Содержание к диссертации
Музаддима 3-11
БОБИ І. Сайри таърихй ва анъанаи мадхиясарой дар Бадахшон
І.Пайдоиши мадхия ва инкишофи он 12- 26
2.Анъанаи мадхиясарой дар Бадахшон 26 -29
З.Мактаби мадхиясарой дар Бадахшон — 29 - 54
БОБИ П. Ро^еъ ба махсусияти барномахои мадхиясароён
1.Табак; абандии барномаи хофизон —56 - 60
2. Истифодаи ашъори шоирони гузашта ва муосир дар барномаи мадхиясароён 61-87
З.Таъсири ашъори тасаввуфй ба мадхия 88 -102
4.Вариантнокй дар матн ва оханги мадхия 103 -110
5. Робитаи фалак ба мадхия ПО -115
БОБИ III. Мавцеи мадхия дар хаёти маънавии мардум
1.Мадхия ва маросими мотам 116 -118
2.Сурудхои хоси мохи Рамазон ва маросими Курбонй 118 -128
З.Оид ба мацомхои мадхия 128 -135
4.Мадхия ва асбобхои мусщй 135 - 145
Хулоса 147 - 151
Фехристи адабиёт 152 -160
Фехристи гуяндахо 160-164
Введение к работе
Маълуми хамагон аст, ки яке аз унсури бисер мурими хаёти маънавии мардум суруд мебошад. Суруд, чунонки мегуянд, «аз сари гахвора то тобут» хамнафас ва хамрози инсонхо махсуб меёбад. Ба ибораи дигар, суруд баёнгари хамешагии хиссу эхсосоти мухталифи одамон аст. Бешак, суруд вобаста ба инкишофу тахаввулоти хаёти ичтимой - иктисодй, маънавй - фархангии ахли чомеа хам аз чихати шакл ва хам аз чихати маъно таБЙир меёбад, дорой вариантхо мешавад ва дар рузгори мардум мав еъ пайдо мекунад. Дар сурудхо аз як тараф, хусусиятхои таърихии хаёти моддй, маишй, ичтимоию фархангй, рухия акида ва чахонбинию чахонфахмии хар халк. рушану возех. акс ёфта бошад, аз тарафи дигар, онхо равобити таърихии байни хамдигарии халкхоро барчаста нишон медиханд. Яке аз он навъхои суруд мадхия мебошад, ки он на фа ат дар таъин намудани пахлухои гуногуни хаёти маънавй ва фархангии ахолии навохии Кухистони Бадахшон чун як манбаи мухим накше дорад, балки аз тахдик. ва баррасии он маълум хохад гашт, ки ахолии ин вилоят аз чумлаи халкхои вокеии ориёнасл буда, онхо дар масири таърихи умумибашарй, ба мардуми форсзабон, ба хусус, хал и точик дар равобити доимии фархангй - адабй карор доштаанд.
Мадхия, ки асари силсилавй ва яке аз жанрхои бузургха м дар шакли созию овозй дар байни то икони Бадахшон густариш ёфтааст, аз падидаи нодир дар мусикии суннатии кадими ин мардум махсуб меёбад. То имруз дар баробари фалаку лалаик, даргилику булбулик, то андозае дафсоз ва дигар навъу намудхои суруд, мадхия мавкеашро дар хаёти маънавй ва фархангй мардум нигох дошта меояд. «Мадхия» тибки вижагии забонхои гуфтугуии ахолии Шугнон ва Рушон дар шакли « мадо» ё «маддо» ( аз калимаи арабии мадоех, шакли муфрадаш мадеха) истеъмол мешавад. Ин вожа дар махдлхои дигари точикнишин ва умуман дар байни форсзабонон дар нисбати гуяндахр - мадхкунанда, ки онхоро «маддохон» мегуянд, гуфта мешавад.
Аз руи маълумоти мавчуда аввалин шахсе, ки аз маддохон ёд кардааст, олим ва адиби маъруфи асри XV Хусайн Воизи Кошифй мебошад. Ин олим дар китоби «Футувватномаи султонй» ощоеро « маддщон» гуфтааст, ки табъи шоирй ва воизй дошта, ривояту хикоётро ба риштаи назм кашидаанд ва ощоеро, ки «манзумот ва суханоне, ки дигарон назм кардаанд, адо менамоянд ва фонда ба халк мерасонанд, ин тоифаро «ровиён» хонанд ва эшон низ аз чумлаи маддохонанд» Хамчунин, Хусайн Воизи Кошифй дойр ба к,онуну кавоид, одоб ва усулу тарзи ба чо овардани амали онхр низ андешаронй намуда, аз чумла нигоштааст: « Агар пурсанд, ки маддохй чанд аст, бигуй се навъ: аввал, он ки манзумотро хеле содда хонанд. Дуйум, он ки хам насру мучизот ва манокибро ( хунархоро) ба наср адо кунанд ва он кдвл FappaxoHOH (хушадо) бошанд. Сейум, он ки насру назм дар якчоягй хонанд, ин тоифа мурассаъхонон мебошанд» (100: 97).
