаби тарчумаихолии Мавлоно Хаста соли ба Х,индустон сафар кардани у мебошад. Сохиби китоби «Симохо ва овохо» соли хичрати шоирро 1961 м. медонад. У менависад, ки ба хотири фароги-рии дониш дар ин сол озими Х,индустон шуд. Ин фикр бо назардошти са-наи таваллуди у ба хдкикати х,ол чандон рост намеояд. Агар таърихи озими Х,инд шудани Хастаро 1961м. хисоб кунем, маълум мешавад, ки ин сафар дар синни 60-61 солагии Хаста иттифок афтода будааст.
Дар маколаи Анвар Асад «Ёде аз Мавлоно Хаста» агарчй махалли таваллуди Хастаро дехкадаи Дехбози Хатлон аз тавобеи Мовароуннахр ни-шон дода,санаи таваллуди дар боло зикршударо меорад. Дар ин чо низ бо гуфти Мавлоно Хаста ихтилофе мавчуднест, аммо дар санаи мусофирати у ба Х,индустон ба соли 1922 м. хангоми бисту яксола буданаш омадааст, ки галат аст.
Дар тазкираи «Муосирини суханвар» баъд аз чопи китоб, ки махдлли таваллуди у дехкадаи Дехбози Хатлони Бухоро кайд ёфтааст, калимаи Бу-хоро бо дасти худи Хаста хат кашида шудааст.
Саидй, бо Хаста соли 1963 м. фасли зимистон аввалин бор мулокрт намудааст. Тасвири вазъи зохирии у, либосхои жанда ва кухна ва хафрангаи у, попуш ва пои бе чуроб ва гайра сохиби маколаро ба хулосае овардааст, ки у нихоят муфлис буда, зиндагии гарибонае доштааст. Хаста ташрифи мехмонро бо шакку шубха нигох, карда, биме дар дил доштааст. Охир пас аз пурсупосхо ва фахмондан ки будани худаш ва саволе, ки Хаста таваллудгохи худро «Бале, зодгохам дехкадаи Дехбози Хатлони Бухо-рост» номидааст (106.6) ва чандин рафтуой дигар андак Хаста моил ба сухбат шуда будаанд.
Дигар лахзахои тарчумахолии шоир мисли ходисах,ои сиёсии Бухоро дар асари нооромихои он чо ба Мазори Шариф кучидан, дар ин шахр идо-ма додану омухтани асосхои дониш, пас барои идомаи тахсил ба Хгшдустон рафтани Хаста, аз устодони хат ёд гирифтани навъхои хат ва яке аз устодони ин соха шудааст, пас аз бозгашт аз Х,инд ба Мазор ба фаъолияти илмиву адабй идома додан, афзудани шухрат ва махбубияти вай дар байни мардум ва ба вакили Шурой Миллии мамлакат пешниход ва интихоб шудани шоир, таъсиси дукони китобфурушй омадааст.
Ба кавли Хаста «Он гох, ки вай алайхд Амир Абдурахмонхон киём кард ва мунхдзим гардид, бо аркони хукуматаш, ки падари ман низ дар зумраи онхр шомил буд, чониби Мовароуннахр фирор намуд.
«Падари Панчшериюласли ман дар Хатлон икрмат афканд ва бо дух-таре аз хамон нохия издивоч кард, ки натичаи он васлат ман астам».(92.86-92)
Бояд гуфт, ки дар бораи аслу насаби худ дар чавоби номае низ хабар додааст:
Вакте, ки соли 1969 масъалаи тахия ва такмили куллиёти Мирзо Аб-дулкодири Бедил ба миён омад, хамон сол бахри ичрои хамин кори басе мухим Мавлоно Хастаро ба Раёсати таълиф ва тарчумаи Вазорати Маориф таъйин намуданд. Дар натичаи саъю кушиши шабонарузии Хаста куллиёти чахорчилдаи Бедил ба чоп омада гардида, дар Кобул ба табъ расид. Аммо баъзе ашхоси хасуд ва тангназар забон ба бадгуи кушуда буданд.
Масалан, сафири онрузаи Афгонистон дар Миср ба вазири Маориф номаи эътирозолуде навишта изхор медорад, ки ба кадом максад тахияи куллиёти як шахси барчаста мисли Бедилро «ба марди бесаводу бегона су-поридааст»?
