Содержание к диссертации
1.МУКДЦДИМА. 3-11
2. БОБИ І. Сохтва сужетидостощо. 12-50
3. БОБИ II. Гоява образхоиасосиидостощо. 51-90
4. БОБИ III. Баъзе хусусиятхоиуслубй ва бадеии достощо 91-143
5.ХУЛОСАХ.О 144-147
6. РУЙХАТИ АДАБИЁТ 148-157
Введение к работе
Таърихи адабиёти форсу точик бисер устодони каломи бадеъро медонад, ки баробари хамчун устоди жанрхои хурди ганой - газал, касида, маснавй, рубоиву дубайтй шинохта шуданашон, дар достонсарой низ мумтоз буданд. Бархе аз онхо дар риштаи достонсарой назирагуй карда, ба сухан пирохдни тоза пушонида, бо маънихои рангин, образпорахои мухайяли шоирона боиси пазироии хосу ом гардидаанд ва хамчун достонсароёни маъруф эътироф шудаанд. Аз устод Рудакй cap карда то шоирони садаи XX номи садхо адибонро метавон ёд кард, ки хам дар жанрхои лирикй ва хдм дар достонсарой бомахорат каламкашй намудаанд. Офаридахои онхо минбаъд мавриди пайравию таклид кдрор гирифт ва дар натичд мактабу равияхои нави адабй падид омад, анъанаи гузаштагон давом карда, дар карнхои минбаъда махсусан дар риштаи достонсарой навоварихо падид омаданд.
Дар достонсароии адабиёти форсу точик махсусан навъи назирасароии достон пас аз Низомй густариш ёфт ва макрми махсус пайдо кард. Ин боиси таълифи як идда достонхои хдмном (дар як мавзуъ, хатто дар як вазн) гардид. Назирасарой ба достонхои «Хамса»-и Низомй (Амир Хусрав, Ч омй, Навой, Хотифй.) ва достонхои чудогонаи «Хдфт авранг» - и Ч,омй хамоно дар тамоми кдрнхои минбаъда давом кардааст. Шоирони асрх.ои минбаъда кувваю истеъдоди худро дар ин боб санч,ида, бо хдмин дар рушду такомули достон сах,ми арзанда гузоштаанд. «Х,ак, бар ч.ониби Г.А.Горбаткина аст, ки у дар маколааш дар бораи достони Шайёд Х,амза менависад: «Х,ар як нависанда анъанаи назирасароиро идома дода, ба он чизи наве илова намуд, масъаларо аз нигох,и худ шарх, дода, рух,и замонаро ба тасвир кашид. Аз ин лихрз худи сужет, ки тах,к,икотчиёни Аврупои Гарби ба он дикдати асосиро равона менамоянд, он кадар мухим набуда, мух,иммаш шарх,у эзох,и сужет ва мухтавои ичтимоиву психологии он аст» (126, 31). Ин масъала аз назари афкори илмй-адабиётшиносии точик х,ам дур намонда, сайри таърихии достон ва навъх.ову хелх,ои он, тахдввули достон дар асри XIV дар тадкикоти Н.Сайфиев муфассал баррасй шудааст(70; 71).
Омузиши ин масъала хеле фароху пурдомана буда, тадкику омузиши яклухти он корест сангин. Аз ин лихоз, карор додем, рушду такомули жанри достонро дар мисоли тахлили мукоисавии ду достони хдмноми Чомию Нозим, ки яке намояндаи адабиёти асри XV (Ч,омй), дигаре адабиёти асри XVII (Нозим) мебошанд, мавриди тахдик карор дихем. Ба гумони мо, масоили мавриди бахс мухим буда, халлу фасли он чавобгуи талаботи руз аст. Зеро илми адабиётшиносй бо тахдики пурраву хамачонибаи пахлухои он - омузиши даврахри тараккиёт, фаъолияти шоиру нависанда ва мухаккиконаш, дастовардхои илмиву адабй ва мукоисаву хулосабарорй аз онхо мархила ба мархила ганй мегардад. Интихоб ва тахкики мавзуи мазкур низ то чое, ки ба тачрибаи навкаламона даст медихад, бо максади пурра гардонидани он фосилаест, ки дар мавриди мукоисаи достонхои хамноми замони мавриди тахкик карор дошт.