Аз таълифоти В.А. Гордлевский (27: 300 - 301), А. Л. Троицкая (89: 7 ) Н. Нурчонов (65: 124) рушан бармеояд, ки «маддохон» гуфта, гуяндахои касбии кучагард дар назар дошта мешаванд, ки вок;еахри диниро на л мекарданд. Онхо дар шах.рх.ои Бухоро, Самарканд, Хучднд ва мах.алх.ои махсус зиндагй мекарданд ва хатто кучаашон «гузари маддохон» ном доштааст. Маддохон на танхо дар Осиёи Миёна, балки дар Озарбойчон, Туркия ва баъзе кишвархои Арабистон низ фаъолият менамуданд. Онхо одатан, рох, гашта бо харакати дастхр, имову ишораи руй, нущи фасех.у бурро бештар ривоятх.оро аз хаёти анбиёву авлиё, вокеаву хрдисахои мазх.абй ва ичтимоии даврро дар чойхои серодами шах.р, дар назди х.авзх.о, майдонх.ои махсус і ироат мекарданд.
Лекин дар Бадахшон, аз чумла, дар Шугнону Рушон ин унсури хдёти маънавй ва фарх.ангии мардумро аз навъхои мафх.уми суруд ифода мекунанд. Азбаски он на аз як матни суруд балки, аз ма муи матнхо ва аз маком ои зинадору гуногуноханг таркиб ёфтааст, аксари хрфизони солхурда, умуман, мардуми навохии Бадахшон онро дар шакли чамъ яъне маддох. истеъмол мекунанд. Мавриди кайд аст, ки калимаи мазкур танхо дар байни мар дум роич аст ва хамчун истилохи илмй кабул нагардидааст ва хатто дар баъзе нодияхо ин калима маънои манфй дорад, бинобар ин, дар ин таълифот минбаъд бо мафдуми мадхия ёд мешавад. Бояд хотирнишон кард, ки дар байни сокинони Борону Вахони нохияи Ишкошими Точикистон ва Борону Зебоки Султонишкошими АфБонистон низ дар нисбати ин навъи суруд шакли чамъи кдсида, яъне мафдуми «касоид» - ро истифода мебаранд. Мавриди ёдоварист, ки дар байни пайравони мазхаби исмоилияи нохияи Дарвоз ин навъи сурудро ба унвони яке аз мацомхояш «Хдйдарй» номбар мекунанд. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки дар сурудхои онхо васфу ситоиши нахустимоми ахли шиа Хазрати Алии Муртазо ва фарзандони у Хасану Хусайн мак; оми асосй дорад. Хамчунин, вочиби кайд аст, ки ин навъи суруд дар навохии дигари Точикистон, ба хусус дар Рашту Хатлон ба истилохи «Наът» бо оданги махсусу забони соддаю равон аз тарафи хофизони наътхон, одатан дар мавриди ёдбуди ягон шахси бузург ё имомону шайххои шахид ва дар маросими туй дам суруда мешавад. Дар ин гуна сурудхо ба Fafip аз мазмунхои динй фикрхои панду ахлокиро низ таргиб мекунанд (98:74: 87:436).
Ин силсилаи сурудхо дар байни кабилаи чиштия ба истилохи «Кабала» ( ба маънии киссахон) (43: 240), дар Туркия бо мафдуми «Самоъ» (82: 478 - 479) ва дар байни исмоилиёни Африко, Канада ва кисмати шимолии Покистон бо истилохи «Гинон» ( 5: 2-3) маъмул мебошанд. Онхо аз чихати матн ва мазмун ба матни мадхияе, ки дар Бадахшон сароида мешаванд, то андозае шабохат доранд
Аз ин падидаи фархангй ва сарчашмахое, ки мавриди таваччухи мо і арор гирифтаанд, дувайдост, ки таърихи пайдоиши мадхия ба даврахои хеле адим реша меандозад.