Мавлоно Хаста аз ин нома огох шуда, рузе дар махфили дустону шо-гирдон мегуяд:
«Ман дар бораи ин мактуб, ки дар он маро бесавод ва бегона каламдод кардааст чизе намегуям ва ин ки оё ман савод дорам ё бесавод хастам, барои хамватанонам хубтар маълум аст. Аммо дар бораи бегона будани худ бояд бигуям, ки ман абадан ва харгиз бегона нестам, балки насл дар насл ба ин сарзамин тааллук, дорам ва абадану чаддан аз хамин хок хастам... Оё як Панчшерй дар ин сарзамин бегонааст?! Агар панчшерихо бегона бошанд, ман ки аз чониби падар ба ин мардум ва мин-така махсубам, бояд бегона бошам».(97.3).
Дар маколаи Анвар Асад «Ёде аз Мавлоно Хаста» илова бар гуногу-нии чараёни зиндагии шоир, баъзе лахзахои фаъолияти кории уро ёдовар шудааст.
Як масъалаи дигаре, ки сохиби макола ба он равшанй андохтааст, он аст, ки Хаста хаёти факиронаи худро дар махалли Кортаи Нав, ки дар Ко-бул вокеъ аст, гузаронидааст, ин хам аз он сабаб аст, ки аз тарафи раёсати шахрдорй мачбур намуданд, ки ин донишманди бузург яккаву танхо хонаи худро вайрон намуда, ба чое, ки онхо чудо карда буданд, куч кунад.
Анвар Асад шеъри худи Хастаро муносиби холаш овардааст: Хастаам, ошуфтаам аз бенавой, дар чахон Мезанам ранге, ки бар мурдан ризо гардидаам.(97.3)
Профессор Худойназар Асозода дар рисолаи «Адабиёти садаи XX форсии точикй»(93.86-92). дар радифи чанд тан аз чехрахои фархангии муосири Афгонистон, аз Холмухаммади Хаста низ ёд карда, дар асоси маълумоти китоби худи у «Муосирини суханвар» ва маколахои афгонистоншиносони точик С.Саидй ва А. Асад баъзе лахзахои зиндагии Хастаро ёдовар шудааст.
Дар асоси ин маълумотхо ва кайду ишорахои донишмандони Афгонистон имкони накди тарчумаи холи Хастаро то ба хадди хол имкон-пазир намудааст. Дар хамин маълумот X. Асозода соли таваллуд, ва махалли таваллуди Хастаро мутобики гуфтахои мухаккикон овардааст.
Муаллиф аз лахзахои чудогонаи хаёт ва эчодиёти Хаста сухан ронда, макоми уро дар рушди илму фарханги Афгонистон басо баланд ва шоиста гушрас намудааст.
Чуноне, ки мебинем, бо вучуди бузургии шахсияти Мавлоно Хаста ва осори пурмухтавои у хануз тахкикоти чиддии илмие то кунун мавчуд на-мебошад.
Мо тасмим гирифтаем дар бораи як бахши умдаи фаъолияти илмй-адабиаш, ки иборат аз таълифи тазкирахо ва давом додани анъанаи тазки-ранигорй мебошад, тахти унвони «Холмухаммади Хаста ва анъанаи тазки-ранигорй дар Афгонистон» таваккуф намоем.
Халли дурусти ин мавзуъ бисер хусусиятхои фаъолияти эчодии Мавлоно Хаста ва сайри таърихии тазкирахоро дар Афгонистон, макоми уро дар ин бахш таъйин хохад кард.
Дар боби тазкиранигори бахси мо дар бораи он тазкирах,ое меравад, ки баъзеашон хануз каламианду ба чоп нарасидаанд. Номгуи ингуна тазки-рах.о зиёданд. Мо ба манзури андаке бошад хам ошной пайдо намудан номбар кардани як хиссаи он тазкирахоро басанда медонем. Чун ба нисба-ти махдудияти ха ми рисола имкони шарху тафсири хар яке аз имкон хо-рич мебошад холо бо тавсифи мухтасар ва умимии онхо иктифо хохем кард.