Яке аз машхуртарин киссахои адабиёти форсу точик киссаи «Юсуф ва Зулайхо» аст, ки тули хазорсолахо дар мадди назари ахли сухан карор дорад. «Ч.ОМЙ аз сужети Юсуф (сураи «Юсуф» - и К уръон дар назар дошта шудааст) факат мавзуи ишкро интихоб намуда, аз эпизодхову персонажхои мухими сужети дар К ръон овардашуда сарфи назар намуда, дар хакикат часорат нишон додааст. Аммо зебой ва ишку мухаббати барчаста тасвиршудаи кахрамонхои у танхо барои ифодаи гояхои тасаввуфии ишки чону Худо хизмат намудаанд»(126, 28). Устодони каломи маънй ин киссаи ачибу гарибро, ки асли он аз Таврот ва аз сураи «Юсуф»1 - и К уръони Мачид гирифта шудааст, мувофики истеъдод ва диди гоявию эстетикии худ ба риштаи назм кашидаанд. Дар илми таърихи адабиёт огози назми киссаи «Юсуф ва Зулайхо» ба Фирдавсй мансуб дониста мешавад («Махз ба Фирдавсй тааллук доштани достони «Юсуф ва Зулайхо» - и ба у нисбат додашуда хануз пурра тахдик. карда нашудааст. Вале баръакс, дар солхои охир дар Эрон маколахре нашр гардидаанд, ки дар онхо мансубияти Фирдавсй ба ин достон рад карда мешаванд, агарчи махз ба кй тааллук доштани он собит намегарданд2») (27, 48). Дар ин бобат, мо тарафдори андешаи устод Вали Самад хдстем, ки бо асосх,ои муътамад ба Фирдавсй тааллук доштани достони «Юсуф ва Зулайхо» - ро рад кардааст(17, 97-123, 187-200). Аз ин ру, то хол муаллифи достони мазкур номаълум мемонад. То ба вучуд омадани достони ба Фирдавсй нисбатдодашуда ду шоири дигар -Абулмуайяди Балхй ва Бахтиёрй, киссаи «Юсуф ва Зулайхо» - ро ба риштаи назм кашидаанд.
Мухдккикон бар он акидаанд, ки то асри XV, илова ба достони ба Фирдавсй нисбатдодашуда, достонх,ои Абулмуайяди Балхй (Забехулло Сафо дар акидаест, ки Абулмуайяди Балхй маснавии «Юсуф ва Зулайхо» таълиф кардааст ва гуё дар вазни хдзачи мусаддас будааст (43, 88), Бахтиёрй, Амъаки Бухорой, Масъуди Х,иравй, Шох,ини Шерозй, Масъуди Дехлавй, Озари Туей, Масъуди Куми бо назм ва Абдуллохи Ансорй бо наср таълиф ёфта будааст. Вале аз ин достонхр танх,о матни достони ба Фирдавсй нисбатдодашуда, Шохини Шерозй, Масъуди Кумй ва достони Чомй дастрас асту халос (15, 28; 16, 18; 27, 48-49; 130,10).