Усул ва тарзи сароидани мадхия дам дар Бадахшон дигар буда, чанде аз уламо нисбати ин истилох ва мавкеи он дар рузгори мар дум мулохизахои мухтасар ва нисбатан чолибе низ баён намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки роч ъ ба осори адабиёти шифохй ва хатии Бадахшон, бахусус, дойр ба суннатхои бадей мусикии он аз чониби И.И Зарубин(36:82-85;37:117; 38:17-19;39:17-32), В.Ленс (50: 57-105), А.Н.Болдырев (21: 275-295) (57: 56,80,111, 139,246,260), Тилло Пулодй (73:102-110), А. Вертеле (17: 275-295), М. Бакоев ва махсусан, А. Абибов(4:196с.) (96: 319с.) ва Н. Шакармамадов (102:120с, 32:142, 105:212с, 86: 118 с.) корхои мухим ащом ёфта, аз хусуси навъу намудхои чудогонаи суруд маколаву кдйдхои чудогонаи Ф. Кароматов ва Н. Нурчонов (44: 5-7 ) Н. Шакармамадов (102 : 71 -81; 298 - 310; 76 - 91; 75 -85; 201 - 210 ва F.), Д. Карамшоев (42: 4, 52 - 61) В, Охониёзов (70: 190 -196) чоп шудаанд.
Бо вучуди хамаи ин корхо хануз на хамаи навъу намуди суруд, махсусан, асархое, ки тобишхои мазхабй - динй доранд, мавриди омузиши чиддй к;арор гирифтаанд. Мадхия аз он чумла мебошад.
Аввалин шахсе, ки ба таври мухтасар бошад хам, бевосита дойр ба мавкеъ доштани мадхия дар Бадахшон маълумот додааст, мардумшинос М. С. Андреев мебошад. У оид ба оини «чароБравшан», ки мансуби маросими кафану дафни мардуми Кухистони Бадахшон мебошад, сухан ронда, хамчунин, кайд кардааст, ки мадхиясароён суруде ба номи «байт» ё «кдеоид» бо рубобе, ки дорой 6 тор аст, то дамидани субх. мехонанд. (13: 193) Баъдхо чанд в;айду ишорахо дойр ба мадхия аз тарафи санъатшиносон Ф. Кароматов, Н. Нурчонов дар китоби якуми «Музыкальное искусство Памира» низ оварда шудааст (44: 12-14). Онхо ба мушохида гирифтаанд, ки жанри мадхия аз чанд суруд иборат буда, мазмуни динй ва ахлокй дорад ва хангоми маросими мотам аз чониби хофизон щро мешавад. Дар китоби ёдшуда, хамчунин, бори аввал дар цатори навъу намудхои гуногуни сурудхо намунаи адвору матни сурудхое дарч ёфтаанд, ки онхо чун сурудхои мадхиявй дар барномаи хофизони мадхиясаро мавк;еъ доранд (44: 49, 64, 94, 107,150).
Соли 1992 Дар мачаллаи «Фонус» маколаи мухаккики амрикой Бенчамин Коен бо номи «Маънй ва ифодаи Мадхия чун мусикии рухонй» нашр шуд, ки ин муаллиф ин навъи мусикиро хамчун ифодаи парвози рух дониста, чанде аз хусусиятхои хоси мадхиясароёни бадахшониро ба калам додааст (16:111-112).
Мухакдике, ки бори нахуст нисбатан ба таври чиддй ба тахдщу тахлили мадхия пардохтааст, Габриэлла ван ден Берг аз Голандия мебошад. Габриэлла ван ден Берг соли 1997 тадкщотеро бо унвони «Созу навои мардуми Кухистони Помир» ан ом додааст. Ин тадкикоти пурмухтаво аз мукаддима, ду боб ( хар боб аз чахор фасл иборат), як к;исми иловагй, охирсухан ва замима таркиб ёфтааст. Мухакдик. дар исми аввали тадкикот, ки «Тасвири навъхои гуногуни сурудхои кунунй ва ривочи онхо дар Бадахшон» ном дорад, бевосита ба тафсиру ташрехи чанде аз пахлухои мадхия ва мавкеи он дар хаёти маънавии имрузаи мардуми Кухистони Бадахшон дахл намудааст. Бахусус, муаллиф мадхияро аз руи панч намуд ва ё навъхои адабй - хикоёт ( к,исса), к,асида, мухаммас, муночот ва дуо мавриди тахдик. ва тахлил карор дода, дар доираи даврахо ва фосилахо ичро шудани онхоро зимни намунахо нишон медихад. Ба назар мерасад, ки муаллиф дар таснифу табакабандии навъу намудхои мадхия жанрхои адабй ( кисса, касида ва мухаммас) ва мундаричаи онхо ( муночот ва дуо) - ро зери назар гирифтааст. Воі еан, тахлилу тафсири мазмун ва мундарща, сохту шакли шеърии матни сурудхои мадхиявй, нишон додани мансубияти онхо ба адибони классикии форсу то ик ва шоирони махаллии Бадахшон, маълум кардани тарзу усул, мавриди ичрои сурудхои мадхй, баъзе тобишхои хамрангии онхо ба жанри самоъ, ки дар Балучистон ( Покистон) маком дорад аз хадафи асосии ин мухакі ик дар тадкик;у баррасй кардани ин унсури мухими сарвати маънавии мардуми Бадахшон мебошад (26: 249 - 299).