Пас аз таълифи достони «Юсуф ва Зулайхо» - и Чрмй, дар рушду такомули ин достон мархдлаи нав огоз ёфт. (Масъуди К умй достони «Юсуф ва Зулайхо»-яшро соли 1481-1483, яъне пеш аз Чрмй (1484) таълиф кардааст. Агар чунин аст, масъалаи ба Ч омй пайравй кардани Масъуди К умй аз байн меравад) (130, 10). Достони Чомй бештар шухрат дошт ва бехуда нест, ки Нозими Х,иротй (асри XVII), Ч,унайдуллохи Хрзик, (асри XIX) дар таълифоти худ, асосан, ба Ч,омй такя кардаанд (15, 29; 16, 19; 48, 171-172). Чунон ки мебинем, махз достони «Юсуф ва Зулайхо» - и Чрмй минбаъд мавриди санчиши истеъдод аз як тараф ва назирагуии адибон аз тарафи дигар кдрор гирифтааст. Дар байни достонхои хамноми «Юсуф ва Зулайхо» махсусан достони Нозими Х,иротй чи аз чихдти мавзуъ, банду басти композитсионй ва чи дар бобати хатти сужету гоя, тарзи тасвири бадей чолиби дикдат аст. Пушида нест, ки аксари достонх,ои хдмноми «Юсуф ва Зулайхо» баъд аз асри XV таълиф ёфтаанд ва адибон достонхои худро дар зери таъсири достони Чрмй эчод кардаанд. Аз ин лихоз, достони «Юсуф ва Зулайхо» - и Нозим, ки дар асри XVII эчод шудааст, истисно нест. Ягона сарчашмаи муътамаде, ки дар бораи хусну кубхи достони «Юсуф ва Зулайхо» - и Нозим хабар медихад, тазкираи Малехои Самаркдндй (10, 228б-229а; 77, 51, 55-56, 64-66, 94, 127-128, 144) мебошад.
Малехо тахти унвони «Имтиёзи шеъри Урфй ва Нозим» як байти Урфиро аз маснавии «Хусраву Ширин» - и у («Калиди ганчи маънй дех ба дастам - Вагарна мастам, инак дар шикастам») ва як байти маснавии «Юсуф ва Зулайхо» - и Нозим - («Дари арши сухан бикшо ба руям - Ки бар курсй нишинад харчи гуям») - ро оварда, аввал барчастагй ва шухрати онхоро кайд кардааст: «Ба шоистагии ин ашъор ва боистагии ин (афкор) дигаре на худи Мулло Урфй ва Мулло Нозим гуфта бошад ва гумон низ якдн дорад, ки дигаре баъд аз ин фикре ба-д-ин тозагиву баландовозагй накунад...» (10, 228б-229а; 77, 65).
Малех,о ба байти зикршудаи Нозим эрод нагирифта бошад хам, аммо дар мавриди дигар аз маснавии «Юсуф ва Зулайхо» - и Нозим як порчаро дар таърифи уштури Зулайхо оварда, баробари эътироф кардани иктидори шоирй ва матонати сухани у, байти зеринро аз ин порча мавриди бахс кдрор додааст:
Намудй тай ба як дам дашти айём, Гузаштй чун пул аз даре ба як гом.
«Рокдми ин тахрирро дар ин байт тааммул аст,- менависад Малехо,-агар дар гузаштан аз даре шутурро ба пул ташбех, карда галат менамояд. Пул дар даре нагузашта, балки чун мардуми маътал монда ду пои у дар тарафайн аст»( 10,228б-229а; 77,66).
Рочеъ ба Нозиму достони «Юсуф ва Зулайхо» и у, мартабаи шоириаш баъзе ишорахо дар тадкикотхои шаркдіиносони точику форс ва рус, ба мисли Е.Э.Бертелс (99, 232), А.Кримский (112, 155-156), Хайёмпур (139, 37-69; 140, 233-261), А.Мирзоев (113; 40), Р.Хрдизода, У.Каримов, С.Саъдиев (83, 140), А.Зухуриддинов (15, 5-33; 16, 5-22; 45; 46; 48; 49; ПО), С.Амиркулов (27) ба мушохида мерасанд, вале тадкдку тахлили мукоисавии достони «Юсуф ва Зулайхо» - и Нозим бо достони Чрмй дар аглаби тадклкотхри адабиётшиносони номбурда мавриди омузиш карор нагирифтааст. Дар аксари корхои тахкикотй ва рисолахои илмии олимони замони шуравй танх,о ишорахои ч,удогона вобаста ба замони зиндагй ва мероси адабии Нозим ба назар мерасанд.
Ягона мухаккике, ки нисбат ба Нозиму достони «Юсуф ва Зулайхо»- и у эътибори бештар додааст, А.Зухуриддинов мебошад. У дар рисолаи номзадй - «Нозим ва энодиёти у» (соли 1966) ва дар мак,олах,ои «Нозим ва акидахои инсонпарварии у» (45), «Ч,араёни зиндагии Нозим» (46), «Мукоисаи маснавии «Юсуф ва Зулайхо» - и Чрмй бо «Юсуф ва Зулайхо» -и Нозим» (48), «Нозим Шохризо ва Нозим Фаррух Х,усайн» (49), хамчунин дар ду сарсухане, ки дар огози ашъори мунтахаб (15, 5-33) ва осори мунтахаби (16, 5-22) Нозими Хорога навиштааст, дар бораи Нозиму достони «Юсуф ва Зулайхо» - и у маълумот дода, кушидааст, ки достонх,ои хамноми Чрмию Нозимро дар мукоиса баррасй намояд.
Хдрчанд А.Зухуриддинов дар хачми як боби рисолаи номзадй, ки ба тахлили мукоисавии ин достонхои хамном бахшидааст (110, 18-22), имкони хамачонибаи тахдили мукоисавии онхоро надошт, бо вучуди ин, кушидааст, ки ба баъзе лахзахои монанду тафовутх,ои достонхои Ч,омиву Нозим ишора кунад ва бо итминон таъкид менамояд, ки Нозим мукаллид нест (48, 171-172). А.Зухуриддинов дар боби сеюми рисолааш, ки «Достони «Юсуф ва Зулайхо» - и Нозим ва мукоисаи он бо «Юсуф ва Зулайхо» - и Чрмй» ном дорад (ПО, 18-22), мухтасар дар бораи сайри таърихии кисса ишора намуда, таъкид менамояд, ки Нозим аз достони ба Фирдавсй нисбатдодашуда огахй дошт, вале дар ягон чойи достон оид ба пайравиаш ба Фирдавсй ишора накардааст. У акдцаи Эте ва Кримскийро, дар хусуси он ки «Нозим достон-маснавии «Юсуф ва Зулайхо» - ро (соли 1648 шуруъ намуда, соли 1661 ба охир расонидааст) дар мавзуи эчоднамудаи Фирдавсй (асри XI) ва Чрмй (асри XV) эчод кардааст; дар достон Нозим хардуи онхоро ном мебарад, аммо нисбат ба Чомй, бештар ба Фирдавсй пайравй менамояд» (112, 876-877), рад мекунад (15, 30; 16, 19; ПО, 19), ки мо дар ин бобат ба А.Зухуриддинов хамакддаем, зеро худи Нозим мегуяд:
Биё соки, ба дасти орзуям
Бидех чоме, ки гардам маету гуям:
«Чу ин паймонаи номй гирифтам,
Ба токи абруи Цомй гирифтам»(16, 244). Мо ба банди дуввуми андешаи А.Зухуриддинов, ки мегуяд: «Таъсири фалсафаи мазхаби суфизмро кариб дар хама асархои Чрмй хис кардан мумкин аст. Вале хангоми муфассалтар омухтани маснавии «Юсуф ва Зулайхо», характери сатхй доштани тамоилоти фалсафаи тасаввуфии он зохдтр мешавад» (47, 39) розй шуда наметавонем.
Нозим диккати асосиро ба сужет, банду басти композитсионии достони Чрмй бахшида, Нозим бо вучуди баъзе фаркияту тафовутхои услубй, аксарияти бобхову лахзахои асосии достони Чрмй ва вазни онро нигох доштааст.
Дар хар ду достон лахзахре хастанд, ки хдр ду адиб якхела тасвир кардаанд. Бо вучуди монандии хатти сужет, лахзахри чудогонаи достонхр аз хдмдигар фарклои чиддй доранд, ки мо дар боби аввали рисола махсус таваккуф кардаем ва хдллу фасли онхоро яке аз вазифахои тадкикоти худ донистаем.