Бояд гуфт, ки таълифоти Габриэлла ван ден Берг дойр ба ин унсури хеле мухими санъати мусикй - бадей радами чиддй махсуб шавад хам, аммо ин чунин маънй надорад, ки ин мавзуи доманадор ва сершоху барг дигар ба тахдик ниёз надорад. Мавриди зикр аст, ки олими мавсуф мадхия - ро дар зимни дигар навъу намудхои назми лафзй ва калами, ё худ унсурхои гуногуни санъати мусикй ва адабии Бадахшон ба тахкик. гирифтааст. Табиист, ки дар чунин як тадкикоти пурвусъат тамоми пахлухои масоили ба тахкик. гирифташударо халлу фасл ва баррасй кардан аз имкон берун аст. Масъалахои марбути мадхия хам аз ин бора истисно нест. Тадкики хама онибаи ин унсури мухими хаёти фархангй ва адабй бошад, арзиши калони илмиву - назарй ва амалй дорад.
Ва зиёда аз ин, доктор Фарход Дафтарй, ба андешаам, дар ин маврид дуруст ба таъкид гирифтааст, ки «Ислом яке аз тамаддунхо ва фархангхои чахони имруз аст. Он дар тули таърихи худ дар заминай мазхаб, илм, фалсафа, калом, тасаввуф, хунар ва адаб суннатхои аклонии зиёдро ба бор овардааст. Тахдик ва баррасии ин суннатхо ва ба ин васила муайян кардани равобити дин ва илм, дин ва фалсафа, дин -хунар - адаб, акл ва имон... барои рушди халалнопазири тамаддун ва фархангй исломй ахамияти хоса дорад. Аз ин чост, ки дар поёни садаи бистум ва огози садаи бистуякум тавачдух ба омузиши суннатхои ёдшуда беш аз пеш афзудааст» (85: 3).
Аз нимаи дуйуми солхои 90 асри гузашта ба таджику омухтани мадхия бевоста сарукор дошта, дар ин миён дар бораи он маводу маълумоти зиёде гирд овардаем. Аз ч умла, дар ин муддат в;ариб бо сад хофизи навохии мухталифи Бадахшон дамсухбат шуда, аз онхо дар бораи анъанаи мадхиясарой коидаву одоб, тарзу усули сароиши он маълумоту мавод ва 1800 матни мадхия, ки аз чониби онхо дар маросимхои мухталиф сароида мешаванд, дастрас намудаем. Мавзуи тадкикоти мазкур маводу масоили мушаххасро фаро мегирад. Дадафи асосии тадкикот аз таъин ва маълум намудани масъалахои зерин иборат аст:
- сарчашмах.ои асосии сурудхои мадхия ва инкишофи минбаъдаи ощо;
- таърихи мавкеъ пайдо кардани мадхия дар хаёти маънавии мардуми Кухистони Бадахшон ва бо суруддои анъанавй табдил ёфтани ощо;
- маком ва мартабаи истеъдодхои мардумй ва барномаи сарояндагии онхо;
- муносибати устод ва шогирд дар пойдор гаштани анъанаи мадхиясарой;
- таваччухи мадхиясароён ба ашъори адибони гузаштаи форсу точик ва муосир;
- вазъи анъанаи мадхиясарой дар замони муосир.