Ошной бо сарчашмахои илмй-тадкикотй, омузиши хамачонибаи матни достонхои хдмноми Чрмию Нозим, моро ба акидае овард, ки ин масъала х,оло хамачониба хдллу фасл нашудааст, бинобар ин, танх,о тахлили пурдоманаву фарох ва дакикд илмй-адабиётшиносй метавонад хдмохднгиву тафовутх,ои достонх,ои Ч омиву Нозимро муайян созад. Бо хамин максад тасмим гирифтем, бо дастовардх,ои тозаи илми адабиётшиносй такя намуда, бо усули тах,кики мукоисавй х,амох,ангй ва тафовутхои достонх,ои хамноми «Юсуф ва Зулайхо» - и Чрмй ва Нозимро муайян намоем. Бо хамин максад, бо назардошти методологияи илмии тадкикоти бадей, афкори назарй - эстетики ва тарзи тафаккури хрзиразамони илми адабиётшиносй, махсусан тадкикоту пешних,одоти адабиётшиносони точику форс ва рус: Е.Э.Бертелс, А.Кримский, Н.Ш.Хисамов, М.Б.Руденко, Хайёмпур, С.Айнй, А.Мирзоев, Х.Мирзозода, Р.Хддизода, У.Каримов, С.Саъдиев, А.Зухуридцинов, С.Амиркулов, Н.Сайфиев, А.Афсах,зодро, асосан, сармашки кори худ карор додем.
Мавзуи тахлили мукоисавии достонх,ои х,амноми «Юсуф ва Зулайхо»-и Ч.ОМИЮ Нозим хамачониба бори нахуст дар ин рисола мавриди тах,кик карор мегирад, бинобар ин, халлу фасли масоили зайлро аз вазифах,ои асосии худ медонем:
1. Таъин намудани сохт ва сужети достонхо - сохти умумии достощо, микдори бобхо, фаслхо, мукоисаи сужети достонх,о, муайян намудани умумият ва тафовутх,ои хатти сужети достонхои хдмноми Ч омию Нозим.
Бо усули тахлили мукоисавй тахдик кардани гоя ва образхои асосии достонхо; хамохангии гояи достони Нозим бо достони Чрмй, сабабхои хамохангй ва тафовутхои гоявии достонхо.
Баррасй намудани акидаи ичтимой ва чахонбинии Чрмию Нозим. Таъсири афкори назарй-эстетикии адибон дар эчоди образи Юсуф ва Зулайхо.
Нишон додани хамохангии мазмуни идеявии достонхо ва образхои марказй ба вазъи сиёсиву ичтимоии замона, мухиту давраи зиндагии шоирон.
Нишон додани хунари суханварй, махорати чехранигории Чрмию Нозим дар офаридани образхои Юсуф ва Зулайхо.
6. Баррасй намудани махсусиятхои сабку услуби эчодии Ч,омию Нозим.
Ба андешаи мо, хдллу фасли масоили мавриди бах,су тахкик карордодашуда навобгуи талаботи руз буда, тарзи пешних,оди мавзуъ, усули тахдик, навчуёна арзёбй мешавад. Зеро мо достонх,ои «Юсуф ва Зулайхо»- и Ч,омию Нозимро бори нахуст хам аз чихати мавзуъ, мундарича, хусусиятхои гоявию бадей, хачм, инчунин аз нигохи замони таълифёбии онхо хамачониба баррасй карда, кушиш ба харч додаєм, то нишон дихем, ки хангоми пайравй Нозим то кадом андоза хатти сужети достони Чрмиро нигох доштааст ё иловахо ворид кардааст. Зимни ин, масъалаи махорат ва сабки нигориши адибонро низ аз мадди назар дур намондаем. Аз ин чихат, рисола ба ахамияти илмй-назарй молик буда, нитичахои он барон мукаммал омухтани курси таърихи адабиёти форсу точики асри XV ва асрхои XVI - XVII маводи фаровони илмй медихад ва барон омухтани таърихи адабиёти точик дар факултахои филологй, барон пурра гардонидани дарсхои назариву амалй истифода хоханд шуд.
Хднгоми фарохам овардани рисола, асосан, ба (JJ J &jj - д L_J\J LS-ЛЦ (7), достони «Юсуф ва Зулайхо» - и Чрмй (21), LkJjj I_LUJJJ Нозим (14), «Ашъори мунтахаб» - и Нозим(15), «Осори мунтахаб» - и Нозим (16), нашрияхои Эрон ва матбуоти чумхурй такя намудем.
Рисола аз мукдддима, се боб ва хулосаву фехристи адабиёти истифодашуда иборат аст.