Дар рисола ба маъсалахое дахл мешаванд, ки бори аввал зимни маводу маълумоти фаровон ва тоза мавриди тадкикоти бисёрчониба карор гирифта, аз диди нави илмй х,аллу фасл мегарданд. Аз тадкикот дойр ба мохияти мадхия ва маві еи он дар хаёти маънавии мардум маълумоти аник ва дак.щ пайдо карда мешавад. Тавассути тадкикот ному насаби чандин истеъдодхои халкй, ки дар байни мардум чун х,офиз ва мутриб эътибори калон доштанду доранд, дар таърихи фарханг бок.й мемонад.
Дадафхри асосии муаллифи рисолаи х,озир тавассути се боби асосй: «Сайри таърихи ва анъанаи мадхиясарой дар Бадахшон», «Мулохизахр перомуни барномаи мадх.иясароён», «Маълумот оид ба маврид, тарзи ичро ва мак.омх;ои мадх.ия» х,аллу фасл мешавад. Боби якум аз се бахш иборат буда, дар бахши якум аз хусуси дар рузгори одамони эронитабор мавкеъ пайдо кардани шеъри мадхия ва мусили андешаронй мешавад. Дар бахши дуюм - «Анъандаи мадхиясарой дар Бадахшон» дар бораи пойдор гаштани анъанаи мадхиясарой дар Бадахшон, асосан, мазмуни исломй пайдо кардани матнхои мадхия, ба воситаи устоду шогирд аз наел ба наел иштщол ёфтани ходисаи мадхиясарой изхори ацида мешавад. Дар бахши сейум бошад, рочеъ ба мактаби мадхиясароии хар яке аз водихо ( Бартанг, Бунд, Шохдара, Вахон, Дарвоз) ва намояндахои барчастаи онхо ба тафеил маълумот дода мешавад. Ин нуктахо вобаста ба хаёти адабй ва фархангии ахолии ин сарзамин мавриди бахс карор мегирад.
Боби дуйум - «Мулохизахо перомуни барномаи мадхиясароён» аз се бахш иборат буда, дар онхо оид ба мураккабии сохтор, банду басти мадхия ва таъсири ашъори тасаввуфй ба мадхия маълумот дода мешавад. Дар ин боб инчунин, аз хусуси дар махалхои гуногуни Бадахшон ( Помир) дар алокамандй бо даъвати исмоилй, ё худ «даъвати Носирй» реша андохтан, мак оми кал он пайдо намудан ва аз унсурхри мухими хаёти маънавй, фархангй ва адабй карор гирифтани мадхия, оид ба пайвастагии наслхо, Бановатии барномаи хофизони алохида, таваччухи мадхияхонхо ба ашъори ин ё он шоири адабиёти классикии форсу то ик ва Байра сухан меравад.
Боби сейум - «Маълумот оид ба маврид, тарзи щро ва ма омхои мадхия» аз чор бахш иборат буда, дар онхо ро еъ ба алокамандии мадхия бо маросиму оину махфилхои мардумй, махсусан, доир ба усулу тарзи сароиши охангхо, рамзхо ва масъалахои фалсафие, ки дар ниход доранд, истифодаи асбобхои мусикй дар мадхия, одобу коидаи мадхияхонй ва Байра бахс меравад.
Дар тадкикот кушиш карда шуд, ки масъалаи алокамандии фолклор ва адабиёт дар асоси маълумоти тоза бо диди нави илмй -назарй баррасй шавад. Рисолаи мазкур барон тахкики пурвусъати муі ;оисавии мадхия бо наъти точ[икони махалхои дигари То икистон ва берун аз он, ки пажухиши махсусро такозо дорад, сурудхои «Гинон» - и як кисми ахолии Диндустон ва шимолии Покистон маводи пурарзиш дода метавонад.
Дар хотима кайд бояд кард ва икрор шуд, ки ин рисола кулли масъалахои ро еъ ба мадхияро фаро намегирад, зеро тадкику баррасии тамоми масоили оид ба мадхия, аз як су, та рибаи нахустин бошад, аз суи дигар чунон ки ишора шуд, домани мавзуи тадкикот нихоят васеъ аст ва ин амал идома хохад ёфт. Бо вучуди ин, кушиш карда шуд, ки ба чанде аз масоили марбути ин намуди суруд рушанй андохта, маві еи мухим доштани он дар хаёти маънавй ва фархангии чандин наел ба і адре бошад дам, таъин гардад. Аз дама мухим, зимни тацщи ин суннати ачдодии мусили - бадей дар бораи бисере аз истеъдодхои мардумй маълумоти тоза дастрас гардид ва ощо ба ин восита чун хифзкунандаи ин сарвати нодири маънавии ачдодй дар дилу дидаи имрузиёну ояндагон бов;й хоханд монд.